Шарҳи кӯтоҳ:
«Намунаи адабиёти тоҷик» асарест, ки дар саргаҳи адабиётшиносии навини тоҷикӣ қарор дошта ва камтар асари дигареро дар ин марҳала медонем, ки ба ин дараҷа ҳуҷумҳои паёпай ва маншаи гуфтугӯйҳо ва баҳсу мунозираҳои амиқ шуда бошад. Ҳамин гуна ҳуҷумҳо ба ҷони ин китоб неруи дучанд бахшиданд ва ба ин шева китоб дарозумрӣ ёфт.
«Намунаи адабиёти тоҷик» дар замонаш вазифаи бузурги иҷтимоиро ҳаллу фасл кард, аҳамияти он дар таърихи афкори адабиётшиносии замони нав ҳамеша гуфтугузор хоҳад шуд.
…Аъзои садорати «Ҷамъияти илмии тоҷикшиносӣ» (Тошканд, 1925) ва намояндаи Комиссариати халқии корҳои хориҷии Шӯравӣ дар Осиёи Миёна А. А. Знаменский соли 1927 ба сарварони ҳизбии Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ мактуби эътирозӣ навишта, асари машҳури устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро аз қазоватҳои ифротии идеологӣ, аз ҷумла танқиди роҳбари ҳизбии Ӯзбекистон Акмал Икромов ҳимоя кард. Далели мӯътамади А. Знаменский он будааст, ки омӯзиши адабиёти гузашта ва тадқиқи он аз мавқеи илмӣ як амри муқаррарист ва дар китоби С. Айнӣ омадани қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён»-и Рӯдакӣ танҳо чун намунаи осори ҳунарӣ ва мисоли раднашавандаи таърихи адабиёт муҳим ва арзишманд аст, он ба ғаразҳои кунунии ҳизб халал расонида наметавонад.
Намояндаи баландрутбаи Шӯравӣ пас аз вокуниши сахти туркгароёни тоҷикситез ва шиддат ёфтани мунозираҳои тезутунд ба «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон» воқеъ дар Тошканд фармоиш кардааст, ки ба консулгарии генералии СССР дар шаҳри Ҳирот муроҷиат ва хоҳиш намоянд, то тақризе муносиб ба «Намунаи адабиёти тоҷик» мураттаб созанд (ин санад аз Архиви давлатии Тоҷикистон дастрас ва дар китоби А. Маҳмадаминов «Поиски истины» (1994) ба муомилаи илмӣ гузошта шудааст).
Оё ин тақриз дар асл аз ҷониби консулгарӣ таълиф шуд ё на, равшан нест. Аммо А. Знаменский таъҷилан ба Бюрои Осиёимиёнагии КМ ВКП(б) ва КМ ПК Ӯзбекистон номае ирсол карда, ба асли масъала дахолат карда, дифоъи арзишҳои маънавӣ ва мадании гузаштаро як кори бисёр муҳим ва зарурӣ арзёбӣ кардааст.
Матни нома ҷолиб ва кирои мутолиа аст ва бори аввал дар маҷаллаи илмӣ-адабии «Садои Шарқ» (1977, №4.–С. 117-119) ва бори дигар дар китоби «Ҳақиқати таърих» (Душанбе, 1990.-С. 97-100) нашр шудааст. Арвоҳи профессор Шукур Султонов ва А. Вишневский шод бошад!
Ба Котиби КМ ПК Ӯзбекистон рафиқ Икромов,
Ба Раиси Бюрои Осиёимиёнагии КМ ВКП(б) рафиқ Зеленский.
Дар бораи маҷмӯаи «Намунаи адабиёти тоҷик».
Рафиқони муҳтарам!
Дар маърӯзаи Шумо дар хусуси фаъолият ва вазифаҳои ҷабҳаи идеологӣ чунин мулоҳиза ба назар мерасад: «Ду сухан дар мавриди адабиёти тоҷик. Бояд гуфт, ки адабиёти тоҷик бенавотарин аз адабиёти ӯзбек аст ва боз дар он лашу луш бештар дида мешавад. Масалан анқариб маҷмӯаи ашъори тоҷикӣ ба чоп расид, ки дар он Шумо чунин мисраъҳоро хонда метавонед:
Эй Бухоро шод бошу дер зӣ,
Мир наздат меҳмон ояд ҳаме.
Мир шоҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.
Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.
(«Правда Востока», №67, 22.III.1927)
Бидуни шубҳа, адабиёти муосири тоҷикон хеле бенавост. Аммо ин нукта ҳам инкорнопазир аст, ки ин адабиёт дар замони гузашта, дар нисбати адабиёти ӯзбекҳо хеле пешрафта ва дурахшон буд. Маҷмӯаи намунаҳои он, ки аз тарафи Садриддин Айнӣ таҳия шудааст, шоҳиди гӯё ва далели буррои ин муддаост.
Албатта, назми куҳан ба талаботи замони мо ва вазифаҳои сохтмони сотсиалистӣ пурра ҷавоб намедиҳад. Вале мо охир ҷонибдорони маданияти пролетарӣ ба шеваи дерин, ки онро А.А.Богданов 20 сол пеш ихтироъ карда буд ва дар Москва дар Пролеткулт солҳои 18-19-ум нисбатан ба муваффаққият соҳиб шуда буд, нестем ва аз ин сабаб аз асарҳою дастовардҳои санъате, ки ба мо аз давраҳои гузашта мерос мондааст, бо танаффур рӯ намегардонем. Бале, набояд даст кашид, балки ба таври танқидӣ фаро гирифт, яъне аз баҳри мероси зарарнок ва ақибмонда баромада, осори пурарзиш ва дорои аҳамияти ҷамъиятиро ҳифз бояд кард.
Инак, шояд аз ин ҷиҳат аст, ки Маркс ин қадар классикҳои Юнон, Шекспир ва Балзакро дӯст медошт, Ленин осори Пушкин, Некрасов ва Толстойро бо диққат мутолиа мекард. Дар чунин шароит ҳам аз адабиёти худ даст кашидани тоҷикон маънӣ надорад. Ҳарчанд ҳамаро равшан аст, ки ин адабиёт ифодагари маданияти коммунистӣ набуд.
Дар назди ӯзбекҳо низ чунин масъала қарор дорад. Асарҳои Мир Алишери Навоӣ, Фузулӣ, Бобур ва дигар намояндагони адабиёти чиғатоӣ бояд ба адабиёти ӯзбекҳо ба шакли пурра набошад ҳам, ба сурати пора-пора ворид шавад. Тоҷикон низ аз баҳри Рӯдакӣ, ки шеъри ӯро дар маърӯзаи худ иқтибос кардед, баромада наметавонанд.
Ин шеър шояд на камтар аз ҳазор сол таърих дорад. Эҳтимол, даҳ қарн муқаддам он маънои сиёсиеро доро буд. Аммо имрӯз як падидаи зебоисту бас. Дар илми Аврупо, ки эҷодиёти Рӯдакиро муфассал ва бо таваҷҷуҳ омӯхтааст, роҷеъ ба офариниши ин шеър чунин ривоят оварда мешавад:
Пуштибони шоир амири Сомонӣ Насри Дуюм (Сонӣ), писари амир Аҳмад, аз Бухоро озими Мавр гашт. Аҳли дарбор ба дил бим доштанд, ки Наср волаю шефтаи Марв–султони шаҳрҳо шуда, Бухороро ба фаромӯшӣ хоҳад супурд ва шаҳри Бухоро дигар мақоми пойтахт будани худро аз даст хоҳад дод. Эшон аз Рӯдакӣ дархостанд, ки дар пешгоҳи амир шеъре бигӯяд, ки оташи ишқи Бухоро ва ҳасрати ҷудоиро аз он дар ҷони ӯ аз нав барафрӯзад. Шоир хоҳишро ба ҷон пазируфт ва боре бомдодон ба сурудан оғоз кард:
Реги Омую дуруштиҳои ӯ,
Зери по чун парниён ояд ҳаме,
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир наздат меҳмон ояд ҳаме,
Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме.
Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме.
Шеър ниҳоят коргар афтод: амир аз шӯру валвала ҳамон дам савори асп шуд ва дар роҳ ҷое қарор нагирифта, то Бухоро расид. Ҳамин аст мазмуни ривояти бостонӣ.
Ҳам Рӯдакӣ, ҳам пушту паноҳаш амир, ки руҳониёни мӯъмини Бухоро ӯро барои озодандешӣ, ба гуноҳи қарматӣ буданаш аз тахт фуроварданд, кайҳо ҷаҳонро падруд гуфтанд. Аз офаридаҳои сухансарои бузург танҳо пораҳое бозмондаанд. Бахше аз онҳо дар маҷмӯаи ашъори номбурда вомехӯранд, ки ба кори мо халал намерасонанд. Зеро тамоми бахши охири маҷмӯаи Айнӣ аз намудҳои назми муосири инқилобӣ фароҳам омадааст.
Махсусан, ҳаққи тоҷиконро ба санъати азалии замонҳои пешинаашон бояд ҳимоят кард, чун медонем, ки миёни кишварҳои порсигӯ барои нуфузи маданию сиёсӣ дар Машриқзамин –-дар Эрон, Афғонистон, дар қисми азими Ҳиндустон — муборизае дар пеш аст. Маҷмӯаи ашъори тоҷикӣ, метавон тахмин зад, дар ҳама ҷо хонандагон пайдо хоҳад кард.
Аз мақолае, ки дар рӯзномаи «Шафақи сурх» (№699, 28-уми шаъбони соли 1345 / 3-юми марти соли 1927) табъ шудааст, бармеояд, ки тахмини мо дуруст аст. Зимнан муаллифи мақолаи мазкур гуфтааст:
“Он рӯз, ки дар Теҳрон шунидаем, Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон дар он сарзамини аҷдоди мо таъсис шуд, хурсанд шудем. Зеро ки медонистем, ин ҳукумати ҷадид ба мо ҳамзабон аст. Ва мо ҳарду бародарем.
Дирӯз китобе дар идораи «Шафақи сурх» дидам, ки ҳамон хурсандиро ба ман бахшид. Ва беихтиёр, маро мутаҳаррик шуд, ки ин чанд сатрро бингорам. Ин китоб маҷмӯа аст. Бо 626 саҳифа бо исми «Намунаи адабиёти тоҷик» дар Самарқанд таълиф ва дар Маскав ба табъ расидааст. Гирдоварандаи ин китоб аз уламои муосир Садриддини Айнӣ аз аҳрори он диёр ва аз удабои номии диёри хеш ва аз зумраи мафохири (ифтихорманди — С. А.) мо дар Туркистон аст.
Ин китоб шарҳи аҳвол ва мунтахаби гуфтори дувисту бист нафар аз шуаро ва нависандагон, марду зан аз мардуми ин сарзамини ниёгони мост, ки нахустини эшон Рӯдакии Бухороӣ — падари шеъри порсӣ бошад ва охири онҳо шуарои муосири Туркистон аст.
Тасфиҳи ин китоб, ҳар эронӣ ва порсизабонро аз ёд кардан ва савобиқи рахшандаи забони порсӣ мағрур мекунад. Барои ҳар касе ки дар адаби порсӣ кор мекунад, лозим аст, ки як нусха аз ин китоб бо худ дошта бошад ва бар ҳар эронӣ низ фарз аст, ки лоақалл як бор ин китоби нафисро, ки азизтарин раҳоварди бародарони туркистонии мост, бихонад”.
Аз ин мақолаи адиби форс Саид Нафисӣ ман ин ҷо танҳо чанд ҷои ҷузъиро иқтибос кардам. Худи мақола хеле калон аст: агар тарҷума кунем, панҷуним саҳифаи мошинка хоҳад шуд. Инчунин ба он нукта метавон ризоият дод, ки маҷмӯаи Айнӣ ба ҳадде мавриди таҳсин нест, ки дар назари муаллифи мафтуншуда менамояд. Аммо нишон додани баъзе нуқсонҳо, камбудиҳои ҷузъӣ, агар ба мушоҳида расанд, кори мунаққидони дақиқест, ки аз мавзӯъ огоҳӣ доранд.
Ман аз ин гуруҳ нестам. Вале дар бораи усули танқид бо сароҳат як чизро медонам: тозиёнаи танқид ҳамеша ва ҳама ҷо зарур аст, зарбаи сахти он ба ҳама ҷо кор таъсири инқилобӣ ва эҷодӣ дорад. Фақат ҳама ҷо бояд эҳтиёт шуд, ки ин тозиёна ногаҳон ба каманде табдил намояд, ки гиреҳи он ба осонӣ ҳар ташаббусу ибтикорро дар роҳи эъмори ҷомеаи навин нафасгир кунад.
Бо саломи коммунистӣ
А. Знаменский
Устод Айнро дар ҳамон шабу рӯзҳо ҳолати яъсу ноумедӣ фаро гирифта будааст. Чун аз қазияи дастгирӣ ёфтани тазкирааш аз ҷониби А. Знаменский воқиф шуд, ба номи ӯ як номаи ҷавобие навишт. Матни пурраи онро мехонем:
«Рафиқи азиз, Знаменский!
Саломи дӯстона ва самимонаи худро мефиристам. Дар бораи ҳимояи Шумо китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик»-ро, ки дар дастгирии ин маҷмӯа ифода ёфтааст, хабар ёфтам…
Ман фавқулода хурсанд ҳастам ва миннатдориамро ба Шумо ифода карда наметавонам. Умед дорам, ки ин суханони ифодакунандаи руҳамро Шумо расму русуми шарқӣ намедонед, балки бо ҳақ ва самимона буданашон қабул мекунед. Диққати Шумо, ҳимояти Шумо фақат ҳимояи ман набуд, балки ҳимояи одилонаи адабиёти халқҳои Шарқ буд, ҳамон зайл ки аз тарафи хукумати шӯро ва коммунистон бояд зуҳур меёфт.
Рафиқи муҳтарам!
Шумо худатон ҳамаашро медонед ва тавсифи ман китобамро назди Шумо маъно надорад. Фақат як чиз гуфтан мехоҳам. Мураттиби ин китоб, ки манам, фарсахҳо аз бӯи хайрхоҳии амир дур аст. Барои ӯ бӯи амир ҳамеша нафратангез буд. Инро бояд рафиқони мо дар хотир дошта бошанд. Шахсияти ман ва рафтори ман бурҳони қотеи инанд.
Дар масъалаи тартиб додани китоб гуноҳи ман ин аст, ки фармудаи таърихро ба ҷо овардам.
Ба намунаҳои назми форсӣ, ки дар соли 1922 дар Боку барои мактабҳои Шӯравӣ нашр шуда буданд ва ҳамчунин материалҳои назми Озарбойҷон, ки то ҳол дар Боку нашр мешаванд, ман пайравӣ кардам ва замони шеъри ҳазорсолаи тоҷикро нишон додам.
Бо амри қонуни таърих шеъри машҳури Рӯдакиро, ки ҳазору чанд сол пеш гуфта шуда буд ва акнун сабаби паст задани ман ва китоби ман гардид, дар аввали тазкира ҷо додам. Аммо ман шахсан амри зарурати таърихро ба ҷо оварда, барои муосирон навиштам:
«Бо азми хеш мақсади худро бароваред!
Бо дасти хеш ҳоҷати худро раво кунед!
Паймонаҳои пуршудаи зулм бишканед!
Кошонаҳои ҷавру ситам бар ҳаво кунед!
Шуд фурсате, ки хуни амирон ҳадар шавад,
Омад даме, ки ҷои вазирон сақар шавад».
(«Намунаҳо…», саҳ.579)
Ба монанди ин дигар ҷиҳатҳои инқилобро тасвир кардам.
Дар асоси фактҳое, ки дар сарсухан ва охирсухани китоби номбурда нишон додам, ман муқоисаи таърихӣ ва марксиситӣ накардам, барои муаррихони ҷавони оянда материал додам.
Айнӣ, 27.V.1927.
ш. Самарқанд.
Манбаъ: Султонов Ш., Вышневский А. Мукотибаи С. Айнӣ ва А. Знаменский роҷеъ ба «Намунаи адабиёти тоҷик» // Садои Шарқ.–1977.–№4.–С. 117-119; ҳамч.: Ҳақиқати таърих: Саҳифаҳои ноаёни таърихи ПК Тоҷикистон.–Душанбе: Ирфон, 1990.–С. 95-101.
Субҳони АЪЗАМЗОД