Мусоҳибаи Умед Пудинаев бо Шодимуҳаммади Сӯфизода, Директори Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Ганди, доктори илми филология, адабиётшинос ва аз пажӯҳишгарони шинохтаи адабу фарҳанги порсии Тоҷикистон дар остонаи «Рӯзи китоб» дар Тоҷикистон, ки ҳамасола 4-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад. 

— Устод, тибқи мушоҳидаҳои Шумо, кайфият ва аҳамияти китобхонӣ дар кишвари мо чи гуна аст?

— Қаблан дар ҷои кор, дар хона, дар роҳ, дар истгоҳ, дар дохили троллейбусу автобус одамоне ба чашм мехӯрданд, ки машғули мутолиаи китоб, рӯзнома ва ё маводи дигари чопӣ буданд. Чунин саҳнаҳое хеле хурсандиовар ва дилгармкунанда буд. Шигифто, ки чунин саҳнаҳо имрӯзҳо кам ба чашм мерасад. Дар ҷомеае, ки алоқа ба китобу китобхонӣ камтар аст, бемориҳои иҷтимоие мисли бетаҳаммулӣ, ифротгароӣ, хушунат ва дигар рафторҳои номатлуб хеле зиёд аст. Аврупоиён муътақид бар онанд, ки миллате, ки китоб намехонад ва китобро муътабар намедонад, аз пешрафту рушд дар канор хоҳад монд ва маҳкум ба такрори саҳифаҳои торики таърих аст. Кишварҳои мутараққӣ пешрафту тавсеаи хешро мадюни хониш, омӯзиш ва дониш медонанд. Теъдоди чопи китоб ва мизони китобхонӣ дар ин кишварҳо хеле болост. Китоб дӯст ва аниси ҳамешагии онон аст: дар дохили мошин, ҳангоми мусофират, ҳангоми истироҳат, яъне як лаҳза китоб аз онҳо дур нестанд. Аврупоиёну амрикоиҳо аз ҳар фурсате барои хондан ва маърифат андӯхтан ба таври босамар истифода мекунанд. Пажӯҳишҳои оморӣ нишон медиҳад, ки дар Англия шабонарӯзӣ якуним соат сарфи китобхонӣ мешавад, дар давлатҳое чун Туркия ва Малайзия мардум панҷоҳу панҷ дақиқа дар шабонарӯз машғули китобхонӣ ҳастанд. 

Худатон шоҳиди ҳамарӯзаи зиндагии мо ҳастед, қазоват кунед, ки мизони китобхонӣ дар кишвари мо чи гуна аст! Китобхонӣ бештар дар миёни донишҷӯён ва таҳсилкардагон роиҷ аст, қишрҳои дигари ҷомеа аслан ба истилоҳ китоббадбин ҳастанд. Мизони истифода аз китобҳои ройгони китобхонаҳо низ дар муқоиса бо солҳои гузашта паст аст, намоишгоҳҳои миллию байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои кишвар натавонистаанд ба вазъияти китобхонӣ дар кишвар беҳбуд бахшанд. Ҳарчанд давлат ба ин намоишгоҳҳо ҳусни ният дорад, вале онҳо ба ҷуз сару садои таблиғотӣ чандон муассир нестанд. Шояд таҷрибаҳои дигаре лозим бошад. Масалан, хеле хуб мешуд, агар шаҳрдории пойтахт дар яке аз биноҳое, ки дар хиёбони марказии шаҳр сохта мешаванд, маркази бузурге бо номи «Шаҳри китоб» таъсис бидиҳад ва дар ин замина барномаҳои васеъеро дар роҳи таблиғи китобу дониш ба роҳ монад.

— Ба назари Шумо,  вазъи китобдорӣ дар замони истиқлол дар чи сатҳ аст, бахусус дар Китобхонаи марказии АИ ҶТ? Чи бояд кард, ки вазъият беҳтар шавад?

— Хушбахтона, сарфи назар аз норасоиҳо дар таблиғу тарвиҷи китоб ва китобхонӣ ба ҳиммат ва роҳнамоиҳои пайвастаи Пешвои муаззам, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 сол пеш бузургтарин китобхонаи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе сохта шуд, ки бо таҳҷизоти наву пешрафта таъмин гардид ва ҳамаи шароитҳоро дорост. 

Дар замони шуравӣ Китобхонаи марказии Академияи илмҳо беш аз 120 корманд дошт. Аммо, имрӯз шумораи кормандони Китобхона панҷоҳ нафар аст, ки ин теъдод барои хадамоти китобхонаро мутобиқи тақозои замон ва талаботи хонандагон ба сатҳи лозима боло бурдан кофӣ нест. 

Китобхона таърихи ҳаштоду панҷсола дошта, дар хазинаи он беш аз якуним миллион китоб мавҷуд аст. Шумори зиёде аз онҳо китобҳои нодиру камёби илмӣ мебошанд. Бояд арз кунам, ки шароити нигаҳдории китоб хуб нест. Хазинаи Китобхона хеле хурд аст, рафҳои китобро ҳатто дар роҳравҳо гузоштаем. Китобҳои наверо, ки ҳамвора ворид мешаванд, бо мушкилиҳои зиёде дар хазина ҷой мекунем. Ба ғайр аз ин, бино бар сиёсати созандаи раҳбарияти олимақоми кишвар дар ростои таблиғи илму дониш ва китобхонӣ ҳамасола шумори хонандагон дар ҳоли афзоиш аст, аммо шароити Китобхона ва ҳифзи ганҷинаи он на он қадар хуб аст. 

Азбаски барои сохтани бинои нав дар замони буҳронҳои шадиди молиявии ҷаҳонию минтақавӣ имконот маҳдуд аст, роҳи бисёр муносиб он аст, ки бо дастури муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат бинои Китобхонаи Фирдавсии собиқ, ки аз ҳамон оғоз ҳамчун китобхона сохта шуда буд ва дорои имконоти лозима барои ҳифзу нигаҳдорӣ ва хидматрасонии китоб аст, ба ихтиёри китобхонаи Акдемияи илмҳо супурда шавад. Дар ин сурат, тамоми мушкилоти мо ҳал ва амонати бебаҳову беназири илмии миллат эмину солим ба насли оянда супурда хоҳад шуд.

— Дар бораи сабабҳои китоб нахондани мардум чи андеша доред?

— Солҳои охири фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ба рушду тавсеаи донишомӯзию китобхонӣ рост омад. Ҷавонон аз озодии фароҳамшуда барои такмили донишҳои хеш истифода мекарданд. Даст ёфтан ба тамоми маводи чопӣ, ки берун аз сарҳадҳои Иттиҳоди Шуравӣ тавлид мешуд ва мо орзӯи дасрасӣ ба онро ҳам наметавонистем бикунем, бозори чопу интишори китобро равнақ бахшид. Ҷавонон бештар китобҳои фалсафӣ ва иҷтимоию сиёсӣ мехонданд. Таноқузро бибинед, ки дар солҳои 70-уму 90-уми қарни бист, ки шумори шаҳрвандони Тоҷикистон ҳудудан панҷ миллион буд (ду миллион аз ин теъдод ғайри тоҷикзабонон буданд!), китобҳои бадеӣ бо шуморагони ҳафт то чаҳордаҳ ҳазор нашр мешуд. Масалан, ду очерки адабию таърихии устод Садриддини Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ» дар як ҷилд сад ҳазор нусха ва маҷмӯаи ашъори устод Лоиқ «Дасти дуои модар» панҷоҳ ҳазор нусха интишор ёфт. Аммо, имрӯз шумори шаҳрвандони Тоҷикистон ба нуҳ милион расидааст ва шигифтовар аст, ки ҳадди аксари теъдоди нашри китоб аз як ҳазор бештар нест.

 Ба сабаби ба доми даҳшатзои ҷанги шаҳрвандӣ уфтодани тоҷикон ҳаёти фарҳангию илмии кишвар бакуллӣ рӯ ба таназзул овард. Мардум танҳо барои як луқма нон кор мекарданд. Мафҳумҳои китобу китобхонӣ ва маърифатомӯзӣ фаромӯш гардид. 

— Бубинед, кишвари Бразилия тасмим гирифтааст, ки ҳар чи бештар мардумро ба китобу китобхона ҷалб созад. Барои мисол, дар он кишвар урфе ҳаст, ки муҳлати ҳабси зиндониён дар ивази хондани як китоб чаҳор рӯз кам карда мешавад. Шунидам, ки дар зиндонҳои Русия ҳам китобхонҳо аз имтиёзоте бархурдоранд. Дар мо чӣ? Агар дар кишвари мо ҳам чунин расме роиҷ шавад, оё ба манфиати кор нахоҳад буд?

— Дар кишварҳои демократӣ мафҳуми «зиндон» вуҷуд надорад, чунин ниҳодҳоро «муассисаҳои ислоҳотӣ» меноманд. Вазифаи асосии муассисаҳои ислоҳотӣ тарбияи одамонест, ки бо сабабҳои гуногун қонунро нақз кардаанд. Мӯҳлати дар муассисаи ислоҳотӣ будан фурсатест, ки одамон иштибоҳоти хешро фаҳмида, барои бозгашт ба зиндагии росту дуруст тасмим мегиранд. Дар дарки иштибоҳот ва ислоҳу тасмимгириҳои онҳо муҳити фарҳангӣ, аз ҷумла китобхонаи муассисаи ислоҳотӣ ва масъулони фарҳангии он нақши бузурге мебозанд. Агар ин гуна тадбирҳое, ки дар Бразилия ба роҳ мондаанд, дар кишвари мо низ анҷом шавад, ба фоидаи миллат хоҳад буд.

— Мо иттилоъ ёфтем, ки дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кадом соҳибкоре нахустин китобхонаи сарироҳӣ таъсис ёфтааст. Ин хеле хуб аст, агарчи кори ҷиддию бузурге нест. Қоидаи ин китобхонаи хурдак чунин будааст, ки хонанда китобро дар сари роҳ ё дар истгоҳ хонда ва боз дар ҷояш мегузорад, то дигарон ҳам онро бихонанд. Ин соҳибкор гуфтааст, ки дар сурати зарурат чунин китобхонаҳои сарироҳиро дар дигар ҷойҳо низ таъсис медиҳад.

 Устод, ин кор на он қадар харҷи зиёд дорад. Пас чаро соҳибкорони шаҳри Душанбе ҳам чунин иқдоме намекунанд?

— Ин кори савоб бояд дар саросари кишвар роҳандозӣ шавад. Ёд дорам, ки соли 2016 дар Бадахшон созмони ҷамъиятие бо номи «Умедвор» барои дастрасии бештари сокинони деҳаҳои дурдаст ба китоб китобхонаи сайёре таъсис дода буд, ки хидмати беғаразу арзандае дар ташвиқи мардум, алалхусус насли ҷавон, ба донишомӯзию маърифатандӯзӣ буд. Масъулони ин созмон ният доштанд, ки минбаъд ин кори хайрро идома дода, шумори китобхонаҳои сайёрро бештар намоянд. Аммо тайи ду соли охир хабаре аз онҳо нашунидам. Умедворам, ки дар амали хайрашон муваффақ шуда бошанд. Барои анҷоми ин кори хайр бояд ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ даст ба дасти ҳам бидиҳанд ва дар эҳёи фарҳанги китобхонӣ бо ҳам ҳамкорӣ кунанд. 

— Устод, мо нависандагони зиёде дорем, профессору академик, шоиронамон низ зиёданд. Ва албатта ҷои шукргузорӣ ҳам ҳаст, вале боиси нигаронист, ки чаро дар замони муосир «Гулистон»-нависи дигаре надорем?

 Фикри Шумо дар ин бора чист? Оё вақти он нарасидааст, ки нависандагони мо дар бораи офаридани «Гулистон»-ҳои наве андеша намоянд? 

— Осори бузургони адаб мояи ифтихори мост ва ҳамеша хонданист. Қариб ҳазор сол аст, ки мо аз панду андарзҳо ва каломи ширину шоиронаи бузургони адабиётамон лаззат ва баҳра мебарем. Аммо, ба назари ман, Шумо суоли хеле дуруст ва огоҳонаеро дар бораи Саъдии Шерозӣ матраҳ кардед.  Чаро адибони дигар неву маҳз роҷеъ ба Саъдӣ суол кардед? Дар ин пурсиш ман ниёзмандии шадиди ҷомеаи моро ба Саъдӣ, аз як тараф ҳамчун намоди насиҳатгарӣ ва содиркунандаи дастурҳои ахлоқӣ, аз тарафи дигар, чун адибе амалгаро ва воқеънигор мебинам. Худи Саъдӣ низ дар «Бустон» ва «Гулистон»-аш аз мақоми як устоди ахлоқ бо хонанда суҳбат мекунад. «Гулистон» асаре беназир дар адабиёти мост. Ҳеҷ асаре ҳампаҳлӯи он нашуда ва наметавонад бишавад. Аз ин рӯ, дар ин давраи ҳассос, ки бо тағйироти ҳайратангези технологӣ рӯбарӯ ҳастему фановарӣ лаҳза ба лаҳза дар ҳоли пешрафт аст, ба гумонам, бештар ба бузургоне чун Абӯрайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Ибни Сино ва албатта Саъдии Шерозӣ бештар ниёз дорем.

— Вақте ки имрӯз ба китобхонаҳои электронӣ рӯ меорем, шигифтзада мешавем. Зеро касе фикр намекард, ки замоне истифода аз китоб дар чунин шакле сурат мегирад. 

Ба фикри Шумо, истифода аз китоб ё китобхонаҳо баъди даҳсолаҳо чигуна хоҳад шуд?

— Бояд гӯям ки он ҳисси оромиш, ки ҳангоми хондани китоби коғазӣ ба кас қаблан даст медод, китоби электронӣ наметавонад ба вуҷуд оварад. Шахсан ман аз хондани китобҳои коғазӣ хотироти хубе дорам. Дар бораи бартарии китобҳои коғазӣ нисбат ба китобҳои электронӣ ва баръакс пажӯҳишҳое анҷом шудааст. Таҳқиқи ин масъала дар яке аз донишгоҳҳои аврупоӣ нишон дода, ки истифода аз китобҳои электронӣ сатҳи омӯзишро пойин мебаранд. Дар ин пажӯҳиш як гурӯҳи 25-нафарӣ китобе иборат аз бисту ҳашт саҳифаро ба воситаи сахтафзори электроникии Амазон Киндл, ки барои хондани китобу асноди электронӣ ба кор меравад, мутолиа карданд. Як гурӯҳи биступанҷнафарии дигар ҳамон китобро дар нусхаи коғазиаш хонданд. Сипас, аз онҳо хоста шуд, то муҳтаво ва мундариҷаи китобро батартиб ривоят кунанд. Ин пажӯҳиш нишон дод, ки натиҷаи хонандагони китобҳои коғазӣ беҳтар аст. Чунин пажуҳишҳо зиёд анҷом шудааст ва натоиҷаш бештар ба фоидаи китобҳои коғазист.

 Аммо насли ҷавон, ки дар даврони ривоҷи густардаи технологияи муосири диҷитолӣ зода ва парварда шудааст, назараш ба китоби электроник дигаргуна аст. Имконоти истифодаи самаранок аз китобҳои электронӣ бештар шудааст. Аз назари зистмуҳитӣ китоби электронӣ афзалияти бештар дорад, зеро чунон ки медонед, коғаз аз дарахт истеҳсол мешавад ва технологияи тавлиди коғаз барои муҳити зист зиёновар аст. Интишори китобҳои электронӣ ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба ҳазинаҳои болои коғазу чоп аз китобҳои коғазӣ арзонтар аст. Бартарии дигари китоби электронӣ ин аст, ки он ҳаҷм ва вазни физикӣ надорад. Чандин миллион нусха китоб метавонад дар хотираи телефони ҳамроҳ ё компютерамон ҳифз шавад ва ҳамеша ҳамроҳи мо бошад. Истифода аз китоби электронӣ бо таваҷҷуҳ ба имконоти барномаҳои китобхон (Book Reader) кори хонанда ва алалхусус пажӯҳандаро, ки ҳамвора аз нарасидани вақт ранҷ мебарад, осон мекунад. Аммо китоби электронӣ ҳам аз камбудиҳо орӣ нест. Пайваставу тӯлонӣ нигоҳ кардан ба сафҳаи роёна нуқсону бемориҳоеро мисли хастагию осеби чашм, афсурдагии зеҳнӣ, бедорхобӣ, заъфи асаб ва ихтилолоти дигар ба ҳамроҳ дорад, аммо дар хондани китоби коғазӣ бо ин мушкилот камтар рӯбарӯ мешавад. Хулоса, китоби коғазӣ ва китоби электронӣ ҳар кадом фазилатҳо ва костиҳои хешро доранд ва наметавон якеро беҳтар аз дигаре донист.

— Барои баланд бардоштани сатҳи ишқу алоқаи навҷавонону донишомӯзон ба китобу китобхонӣ чи корҳоеро бояд анҷом дод?

— Пеш аз ҳама ду корро бояд анҷом дод: нахуст он, ки таҳқиқоти ҷомеъу жарфи илмӣ роҷеъ ба вазъияти китобхонӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад, то омилҳои паст шудани сатҳи китобхонию китобдӯстӣ муайян шавад; дувум ин, ки баъд аз анҷоми таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала бо ҷалби мутахассисони китобдорию донишшиносӣ барномаи вежаи тавсеаи фарҳанги китобхониро дар ҷомеа бояд таҳия кард ва барои иҷрои он ҳамаи шароитро муҳайё сохт. Дар мактабҳои миёна бояд ҳафтае як соат барои китохонӣ ҷудо карда шавад, то бачагон аз хурдӣ  бо фарҳанги китобхонӣ ошно шаванд. 

Мутолиаи китоб аз сӯи  падару модар дар хона дар тарғиби китобу китобхонӣ дар миёни фарзандон таъсирбахштарин омил аст. Баррасии китобҳои мутолиашуда дар ҳалқаи оила, мактаб ва донишкадаву донишгоҳҳо дар бедор кардани шавқу иштиёқ ба китобхонию донишандӯзӣ бисёр самаровар аст. 

— Ташаккур барои суҳбат!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here