Дӯстам Тоҳир Назар дар саҳифаи фейсбукиашон эълон навишта, ҳамаро ба тамошои нахустнамоиши филми “Сайёра ранг иваз мекунад”даъват намуданд. Азбаски дар сомонаҳои интернетӣ наворҳои омодагӣ ва рафти наворбардории ин филмро дида, дар дил шавқи тамошояш зиёд гашта буд, бо бародари шоирам Бузургмеҳри Баҳодур ба тамошои филм ба кинотеатри “Ватан” рафтем.
Толори серодамро дида, хело хурсанд шудам, ки баръакси чанд соли пеш таваҷҷуҳи мардуми мо ба тетру синамо зиёд гаштааст. Сабаби чи гуна ба тамошои филм рафтанам ва зиёд будани тамошобинро инҷо нигоштанам ҳамин аст, ки дар ҳаёти имрӯзаи мо даъват намудан ба намоишҳо тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ва наворҳои кӯтоҳи таблиғотӣ барои ҷалби тамошобин ба театру кино хеле дурусту огоҳона аст. Имрӯзҳо зиёданд шахсоне, ки ба тамошои телевизону гӯш кардани радио вақт надоранд, лекин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша фаъоланд. Бисёр хуб мешуд, агар ин иқдом идома ёбад ва театрҳои мо низ пеш аз ба саҳна гузоштани намоишномаҳо тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ рӯзи намоишро эълон намоянд.
Зимнан, бояд гуфт, дар ҳоли ҳозир ин кори хайрро Суҳроб Ҷанҷолов — ҳунарманди Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба роҳ мондаанд, ки аз эшон сипосгузорем.
Пардаҳо пӯшида, аҳли толор ором ва чароғҳо хомӯш гардиданд. Намоиши филм оғоз шуд. Саҳнаҳои пурмоҷаро, табиати назаррабои куҳистон, ҳаёти пуртафовути сарватмандон ва куҳистониён ҳушу гӯши моро чунон рабуд, ки сардии толорро баъд аз тамошои филм эҳсос намудем.
Барои банда мавзуҳои филм хеле писанд омад. Дар филм тарбияи фазанд, бовариву хиёнат, зиндагии дур аз ахлоқи сарватмандон, матиниродагии духтари тоҷик ва ишқи поки ӯ хеле моҳирона тасвир гардидааст.
Сарватманди мағруру худхоҳ Фаридун Баҳромов дар ботлоқи сарвати худ ғӯттавар гардида, фикр мекунад, ки бо пул ҳамаи мушкилоти зиндагиро ҳал намуда метавонад, вале ӯ ҳатто ягона фарзандаш Муродро тарбия намуда наметавонад. Мурод низ бо бадахлоқии худ ҳаёти чанд нафар духтараконро талх намуда, сарзанишу накуҳише аз ҷониби падар намебинад. Ин бадкирдорӣ билохира ӯро ба коми марг мебарад.
Сайёра ҳамчун зани муборизу сабур ва санъатдӯсти тоҷик дар филм нақши асосӣ дорад. Ӯ бори дигар волоият ва мақоми мусиқиро дар тарбияи инсон нишон дода, исбот менамояд, ки бо мусиқӣ ва сухан метавон мағруртарин ва бадкирдортарин инсонро ба роҳи рост даровард. Сайёра бо сухан ва навозиши скрипкааш тавонист Фаридун Баҳромов барин сарватманди худхоҳу кӯтоҳандешро, ки ҳатто душмани ашаддиаш меҳисобид, то андозае ба роҳи инсонӣ дарорад. Ишқи ӯ ки самимию пок буд, бо вуҷуди монеаҳои зиёди тақдир, оқибат ба дидори азизи дилаш Хуршед расид.
Филм чи гуна тағирёбии ҳаёти инсонҳо, доиман яксону якранг набудани роҳи зиндагӣ ва “рангивазкунии сайёра”-ро ба бинанда хеле равшан нишон додааст.
Заҳматҳои пасипардагии аҳли эҷод барои ба навор гирифтани ин филми дусоата бароямон равшан гашт, зеро воқеан диданӣ буд.
Ҳунарманди ҷавону хушсалиқа Таҳмина Раҷабова нақши марказиро бо маҳорати баланд иҷро намуд. Дар бораи ин ҳунарманд ҳаминро метавон гуфт, ки саропо истеъдод аст, дар ҳама ҷанбаҳои фаъолияташ муваффақ аст. Ӯ дар зиёда аз бист филми ватанию хориҷӣ нақшофарӣ намуда, воқеан соҳиби таҷрибаи хуби ҳунарпешагӣ шудааст.
Ҳунарманди ҷавону маҳбуби мо Хуршед Мустафоев, ки дар чанд филми дигари мо ва дар саҳнаҳои Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский нақшҳои зиёдеро бозидааст ва чеҳрааш барои тамошобин ошност, дар ин филм нақши хизматгори хиёнаткор Гадоро хеле моҳирона бозид. Нақшофарии ӯ дар намоишномаи “Рустам ва Суҳроб” аз даврони наврасӣ дар хотираи мо нақш бастааст. Хуршед Мустафоев хуб медонад, ки дар саҳна бозингарӣ не, балки мисли саҳнаи зиндагӣ бояд табиӣ нақш офарид.
Сарояндаи хушовоз Толиб Исмоилов нақши ҷавони ошиқ Хуршедро то андозае хуб иҷро намуд.
Баҳогузорӣ ба нақшофарии устодон Қурбони Собир, Тағоймурод Розиқов, Абдулмумин Шарифӣ ва коргардони номдор Умар Алиев аз ҷуғрофиёи донишу биниши мо фарохтар аст, чун коргардони ин филм Муҳиддини Музаффар шогирди эшон аст. Фақат чун бинанда метавонам бигӯям, ки олӣ буд.
Гуруҳи эҷодии “Суғдсинамо” бо сарварии ҳунарманди ҷавон ва коргардони тозаэҷод Муҳиддини Музаффар дар фаъолияти начандон тӯлонии хеш дар офариниши филмҳо тавонистааст саҳми худро дар пешрафти синамои тоҷик гузорад. Муҳиддини Музаффар панди устодони театру кинои тоҷикро шунида, таҷриба гирифта, то андозае пухтатар гардида, ба ин роҳ қадам ниҳодааст. Аз пазироии тамошобин
аз филмҳои “Дувоздаҳ соли интизорӣ”, ”Тангно”, филми ҳуҷҷатии “Духтари Сайҳун”, филми кӯтоҳи “Коса” ва чанд филми дигар, ки маҳсули заҳматҳои аҳли эҷодии ин гуруҳ мебошад, муваффақияташон намудор аст.
Ягон кор бе камбудӣ намешавад. Шояд дар ин филм низ камбудиҳо буданд, вале мо ҳамчун бинанда ҷиҳатҳои мусбаташро зиёдтар дидем.
Ба аҳли эҷоди “Суғдсинамо” барору комёбӣ мехоҳем.
Иброҳимҷони ДӮСТАЛИЗОДА