Қӯ- ин мурғи сапедпӯши зебо, ки дур аз олудагии хокиён, дар ҷаҳони обҳои пок  зиндагӣ ба сар мебарад ва рӯзи марги маъшуқааш ба авҷи осмон парвоз карда, аз он ҷо худро сарозер ба теғаи кӯҳ зада  нобуд мешавад, рамзест мантиқӣ, ки ба сифати номи ҷилди IX осори Ҳошим Гадо интихоби шудааст. Диди зебову бадеъии ҳунарманди шаҳир, ҷаҳони маънавии жарфнигармарди танҳо, бешак пайванде ба зиндагии  ин паррандаи нимарӯъёӣ дорад.

«Ривояте ҳаст, ки  барои зинда мондани қӯҳҳо одамон бояд яксатиллӣ шир оварда ба кӯл мерехтаанд. Ҳар кадоме ҳамдигарро  фиреб дода, ба ҷойи шир об оварда рехтанд, ки натиҷаи нохубе дод. Бо чунин ҷамъият коркардан ғайриимкон аст»- мегӯяд Ҳошим Гадо.

Ин об ба ҷойи шир рехтан бегумон ҳамон хиёнатҳое буд, ки одамон ба сари Сӯҳробу Эдипу Ҳамлет, Синову Рӯдакӣ ва ғайра оварданд. Ӯ дар саҳна ба сарнавишти ин қаҳрамонон ворид гардида фоҷиаи онҳоро дар ҷони худ таҷриба кард ва пас аз намоиш ҳам он даҳшатҳо, он дарду андӯҳ барои ҳамеша  бо ӯ монд. Он Сӯҳробе, ки мардум дар кӯчаҳои шаҳр бо ҳам нишон дода «ана, Сӯҳроб, ана Сӯҳроб» мегуфтанд, ин Сӯҳроб, ки аз дасти падару хиёнати ҳамҷинсон захми корӣ хӯрда, аммо намурдааст, акнун бо чашми дигар ба оламу одам менигарад ва мебинад: «Баҳри ғам. Косаи ғам. Косае пур аз оби дидаҳост. Он оби дидаи кӣ бошад?» Танҳо, ҷудо аз ҳама аз кӯча мегузарад ва  мегӯяд: «Маро як захми номаълум, як андӯҳи коинотӣ ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар дақиқа ва ҳар сония думболагирӣ мекунад.»

Рӯ ба рӯ бо як мухотаби номаълуме, ки вуҷуди ӯ  ҳама ҷо бузургтару наздиктар бо ӯст, мепурсад: «Зиндагӣ кист? Зиндагӣ чист?» ва эътироз мекунад : «Ман бо тамоми дунё қаҳриам. Чаро? Ба ин суол ҷавоб намедиҳам». Аммо ӯ навмед нест. Дар баробари он ки аз «Ҳайвонизм» ба сутуҳ омадааст, дар фикри он аст, ки «Оё одамон ислоҳ мешуда бошанд?!»Оё одамон то охир тағйир намеёбанд?! Одамон ислоҳ нашаванд, оқибати ин чӣ мешуда бошад?» Ӯ бо ҳамон шуҷоати Сӯҳроби далер бо зиндагӣ дар талошу ситез асту чун Рӯдакӣ хулосаи зиндагияш андарзҳои ростинанд, баъди андешаи зиёд ба хулосае омадам, ки  агар маро  напурсида ба ин дунё оварда бошанд, чӣ бояд кунам?Бояд мубориз бошам…Касе, ки иродаи оҳанин ва сабру тоқат дорад, ба муродаш мерасад?

Чуноне, ки гуфтам «Қӯ» ҷилди нӯҳуми таълифоти андешамандонаи Ҳошим Гадост, ки ҳашт ҷилди он қаблан  бо номҳои «Розҳо», «Асо», «Танҳо», «Андешаҳо», «Я» ва «Каметы» (бо забони русӣ) «Кунҷ» ,«Ҷонбӯз» нашр гардидаанд. Агар чӣ ин китобҳо дар давоми панҷ-шаш соли охир ба табъ расидаанд, онҳо маҳсули андешаву мушоҳидаҳои якумраи муаллифанд, дар марҳалаи  «пириву хирадмандӣ» онҳоро бори дигар дар хотироту афкор рӯгардон карда, ба риштаи таҳқиқ кашидааст.

Меҳвари асосии мавзӯъоти китобҳо агарчӣ ҳамон масъалаҳои ҷовидонаи моҳияти оламу рисолати одам аст, аммо  он на бо равиши фалсафӣ, балки бо диду дарки як инсони покманиши мубориз, бо дарду  ғами як инсони ранҷкашидаи  танҳо ба қалам дода шудааст.

Жанрҳои бадеии масал, эссе, зарбулмасалу мақол муаллифро дар ин роҳ хеле муваффақ гардонидаанд. Масалан, масалҳои «Гурги пир», «муха», «мӯрча ва фил» ва ғайра, ки  диди фалсафиву бадеии амиқ доранд. Паша дар масали «Муха»  аз нигоҳи бадеӣ агар саҳмгинии танҳоиро мушаххас карда нишон диҳад, аз назари фалсафӣ бемиқдориву бебақоии инсонро дар муқобили кайҳони беҳудуд мефаҳмонад.Ё дар ҷойи дигар чунин зебову пурсӯз ва шоирона мегӯяд: «Аз нафаре пурсидам, ки дар тарафҳояшон садӣ ҳаст?-Нест, мо сафедӣ, надорем гуфта , ҷавоб дод.»

Хулоса навиштаҳои Ҳошим Гадо аз арзишҳои гарон бархурдоранд, ки мутаассифона, дар ин мухтасар маҷоли  баррасии муфассали онҳо нест.

Эшони СУБҲОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here