Ман баъди ҳазор завол меоям боз,

Чун мурғи хуҷастафол меоям боз,

Гар баъди ҳазор сол маро ёд кунед,

Аз баъди ҳазор сол меоям боз…

Дар адабиёту фарҳанги ҳар халқу миллат чеҳраҳои тобноку пурҷило бо диду шинохти махсус ва истеъдоди фитрию модарзодии хеш ба фарҳангу адабиёт ҷилои тобноке бахшидаанд. Аз ҷумлаи ин абармардони таърихӣ, шоири дардошнои миллат устоди зиндаёд Лоиқ Шерали мебошад. Зиндагиву ҳастии ӯ саропо шеъру ғазалу тарона марсияҳои пурсузу гудоз буда, дар рӯзҳои шодиву мотам ҳамнафас ва ҳаммароми мардум аст: 

Мо ҳама мардони меҳнатзодаем,

Сар ба фармони Ватан бикшодаем,

Ҳам ба назму ҳам ба азму ҳам ба разм,

Пайрави Айниву Турсунзодаем.

Боиси хурсандиву сарфарозии мо дӯстдорони адабиёт аст, ки солҳои 70-уми садаи 20 як зумра шоирони насли нави пуршӯр ба монанди Бозор Собир, Гулрухсор, Ҳабибулло Файзулло, Мастон Шералӣ ба арсаи эҷод қадами устувор ниҳода, бо пештозии Лоиқ инқилоби фикриеро дар ҷомеа ба вуҷуд овардаанд. Ҳар шеъри гуфтаи онҳо шӯре дар адабиёти навини тоҷик буд. Он замонҳо, бо ҷурми сиёсӣ адибон имкон надошта, ки  аз мавзӯъҳои маъмули васфи партияи роҳнамо, доҳии бузург ва пахта- пахта, ҷон пахта берун шеър гӯянд. Аммо Лоиқ гуфта тавонист: 

Шеъри нав бархост ҳамчун одами нав,

Ҳамчу тифли инқилоб.

Бо саволу ҷавобу бо хитоб,

Захмҳои пушти Айнӣ мисраҳои ӯ шуданд,

Оҳҳои хашмолудаш нидои ӯ шуданд…

Ҳизби ҳоким бо ин бархӯрдаҳо ба «Адабиёти шаклан миллию мазмунан сатсиалисти» тоб наовард, доираи фаъолияти ин қабил шоиронро ҳамеша таҳти назорат қарор медод. Вале дастгоҳи абарқудрати ҳизбӣ ҳам пеши ин мавҷи пуртуғёни шеъри навро гирифта натавонист. 

Лоиқи ошиқу ориф дар баробари «Модарнома», «Илҳом аз Шоҳнома» ба умқи таърихи ҳазорсолаи гузаштагони пурифтихорамон Буалӣ Сино, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Ҷомиву Мавлавӣ фурӯ рафта аз он ҷо дури маъниро ба каф меовард:

Дӯстам пеш аз ту ҳам ашъори нофиз будааст,

Ин қадар аз худ марав пеш аз ту Ҳофиз будааст,

Ҳар мукофоте, ки бошад дар ҷаҳон баҳри сухан,

Бештар бар Мавлавии Балх ҷоиз будааст.

Дар шеъри «Таърих гувоҳ аст…» дарду доғи мардуми печидафарёд дар набардҳои алайҳи аҷнабиёну муғулу араб бо сӯзу гудоз тасвир ёфтааст.:

Оё барои як ваҷаб хоке ба ҷои гӯр,

Аз баҳри ҳамгинони худ бедод мекунед?

Ин хокро, ки хуфтагоҳи бобиёни мост,

Обод мекунед ва ё барбод мекунед?!

Дар шеъри «Ҷон ба қурбони ту эй меҳани хунин кафанам» (1994) шоири дардошнои миллат дар бораи ҳодисаҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз нофаҳмию ноогоҳӣ, бефарҳангӣ ва ҷоҳталабии бархе аз ҳасудони мансабпарасту ҳақталоше сухан мерафт, ки аз ҳақталошиҳои онҳо мардуми бегуноҳро то ба ҷангу хунрезӣ кашида, пероҳани озодаи Ватанро доғдор намуда, басе бо дарду ҳасрат ҷасуронаву мардона овоз баланд мекунад.

Сар то пои ашъори ӯ дар китоби «Фарёди бефарёдрас», ки баъди кашмакашиҳои ҷанги шаҳрвандӣ рӯи чоп омадааст, як навъ хамосаи дарду ҳасрату нокомӣ ва ба хун оғушта гардидани ҷавонони ноогоҳ аст:

Яроқмардон, яроқи худ гузоред

Силоҳдорон силоҳи худ гузоред…

Аввалин таронаи таҳнияти баъди ба имзо расии Ваҳдати миллӣ, ки худи худи ҳамон рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар майдони назди Қасри ҳукумат бо номи «Ғазали шодбош» сурудаи ҷовидонаи устод Лоиқ аст, ки ҳамеша ҳамроҳи шодию ғами ин миллати баору нанг ва сулҳпарвар буд:

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад,

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Ва ин ҷо бо ҳамин шоҳбайти яке аз ҳамсафону ҳамсангарони шоир-устод Бозор Собир меҳрномаи худро хусни мақтаъ мебахшем, ки фармудаанд:

Ҳамчу сарват шоире гум кардан осон асту лек,

Ҳамчу шӯҳрат шоире дарёфтан, бас мушкил аст,

Қитъае холист бе Фирдавсии Тусӣ ҳанӯз,

Қитъае бечораи як шоири соҳибдил аст.

 

Маҳмадмуроди Сайдалӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here