Ҳунарманди саршинос ва номдори санъати театри тоҷик Мушаррафа Қосимова рӯзи 1-уми апрели соли ҷорӣ дар синни 101-солагӣ дар шаҳри Душабе аз олам чашм пӯшид.

Бояд тазаккур дод, ки Мушаррафа Қосимова 19-уми декабри соли 1918 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Падари ӯ Орифҷон Расулиро соли 1924 дар қатори дигар равшанфикрони тоҷик ба пойтахти Тоҷикистон — Душанбе фиристоданд. Соли 1930 падари Мушаррафа Қосимова оилаашро аз Самарқанд ба Душанбе овард. Мушаррафаи ҷавон дар он айём дар Омӯзишгоҳи тиббии Тошкент таҳсил мекард. Аммо хушбахтии Мушаррафа дар ҳалқаи оила дер напоид, зеро соли 1937 падарашро ҳамчун «душмани халқ» ба қатл мерасонанд ва Мушаррафаи ҷавон маҷбур мешавад, ки омӯзишгоҳро партофта, ба назди хоҳару додаронаш баргардад. Тамоми бори зиндагӣ бар дӯши Мушаррафаи ҷавон меафтад ва барои таъмини оила бо кӯмаки яке аз хешовандонаш — адиб ва драматурги маъруф Ғанӣ Абдулло ба Театри драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор медарояд. Мушаррафа дар ҷойи кори тоза шуруъ намудааш бахти хешро ҳам меёбад, ки он мард драманависи тоҷик Абдулғақ Усмонов буд. Вале боз рӯзгори ҷафопеша ӯро аз ҳамсараш ҷудо мекунад, соли 1942 дар сангарҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ҳамсараш ҷони худро аз даст медиҳад. Соли 1946 бахти рӯйтофта якбора ба рӯи Мушаррафа механдаду бо ситораи машҳури театри тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов хонадор мешавад. Дар воқеъ, бахти комил ӯро то охири умр ҳамраҳӣ мекунад. Акнун Мушаррафа Қосимова дар як муҳити комилан созандаву солим фаъолияти эҷодӣ ва зиндагии пурнишот мегузаронд. Нақши шавҳараш, яъне Муҳаммадҷон Қосимов ва худи ӯ дар баланд бардоштани санъати театру синамои миллӣ хеле бузург аст, ки ҳатто эшонро шоҳсутунҳои санъати ҳунарварӣ ном мебаранд. Ва яқинан, ҷойгоҳ ва мақоми ҳар ду дар инкишоф ва нубуғи ҳунари тоҷик хеле баланду шоиста аст. Инчунин, дар тарбияи эҷодкорону ҳунарпешагон нақши бориз доранд. Ба вижа дастпарвари онҳо Фаррух Қосимов (фарзандашон) дар бунёду эҷоди театри сирф миллӣ саҳми бузургу тавонои хешро гузоштааст. Фаррух Қосимов театри худро ба унвони «Аҳорун» поягузорӣ намуд ва санъату ҳунари миллати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ намуд, ки ин хидмати эшон дар риштаи ҳунари театри миллӣ бесобиқа мебошад. Дар ин миён нақши калони Мушарррафа Қосимова аст, ки чунин фарзандеро тарбият намуда, барои миллат туҳфа намудааст.

Мушаррафа Қосимова зиёда аз 50 сол дар рӯи саҳнаи театри Лоҳутӣ фаъолият намудааст ва пасон дар театри «Гаҳвора» ҳунарнамоии хешро давом додааст. Собиқаи ӯ дар синамо низ аз соли 1956 оғоз мегирад. Нақшҳои бешуморе офаридааст, аз ҷумла Латофат («Тӯй»-и С. Ғанӣ, 1958), Баҳор («Ҳаёт ва ишқ»-и Ф. Ансорӣ, 1958), занаки гӯл («Гавҳари шабчароғ»-и С. Улуғзода, 1962), Марианна («Қиссаи модар» дар асоси ҳикояҳои М. Горкий, ба саҳнагузоранда М. Қосимов, 1968), модар («Бе ватан»-и С. Сафаров, 1970), Чӯтуройим («Фармони кадушоҳ»-и А. Баҳорӣ, 1971), Бӯстонбибӣ («Ҷон модаракон»-и А. Қаҳҳор, 1972), Модаркалон («Хатро ман навишта будам»-и Ф. Ансорӣ, 1973), Ойша-апа («Қуллаи Фудзияма»-и Ч. Айтматов ва Қ. Муҳаммадҷонов, 1974), Фирӯза («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ, 1954, 1957, 1977), Булбул («Хонашерони майдонғариб»-и Ғ. Абдулло, Шамсӣ Қиёмов, М. Рабиев, 1978), Фармонбибӣ («Исёни арӯсон»-и С. Аҳмадов, 1982). Дар чандин филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм», аз ҷумла филмҳои «Дохунда», «Дӯсти ман Наврӯзов», «Нисо», «Вохӯрӣ дар дара», «Дарду алами Афғонистон», «Бачагии Насриддин» ва ғайра нақш бозидааст. Ҳамагон ӯро ҳамчун модари саҳнаи театри тоҷик ном мебаранду унвонаш додаанд. Нақши момодоя Мушаррафа Қосимоваро аз филми «Марди мутааллиқи ду зан» дар дилу дидаи мардум ҷой намуд. Ҳамчунин нақши модари дар филми машҳури тоҷикии «Нисо» офаридаи эшон аз ҳамин қабил образҳои мондагори ӯ ба шумор меравад.

Барои алвидоъгӯии вопасин бо ин ҳунарманди нотакрор рӯзи 2-юми апрел дар маросими ба хок супурдан дар шаҳри Душанбе ҳунарпешагон, намояндагони Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ва алоқамандони ҳунараш ҷамъ омаданд. Нахуст Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ба аҳли ҳунар ва оилаи марҳум тасаллияти Ҳукумати кишварро ироа дошт. Дар зимн иброз дошт, ки «муаллимаи азиз, ҳарчанд ҷисман аз байни мо рафта бошанд ҳам, аммо ҳунару нақшҳои бешумори офаридаашон бо мо ҳастанд ва номи некашон ҷовидонист».

Инчунин, ҳунарманди мардумӣ Носир Ҳасанов суханронӣ намуда, зикр кард: «Вақте ҳарф дар бораи театру синамо меравад, бидуни номи Мушаррафа Қосимова наметавон онро ҳусни оғозу анҷом бахшид».

Ҳунарманди дигари театру синамо Ортиқи Қодир дар суҳбат ба мо иброз дошт, ки «бо Мушаррафа Қосимова хотираҳои зиёд дорам ва ҳар лаҳза панду андаразҳо ва насиҳатҳои модаронаи он кас пеши назарам меоянд. Хушбахт аз онам, ки бо чунин ҳунарманди беназир нақш офаридаам. Дар пешрафт ва инкишофи театри тоҷик албатта, нақши бузурги хешро гузоштаанд, ки дар таърихи театри тоҷик ҷойгоҳи хосеро касб намудааст».

 

Зоҳири САЙФУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here