(Бахшида ба 67-умин солгарди Мақсудшо Иматшоев)

Санъат, воқеан, дарёи беканорест, ки дар шӯру туғёнаш дурдонаҳо ва марворидҳое кашф мегардад, ки баъди гузашти солҳову асрҳо ҳунармандро ҷилобахши саҳ гардонида, дар дилу хотираҳои мухлисон мондагор мегардонад. Агар имрӯз аз истеъдоди нафароне дидан мекунему атрофашон ҳарф мезанем, бесабаб нест, чунки онҳо бо ҳунару маҳораташон ҳар яке арзандаи тавсифу ситоиш мебошанд. Рӯйи майдони ҳунар ҷавлон задани истеъдодҳо худ баёнгари муъҷиза ва рафтанашон ҳикматест аз эҷодҳои безавол.

15.09.1953 дар Донишкадаи санъати театрии шаҳри Тошканд воқеаи фаромӯшнашаванда рух дод. Он рӯз профессор ба дохили синфхона даромада, ба ҷуз мизу курсиҳо донишҷӯёнро надид, баъди пайдо шуданашон рӯяшро тарафи онҳо турш накард, баръакс, хурсанд шуду ба шодияшон шарик гашт, шояд ӯ дар чашмони тифлаки навзод ситораи нотакрореро медид ва маҳз ба онҳо иҷозат дод, то имрӯзро дар ҳалқаи ду шогирди беҳтаринаш — Қиматшоҳ Иматшоев ва Маҳбуба Холиқова бигзаронанд, чун чеҳраи тифлаки хурдсол шодии беандозаро дар фазои донишгоҳ танинандоз менамуд.

Он рӯз кӯдак зиёд гиря мекарду донишҷӯён таббасум доштанд ва ӯро аз даст ба дасте медоданду ба рӯяш бӯсаҳои бомуҳаббат мезаданд ва дар ҳамон рӯз ба вай ном гузоштанд — Мақсудшоҳ, то дар зиндагӣ ба қуллаҳои баланди мақсуд бирасад.

Дар оилаи ҳунарманде, ки саропо офтоби ҳунар дурахшонӣ мекард, саҳнаи театру кино аз нақшҳои хотирмон ва ҷаззобу ҷолиб дар тобиш буд. Ӯро бо ҳама назокат ва муҳаббати хоса ҳамагон дӯст медоштанду ба беназир будани ҳунараш таваҷҷуҳ мекарданд. Боварӣ доштанд, ки ҷигарбандашон Шоҳинболи ҳунарҳо мегардад. Офтоби зиндагӣ ба вай нурпошӣ мекард, муҳаббати ҳунар дар дилаш туғён менамуд.

Ӯ аз хурдӣ мехост дар ин ҷодаи пурпечутоби эҷод худро бисанҷад, рӯи саҳна ҷавлон бизанад. Ҳамин буд, ки соли 1967 дар филми бадеии «Хокистари сӯзон» ҳунарнамоӣ кард. Лаёқат ва кунҷковии ӯ рӯз то рӯз, сол то сол бештар мешуд.

Соли 1970 Донишкадаи умумииттифоқии киноматографияи шаҳри Маскавро интихоб намуд. Ин даргоҳест, ки чеҳраҳои зиёдеро, чи дар саҳнаи театр ва чи дар синамо тайёр намудааст. Сергей Фёдорович Бондарчук — ин ҳамон нафарест, ки бо шунидани номаш симои нобиғаи нотакрори кинои ҷаҳонӣ пеши назар меояд. Қисмат гӯё барои Мақсудшо ягона макони муққадас барои равнақ ёфтани истеъдодаш ҳамин донишкадаро интихоб кард. Маҳз Бондарчук ӯ ва якчанд нафар ҷавонони хушсалиқаи тоҷикро ба тарбияи худ гирифт. Тақдир гӯё кори хешро баён карда, сарнавишти Мақсудшоҳро ба дасти комёбтарин нафари санъату ҳунар супурд. Мақсудшо дар самои ҳунар бол мекушод, фарқкунанда аз дигарон меистод ва худро ба дунёи ҳунар бахшида буд.

Соли 1975 Мақсудшоро чун симои арзанда ва ҳунарманди истеъдод барои нақшофарӣ ба филми «Шаҳрвандон» даъват мекунанд. Ӯ аз аввалин ҷавонони таҳсилгирифтаи тоҷик дар Маскав буд, ки дар филмҳои берун аз кишвар маҳорати хешро ба намоиш гузошт. Дар вақти таҳсилаш хело ҷавони зираку доно ва кунҷкоб буд. Баъди хатми донишкада устодаш С. Ф. Бондарчук ба Мақсудшо гуфт: “Ту метавонӣ ин ҷо бо ман бимонӣ, чунки ман курси нав мегирам”. Аммо Мақсудшо гуфтаҳои устодашро баъди хомӯшӣ рад кард ва дар посух гуфт, ки бармегардад.

Муҳаббати Ватан ҳамвора кори худро кард, Мақсудшо обу хоки Тоҷикистони маҳбубро авлотару азизтар донист. Ӯ ба Ватане, ки дунёи болиши кӯдакӣ ва саҳифаҳои тоза ба тозаи қисматаш дар он гузаштааст, баргашт. Ба ҳайси ҳунарманд дар филмҳои гуногуни истеҳсоли ватанӣ ва хориҷӣ ҳунарнамоӣ мекард.

Мақсудшо бо истеъдоди фавқулоддааш нақшҳои барҷаста меофарид. Дар филми коргардон Анвар Тӯраев — «Ҷаҳиш», ки соли 1981 рӯи экран омада буд, Мақсудшо ҳамчун мутриб ва овозхон барои ҳамагон муаррифӣ шуд. Мақсудшо ҳамчун хунёгари нотакрор суруду оҳангҳо меофариду суруд мехонд, ки зуд ба дили шунавандагон наздик буду нишонрас мегашт. Устод Мақсудшо Иматшоев дар зиндагии хеш эҷодиёти гаронарзише аз хуб боқӣ гузошт, ки ҷавонон ва шогирдон аз эҷодиёти ӯ ба таври васеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла, ӯ дар филмҳои зиёди ватаниву хориҷӣ, ба мисли «Хокистари сӯзон», «Шаҳрвандон», «Ҷавонии субҳи аввал», «Нисо», «Ҷумъаи ҳафтум», «Ҷаҳиш», «Ҷанг дар чорраҳа», «Роҳҳои оташин», «Қапқон барои шағол», «Қатори иловагӣ ба роҳи дуюм», «Дарвеши ланг», «Манзараи зеботарини биёбон», «Дев ва ё каси дигар» ва амсоли инҳо бо маҳорати баланди касбӣ нақш офаридааст.

Мақсудшо Иматшоев ҳамчун коргардони телевизион сабки худро дар банду басти ансамбли номдори рақсиву овозии «Зебо» гузоштааст. Ӯ тавонист ҳам ба ҳайси актёр, омӯзгор, сароянда, коргардон, оҳангсоз дар гирдоби пуртӯғёни ҳунар муътабар гашта, ҳамчун нафари дилбохта дар ин ҷодаҳои мухталиф комёб гардад.

Зиндагӣ, ки гӯё аз муваффақиятҳои ӯ ҳасад дошт, дар истеъдоди нотакрори вай ҳайрону лол монда буд. Ҳунармандону адибон қишри ҳассоси ҷомеа ба шумор мерафтанд. Аз ин рӯ, воқеаҳои соли 90-ум ба устод Мақсудшо Иматшоев бетаъсир намонд. Ӯ соли 1993 ба Олмон сафар кард ва баъд аз гузашти андак вақт дар ин кишвар ба садама дучор шуда, ҷони азизи хешро аз даст дод.

Зиндагии устод бо кулвори пурэҷод дар хирмани ёдҳо монд. Ҳар лаҳзаи зиндагиаш моломоли сӯзу фироқ буд. Барои ӯ ҳарфҳои нек мегуфтанду ёд менамуданд.

Ба дунё омадан, рафтан ҳунар нест,

Агар аз боғи умри кас самар нест.

Мақсудшо аз байни дӯстон, ёрон, шогирдон, ҳамкасбон, ихлосмандонаш рафт, вале нақшҳои устод, сабтҳои устод, ҳунарнамоии устод, образҳои офаридаи ӯ дар синамо абадӣ монд. Ҳарчанд риштаи умри устоди зиндаёд канда шуда бошад ҳам, то имрӯз ёду хотироти ӯ бо мост. Ёдаш ба хайр бод!

Зи оҳи сарди мо дилҳо бисӯзад,

Чу он гулҳо, ки аз сармо бисӯзад.

Ба ҷуз парвона дилсӯзе надорем,

Ки шамъе бар мазори мо бисӯзад.

М. САНГОВ, декани факултаи санъати театрии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here