Ман арзи вуҷуд мекунам оҳиста,

Ҳар буду набуд мекунам оҳиста.

Монанди сигори байни ангуштонам,

Месӯзаму дуд мекунам оҳиста.

Моҳи март дар ватани ман аз ҷашнҳои мухталифе таҷлил мекунанд. Шуруъ аз рӯзи модар, ки ҳамон рӯзи умумиҷаҳонии зан аст, ҷашни матбуот ва билохира Наврӯз. Ман ки эҷодкорам ва замоне аҳли расона будам, табиист, ки аз Рӯзи матбуот мегӯям. Дар ватани ман, ки сухан ва суханвар беш аз ҳар ҷойи дигар фаровон аст, Рӯзи матбуот 11-уми март таҷлил мегардад ва он бузургтарин баҳонае барои сарҷамъии аҳли расонаҳост.

Замоне, ки ман донишҷӯйи соли аввали риштаи журналистика будам, бо ҷамъе аз ҳамсабақон ва раҳнамоии устодон ба таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик рафтем. Ба Театри ба номи Лоҳутӣ. Ин ҳам маҳз ба хотири он, ки бонуфузтарин ҷоизаи журналистии тоҷик дар ҳамин рӯз тақдим мешавад ва он номи Абулқосим Лоҳутиро дорад. Шоири шӯридаи эронӣ, ки умри худро масруфи хидмат ба “адабиёти сурх” кард.

Аммо ҳоло дар бораи шоири дигаре менависам. Шоире бо зоҳири орому ботини андармон бо ҳазор кору хаёл. Шоире бо қалби омиёна ва дарди омиёна. Як тан шоири шаҳри ман. Шоире аз пойтахти ишқи ман*. Нафаре, ки лаҳза-лаҳзаи зиндагияш шоирона аст. Рафтору гуфтор, қиёфа, салиқаи пӯшиш, қаҳванӯшӣ… ва ҳатто сигоркашияш шоирона аст.

Дар он маросими вижа, ки инонаш дасти Раиси фақиди Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон буд, ба он шоир баландтарин ҷоизаи журналистии кишварро барои заҳамоти бесобиқа барои матбуоти атфол эъто карданд. Ва шуруъ аз он шом, номи шоир сархати расонаҳои кишвар гардид.

Субҳ низ вақте ба донишгоҳ мерафтам, ровие дар родиюи автобуси хурди шаҳрӣ ашъори он шоирро мехонд:

Ё хона равам ба ҷайби холӣ,

Ё ин ки ба хона барнагардам?

Барои мане, ки радифи донишҷӯ шудан, бо иҷтимои замон тоза ошно мешудам, ин мисраҳо ҷолиб менамуд. Он замон ман бо ашъори мутафовите рӯ ба рӯ шудам. Бо ашъори иҷтимоие, ки бозгӯи аҳволи ҳар мусофири автобус буд. Ва бозгӯи аҳволи фард-фарди ҷомеае, ки дар он умр ба сар мебурдам.

Ман, ки аз даврони толибилми мактаб буданам ба нашриёти бачагона дастрасӣ доштам, номи ӯро ҳамеша дар пушти муқоваи маҷаллаи дӯстдоштаам мехондам: Котиби масъул. Аммо намедонистам, ки котиби масъул чӣ масъулиятест. То замоне, ки донишомӯзи риштаи журналистика шудам. Дар замони донишҷӯйӣ низ, бо муҳаббате, ки ба адабиёти атфол доштам, рафтам сӯйи нашрияҳои кӯдакона.

Аммо ҳеҷ нахуствохӯриро бо шоир дар хотир надорам, ки аз ин ҷиҳат хеле шармсорам. Шоире, ки номашро солҳо пеш, дар кӯдакӣ, дур аз пойтахт, дар як рустои наздисарҳадӣ мехондам, бо гузашти айём ба як ҳампеша ва шиноси самимӣ табдил ёфт. Ва барои эҳтиромаш аз ӯ ба сифати устод ном мебурдам.

Агар аз шарҳи ҳолаш мепурсед, пас ин аст, шарҳи ҳоле, ки барои худ дуруст карда:

Соли 1968

Бе пурсиши ман,

Маро зодаанд.

Соли 1975

Бе хоҳиши ман,

Маро ба мактаб додаанд…

Агар озори касеро кашидаам.

Ва ё миннати хасеро бурдаам,

Хоҳиши зиндагӣ ин буд!

Ва аскарӣ,

Ва донишгоҳ,

Ва роҳ,

Ва бероҳ,

Бо сукуту хоҳиши ман будааст.

Ва шеърам,

Ва ишқам,

Ва рашкам

Гувоҳанд, ки

ҲАСТАМ!

Ӯ амалан аз шоир буданаш ҳеҷ ҷое дарак намедод. Аслан дар доираҳо аз шеъри худ намесуруд. Чеҳраи ботамкин, бо ботини саршор аз ҳарф. Ботине, ки ривоят карданаш сангин аст ва шояд ҳам бештар ба замон ниёз дошта бошад. Аммо ин ҳамаро дар шеъри ӯ метавон дид.

Шеър барои миллати мо тайи қарнҳо умдатарин зарфи баёни андеша буд ва ҳаст. Шоир бошад барои ҷамъияти мо бошууртарин фард маҳсуб меёбад. Охир шеър забон аст. Забони гӯёи ҷомеа. Шеър чашм аст. Чашми мардум… Аммо дар айни ҳол баёни ҳиссу отифаи замон аст. Ва ҳар шоире, ки ин ҳиссу отифаи замонаро ҷазби дарунӣ мекунад, метавонад шеъри мондагоре бигӯяд. Мисли шоири ошнои ман, ки дар шеър аз ҳеҷ шуарое тақлид намекарду аз набзи дили мардум мегуфт:

Ман дар канори ғам,

Набзи бемори ҳамин мардумро

Бо гӯшҳои хеш

Ташхис мекунам.

Оҳ номардумакон,

Як қалам лофи ҳақиқат назананд.

Сари бозори сухан,

Паст савдо карданд.

Вақте ӯ ба нақли рӯзгори худ мепардохт, дар назарам чунин менамуд, ки зиндагии ман рӯнавиште аз рӯзгори ӯст. Иттифоқоти шабеҳ. Шояд ӯ мутаваҷеҳ набуд, аммо ман ба ҳарфҳояш бештар аз ҳар каси дигар гӯш медодам. Дар умум нақли рӯзгори одамонро дӯст медорам.

Шоир аз аскарӣ бо шавқу завқи тамом нақл мекард ва аз боби падараш бо эҳтироми хос мегуфт. Ӯ шояд аввалин шоири тоҷик буд, ки “Падарнома” дошт. Боре аз ӯ пурсидам, ки чаро ҷойгоҳи падарро беш аз ҳар чизе дар шеъри худ тарҷеҳ додед? Дар посух гуфт: “Ҳусейнҷон! Гузашта аз он, ки падарам барои ман бузургтарин хизматро кардааст, инро фаромӯш набояд кард, ки ҳама падарони олам барои фарзандони худ бори азими моддии рӯзгорро мекашанд. Ва ҳар бор, бо ҳар гуноҳи фарзанд ба номи худ лаънат мешунаванд, ки ин бори ванзини маънавист. З-ин рӯ, ҷойгоҳи падар низ бояд хоса бошад”.

Субҳе чун одати маъмул ба қаҳвахонаи коргоҳ сар задам. Рассомзани русе портрети шоирро мекашид. Шавқам боло гирифту қаҳвае фармудам ва рӯ ба рӯйи шоир нишастам. Шоир як-як сигори дасташро ба даҳон мебурду зуд қолаби авваларо мегирифт, то равишро халалдор насозад. Рассом бо нигоҳи дақиқ ва сукути бардавом чеҳрапардозӣ мекард. Бехабар аз он, ки чеҳраи шоирро аввал бояд шинохт. Ғофил аз он, ки шоир худро кайҳо дар шеъраш тасвир карда:

… Кашидам синаамро мисли хоро,

Қадам чун бораи шаҳри Бухоро.

Дилам оинаи Искандари Рум,

Ғамам чун лашкари ғамгини Доро

Агар ҳар гоҳ аз шоир ёд кунам, ин манзара пеши назарам намудор мешавад, ки ӯ дар даст сигор, сӯйи коллексиюни оташафрӯзҳои худ менигарад. Ангор ҳар оташафрӯз дар зеҳнаш хотиротеро меафрӯзад. Хотироти рӯзгори пур аз нишебу фароз…

Гоҳо мегуфт, ки агар дар ҷавонӣ намоз намехондам, падарам бо истилоҳи ба худ хос накуҳиш карда мегуфт: “Ториксалавот”.

Ман низ тӯли ду соли ғурбат ба поси он ҳама ҳамдилӣ ҳеҷ расидагие ба аҳволи шоир накардам ва ин ҳақро ба ӯ медиҳам, то нисбати ман ҳар ҳарферо раво мебинад, бигӯяд…

Ҳусайн МАҲМУДОВ

Маскав, 2020

*Гирифта аз байти устод Гулназар:

Шаҳри ман, эй пойтахти ишқи ман,

Бо ту мухтори ҳама баҳру барам.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here