Зулфия Атоӣ бештар аз 40-соли умри хешро ба матбуот бахшидааст. Ӯ дар деҳаи зебоманзари Қалъаи Азимии ноҳияи Ғончӣ таваллуд шуда, ҳанӯз дар синфи 10 таҳсил карданаш аз шоири бузурги муосир Мирзо Турсунзода мактубе насибаш гашта буд, ки чунин аст: “Ман шеърҳои шуморо хеле бодиққат мутолиа намудам. Хурсанд шудам, ки як духтари тоҷик, ки ҳанӯз синфи 10 мехонад, чунин сатрҳои шеъриро бо эҳсоси баланд, бо шавқу завқи самимӣ навиштааст… ”

Бале, он ҷумлаҳо маҳз ба хонандаи синфи 10 Зулфия бахшида шуда буд, он ҳам аз тарафи шахси бузург. Зулфия Атоӣ соли 1971 дар Институти адабии ба номи Горкийи шаҳри Маскав, гулбоғи адаб, ки чандин шахсиятҳои бузургро дар оғуши худ парвариш карда, ба ҷаҳониён ҳадя намудааст, донишҷӯ шуд. Баъди хатм ба Душанбе баргашта, дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” (Ҷумҳурият) ба фаъолият оғоз кард.

— Пас аз хатми донишгоҳи Маскав мувофиқи роҳхат мебоист фаъолиятро дар Иттифоқи нависандагон идома медодам, аммо бо сабаби бемории устод Мирзо Турсунзода кор каме ба таъхир афтоду бо тавсияи нависанда Ибод Файзулло барои кор ба “Тоҷикистони советӣ”, ки нашрияи бонуфузи сиёсӣ ба ҳисоб мерафт, ба кор омадам, — мегӯяд Атоӣ.

Ӯ баъди ҷанги шаҳрвандӣ бо дарназардошти таҷрибаи корӣ дар маҷаллаи “Фирӯза” ва ҳамзамон дар рӯзномаи “Омӯзгор” ба ҳайси муовин фаъолият кард. Масъулиятшиносӣ, ҳисси баланди меҳанпарварӣ ва меҳрубонӣ ба ҳамкоронаш боис гашт, ки ӯро сардабири маҷаллаи “Фирӯза” интихоб кунанд. Ӯ 22 сол умрашро ба “Фирӯза” бахшид, яъне аз соли 1993 то 2015 сардабириро ба уҳда дошт.  Ҳангоми фаъолият ӯ тавонист сифати маҷалла ва муҳтавои онро дучанд беҳтар гардонад. Сол ба сол зиёд шудани хонандаи маҷалла аз натиҷаи заҳматҳои бардавоми шоир дарак медиҳад.

Ӯ чун як зани мубориз дар охири солҳои 80-уми асри гузашта барои мақоми давлатӣ гирифтани забон ва дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ баҳри таҳкими истиқлолияти кишвар талошҳо варзидааст.

— Мо ҳамроҳи чанд зани фаъоли дигар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ноҳияҳои ноороми кишвар рафта, бо сокинони он ҷо, хусусан занҳо-модарон суҳбатҳо мегузарондем. Чандин маротиба  шиносу ношинос ба модарам таъкид мекарданд, ки аз пушти духтаратон гурӯҳе таъқиб мекунад, зудтар ӯро наздатон хонед, аммо аз мубориза даст накашидам, чунки Истиқлоли давлатӣ неъмати бузургест, ки ниёгони мо дар орзуи он буданд, мегӯяд Зулфи Атоӣ.

Ӯ Шоири халқии Тоҷикистон ва  соҳиби 15 маҷмӯаи ашъор аст, ки шеърҳояш ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, украинӣ, руминӣ, латишӣ ва ғайра тарҷума ва нашр шудаанд. Боиси сарфарозии тоҷикистониён аст, ки соли 2018 Маркази омӯзиши ҷирмҳои осмонии Лондон ситораи таҳти рақами 25290415-ро ба ифтихори ин шоираи ширинбаён “Ахтари Зулф” ном ниҳод. Дар давоми фаъолият ба гирифтани нишонҳои  “Шараф” ва “Дили Данко” (Русия, 2011), Ҷоизаи адабии “Парвини Эътисомӣ”, Мукофоти адабӣ-фарҳангии “Товуси тиллоӣ” (Санк-Петербург, 2013), Ҷоизаи Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ (1995), Ҷоизаи ба номи А. Лоҳутӣ (2005) мушарраф гардидааст.

—  Падарам омӯзгори фанни риёзӣ буданд. Бо вуҷуди он, илми нуҷумро хеле хуб медонистанд ва дар ин бора бо ман зиёд суҳбат мекарданд. Барои ҳамин, аз хурдӣ мисли қиблагоҳам ба илми ситорашиносӣ мароқи беандоза дорам. Дар ин бора силсилаи шеърҳо бо номи “Ҳафт ахтар” низ эҷод кардаам, — мегӯяд шоир.

Бо вуҷуди зебоиву зан будан Зулфия Атоӣ дар ҷомеаи имрӯз чун сутунест, ки кохи азими матбуоти давриро бар дӯши нозуки худ бе таҳаммул ва хастагӣ мебардорад. Зиҳӣ, шоир ва рӯзномагирор хастагинопазир!

Афсун ҚУРБОНЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here