Ба ҷойи гулнишонӣ чанд тардомони хушкосор,

Зи хору хас ба майли хеш месозанд Гулрухсор.

(Гулрухсор)

Агар зиндагиномаи Гулрухсорро ба як ҳадис, як вожа, як оят баён бинамоем, бори варо танҳо як калима метавонад бардорад: ИНҚИЛОБ!

***

Ба пойтахт омадани як духтараки нозанин аз як рустои дур, ки маъмулан масоҳати зиндагӣ барои занон аз хонаи падарӣ то хонаи шавҳари ношинос буд, инқилоби нахустини Гулрухсор аст. Ӯ ба Душанбе омад ва ба истилоҳи даврони нав, дар як давраи кутоҳ Мисс- Душанбе ва Мисс- Тоҷикистон гашт. Ҳанӯз касе натавонистааст, ки тоҷи Маликаи Тоҷикистонро аз ӯ бирабояд.

***

Инқилоби дигари Гулрухсор бутшиканӣ ва табушиканӣ буд.

Аз пӯшидани либос то дар тарабхона нишастан, аз «дӯст дорам» то «туро мехоҳам» гуфтани як зан дар кишваре, ки табъизи ҷинсӣ мояи ифтихори мардонаш буд, ҷасорат мехост. Ҳама чиз барои мардон буд, ҳатто ишқ ҳам.

Гулрухсор аз ишқи зан гуфт.

Ва ҳазорон ҳазор аз ӯ ошиқона гуфтан ва ошиқона, яъне инсонвор зистан омӯхтанд.

Бо шеъри Гулрухсор нома ба номи дӯстдоштагонашон навиштанд, хона обод карданд, фарзанд ба дунё оварданд, шаҳди ишқро чашиданд. Ва ба меваҳои биҳиштии ишқи худ Гулрухсор ном ниҳоданд. Гулрухсор машҳуртарин ва маъруфтарин ном дар садаи ХХ гашт.

***

Беҳтарин шеъри Маликаи Тоҷикистон саргузашту сарнавишташ буд.

Вақте аз хиёбонҳои Душанбе дар паси парчами мошини камёби айём — Волгаи ГАЗ-24 Гулрухсор мегузашт…

Вақте Гулрухсор мерақсид…

Вақте Гулрухсор месароид…

Вақте Гулрухсор аз минбарҳои баланди анҷуману симпозиумҳои байналмилалӣ ҳарф мезад…

Вақте аксҳои Гулрухсор бо Михаил Горбачеву ҳамсараш, бо Аскар Акаеву ҳамсараш, бо академик Сахарову Борис Елтсин, бо Расул Ғамзатову Чингиз Айтматов, Олжас Сулаймонову Евгений Евтушенко, Андрей Вознесенскийу дигар номдортарин шахсиятҳо дар рӯзномаю маҷаллаҳо дарҷ мегашт…

…ҳазорон мардони бузург ба Маликаи Тоҷикистон ва ба худи Тоҷикистон ошиқ мешуданд. Шоҳон ва президентҳо, алломаҳо ва рассомон, руҳониён ва донишҷӯён.

Ман ҳам яке аз онон будам.

***

Гулрухсор бренди Тоҷикистон, корти шиносоии Тоҷикистон дар ҷаҳон буд. Ҳатто Муъмин Қаноат, Лоиқ ва Бозор бурун аз Тоҷикистон он қадар шуҳрат надоштанд, ки Гулрухсор дошт. Ин ҳам фасле аз ҳамосаи инқилоби ӯ буд.

***

Дар аҳди Иттифоқи Советӣ, яке аз абарқудраттарин давлатҳои дунё ӯ Депутати Халқии СССР буд. Таъкид менамоям: ӯро таъин накарда буданд. Ӯ дар як интихоботи озод бо корзори пуршӯр аз байни чандин ҳарифони бисёр пурнуфуз депутат интихоб шуда буд. Интихоботи даврони перестройкаи  горбачёвӣ.

Дертар ё пештар Горбачёв Гулрухсорро ба Шветсария, ба назди ягона сафири зани мамлакат — Зоя Новожилова барои таҷрибаомӯзӣ фиристода буд. Бояд Гулрухсор сафири фавқулода ва мухтори СССР дар Эрон ё Покистон таъин мешуд.

***

Агар Гулрухсор ба сиёсат мепайваст, шояд мо имрӯз Индира Ганди, Маргарэт Тетчер, Ангела Меркел ё Беназир Бҳуттои худро медоштем.

Агар дар ибтидои даврони Истиқлол Гулрухсор номзадии худро пешниҳод мекард, бемуҳобо баранда мегашт.

Ин буд, ки на танҳо мардони бонуфузи ишқашонро напазируфтаи Гулрухсор, балки занони ҳукуматӣ ба ӯ рашк мекарданд. Дасиса мебофтанд. Дар раҳаш дом меандохтанд. Ҳатто яқин медонам, ки борҳо мехостанд ӯро ба қатл бирасонанд. Аммо қотиле ёфт нашуд, ки мили автоматро ба сӯи ӯ равона кунад. Шеър бар автомат пирӯз омад. Ин ҳам бобе аз инқилоби Гулрухсор аст.

***

Дар замони дар Ватан будан тӯли ду- се моҳ барои навиштани портрети Гулрухсор бо ӯ будам. Дар Зимчуруд, дар хонаи падарияш — дар Яхч, дар маҳфили дугонаҳояш, дар коргоҳу манзилаш. Бо номи «Чашми чашма» рисолае навиштам то ӯро бишносам ва бишносонам. Ҳолиё дарк менамоям, ки ин сиёҳнависе беш набудааст.

***

Гулрухсор ягона нафаре аз Тоҷикистон аст, ки метавонист барандаи Ҷоизаи Нобел бошад. Барои осор, барои мавқеъи фаъоли шаҳрвандӣ, барои ёрии бемисл ба муҳоҷирон.

Кӣ медонад, ки барандаи ҷоизаи Нобел, нависандаи Белорус — Светлана Алексиевич бо ифтихор ҳамеша дар мулоқотҳо аз шиносоияш бо Гулрухсор мегӯяд ва Гулрухсорро арзандатарин номзад барои ин Ҷоиза медонад.

Кӣ медонад, ки соли 1993 Гулрухсор моро аз як нанги миллӣ наҷот дод?

Баробари пайдо шудани нахустин гурезаҳои тоҷик дар шаҳрҳои бузурги Русия гадоҳо пайдо шуданд. Онҳо худро қурбониёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон нишон медоданд. Маълум шуд, ки онҳо ҷӯгиву лӯлиҳо будаанд.

Мусоҳибаю мақолаҳои Гулрухсор дар матбуоти Русия тиҷорати гадоҳои маккорро барҳам зад ва номи тоҷикро аз ин шармандагӣ халос кард.

Дар Маскав, дар замони ба ном истиқлол Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия мегузашт. Як самолёт одамро оварда буданд. Дар он рӯзҳо рӯзномаҳои чопи Маскав танҳо аз Гулрухсор менавиштанд. Бо ӯ мусоҳибаҳои яксаҳфагӣ меоростанд. Аммо ӯ дар ҳайъат набуд. Дар самолёт нагунҷид?!

Кӣ медонад, ки беш аз 50 ҳазор нафар тоҷикони гуреза дар Қирғизистон, гуреза не — меҳмони фахрӣ буданд ва ҳама дарҳо ба рӯи онҳо боз буд. Танҳо ба шарофати дӯстии Гулрухсор бо хонадони президенти ҳамонвақта — Аскар Акаев.

…Дар Бишкек даври  навбатии музокираи сулҳи тоҷикон мегузашт. Шабе ҳайъатҳоро дар бӯстонсарои ҳукуматӣ ба зиёфат даъват карданд. Он ҷо ворид шудам ва манзараи аҷиберо дидам. Аскар Акаев Гулрухсорро аз ҳама боло шинонда буд.

Бори охирин боз ҳам Гулрухсорро дар Маскав, дар ресторани машҳури гурҷии “Генатсвале” бо ҳамроҳии бонуе дидам ва аз рӯи аксҳо дар рӯзномаҳо шинохтам, ки ҳамсари президенти Қирғизистон — Майрам Акаева аст. Онҳо гарм суҳбат доштанд ва чун ман дар канори дигари толор будам, маро намедиданд. Пешхизматро даъват кардам ва хоҳиш кардам, ки аз онҳо пул нагирад ва чекро ба ман биёрад.

***

Тоҷикистони рӯзҳои мо ба як сарзамини хокистарранг бадал гаштааст. Як кас барои баҳс оростан, як кас барои ифтихор, як кас барои дӯст доштан, як кас ҳатто барои душманӣ, як кас барои дуэл надорад.

***

Тоҷикистон дар рӯзгоре шукуфон мегардад, ки Гулрухсори дигаре бисабзад. Бадбахтии мо дар он аст, ки бонувони мо аз ҳама бадбахтанд. Зани бадбахт наметавонад фарзанди хушбахт ба дунё биёварад!

Баъди Гулрухсор кӣ садои ҳар як зани таҳқиршудаи тоҷик хоҳад шуд?

***

Шеъри бузург зодаи ишқи бузург ва дарди бузург аст.

Романи бузург зодаи саргузашти бузург аст.

Ишқу дарду саргузашти Гулрухсор нотакрор аст.

Зинда бод ишқи Гулрухсор.

Зинда бод дарди Гулрухсор.

Зинда бод саргузашти Гулрухсор.

Зинда бод ИНҚИЛОБИ Гулрухсор!

Зинда бод Гулрухсор!

Д. А.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here