Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи илми муосир бо назардошти вазъи имрӯзаи ҳолати иқтисодӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва маънавӣ муайян намудани самтҳои асосии таҳқиқи проблемаҳои маънавию ахлоқии ҷомеъа  дар ҷумҳурии соҳибистиқлол мебошад, ки суннатҳои фарҳангӣ қисми ҷӯдонопазире аз он мебошад.

Суннатҳо дар ҳаёти маънавӣ яке аз мубрамтарин масъалаҳо ба шумор рафта,  меъёрҳои ахлоқӣ, шаклҳои санъат, муносибат, фарҳангӣ рӯзгор ва фароғатро таҷассум менамоянд ва ҳамчунин дар ташаккули худшиносии миллӣ мавқеи калон доранд.

Ҳарчанд Ҳукумати кишвар нисбат ба арзишҳои фарҳангиву иҷтимоии миллӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд, вале то кунун дар байни насли наврас ноогоҳӣ ва бехабарӣ  бармало эҳсос кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, суннатҳову ҷашну маросимҳои гузаштагон ба дастгирӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, назорати раванди тарбия муҳтоҷанд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки ташкили фароғати муташаккили ҷамъиятии насли наврас ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набудааст ва он боиси ҷинояткорӣ, бераҳмӣ, нашъамандӣ, майпарастӣ, бефарҳангӣ байни ҷавонон мегардад. Ба хириду фурӯши бозорӣ рӯ овардани онҳо шавқу рағбаташонро нисбати театр, мусиқӣ, рассомӣ, адабиёт ва илмҳои муосир, иду маросим кам  гардонида, барои босамар гузаронидани замони  фориғ ва баҳравар шудан аз арзишҳои фарҳангӣ имконият намедиҳад.

Ташкил ва гузаронидани суннатҳои фарҳангӣ танҳо тарбияи меҳнатиро дар бар нагирифта, инчунин тарбияи ахлоқӣ, зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, анъанаҳои миллии пешқадам, тарбияи насли наврас ва ташаккули худшиносии онҳоро вазифаи худ қарор додаст.

Омӯзиш ва таҳлили суннатҳои фарҳангӣ, нишон медиҳад, ки онҳо на танҳо василаи истироҳат ва фароғат буда, дар ҳалли вазифаҳои тарбияи шахсият ва худшиносӣ мақоми ҳалкунанда бозида метавонанд.

Онҳо ба воситаи истифодаи намудҳои гуногуни санъат ба шуур ва эҳсосоти миллӣ таъсир расонида ба мардум аҳамияти тарбиявии воқеаҳои таърихиро дар ҷумҳурӣ, ягонагии давлати тоҷиконро фаҳмонида, ба ташаккули  шуури миллӣ, ҳувияти миллӣ ва ваҳдату якдилии мардум кӯмак мерасонанд.

Суннатҳои фарҳангии бостонӣ ба монанди иду маросимҳои «Наврӯз», «Меҳргон», «Сада», «Рамазон», «Қурбон», ки яке аз масъалаҳои илми фарҳангшиносӣ ба шумор мераванд, барои ғанӣ гардонидани тарбияи насли наврас ва худшиносии онҳо ҳамаҷониба кумак мерасонанд.

Оид ба ҷашнҳои сегонаи миллӣ: Наврӯз, Меҳргон ва Сада олимони гузаштаву муосири форсу-тоҷик чун Муҳаммади Табарӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯрайҳон Берунӣ, Умари Хайём, Меҳдоди Баҳор, Рӯзи Аҳмадов ва дигарон рисолаву мақолаҳои пурарзиш навишта, мавқеи онҳоро дар тарбияи худшиносии  миллӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ахлоқӣ, аз ҷиҳати илмӣ асоснок намудаанд.

Вобаста ба сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвадони ҷумҳурӣ қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ мебошад. Ин  қонун дар назди кормандони фарҳанг вазифаҳои муҳиму ҳалталабро мегузорад. Барои  дар амал татбиқ намудани қонун чун навовар малака, дониш ва фаъолияти эҷодии хешро равона сохта, сиёсати хирадмандонаи фарҳангии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи бунёдкориҳо, рушду нумӯи давлати демократӣ дунявии ҳуқуқбунёд дастгирӣ намудан, вазифаи ҳар як фарди ҷомеъа мебошад.

Аксари ҷашну маросим ва анъанаю суннатҳои қадимии халқи тоҷик ба давраи то исломӣ мансубанд, ки ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳоянд.

Дар ин радиф анъанаи миллӣ- Ҷашни Сайри Лола мақоми хоса дорад, ки мутаасифона то имрӯз танҳо дар миёни мардуми Исфара боқӣ мондаасту халос. Таърих гувоҳи он аст, ки ҳануз солҳои 70-80 асри XIX сайёҳон ва олимони рус А. П. Федченко, А. И. Вилкент, М. С. Андреев, Н. Г. Милитский. Н. П. ва чанде дигарон ба Исфара омада, дар баробари омӯхтани боигариҳои зеризаминӣ ва набототи он, ҳамзамон ба зиёрати масҷиду мадрасаҳое, ки дар онҳо барҷастатарин ҷиҳатҳои ҳунарии тоҷикон таҷассум ёфта буд, пардохтанд он ҳамаро омӯзиш намуданд.

Боиси  зикр аст, ки зумрае аз ин олимони сайёҳ дар бораи «Сайри Лола»-и Исфара,ки ба санъати созию овозии тоҷикони водии Фарғона як такони бузурге додааст, бо таваҷҷӯҳи зиёде нигаристаанду роҷеъ ба он навиштаҳое ҳам намудаанд. Мардумшиноси машҳур Пешерева ҳанӯз соли 1926 таҳти унвони «Сайри Лола дар (деҳаи) Исфараи уезди Қуқанд» мақолаҳои махсусе навиштааст.

Маводи ҷолиб ва нодирро дойр ба ҷашни «Сайри Лола» дар Исфара аз асри арзишманди Отахон Латифӣ ва Абдурофеъ Рабиев «Рӯзгори соҳибдилон» метавон маълумотҳои васеътареро дарёфт намуд.

Ҳамчунин олими тоҷик, Лутфулло Бузургзода мақолаи таърихию хотирмоне ба унвони «Сайри гули лола»-ро навишта, диққати аҳли илму адабро ба зеботарин ва ниҳонтарин ҷиҳати он ҷалб намудааст. Номбурда аз рӯи мақолаи худ асари мусиқии «Лола»-ро рӯи саҳна овард.

Намоишномаи «Лола» на танҳо «саҳнаи тоҷикро гул кунонд» (Л.Бузургзода), балки рӯзҳои Даҳаи нахустини санъати тоҷик дар шаҳри Маскав ба намоиш гузошта шуд ва дилу руҳи ҳазорон сокинони шаҳри бузургро тасхир намуд.

Аз рӯи далелу бурҳони бозмондаи таърихӣ, «Сайри Лола» пас кишту кори баҳорӣ вақти гули лола, одатан дар миёнаҳои моҳи апрел баргузор мегардад.

Дар байни мардуми вилояти Суғд чунин ривояте ҳаст, ки гуё дар замони Искандари Зулқарнайн «Сайри Гули лола»-ро аз болои Қалъаи Хуҷанд тамошо карда, аз дилрабоӣ ва аҷойбии он ҳайрон монда, ба исфарагиҳо, ки дар ҳамин сайр ҳунарнамоӣ кардан, таҷлили ҷашни сол ташкил намудани сайри лоларо ҳукм карда будааст.

Аз рӯи ин анъана ҳамин, ки «Сайри Гули лола» наздик мешуд, саркорон ва сардорони дастаҷамъона ҳамкорон рӯзи сайрро муқаррар менамуданд. Баъди иҷозати расмӣ ва дуои муйсафедон ба воситаи ҷорчӣ сайр эълон карда мешуд. Рӯзи муайяншуда гуруҳи лолачин, лолабанд ва сафедорғалтононро бо тантанаи хоса гусел мекарданд.

Лолачинон лолаҳоро бо таври кофӣ чида, ба ҷойи муқарраргардида оварда, ба назди дарахте, пештар онро муайян карда будан, бурида ба лолабандӣ тайёр намуда, меоваранд. Ҳамин ки дарахту лола тайёр шуд, лолачинон дарахтро бо лола оро медоданд. Агар дарахт бисёр ҳам калон бошад, ба болои ароба-ғалтаки дучарха мешинанд ва барои бардоштан аз тана ва шахҳои дарахт чубҳои душоха тайёр мекарданд.Баъд аз шохи бузурги дарахт бурида ва ё навниҳоли лоладорро баста, миёни душохаи он писарчаеро шинонда, бо садоҳои мутантам ва созу суруди ҷашгуна поён мешуданд.

Барои сайргоҳ одатан боғоти майдони васеъдошта интихоб мешуд. Ҳар кадом гурӯҳ аз сайргоҳ майдончае барои худ интихоб намуда ва дар он ҷои нишаст, оташдон, анҷомҳои зиёфат тайёр карда, самовар мегузоштанд. Ва ҳамчунин чодир зада, бо гилему колинҳо ва кашидаҳо зиннат медоданд.

Чанде аз лоладарахтонро дар сутуни чойхонаҳои машҳури Исфара, боқимондаро болои теппаи Ӯрда рост мегузоштанд. Дар иҳотаи лоладарахтҳо созандаю навозанда ва хунёгарони Исфара, умуман водии Фарғона ҳунарнамоӣ мекарданд. Ин ҳамаро адиб- шодравон Лутфулло Бузургзода нозук дар мақолаи дар боло зикргардида қаламдод намудааст: «Дар сайри лолаи Исфара фақат аҳолии райони Исфара иштирок накарда, балки онҷо аз тамоми Фарғонзамин ва Хуҷанд меоянд. Маълум аст, ки Исфара на ин ки дар Тоҷкистон, балки дар Осиёи Миёна яке аз беҳтарин ҷойҳои хушманзара ва хуш обу ҳавое мебошад, ки боғоти сермева, кӯҳҳои рангоранги пур аз кон ва дар баҳорон лолазораш дар асрҳои миёна ҳам диққати сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст». Бинобар ин Исфара «Сайри лола» шакли аҷиберо гирифта, сайри умумихалқии Фарғоназамин ва Хуҷанд гардидааст.

Тантана то рӯзи пажмурда шуда рехтани лолаҳои баста — идома мегирифтаст. Ин сайр — қавли Лутфулло Бузургзода, пас аз Револутсияи Кабири Сотсиалистии Октябр то соли 1927 ба таври махсус ҷашн гирифта мешуд. Ва пасон ба иди байналхалқии 1-уми Май як шуда рафтааст».

Чи тур, ки дар боло зикр намудем дар театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар асоси навиштаи Лутфулло Бузургзода ба унвони «Лола» намоишномае гузошта шуда буд. Ва он намоиш дар даҳаи адабиёти тоҷик дар шаҳри Масков (соли 1941) дар қатори дигар асарҳои бузурги саҳнавӣ ба тамошобинони бешумор, ки хоса дар он чорабини доҳии бузург Сталин И. В. ҳузур дошт, писанди эшон омада будааст.

Дар нимаи дуюми  асри гузашта «Сайри Лола»-ро сарнавишти дигар пеш омад, ки онро нависанда Абдурофеъ Рабиев бо таасуф чунин менигорад: «Ҳарчанд маросими Сайри Лола аз ҷониби мардӯм писандида ва аз ҷониби олимони рус «беҳтарин маросим, ки мешояд оянда ривоҷ ёбад ва ба қуллаи камолот расаду якҷо бо маросимҳои нав зиндагии навро зеб диҳад» қаламдод мешуд, ҳайҳот, ки аз ҷониби роҳбарони ташкилоти маҳаллӣ, тахминан си  сол муқаддам  аз байн рафт. Ва мардум аз як тантанаю шукӯҳ  ва санъати халқӣ, аз  як такони судбахше маҳрум монд».

Дар воқеъ ин ҷашни сирф мардуми буда, дар гузаштаҳои пешин натанҳо дар миёни мардуми води Фарғона маъмулу ва таҷлил карда мешуд, ағлаб дар бисёр минтақаҳои дигари Осиёи Миёна ба ҳар унвоневу номе ҷашн гирифта мешуд. Чи тавре, ки ба мо маълум аст, ин ҷашн дар бисёр минтақаҳои кишвари ба мо ҳамфарҳангу ҳамзабон Афғонистони имрӯза маъмул будааст ва аз рӯи таҳқиқи мардумшиносон ва фолклоршиносон дар он ҷойҳо ҳам то имрӯз мавҷуд будааст.

Бинобар ҳамин барои азнав эҳё ва дубора зинда мудани ин ҷашн ҳоло ки ба мо имкон ва фурсат даст додааст, бояд ҳарчи пештар бикӯшем боз як ҷашни бузурги гузаштагонро бо ҳама назокату нафосаташ ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Зоиров Наврӯз,

магистри бахши 2-юми ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here