Ибтидо аз марҳилаи аввали асри навин таваҷҷуҳи мамлакатҳои сайёра ба рушди нерӯи инсонӣ ва баланд бардоштани иқтидори зеҳнии аҳолӣ равона гардидааст. Тоҷикистон дар ин раванд таваҷҷуҳи дурбинона зоҳир намуда, заминаҳои воқеиро фароҳам гардонидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати аз худ намудани илмҳои замонавӣ ва омӯзиши ҳунару малакаҳои зиёд ҳамчун талаботи заминавии расидан ба комёбиҳои назаррас дар замони муосир падарвор таъкид менамоянд. Маҳз сиёсати дурбинона, бомантиқона ва ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат буд, ки имрӯзҳо ҷавонони Тоҷикистон дар дохил ва гӯшаҳои гуногуни сайёра имконияти гирифтани таҳсили илм ва касбомӯзиро доранд. Ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои байналмилалии таҳсилот имконият додааст, ки шумораи зиёди ҷавонони мо имрӯзҳо дар бонуфузтарин марказҳои илмомӯзӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои пешрафта машғули омӯзиш ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гарданд. Ин иброзгари он аст, ки ҷавонони Тоҷикистон ба имкониятҳои бемаҳдуд дар баробари ҷавонони мамлакатҳои пешрафта дастрасӣ дошта, дар радифи хушбахттарин ҷавонони сайёра қарор доранд.

Ҷавонон нерӯи бузургу тавоно ва ояндасоз, қобилияти беҳамтои зеҳниро соҳибанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат ба нерӯи созандаи ҷавонон эътимод намуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи мо — ҷавонон заминаҳои мусоидро фароҳам овардааст. Бунёди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи умумӣ, литсейҳои касбӣ — тахассусӣ, марказҳои рушд, коллеҷҳо ва китобхонаву марказҳои омӯзишӣ баҳри тақвият бахшидан ба нерӯи зеҳнии наврасону ҷавонон равона карда шудааст. Ҳар як ҷавон бевосита барои худташаккулёбӣ ва расидан ба муваффақиятҳои назаррас аз ин имкониятҳо истифода бурда метавонад. Бо назардиди чунин имконоти мавҷуда, истифодаи дурусту самараноки вақт дар доираи лоиҳакашии эҷокоронаи вақт ва муваффақият, зарурати ба танзим даровардан пайдо мегардад. Модели мазкур барои ҳар як ҷавон бобати расидан ба муваффақияти назаррас чун барномаи мушаххаси худтатбиқкунанда мавриди истифода қарор мегирад. Муҳтавои модели мазкур чунин арзёбӣ мегардад:

— мақсади ниҳоӣ муайян карда мешавад;

— тамоми имконият барои расидан ба мақсади ниҳоӣ (воситаҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар марказҳои ташаккулёбӣ, шарикон, ташакилотҳо, омӯзгорон, олимон, дӯстон ва ғ.) муайян карда мешаванд;

— вақт барои расидан ба мақсади ниҳоӣ дақиқ мегардад;

— ибтидо гузоштан ба худтатбиқнамоӣ бо назардошти имконият ва вақти дақиқгардида;

— расидан ба мақсади ниҳоӣ зимни истифодаи дақиқу самараноки имконият ва вақти муайянгардида.

Аз нуқтаи назари таъкидҳо ва масъалагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати босавод ва дорандаи қобилияту имконияти баланди ташаккулёфтаи зеҳниасос, дигар захираву имкониятҳои табиӣ муҳим нест. Бузургтарин сармоя барои миллат — ин сармояи инсонӣ ва зеҳнӣ дониста мешавад.

Аз ин лиҳоз, модели мазкурро метавон дар раванди расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ бо назардиди масъалагузориҳои Пешвои муаззами миллат, дар замони муосир истифода намуда, фаъолияти худро барои ояндаи дурахшон дурбинона лоиҳакашӣ намуд.

Рустам АВЛИЁҚУЛОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here