Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

 

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакентро таълимгоҳи бузургон ном мебаранд. Албатта, ин беҳуда нест. Зеро коллеҷи мазкур аз куҳантарин муассисаҳои миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, нақши худро дар тарбияи басо кадрҳои пурнуфузе гузоштааст, ки онҳоро на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ мешиносанд. Метавон номи олимони фарзонаи миллати тоҷик академик Соҳиб Табаров, узви вобастаи АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Маъсумӣ, докторони илм Шарофиддин Рустамов, Расул Ҳодизода, Мақсуд Шукуров, Бозор Тилавов, Низом Баҳриддинов, Исроил Исмоилов, Абдунабӣ Сатторзода, Муҳаммадқул Солеҳов, Рақиб Абдулҳаев, номзадҳои илм Абдулғанӣ Эшонҷонов, Мардон Муҳаммадиев, Ҳасанбой Дӯстов, Қозӣ Махсумов, Субҳон Атобуллоев, Саъдулло Умриқулов, Абдурауф Раззоқовро бо ифтихор ба забон овард.

Шоирони забардасти тоҷик Лоиқ Шералӣ, Файзулло Ансорӣ, Убайд Раҷаб, Бобо Ҳоҷӣ, Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, нависандагони машҳур Ӯрун Куҳзод, Сорбон, адибони соҳибистеъдод Давлатшоҳи Тоҳирӣ, Равшани Ҳамроҳ, Абдурауф Муродӣ, Ноҳид, Шаҳодат ва даҳҳо дигарон низ хатмкардагони ин даргоҳи маърифатанд.

Ин худ гувоҳ аз он аст, ки муассисаи таълимии мазкур дар тӯли фаъолияти пурмуҳтавои худ танҳо бо тайёр кардани омӯзгорон маҳдуд нашудааст ва дастпарваронаш дар соҳаҳои мухталиф ба дастовардҳои бузург ноил гардида, на танҳо шуҳрати омӯзишгоҳ, балки шуҳрати миллати тоҷикро низ баланд бурдаанд ва давлати Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаанд. 

 

Таърихи 88 солаи КОШП

Агар ба таърихи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент нигарем, соли равон аз таъсиси он 88 сол пур мешавад. Муасиссаи таълимии мазкур дар соли 1930 нахуст ҳамчун комбинати педагогӣ таъсис ёфтааст, ки масъулияти директори курси педагогӣ (техникуми педагогӣ, курси таёйрӣ ба Комвузҳо) — ро шахси маърифатпарвар Раҳимов А. ба дӯш дошт. 

Дар солҳои баъдӣ, яъне солҳои аввали фаъолияти омӯзишгоҳ Фаттоҳ Раҳматуллоев, Мӯсоқул Икромов, А.Раҳматзода, Разиюлло Абдуллозода, Алибой Ҷӯраев директорони омӯзишгоҳ будаанд. Аз асноди бойгонӣ бармеояд, ки бори аввал омӯзишгоҳро 18 нафар донишҷӯён хатм намудаанд. Минбаъд шумораи хонандагон дар солҳои 1930-1931 65 нафар, соли таҳсили 1931-1932  60 нафар, соли таҳсили 1932 — 1933 150 нафарро ташкил медод ва сол то сол меафзуд.

Муассисаи таълимии «Комбинати педагогӣ» кадрҳои педагогӣ ва муаллим тайёр мекард. Ва хатмкардагони он ба тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ барои фарогирии ҷавонон ба таълиму тарбия фиристода мешуданд. Аз дафтари таърихи коллеҷ бармеояд, ки ҳатто қисме аз фиристодагони муассиса барои ҳамеша дар ноҳияҳои гуногуни ҷануби Тоҷикистон маскун шудаанд ва шогирдони зиёдеро ба ҷодаи илму маърифат гусел намудаанл. 

Аввали солҳои 40-и асри гузашта Комбинати омӯзгорӣ ба Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ табдил ёфт ва он солҳо бинои таълимии муассиса дар маркази шаҳр ҷойгир щуда буд. Соли 1958 Омӯзимшгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент ба номи педагоги рус А.В.Луначарский гузошта шуд. Дар соли таҳсили 1973-1974 омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент ба бинои нави дуошёна ба кӯчаи Саъдии Шерозӣ кӯчонида шуд. Дар паҳлӯи биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ ду хобгоҳи барҳавои сеошёна низ бунёд карда шуд, ки алъон Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент дар ин макон фаъолият дорад. Ва яқинан метавон гуфт, ки макони баргузидаи сохтмони ин таълимгоҳ басо ҷолиб аст. Вақте ки вориди шаҳри бостонии Панҷакент мешавед, дар тарафи чапи майдони Фирдавсӣ силсилабиноҳои коллеҷ ва навиштаҷоти “КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ” ба чашм мерасад. Ҳамин ҷост даргоҳи маърифат! 

Соли 1992 таълимгоҳ номи шоири классики тоҷику форс Саъдии  Шерозиро гирифт ва аз соли 2001, бо қарори раиси шаҳри Панҷакент ба омӯзишгоҳ номи дастпарвари он, шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ  Шералӣ дода шуд. 2 ноябри соли 2012 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ба Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент табдил дода шуд.

Соли 2010 бахшида ба 80 – солагии муассисаи мазкур аз тарафи омӯзгорони омӯзишгоҳ Равшани Ҳамроҳ ва Норинисо Худоёрова китобе бо номи “Таълимгоҳи бузургон” таълиф гардид, ки аз таърихи пуршарафи таълимгоҳ ҳикоя мекунад. Заҳмату кӯшишҳои устодон дар омӯзонидани нозукиҳои илм ва касби омӯгорӣ дар китоб таҷассум ёфтааст. Саҳми директорон Низомов Отақул, Раззоқов Қутбиддин, Бобоҳоҷиева Раъно, Ҷанобилов Ҳакимҷон ва дигаронро муаллифон бемуболиға зикр намудаанд. 

 

Факултетҳо ва кафедраҳо

Ногуфта намонад, ки имрӯз дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент низоми таълим ба низоми мактабҳои олӣ наздик буда, дар он ду факултет: — факултети фанҳои гуманитарӣ, факултети риёзӣ – педагогӣ ва шаш кафедра: — забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои хориҷӣ, таърих ва ҷомеашиносӣ, методикаи таълим, педагогика ва психология, математика ва табиатшиносӣ амал менамояд.

Шумораи умумии муҳассилин дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона 898 нафар мебошад, ки онҳо дар гуруҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ таҳсил мекунанд. Ва, албатта, қисмати бештари онҳо дар гуруҳҳои буҷавӣ таҳсил менамоянд. Дар соли хониши 2018-2019 ба коллеҷ 250 нафар донишҷӯён аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла, аз ноҳияҳои Ишкошим, Қубодиён, Восеъ, Рӯдакӣ, Панҷ, Спитамен, Деваштич, Истаравшан, Шаҳристон, Зафаробод, Ашт, Айнӣ, Масчоҳи Куҳӣ, Бӯстон ва ғайра қабул шуданд. Ин ҳама бо шарофати ташкили имтиҳоноти қабул тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти кишвар ба вуқуъ пайвастааст.

Дар мавриди ҳудуди ҷуғрофии донишҷӯёни коллеҷ ҳаминро бояд қайд кард, ки солҳои пеш ба муассиса на танҳо донишҷӯёни ватанӣ, балки аз Русия, Украина, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дохил мешуданд ва ин хатмкардагон то имрӯз бо таълимгоҳ тамос доранд. Нуқтаи ҷолиби дигар ин аст, ки маҳз ба хотири сиёсати пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пас аз кушодашавии марзҳо собиқ хатмкардагони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент аз шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, хосатан аз шаҳрҳои Самарқанду Бухоро,Ургут, Тайлоқ, Қаршӣ, Китоб, Шаҳрисабз ва ғайра ба муассисаи мо ташриф меоваранд. Аз хотироти неки худ ба шогирдони мо ҳикоят мекунанд. Ва бо ифтихор мегӯянд, ки мо маҳз ба шарофати ҳамин муассиса дар зиндагӣ комёб шудем. Теъдоди хоҳишмандон – довталабон барои таҳсил аз ҷониби шаҳрвандони кишвари ҳамсоя дар коллеҷ низ зиёд ба назар мерасад. 

 

Беҳтарин шароити таҳсил дар КОШП

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент соли 2017 аз аттестатсияи давлатӣ бомуваффақият гузашт ва соҳиби литсензия ва аккредитатсия гардид. Коллеҷ дорои се бинои дуошёнаи таълимӣ буда, донишҷӯён бо хобгоҳ таъминанд. Биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ соли 2017 ба пуррагӣ аз таъмир баромаданд. Гирду атрофи коллеҷ кабудизор карда шуда, тайи соли ҷорӣ зиёда аз 350 дона ниҳоли нав шинонида шуд. Майдончаи варзишии таълимгоҳ пурра азнавсозӣ шуд ва имрӯз муаллимону донишҷӯён дар майдони мини футболи замонавӣ ва майдончаи волейбол тамрин менамоянд. Даромадгоҳи маъмурӣ ва даромадгоҳи умумии таълимгоҳ тармим карда, бо ҳама технологияи назоратии ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. 

Коллеҷ соҳиби толорҳои хурду бузурги маҷлисӣ аст, ки соли ҷорӣ толори бузург аз таъмири пурра бароварда шуд. Солҳо системаи гармидиҳии коллеҷ кор намекард. Хушбахтона, бо ташаббуси директори кунунии коллеҷ – доктори илмҳои филологӣ Ҷовид Холов имсол он пурра аз нав сохта шуда, ба мавсими нави зимистонгузаронӣ ба кор омода гардид, ки дар самти хоҷагидорӣ дастоварди назаррасест. Таҷдиди назар шудани утоқҳои компютерӣ, китобхонаи электронӣ, насби тахтаҳои электрониву проекторҳо, пайвастшавӣ бо шабакаи интернет барои баланд шудани сифати таълим мусоидат намудаанд. Феълан муассиса дорои синфхонаи компютерӣ, маркази тестӣ, кабинетҳои муҷаҳҳази методӣ, толорҳои барҳавои замонавӣ мебошад.

Дар коллеҷ маҳфилҳои гуногуни варзишӣ аз қабили волейбол, футбол, тенниси рӯи мизӣ, шоҳмот пайваста амал менамояд. Барои занону духтарон бошад, маҳфили омӯзишии ҳунарҳои мардумӣ ва дӯзандагӣ ташкил карда шудааст. Ҳунарҳои зебои донишҷӯдухтарон дар осорхонаи коллеҷ ҷой дода шудааст. Ин ҳамаро ҳунарманди чирадаст Абдураҳмонова М. сарварӣ менамояд. Инчунин дастаи ҳаваскорони таълимгоҳ таҳти роҳбарии устодон Сиддиқов Абдумалик ва Мирзоев Шуҳрат дар назди кормандону донишҷӯёни коллеҷ ҳунарнамоӣ намуда, хотири онҳоро шод мегардонанд ва ҳаваскорони санъат маҳорати хешро сайқал медиҳанд.

Бинои хобгоҳи донишҷӯёни КОШП сеошёна буда, дар он 160 нафар донишҷӯён зиндагӣ мекунанд ва барои зисту зиндагии онҳо шароити  мувофиқ фароҳам оварда шудааст. Таълим дар коллеҷ асосан аз рӯйи низоми кредитӣ ба роҳ монда шуда, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ пайваста бо корҳои илмӣ машғуланд. Донишҷӯён дар давоми таҳсил аз фанҳои тахассусӣ кори курсӣ ва рисолаи хатм менависанд. Маводи таълимӣ ва илмӣ дар китобхона ҳам дар шакли китобҳо ва ҳам дар шакли электронӣ мавҷуд аст, ки муҳассилин ҳамарӯза дар қироатхонаи муассиса, ки дорои 60 ҷои нишаст мебошад, аз онҳо баҳра мебардоранд.  

Дар коллеҷ ҳар сол конфронси илмии апрелии омӯзгорон ва донишҷӯёни КОШП баргузор мегардад, ки дар он иштирокчиён маърӯзаҳои илмии худро пешниҳод менамоянд. Донишҷӯёни КОШП пайваста дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат меварзанд. Донишҷӯ Раҳматова Моҳрӯ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик соҳиби ҷои аввал гашт. Ду нафар донишҷӯёни коллеҷ гирандагони стипендияи раиси вилояти Суғд мебошанд. Мақолаҳои илмиву бадеии  устодону донишҷӯён пайваста дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ ба чоп мерасанд.

Айни замон дар КОШП ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих ва ҷомеашиносӣ, математика ва информатика, муаллими синфҳои ибтидоӣ, технология (муаллимони таълими меҳнат) омӯзонида мешаванд.

КОШП бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин буда, 66 нафар устод ба доншишҷӯён дарс мегӯянд, ки аз онҳо як нафар доктори илм, панҷ нафар номзади илм, панҷ нафар унвонҷӯи Академияи таҳсилот ва 16 нафарашон Аълочиёни маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Таҷрибаомӯзӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти коллеҷ маҳсуб меёбад. Донишҷӯёни гуруҳҳои таълимӣ дар ду давра дар мактабҳои шаҳр аз рӯйи ихтисос таҷриба меандӯзанд.

Донишҷӯён, хусусан нимятимон ва ятимони кулл аз тарафи маъмурият ва иттифоқи касабаи коллеҷ бо ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо аз рӯйи имкон кӯмаки моддӣ низ расонида мешавад.

Хатмкунандагони коллеҷ пас аз хатм бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои миёна ва дигар муассисаҳои таълимӣ ба кор фиристода мешаванд, ки аз рӯйи ихтсисосашон бо кор таъмин карда мешаванд. Имрӯз, хушбахтона, хатмкардагони мо пурра бо кор таъмин буда, дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон ба таълиму тадрис машғуланд.

Аз чоп баромадани шумораҳои аввали нашрияи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент бо номи “Ҳамсадо”, ки дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудааст, дар ҳаёти фарҳангии коллеҷ воқеаи фараҳбахш ва фаромӯшношуданист. Он дар ҳар се моҳ як маротиба чоп шуда, аз ҳаёти коллеҷ, дастовард ва навигариҳои он, корҳои илмиву эҷодии устодону донишҷӯён мужда мерасонад.

Баргузории чорабиниҳову ҷашнвораҳои бузурге мисли идҳои Истиқлолияту Наврӯзу Меҳргон, Рӯзҳои Президент ва Конститутсия, Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Мавлавӣ, Рӯзи Ҳофиз, Рӯзи забон дар коллеҷ ба ҳукми анъана даромадааст.

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакентро “таълимгоҳи бузургон” унвон кардан бесабаб нест. Имрӯз ҳам устодони ин даргоҳ анъанаҳои бузургони пешини худро идома дода, тамоми нерӯи худро баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён масраф менамоянд. Боварӣ ҳаст, ки дар оянда низ Коллеҷи мазкур бузургони дигареро чун ЛоиқШералӣ ва садҳо нобиғагони дигар ба воя меросонад ва дар рушду равнақи кишвари азизамон нақши шоиста мегузорад. 

 

Холиқи Муҳаммадназар,

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here