Ин суханони пурмазмуни Пешвои миллат бори дигар собит менамояд, ки ҷомеаи мо дар воқеъ нисбати зан-модар эҳтироми бузурге қоил аст. Ҳамчунин, Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои миллат беш аз пеш мекӯшанд, ки ҳамаҷониба занҳоро дастгирӣ ва пуштбонӣ намоянд. Дар корҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ имрӯзҳо шумораи занҳо хеле афзудааст, ки ҷасурона ва оқилона фаъолият менамоянд. Ин ҳама ғамхориҳо нисбати бонувон аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат созандаасту ояндаи дурахшони давлату миллатро бармало ба мо нишон медиҳад.

Дар воқеъ, ҳар кору масъулияте бар дӯши зан гузошта мешавад, он бидуни ҳеч костагие иҷро мегардад. Дар тӯли таърих мо худ низ огоҳ ҳастем, ки агар дар кадом ҷомеае зан қадру манзалати волоро касб кардааст, он ҷомеа аз лиҳози маънавӣ ва ахлоқи ҳамида пешрафт кардаасту мекунад. Аз ин рӯ, ҷомеа он замон ҷомеаи маданӣ мегардад, ки зан дар он қиммати баланде дошта бошад. Мо шукрона аз он мекунем, ки бо шарофати сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, имрӯз ҷомеаи мо ба зан арзиши баланд медиҳад ва қадру манзалати занро пос медорад.

Қаҳрамони мо зане ҳаст, ки агар ба кору фаъолияти ӯ назар афканӣ, бовуҷуди дар синну сол ҷавон буданаш, дастовардҳое дар роҳи илму дониш ба даст овардааст, ки бидуни ҳеч тардид шоистаи таҳсин аст. Ва инак, хонандаи азиз, (зиндагинома ва фаъолияти пурсамари ҳар донишваре боистаи омӯзишу пайравӣ мебошад) аз кору фаъолияти зани оқилу зирак ба ту қисса мекунем:

Яминзода Заррина Акрам аз ҷумлаи пурмаҳсултарин олимаҳои ҷавонест, ки маҳз зери ғамхориҳои Пешвои миллат тибқи квотаи президентӣ таҳсил намуда, соҳиби дастоварҳои беназир гардидааст. Ӯ аз соли аввали таҳсил донишҷӯи фаъол буда, имрӯз ба зинаи декани факултети муштараки Донишгоҳи давлатии Полотск ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дастёб аст ва дорандаи медалҳои тиллою нуқра ва дигар ҷоизаҳои намоён мебошад.

Яминзода Заррина мутаваллиди соли 1985 буда, соли 2003 мактаби №1-и ноҳияи Панҷро бо баҳои аъло хатм намуда, ба факултети технология ва дизайни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тариқи квотаи президентӣ дохил мешавад, ки соли 2008 донишгоҳи номбурдаро бо дипломи аъло хатм мекунад. Дар давоми таҳсил ӯ дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва умумиҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намуда, дар вазифаҳои мудири сектори татбиқот ва кор бо ММПИ (2016-2017), сарнозир-ҳамоҳангсози докторантура — PhD (2017-2018), мудири шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ (2018-2020),  дотсенти кафедраи технологияи маснуоти нассоҷии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (2019) фаъолият намудааст. Имрӯз Яминзода декани факултети муштараки Донишгоҳи давлатии Полотск ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад.

Ӯ дорандаи як медали тилло, як медали нуқра, ду диплом дар самти “Навовари беҳтарин” ва “Беҳтарин кори илмӣ”, 2 китоби дарсӣ, зиёда аз 60 мақолаи илмӣ аст, ки дар дохили кишвар ва берун аз он — Австрия, Олмон, Чехия, Италия, Қазоқистон, Қирғизстон, Ӯзбекистон, Болгария, Махачкалъа, Кострома, Москва, Иванова ва ғайра ба нашр расидаанд. Ихтирооташ солҳои 2012 ва 2014 дар комбинати “Нассоҷи тоҷик” тадбиқ шудаанд, ки гувоҳи гуфтаҳои болост.

Яминзода Заррина рисолаи номзадияшро дар мавзӯи “Истифодаи партовҳои абрешимӣ барои ҳосил намудани ширеш ва ресмони муштарак” таҳти роҳбарии номзади илмҳои техникӣ Ишматов А. Б. дар шаҳри Ивановаи Федератсияи Русия соли 2017 дифоъ намуда, дорандаи дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки барои фаъолияти ҳамаҷонибаи чунин олимони ҷавон дар муассисаҳо шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки олими ҷавон — Яминзода дар он фаъолият мекунад, дар самти рушди бофандагӣ ва тарбияи мутахассисони рақопатпазир саҳми бориз дорад.

Ҳамзамон, Яминзода Заррина дар курсҳои такмили ихтисоси дар Ҷумҳурии мардумии Чин “Технологияи нассоҷии кишварҳои рӯ ба тарақӣ — 2018”  таҳсил намуда, соҳиби сертификат гардидааст ва саҳми ӯ дар рушди соҳаи нассоҷӣ назаррас буда, дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонидааст. Ӯ айни ҳол роҳбарии 3 унвонҷӯро ба зимма дорад, ки дар арафаи дифоъи рисолаҳои номзадии худ мебошанд.

Инчунин, Яминзода Заррина Акрам роҳбарии барномаи буҷавии “Коркард ва технологияи илмиасоси рангуборкунии маснуоти нассоҷӣ бо рангҳои табиӣ”-ро ба уҳда дорад, ки ба рушди бофандагӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамоянд. Бояд қайд намуд, ки Яминзода то имрӯз чандин барномаҳои буҷавии дигарро низ амалӣ намудааст.

Яминзода Заррина Акрам ҳам дар ҷодаи илм ва ҳам дар зиндагӣ муваффақ аст. Якдигарфаҳмӣ дар оила ба ӯ имкон дода, дар ҷодаи илм ба зинаҳои баланд қадам монда, соҳиби дастовардҳои бузурги илмӣ гардад. Хушбахтона, соли 2019 гирандаи ҷоизаи ба номи И. Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника гардидааст.

Новобаста аз синну соли ҷавонаш қаҳрамони мо дар пешаи омӯзгорӣ методи вижаи худро доро мебошад, ки навқадамони роҳи илм аз донишу илми мавсуф баҳраҳо бардоштаанду мебардоранд. То ҷое мо худ воқиф ҳастем, зиёд донишомӯзон нисбати муаллима Яминзода Заррина суханони наку мегӯянд ва миннатгузори хидматҳои он кас ҳастанд. Шогирд нисбати устоди хеш эҳтироми хосае қоил бошад ва дар ғоибу ҳозираш аз ӯ боихлосмандӣ ёд меоварад, ин ҳама маънои онро дорад, ки устод дар касби худ чирадаст буда, тавонистааст дониши андӯхтаи худро ба шогирдонаш омӯзонад.

Лозим ба ёдоварист, ки зани оқилу доно, дар зиндагии оилавӣ ҳам хушбахту хушвақт хоҳад буд. Қаҳрамони мо низ дар ҳаёти оилавӣ намунаи ибрати хосу ом аст ва дар зиндагӣ тавонистааст, ки оилаи солиму пур аз саодату садоқатро бунёд намояд ва албатта, дар чунин оила фарзандони оқилу хушрафтору хушгуфтор ба вояи хоҳанд расид. Яқин, дар оянда фарзандони аз чунин дудмон тарбиятёфта, барои давлату миллат хидмати шоиставу боиста хоҳанд намуд. Ин ҳама хидматро як зан, як бонуе, ки кӯшидааст дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт дар сафи пеш бошад, анҷом додаасту медиҳад.

Парвина ОЛИМБОЙЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here