… Ба марги хеш бовар мекунам, лек,

Ба марги Гулназар бовар надорам!

Фарзон НАЗРӢ

Имрӯз ҳавои дили ҳар тоҷику тоҷикистонӣ боронист. Имрӯз мардуми Тоҷикистон бар асари «кишваркушоию ҷаҳонгирӣ»-и вабои аср — коронавирус боз як нобиға ва донишманди беназири хеш — шоири тавонои миллат, падари Суруди миллии миллат — Гулназар Келдиро аз даст дод. Марги шоир дар ҳоле пеш омад, ки сартосари ҷаҳон бо ин бемории шадид даст ба гиребонанд. Имрӯзҳо миллиону миллиард одамон аз ин вабо ҷон медиҳанд. Лек марги кам андар ками одамон марги руҳи миллат аст. Марги кам одамон зиндабудагонро аз зиндагӣ дилсард месозад. Танҳо марги ҳамон «бегонае» ашки моро мерезонаду дили моро месӯзонад, ки барои миллат ганҷе буд бебаҳою ноёб.

Шоир Гулназар аз зумраи ҳамон «бегона»-ҳоест, ки ҳатто оддитарин ва аз китоб фарсахҳо дурбудатарин одам барои рафтанаш гирист. Боварат намеояд, хонандаи ман? Вале ин ҳақиқат аст. Чун худ шоҳиди муколамаи «бомж»-е бо раҳгузаре будам, ки мегуфт:

— Э, ин дунё кирои сӯхтан надорад. Ана, дирӯз падари гимни миллат мурд, ману ту чизем? Ту медонӣ ман киро мегӯям? Гулназар Келдиро! Ҳо, ҳамон шоире, ки гимни Тоҷикистонро навиштааст!

Ӯ боз хеле суханҳо дар ситоиши шоир гуфт. Ҳарчанд худ як бехонаю дар буд. Шояд дар гузашта шахси донишманде буд. Кӣ медонад… Вале имрӯз ӯ барои атрофиён як «бомж» аст…

Хуб, бигзорем баҳси дар гузашта кӣ будану чикора будани он мардро. Ёд дорам, вақти зинда будани шодравон Марат Орипов зиёд ба хонааш равуо доштам. Дӯстони хеле қарин будем, ҳарчанд фарқи байни синну соламон мисли бобою набера буд. Рӯзе мисли ҳарвақта ба аёдаташ рафтам. Китоби Рӯдакиро мехонд. Ногоҳ айнакашро поён карда, ба ман нигаристу гуфт:

— Ташаккур ба ту, духтарам!

Ман бо нигоҳи суоломез ба устод нигаристам. Ӯ бо ҳамон қиёфаи ҷиддии худ суханашро идома дод:

— Бале, духтарам, ташаккур ба ту, ки маро дар вақти зинда буданам суроғ кардӣ ва маҷбурам сохтӣ, ки дубора аз ҳастии худ пас аз 20 соли хомӯшӣ дарак диҳам. Медонӣ, одамони мисли моро бояд дар зиндагӣ ёд кунанду қадр ва суроғ. Чун пас аз марг «одами хуб буд, ҳунарманди нотакрор буд» ва ғайра ба мо лозим нест. Пас аз марг барои мо, ки мусулмонзодаем, як каф дуо кифоя аст. Онро бегонагон дар ҳаққи мо замоне мебахшанд, ки дар зиндагиамон моро мешинохтанд.

Воқеан, агар ба ҳолати имрӯз, марги нобаҳангоми шоири тавоно Гулназар бо чашми хирад нигарем, суханони устод Марат Орипов асос доранд. Чун барои нобиға лозим аст, ки дар зиндагиаш ба қадраш бирасем. Рӯдакиро дар зиндагияш кӯр карданд, Фирдавсиро бо хориҳо ба марг расониданд. Ҳарчанд пас аз марг пушаймон шуданд…

Имрӯз мардуми Тоҷикистон субҳашро бо Суруди миллии Гулназар Келдӣ пешвоз мегирад. Аммо, хоҳ бовар кунӣ, хонандаи ман, хоҳ не, зиёд аз тоҷику тоҷикистонӣ танҳо пас аз маргаш Гулназар Келдиро шинохт. Чун ман худ шоҳиди муколамаи аксар будам, ки мегуфтанд: «Худораҳматии Гулназар шоири боқувват будааст, ки гимнро навиштаст». Аксар вақт одамоне, ки Гулназарро мешинохтанд, мегуфтанд ӯ зинда аст. Ё баҳсро бефоида шумурда, сар меҷунбониданду «шумо садқаи шоиру шеър шавед» гуфта, ба роҳи хеш идома медоданд. Суоле ба миён меояд: Чаро мо чунин шудем? Чаро мо ба ин ҳад аз шеъру шоир дур шудаем, ки ҳатто зинда ё мурда будани шоирро намедонем? Чаро мо ба қадри қаҳрамонони миллати хеш намерасем? Бале, шоир воқеан имрӯз новобаста аз куруно қаҳрамон аст! Чаро? Чунки «бори маънавиёти миллат» бар дӯш доранд! Зеро, дар замоне, ки сароянда (мардуми оддӣ он тараф истад), шеърро аз байт ва ғазалро аз рубоӣ фарқ намекунад, шоир бо ҳаққи ночизе (баъзан бемузд) хома аз хуни дил пур карда, шеър менависад!

Имрӯз пас аз марги шоир мардуми оддӣ кам ҳам бошад, сари андеша омад. Кам ҳам бошад, дарк кард, ки миллат боз як ганҷи ноёбашро аз даст дод. Кам ҳам бошад, ашк барои аз даст рафтани дурре аз хазинаи маънавиёти миллат рехт. Кам ҳам бошад, фаҳмид, ки куруно миллатро боз ба доғи фарзанд гирифтор кард. Кам ҳам бошад…

Имрӯз миллат, кӯдакону донишҷӯён ва одамоне, ки каме аз китоб бархӯрдоранд, ба марги Гулназар гирёнанд. Имрӯз марги Гулназар миллатро каме ҳам бошад, бедор кард. Фаҳмонд, ки ин миллат ҳанӯз ҳам фарзонагон дорад. Аммо боз ҳам дареғу афсӯс. Афсӯсу дареғ, ки мо ҳанӯз ҳам дар ғафлатем. Ҳанӯз ҳам «бори сангини бузургон бар дӯш дошта»-и нобиғаҳои хешро дарк намекунем. Ҳанӯз ҳам кӣ ва дар куҷо будани шоирони хешро намедонем. Ҳанӯз ҳам бехабарем, ки зиндагии шоирони мо чӣ гуна аст. То замоне, ки мисли Гулназар Келдӣ аз дасташон бидиҳем. Ва пас аз маргашон даст бар пешона зада, «во дареғ»-и беҳуда мегӯему менолем. Аммо дигар бефоида аст. Дигар, ба гуфти шоире:

Баъди ман гиряи беҳуда макун, бар мазорам…

Фарангиси ФАРМОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here