(Мақола бо дархости Обидҷон Шакурзода барои Донишномаи забон навишта шуд)

ФАРҲАНГИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ (аз асри 10 то ибтидои асри 20). Луғати тафсирии забони форсӣ (тоҷикӣ), ки дар ду ҷилд соли 1969 дар нашриёти «Советская энтсиклопедия»-и Маскав бо теъдоди 33 ҳазор нусха чоп шуд ва муштамил бар тақрибан 45 ҳазор калимаю ибора аст. Ф. аз ҷониби гуруҳе аз донишмандони Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АУ Тоҷикистон Т. Н. Зеҳнӣ, В.А. Капранов, И.А. Ализода, С. Ҷ. Арзуманов, Ҳ. Р. Рауфов, Ҳ,Муҳсинзода, М. Азизӣ-Мешкин, В. Маҳмудов, Р. Ҳошим, А. Сангинов, А. Нуров, А. Воҳидов таҳия шуда, дар зери таҳрири М.Ш. Шукуров, В.А. Капранов, Р.Ҳошим, Н. Маъсумӣ ба чоп расид. Пажуҳишгарону шоирон Ҳ. Мӯҳсинзода, А.П. Деҳотӣ, А.Л. Бухоризода ва М. Раҳимӣ низ дар таҳрири аввали Ф. ширкат кардаанд.

Дар пешгуфторе ба унвони «Аз пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакӣ», ки дар ҷилди аввали Ф. чопи Теҳрон омадааст, маъно ва мантиқи «забони тоҷикӣ» дар номи ин китоб чунин шарҳ шудааст: «Он чӣ дар ин фарҳанг «забони тоҷикӣ» ном гирифтааст, ҳамон форсӣ аст, ки миёни мардумони Эрони кунунӣ ва Афғонистону Тоҷикистон муштарак аст. Фарорӯд бахше аз қаламрави нопайдоканори забони форсӣ аст. Мо мафҳуми «забони тоҷикӣ»-ро ба Фарорӯд ё Хуросони бузург маҳдуд накардаем ва бо фаро гирифтани осори Саъдӣ, Ҳофиз, Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва дигарон паҳнои ҷуғрофиёи онро таъкид кардаем».

Кори тадвини Ф. аз охири соли 1953-уми асри гузашта бо ибтикор ва таҳти роҳбарии Муллоҷон Фозилов- раиси вақти Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёт бо таҳияи баргаи вожаҳо (фишҳо) оғоз гардид. М. Шакурӣ (Шукуров) -яке аз муҳаррирони Ф. зимни мусоҳибае гуфтааст, М. Фозилов, ки маълули ҷанги ҷаҳонии дувум буд, бо истифодаи аз эътибору нуфузе, ки дошт, рҳбарони ҳизбу давлати ҷумҳуриро мутақоид кард, ки иҷозат бидиҳанд, то барои анҷоми ин тарҳи бузург мардонеро, ки солҳои тӯлонӣ дар табъид ва таҳти фишорҳои сиёсӣ буданд, истихдом бикунад. Ҳамин тавр, Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим, Вадуд Маҳмудӣ ва ҳамчунин, чандин нафар аз донандагони пуртаҷриба ва донандаи хуби забону хатти форсӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Самарқанд, Конибодом, Хуҷанд ва Тошканд ва низ донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ барои корҳои муқаддамотии Ф. ҷалб гардиданд. Дар маҷмуъ 1 млн барга бо шоҳиди калимаҳою ибораҳо таҳия гардид. Аз ҷумла, тамомии вожаҳои душворфаҳми «Шоҳнома» бо абёти муртабити ин шоҳасар барганависӣ шуд. Таҳриру тадвини бевоситаи Ф. нуҳ сол идома ёфта, дар соли 1967 ба итмом расид ва дар интиҳои ҳамон сол барои ҳуруфчинӣ ба чопхона супурда шуд. Дар ибтидо қарор буд, Ф. дар се ҷилд ба чоп бирасад, аммо роҳбарияти нашриёти «Советская энтсиклопедия», ба сабаби он ки то он замон луғати тафсирии забони русӣ танҳо дар ду ҷилд чоп шуда буд, ҷилдҳои Ф.-ро низ якто коҳиш дод ва луғатномаро дар ду ҷилд ва бар хилофи ваъдаи қаблӣ дар коғази типографии № 2 (коғази рӯзнома) ба табъ расонд.

Ба гувоҳии М. Шакурӣ дар сурати аввалия ин луғат шомили намунаҳои назму насри адибони даврони шӯравӣ низ буд, аммо ба сабаби он ки а) бештари намунаҳои назму насри барганависишудаи даврони шӯравӣ аз назари бадеият паст ва аз назари забон хароб буданд; б) бархе вожаҳо дар ин намунаҳо бо маъноҳои таҳриф ва таҳмилшуда ва аз маънои асл дур омада буданд, тартибдиҳандагони Ф. салоҳ диданд, ба намунаҳои то солҳои даҳаи бистуми асри 20, яъне то давраи инқилоби болшевикии Бухоро иктифо бикунанд ва шоҳидҳои давраи адабиёти шӯравии тоҷикро аз он хориҷ кунанд.

Таҳийя ва тадвини Ф. бар асоси ду асл: а) риояти суннати луғатнигории забони форсӣ ва фаро гирифтани маводу матолиби фарҳангҳои пешини тафсирию дузабонаи форсӣ аз «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ то «Луғатнома»-и Алиакбари Деҳхудо ва б) шеваи пешқадамтарин ва роиҷи луғатнигории ҷаҳон дар нимаи қарни 20-ум сурат гирифтааст. Моддаҳои луғавӣ (мадхалҳо) дар Ф. бар асоси алифбои роиҷи кирилии тоҷикӣ дар он замон ва бо тартиби ҳуруфи алифбо таҳия шудааст. Дар канори ҳар воҳиди луғавӣ ба хатти кирилии тоҷикӣ ин вожа ба хатти форсӣ ҳам оварда шудааст. Афзун бар ин дар охири ҷилди дувум мифтоҳи калимаҳои мадхал бо тартиби алифбои форсӣ оварда шудааст.

Ф. шомили вожаю ибораҳои асолатан форсӣ (ва эронӣ), калимаю таркибҳои арабӣ, туркӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, муғулии дахил дар забони форсӣ, ки тӯли беш аз ҳазор сол дар мутуни назмию насрии форсӣ истифода шудаанд, мебошад. Дар Ф. ба ғайр аз калимаҳои умумиистеъмолӣ, ҳамчунин бархе ибораҳои рехта (воҳидҳои фразеологӣ) ва донишвожаҳо (истилоҳоти илмӣ) шарҳу тафсир шудаанд. Барои қисми бештари мадхалҳои (моддаҳои луғавӣ) Ф., бахусус барои калимаҳои матруку аз истеъмол хориҷгардида ва номафҳуму номаънус аз намунаҳои назмию насрӣ шоҳидҳо оварда шудаанд, ки ин амр имкон медиҳад, маънои калимаҳо дурусттар ва дақиқтар фаҳму дарк бишавад. Имтиёзи Ф. аз ҳамаи луғатҳои тафсирии форсии гузашта ва муосири таҳияшуда дар Эрон ин аст, ки дар он маъноҳои барои минтақаи Мовароуннаҳр хоси бархе калимаҳо низ шарҳу маънидод шудаанд. Ҳам барои чунин калимаҳо ва ҳам ба шарҳи вожаҳои дигар бори аввал дар таърихи луғатнигории форсӣ мисолҳои назмию насрӣ аз шоирони пас аз қарни 16 Мовароуннаҳр — Сайидои Насафӣ, Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Мулҳами Бухороӣ, Аҳмади Дониш, Шоҳин, Туғрал, Асирӣ, Садри Зиё ва дигарон оварда шудаанд.

Чопи Ф. бидуни тардид аз падидаҳои муҳимми илмии Тоҷикистони шӯравӣ ва рӯйдоди бузурги иҷтимоию сиёсии муассир барои тақвият ва иртиқои ҳувият ва худшиносии миллии тоҷикони шӯравӣ буд. Тоҷикон дар замони Ҳукумати шӯравӣ чанд китоби ифтихорофарин доштанд, ки Ф. дар раддаи «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ ва «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров яке аз чунин китобҳо маҳсуб мешавад.

Ф. ба пок шудани забони тоҷикӣ, махсусан забони адабиёт ва расонаҳо, афзоиши доираи калимаю ибораҳои мавриди истеъмол, назокату нафосати забони китобат ва нутқи шифоҳии тоҷикон то ҳадде назаррас мусоидат кард. Ф. аз назари тӯли замонӣ ва паҳнои ҷуғрофиёии маъохизу манобеъи шоҳидҳои истифодашуда дар тамоми Иттиҳоди шӯравӣ назир надошт. Шоҳидҳо асосан аз шоирони бузургу маъруфи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Шаҳиди Балхӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Хайём, Низомӣ, Хоқонӣ, Саъдӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Бедил, китобҳои машҳури «Таърих»-и Табарӣ, «Таърихи Бухоро», «Таърихи Масъудӣ», «Сиёсатнома», «Калила ва Димна», «Равзат-ус-сафо», «Ахлоқи Носирӣ», осори насри илмӣ интихоб гардида, намудори ҷуғрофиёи бузурги густариши забони форсӣ ва сарвати бузурги маънавӣ ба забони модарии тоҷикон буд ва ҳаст ва ба ин восита бори дигар мустақиман ҳаққи тоҷиконро ба мероси бузурги катбии забони форсӣ дар тамоми густараи бузурги истеъмол ва ривоҷи он таъйид намуд. Аз ин лиҳоз, тадвинкунандагони Ф. мубориза ва талошҳоеро, ки устод С. Айнӣ бо «Намунаи адабиёти тоҷик»-и худ барои табйин ва таъйиди ҳаққи тоҷикон ба ин мероси ғанӣ шуруъ намуда буд, дар шароити таърихии дигар ва бо фаро гирифтани намунаҳои назмию насрии тамомии манотиқи густариши забони форсӣ идома доданд.

Ф. нахустин китоби тоҷикӣ ба хатти кириллӣ аст, ки бо тирожи 33 ҳазор нусха чоп шуд ва аз ин лиҳоз барои китобҳои ба забони тоҷикӣ рекорд маҳсуб мегардид. Ф. дар фурӯш ҳам рекорд нишон дод: дар се моҳи аввал 10 ҳазор нусха ва дар як сол боз 10 ҳазори дигар аз ин китоб (дар маҷмуъ 20 ҳазор нусха) ба фурӯш расид, ки гувоҳи таваҷчуҳи зиёди мардуми тоҷик ба Ф буд.

Марказҳои эроншиносии ҷаҳон, бахусус доираҳои эроншиносии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Ф. алоқамандии зиёд нишон доданд ва бо дархости онон 3 ҳазор нусха аз китоб ба ин марокиз фиристода шуд.

Аммо, Ф. то ба хонандагон расидан роҳи душвори муборизаҳоро паси сар гузошт. Дафъатан пас аз ба табъ расидани Ф. ду нафар аз бадхоҳони забони тоҷикӣ, ки мутассифона, номашон ба мо маълум нашуд, ба КМ ҲК Тоҷикистон шикоятнома фиристода, мураттибону муҳаррирони Ф.-ро ба ғалаткориҳо ва инҳироф аз роҳи идеологии ҳизби коммунист муттаҳам карданд. Барои сарнавишти минбаъдаи Ф. бахусус ду иттиҳоми бадхоҳон хатаровар буд. Онон мураттибони Ф.-ро бо он гунаҳкор карданд, ки дар луғат исми «рус» — халқи бузургро «пурхӯр, шикампарвар, ҳарис» шарҳ додаанд ва «турк»-ро ки нажоди чандин халқи бародари шӯравӣ аст, «ғоратгар» хондаанд.

Дар посух, гуфта шуд, дар забони мо ду «рус» ҳаст, «рус»-и аввал бо вов навишта мешавад, ки номи этникӣ аст ва «руси»-и дувум, ки «пурхӯру шикампарвар» аст, бидуни вов навишта мешавад ва ҳеч рабте бо халқи муаззами шӯравӣ надорад. Дар шарҳи «ғоратгар» будани турк, ки маънои маҷозии калима аст, шоҳиде аз ашъори туркии Алишер Навоӣ намояндагони КМ ҲК-ро қаноат бахшид. Аммо он ду бадхоҳ талоши бадном кардани Ф.-у мураттибонашро идома доданд ва ин бор ба КМ ҲК Иттиҳоди Шӯравӣ ба Маскав нома ирсол карданд. КМ ҲК Иттиҳоди Шӯравӣ аз КМ ҲҚ Тоҷикистон посух хост ва ин бор Душанбеи расмӣ худ бо далоли фавқуззикр ба Маскав посух фиристод ва Ф.-у мураттибонашро аз иттиҳомоти сиёсӣ раҳоӣ бахшид.

Албатта, тарҳи бузурге чун Ф., ки таҷрибаи нахустини тадвини луғат барои донишмандони тоҷик буд, орӣ аз нуқсон нест. Муҳимтарин ин нуқсонҳо ба шарҳи зайл ҳастанд:

1). Ф. шомили калимаю ибораҳои давраи классикии забони форсӣ (тоҷикӣ) аст, аммо дар имлои хеле аз калимаҳо (бахусус калимаҳои асолатан форсӣ) ба талаффузи кунунии роиҷ дар миёни тоҷикон аввалият дода шудааст;

2). Мураттибон гоҳе чандин гунаи навишти як калимаро мадхал қарор додаанд, дар ҳоле ки бояст ҳамаи ин вариантҳоро дар як ҷо ва ба дунболи варианти асосӣ меоварданд.

3). Гоҳе як шоҳид барои мадхалҳои гуногун оварда шудааст ва дар ин ҳол ҳамон як байт ва ё ҷумлаи насрӣ бо тафовути калимаҳои таркиби онҳо оварда шудаанд.

4). Дар баъзе аз мавридҳо интисоби абёт нодуруст аст. Чунончи, чандин байти Қатрон ба номи Рӯдакӣ омадааст, ки натиҷаи истифодаи маъхазҳо бидуни нигоҳи интиқодӣ ба онҳост.

5). Хатоҳои имлоӣ, бахусус дар абёт ва ҷумлаҳои шоҳид зиёд аст: гоҳе вазни абёт афзунӣ ё камӣ дорад, гоҳи дигар калимаҳо нодуруст хонда шудаанд.

Бо вуҷуди ин, бидуни тардид, Ф. бузургтарин ва мукаммалтарин тарҳи анҷомдодаи луғатнигорони тоҷик дар муддати 120 соли охир аст. Ҳарчанд Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёт АУ Тоҷикистон дар солҳои пас аз истиқлоли кишвар ду луғати тафсирии нав тадвин ва ба табъ расонид, ҳеч кадом аз ин ду луғат на танҳо натавонист дастовардҳои Ф.-ро рушду такмил бидиҳад, балки мутаассифона, ҳатто дар сатҳи он низ қарор нагирифт.

Соли 1385 интишороти «Фарҳанги муосир»-и Теҳрон Ф. -ро таҳти унвони «Фарҳанги форсии тоҷикӣ» дар баргардони Муҳсини Шуҷоъӣ аз хатти кирилӣ (сирилик) ба хатти форсӣ ва тасҳеҳоти ӯ дар ду ҷилд ба табъ расонд. Дар сафаҳоти аввали ҷилди аввал ҳамчунин пешгуфтори М. Шуҷоъӣ, мусоҳибаи ӯ бо Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар бораи таърихи тадвини Ф., баёнияе аз Пажуҳишгоҳи забону адабиёти Рӯдакӣ чоп шудааст.

Адабиёт:

  1. Фарҳанги забони тоҷикӣ ва дурнамои фарҳангнигорӣ дар Тоҷикистон. Маҷмӯаи мақолаҳо ва матнҳо (Ба ифтихори 50-солагии «Фарҳанги забони тоҷикӣ). Душанбе, Дониш, 2019.
  2. Турсунов А. Муште аз хирвори ҳазорсола. Садои Шарқ, 1971, « 4.
  3. Султон Ҳасан. «Фарҳанги забони тоҷикӣ» — авҷи фарҳангнигории тоҷикӣ дар садаи бист. Адабиёт ва санъат, № 39, 26 сентябри соли 2019.

Абдуқодири РУСТАМ, адиб

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here