Пеш аз пардохтан ба гузаштаи Наврӯз то кунун бояд ин ҷашнро аз нигоҳи хилқат ва офариниш баррасӣ кард, чиро ки агар бихоҳем аз устураи растохез ва рӯишу офариниш сухане басазо ба миён оварем, ин аст, ки дар устурабоварӣ бояд бар ин ақида буд, ки меҳвари аслӣ ва намодини устураҳо ривояти офариниш аст. Шинохти ҷаҳон дар асотир бисёр аҳаммият дорад. Муҳимтарин суоле, ки дар бораи иллати пайдоиши ҳастӣ пурсида мешавад, ин аст, ки коинот чӣ гуна ба вуҷуд омадааст? Чӣ гуна ба таквину такомул расидааст? Ва афсонаҳо, ҳикоёт ва устураҳо ҳамвора ҳосили ахбор ва ривоёти ибтидоитарин чизҳо ҳастанд ва мусалламан, сарлавҳаи кори ҳамаи ин ривоёт бояд офариниш бошад. Чиро ки бо ин асл аст, ки ҳадаф ва мақсуд шакл мегирад. Дарвоқеъ, ин асотир ҳамон торихи муқаддасро бозгӯ мекунанд – ҳодисаи нахустине, ки дар оғози замон рух дод. Ин моҷаро дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар бахши асотирӣ бо офариниши инсон оғоз мешавад ва дар адабиёти милали дигар, бавижа дар сурудаҳои «Ригведо», устураҳои ҳиндӣ, нахустин офариниш инчунин муаррифӣ мешавад: “Он ҳангом на нестӣ буду на ҳастӣ, на ҳавое, на осмоне, ки аз он бартар аст. Он ҳангом на марг буду на зиндагии ҷовиде. Дар оғоз торикӣ дар торикӣ нуҳуфта буд. Ҳама ҷо об буд ва…”

Дар устураи ҳиндӣ омада, ки аз адам ё нестӣ, ки худи ҳастӣ буд, тухми мурғе падид омад, як сол бар ҷой монд ва сипас дунима гашт, ниме заррин, ки осмон гашт ва ниме дигар замин. Ва дар устураҳои юнонӣ низ кайҳон аз тухми мурғи аввалия падид омад. Ва дар асотири Эрон ин бовар вуҷуд дорад, ки Худо “нахуст осмонро офарид, рӯшан, ошкоро, бисёр дур, ва хоядеса (ба шакли тухми мурғ) ва аз хумоҳан (санги сахти тираи моил ба сурхӣ), ки гавҳари алмос аст. Сари ӯ ба рӯшании бекарон пайваст.” Аз тарафе метавон гуфт, ки Наврӯз, ки беиртибот бо ҷашни Окиту, яъне Соли Нави сумериёну бобилиён нест, навъе ҷашни офариниш аст ва дар Авасто низ аз офариниши ҷаҳон ва Каюмарс ва Машйе Машёне, ки аз нутфаи Каюмарс ба вуҷуд омаданд, сухан рафтааст. Ва дар Авастои давраи сосонӣ, ки акнун қисмате аз он мафқуд аст, Каюмарс ва нахустин ҷуфти башар чанд бор зикр шуда буданд. Пас дар ҳақиқат маросими Наврӯз таҷдид шудан ва такрорро бар мо малмӯс мекунад ва аз ҳамон ҳодисаи нахустин (офариниш) сухан мегӯяд. Ин ойин ҷанбаи минӯӣ ва қудсӣ ва динӣ дорад, сониян, ҳадаф навшудагӣ, такрори офариниш ва барандозии замони гузашта ва чирагӣ бар нерӯҳои шар(р) будааст. Инсон бо иҷрои маросими наврӯзӣ ба замони асотирӣ ва азалӣ даст меёфт ва бо лаҳзаи офариниш ягона мешуд. Дар асотири эронӣ Рапитвин сарвари гармои нимрӯз ва моҳҳои тобистон аст ва аз хешкориҳои ӯст, ки ҳар гоҳ деви зимистон ба ҷаҳон юриш меоварад, ӯ дар зери замин ҷой мегирад ва обҳои зеризаминиро гарм нигаҳ медорад, то гиёҳон ва дарахтон намиранд. Ӯ дар оғози ҳар баҳор бозмегардад ва дарахтонро шукуфо мекунад, пас ҷомаи сабзи шукуфаҳои зебо маҳсули пирӯзии Рапитвин дар сармост, ки дарвоқеъ намоди зиндагии муҷаддад ва такрор аст. Бояд гуфт, ки Наврӯз ва ҷашни Наврӯз тағйир ва такомули табиат ва ҷаҳон ва одамиён аст ва инсон бояд ба навгароӣ ва навандешӣ ва навшудагии зоҳирӣ ва ботинӣ ва таквину такомуле руҳӣ ва маънавӣ бирасад ва аз будан ба шудан тағйир ёбад ва бидонад, ки гузашта чароғи роҳи ҳол ва оянда аст ва инсони устураманди имрӯзӣ аз он ҷо, ки устураи бозгашти ҷовидонаро мешиносад, ба ин ҳақиқат воқиф аст, ки ҷаҳон мудом дар ҳоли нав шудан ва зоиши кайҳонӣ аст ва инсон метавонад, ба қавли Саъдӣ, ба олитарин мақом ва манзилат даст ёбад:
Расад одамӣ ба ҷое ки ба ҷуз Худо набинад,
Бинигар, ки то чи ҳадд аст макони одамият.
Аз пеш аз зуҳури Зартушт то кунун ҳеҷ рӯзе ва ҳеҷ ҷашне ба андозаи Наврӯз дар миёни ақвоми ориёӣ ва эрониён ва форсизабонони ҷаҳон ривоҷу равнақ ва аҳаммият надошта ва надорад ва дар тӯли таърих Наврӯз ва ҷашнҳои наврӯзӣ ҳамвора дар миёни ақвоми ориёӣ сорӣ ва ҷорӣ будааст. Дар мавриди пайдоиши Наврӯз назарияҳо ва орои гуногуне баён шудааст ва ба таври куллӣ торихчаи он ба ду бахши умдаи пеш аз ислом ва давраи исломӣ тақсим мешавад. Дар адабиёти динии зартуштӣ сухане аз Наврӯз ва Меҳргон ва идҳои бузурги миллӣ нест ва эҳтимол дорад ин идҳои миллӣ ё идҳои бумӣ ба пеш аз асри ориёиён марбут будааст ва бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар Авасто номи Ҷам ба сурати Йима омада ва ҳиндувони бостон ҳам худое ба ҳамин ном доранд, ин тақорун нишон медиҳад, ки даврони Ҷам ё Йимаро дар замоне ки ҳанӯз ориёиҳо ба ду шохаи ҳиндӣ ва эронӣ тақсим нашуда буданд, бояд қарор дод ва дар он замон ориёиҳо ҳанӯз ба сарзамини Ҳинду фалоти Эрон муҳоҷират накарда буданд. Ба ҳар ҳол «Шоҳнома» Наврӯзро ба даврони подшоҳии Ҷамшед нисбат медиҳад, вале дар Авасто ва ё дар китоби «Ригведо», ки китоби куҳани динии ҳиндувон аст, агарчи Ҷам ва ё Йима ҳузуре ошкор дорад, аммо аз корҳое, ки баъдҳо муаррихони эронӣ дар давраи сосонӣ ба ӯ нисбат медиҳанд, хабаре нест ва бад-ин гуна агар ҳам воқеъан Ҷамшеде вуҷуд дошта ва Наврӯзро бунён ниҳода, далоили қонеъкунандае барои исбот ё радди он дар даст нест. Бо ин ҳол аз ин баҳс наметавон дар радду нафйи қидмати (қадимии) Наврӯз натиҷагирӣ кард ва ба эҳтимоли қавӣ ин ҷашнест, ки қавми эронӣ ва ориёӣ ҳатто пеш аз ба қудрат расидани Ҳахоманишиён баргузор мекарданд ва метавон пешинаи онро то ҳазораи чаҳорум ва сеюми пеш аз мелод ва ҳатто пештар боло бурд. Ҷашни Наврӯз, ки иртиботи мустақиме бо обу ҳавову замин ва шароити муносиб барои кишту кори кишоварзӣ ва чорводорӣ дошт, дар Байнаннаҳрайн, аз ҷумла Бобил, Сумер, Ошур ва ҳамчунин дар Африқо, дар Миср, баргузор мешуд. Аз ҷумла ҷашнҳои фаслӣ ва наврӯзии Бобил ва Сумер метавон ба ҷашнҳои Окиту, Загмук, Сакно ишора кард, ки дар ин ҷашнҳо аз худои худоён Бъел Мардук ном бурда мешуд ва ӯро ба хотири офариниши замину осмон шукр мекарданд.
Ба ҳар ҳол, дар иртибот ба ҷашни Наврӯз дар Эрони бостон метавон гуфт, ки Наврӯз ва Фарвардин реша дар офариниш ва таҷдиди навгароии замин барои кишту кор ва кошту дошту бардошт дорад, ки идомаи ҳаёти башар низ ба ҳамин амр вобаста аст. Ва ин амр ҳатто аз замони пайдоиши Зартушт низ фаротар меравад. Дар мавриди ҷашни Наврӯз дар Эрони бостон муаррихони юнонӣ, аз ҷумла Ҳерудут ва Гзенефун ва дигар муаррихон ва муҳаққиқони шарқӣ ва ғарбӣ нивиштаанд, аз ҷумла Ортур Кристенсен ва Хайём ва Абӯрайҳони Берунӣ ва… ба ойини Наврӯз ва қидмати он пардохтаанд ва матолиби арзандае нивиштаанд. Дар китоби «Бундаҳишн», ки аз китобҳои динии паҳлавии сосонӣ аст, аз Наврӯз ва маросими эрониён дар ин рӯз ёд шудааст. Аз ҷумла Зартушт се бор бо Ҳвувӣ, ҳамсари худ, духтари Фарошӯстар, бародари Ҷомосб, вазири Гуштосб наздик шуд ва ҳар бор нутфае аз вай ба замин уфтод ва ин се нутфа таҳти муроқибати эзад Оноҳито, фариштаи об, дар дарёчаи Киёнсе, ки бо дарёчаи Ҳомун татбиқ дода мешавад, ниҳода шуд. Дар он ҷо дар гузашта куҳе будааст ба номи Куҳи Худо, ки ҷойгоҳи гуруҳе аз порсиён будааст. Ҳар сол дар Наврӯз ва Меҳргон мардум духтарони худро барои обтанӣ ба канори дарёчаи мазбур мефиристодаанд, зеро Зартушт ба онҳо гуфтааст, ки аз яке аз духтарони эшон Ҳушидар, Ҳушидармоҳ ва Сӯшиёнс, ки дар ҳақиқат самбулҳои навини хилқат ҳастанд, зода мешаванд. Ҳамчунин, дар бораи пайдоиши Наврӯз аз гузашта то имрӯз нависандагон ва муаррихон дар сабаби бузург шумурдан ва илали мондагории он дар хотираҳо нукотеро зикр кардаанд, аз ҷумла:
1. Каюмарс, ки нахустин подшоҳ (дар «Шоҳнома») ва ё нахустин инсон (дар ойини зартуштӣ) аст, дар Наврӯз ба дунё омад.
2. Ҳушангшоҳи пешдодӣ дар ҳамин рӯзи фархунда мутаваллид шуд.
3. Таҳмурас дар ин рӯзи фаррух девони табаҳкор ва мардумозорро ба банд кашид ва асир кард.
4. Фаридуншоҳ дар ин рӯз кишвари паҳновари Эронро миёни се фарзанди худ, яъне Эраҷ, Салм ва Тӯр тақсим кард.
5. Соми Наримон, қаҳрамони миллии эрониён, дар ин рӯз дар пайи саркӯбии мардумозорон бархост ва бунёни табаҳкориро вожгун намуд ва осоиши мардуми кишварро пойдор сохт.
6. Кайхусрав, фарзанди Сиёвуш, дар ин рӯз аз модар зода шудааст.
7. Кайхусрав дар ин рӯзи фархунда афсари подшоҳиро ба Луҳросб бахшид.
8. Зартушт дар ҳамин рӯз мутаваллид шуд.
9. Зартушт дар ҳамин рӯз аз сӯи Аҳуромаздо ба пайғамбарӣ баргузида шуд.
10. Шоҳ Гуштосб ва бону Катоюн ва Ҷомосб дар ин рӯз ойини Маздаясноро пазируфта ва аз Зартушт пайравӣ карданд.
Ва аммо дар ривоёти исломӣ Наврӯз бад-ин гуна муаррифӣ шудааст:
1. Бино ба ақидаи фирқаи Имомия – шиъаи дувоздаҳимомӣ, рӯзи ҷулуси ҳазрати Алӣ (ъ) бар маснади хилофат ва низ воқеаи бузурги таърихӣ ва мазҳабии Ғадири хум ва интихоби ҳазрати Алӣ (ъ) аз тарафи ҳазрати Муҳаммад (с).
2. Бино ба фармудаи имом Ҷаъфари Содиқ (ъ) Наврӯз рӯзест, ки Худованд аз бандагонаш паймон гирифт, ки ӯро парастанд ва мушрик нашаванд ва имон ба пайғамбарони ӯ ва имомҳо биёваранд.
3. Рӯзест, ки замин халқ шуд ва офтоб тобид ва ҳаво вазидан гирифт.
4. Рӯзест, ки киштии Нуҳ бар нуқтае аз замин ба номи Ҷавдӣ нишаст.
5. Рӯзест, ки Ҷабраил бар паёмбар нозил шуд.
6. Рӯзест, ки ҳазрати Иброҳим (ъ) бутҳоро шикаст.
7. Рӯзи хилқати Одам ва Ҳавво ва…
Нуктаи қобили зикр ин аст, ки баъд аз ҳамлаи аъроб ва барчида шудани одобу русум ва дини зартуштӣ ва ҷойгузин шудани дини ислом, мардуми Эрон, бавижа донишмандон ва андешамандон, саъй карданд, ки ойинҳо, маросими миллӣ ва таърихии гузаштагони худро ба наҳве зинда нигаҳ доранд ва зимни пазириши дини ислом нисбат ба мавориси фарҳангӣ ва миллии худ бетафовут набошанд. Аз ин рӯ, барои ин аъроб монеъе дар баргузории маросим ва ойинҳои онҳо ба вуҷуд наоварданд, саъй карданд, ки ин ойинҳо ва маросимро ба навъе бо андешаҳои исломӣ пайванд диҳанд ва зиракона ва огоҳона ба ин амри муҳим пардохтанд. Аз ҷумла ин ки иддае аз донишмандон ва фузалои эронӣ ба истиноди кутуб ва аҳодис ва гоҳшуморӣ гуфтанд, ки рӯзе, ки ҳазрати Алӣ (ъ) ба ҷонишинии паёмбар баргузида шуд, мусодиф бо Наврӯз буд. Ва Ҳотифи Исфаҳонӣ қасидае дар васфи Наврӯз ва ҷулуси ҳазрати Алӣ (ъ) сурудааст:
Ҳумоюн рӯзи Наврӯз аст имрӯзу ба фирӯзӣ,
Бар авранги хилофат кард шоҳи «Ло фато» маъво.
Ва ё Қоонӣ:
Расид ба гӯши дил ин муждаам зи ҳотифи ғайб.
Ки гашт Шери худованд шаҳриёр имрӯз.

Наврӯз дар аҳди хулафо

Дарборҳои хулафои нахустини аҳди ислом ба Наврӯз эътиное надоштанд ва ҳатто ҳадоёи ин ҷашнро ба унвони хироҷи солиёна мепазируфтанд, вале хулафои уммавӣ барои афзудани даромади худ ҳадоёи Наврӯзро аз нав маъмул доштанд ва амирони эшон барои ҷалби манофеъи худ мардумро ба эҳдои туҳфаҳо даъват мекарданд. Андаке баъд ин расм низ аз тарафи хулафои мазбур ба унвони гарон омадани эҳдои туҳфаҳо бар мардум мансух гардид. Вале дар тамоми ин муддат эрониён маросими ҷашни Наврӯзро барпо медоштанд. Дар натиҷаи зуҳури Абӯмуслими Хуросонӣ ва рӯи кор омадани хилофати аббосӣ ва нуфузи хонадони Баромака (Бармакиён) ва дигар вузарои эронӣ ва ташкили силсилаи Тоҳириён ҷашнҳои Эрон аз нав равнақ ёфтанд.
Ба ҳар ҳол, Наврӯз бо таваҷҷуҳ ба оро ва андешаҳои пайдоиши он аз пеш аз Зартушт дар Эрон ва навоҳии зери султаи он ривоҷу равнақ дошта ва пуршукуҳтарин ва боаҳаммияттарин ҷашни эрониён ва форсизабонон аст ва дар адвори гузашта, дар даврони бостон, бавижа дар давраи Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён ба унвони як ҷашни миллӣ ва мазҳабӣ мавриди таваҷҷуҳ будааст ва реша дар боварҳо ва эътиқодоти деринаи ориёиён дорад. Ва баъд аз ислом давлатҳои Тоҳириён ва Сомониён ба эҳёи ин ҷашн ва дигар одобу русуми эронии бостон пардохтанд ва дар давраи Дайламиён ва Ғазнавиён низ ин ид ба таври бошукуҳ баргузор мешуд ва ҳатто дар замони тасаллути муғул ҳам эрониён ё тоҷикон ин ҷашнро паноҳгоҳ ва дастовези худ сохтанд ва ба унвони шиоре барои намоён сохтани руҳи маҷду азамат ва дифоъ дар муқобили чирагарони ғосиб ва изҳори истиқлол қарор доданд. Шуарое чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хоҷӯи Кирмонӣ, Салмони Соваҷӣ ва… дар васфи Наврӯз ашъори нағзу пурмағзе суруданд ва ва наврӯзсароӣ то асри ҳозир идома дорад. Ин ҷашн дарвоқеъ санади пурифтихори ҳувияти маънавӣ ва минавии нажоди ориёӣ аст, ки ҳамвора дар тӯли торих сарбаланду сарафроз аз мавориси фарҳангӣ ва илмию адабӣ ва мазҳабии худ дифоъ кардааст ва бисёре аз суннатҳо ва улуму ҳунарҳои худро ба ақсо-нуқоти ҷаҳон содир намудааст.
Ин буд мухтасаре аз пешинаи Наврӯз. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ойину маросимҳои Наврӯз ва чидани дастархони ҳафтшину ҳафтсин бояд пурсид, ки решаҳои чидани ин ду дастархон аз куҷо пайдо шудааст?
«Ҳафтшин» — дар авоили даврони исломӣ дастархоне, ки дар Наврӯз эрониён ё ориёиён мегустарданд, шомили хӯрданиҳо ва чизҳое буд, ки бо ҳарфи «Ш» шуруъ мешуд, аз ҷумла шир, шакар, шаҳд, ширинӣ, шалғам, шамшод, шароб, шамъ ва ё ҳар чизе, ки бо ҳарфи «Ш» шуруъ мешуд. Вале бархе гуфтаанд, аз он ҷо ки шароб ҳаром шумурда шуда, ин ҳафтшин ба ҳафтсин тағйир ёфта ва ба ҷойи неъматҳо ва хӯрданиҳое, ки дар дастархон мечиданд, аз чизҳое истифода карданд, ки бо ҳарфи «С» шуруъ мешуд ва ин амр то кунун ҳам идома дорад: сирка, суманак, себ, сабза, синҷид, сикка, сумоқ, самбӯса, ё сир (чеснок). Ба ҳар ҳол, ҳафт чизро барои чидани дастархони наврӯзӣ бо ҳарфи «Ш» ва ё «С» интихоб мекарданд ва илова бар онҳо ойина, тухми мурғ, моҳӣ дар об ва китобҳои Ҳофиз, Қуръон ва шамъро дар дастархони Наврӯз мегузоштанд ва мегузоранд, ки ҳар як рамзе дорад. Аз ҷумла тухми мурғ нишонаи зоиш ва тавлид ва ин ки тибқи андешаҳои ҳиндии Рикведоӣ, ҷаҳон аз тухми мурғ ба вуҷуд омадааст ва ё ойина нишонаи покӣ ва рӯшноӣ ва диле, ки бояд ҳамчун ойина шаффоф, бегарду ғубор ва бе зангор бошад. Чунонки Мавлавӣ мегӯяд:
Гар қасди шумо дидани он хонаи ҷон аст,
Аввал рухи ойина зи сайқал бизудоед.
Ҳофиз мегӯяд:
Чашми олуданазар аз рухи ҷонон дур аст,
Бар рухи ӯ назар аз ойинаи пок андоз.
Ва моҳӣ дар об низ нишонаи идомаи ҳаёт ва зиндагӣ аст. Шамъ низ нишонаи рӯшноӣ ва гармии оташ аст, ки баргирифта аз ойини митроизм ва Зардушт аст. Қуръон, ки каломи Худост ва Ҳофиз, ки «Лисон-ул-ғайб» аст ва бо девони ӯ фол мегиранд.
Аммо ин ки адади ҳафт (7) чи дар ҳафтшин ва ё ҳафтсин аз куҷо омадааст, бояд гуфт, усулан дар адабиёти форсӣ ва китобҳои назму наср адади ҳафт муқаддас аст ва бисёре аз таркибҳову мавзуъҳои мухталиф бо адади ҳафт шуруъ мешаванд: ҳафт дарё, ҳафт иқлим, ҳафт осмон, ҳафт хони Рустам, ҳафт шаҳри ишқ, ҳафт водии сайру сулуки ирфонӣ, аждаҳои ҳафтсар, ҳафт рӯз, ҳафт ганҷ, ҳафт амшоспанд, ҳафт кишвар. Чунонки Ҳофиз мегӯяд:
Шерозу оби Рукниву он боди хушнасим,
Айбаш макун, ки холи рухи ҳафт кишвар аст.
Дар мавриди адади ҳафт дар ҳафтшини наврӯзӣ метавон гуфт, ки вожаи «Шанбе», ки дар бисёре аз забонҳои дунё ворид шуда, ба ақидаи гуруҳе аз муҳаққиқони забоншиносӣ аз вожаи «Шаббат»-и ибрӣ ба маънои «истироҳат» аст, ки шаббат баъдҳо дар забони арабӣ ба «Сабат» ба кор бурда шуд, дар ҳақиқат ҳафтумин рӯзи хилқат аст, ки бо ғуруби ҷумъа оғоз мешавад ва бо ғуруби шанбе анҷом мепазирад. Ва рӯзи шанбе ба маънии истироҳат дар ҳақиқат рӯзи шукргузорӣ аз Худованд барои офариниш ва хилқат аст, зеро дар Авесто, Таврот ва Қуръон омадааст, ки Худованд дунёро дар шаш рӯз ё шаш марҳила офаридааст ва такомули хилқат дар шаш рӯз будааст ва рӯзи ҳафтум, ки ҳамон «Шаббат» ва ё шанбе дар талаффузи имрӯзӣ бошад, рӯзи истироҳат ва ҷашн мебошад. Чунонки имрӯза низ дар кишварҳои урупоӣ ва омрикоӣ рӯзи шанбе истироҳат ва таътил мебошад.
Бино бар ин, ба назар мерасад, дастархони ҳафтшин ва ҳарфи «Ш» аз тақаддуси рӯзи шанбе ё «Шаббат» гирифта шудааст ва натиҷаи ҳамин эътиқод мебошад.
«Ҳафтсин» — аммо дар бораи ҳафтсин метавон гуфт ҳарфи «С», ки дар дастархони наврӯзӣ аст, баргирифта аз андеша ва фалсафаи дини Зардушт аст, ки асоси ҷаҳонро бар ду асл медонад:
1. Сипантомину (хиради муқаддас — хиради неку, ки аз сифоти аслии Аҳуромаздо аст).
2. Ангромину (хиради номуқаддас ва бади шайтонӣ, ки сифати аслии Аҳриман мебошад).
Дар андешаи зардуштӣ мо ба вожае ба номи «Амшоспандон» бархӯрд мекунем, ки дар раъс ва болои он Аҳуромаздо аст ва шаш фаришта ё эзад бо номҳои эзади Ардибиҳишт (рамзи ростӣ), Хурдод (рамзи камол), Амурдод (рамзи ҷовидонӣ ва бемаргӣ), Баҳман (рамзи маниши нек), Шаҳривар (рамзи қудрат), Исфанд (рамзи адаб, фурутанӣ ва покӣ), ки ин шаш фаришта ё эзад ёварон ва баргузидагон ё эзадони таҳти фармони Аҳуромаздо ҳастанд ва бо шумориши Аҳуромаздо ба ҳафт мерасанд. Аз ин руст, ки дастархони наврӯзӣ бо ҳафтсин ороста мешавад ва ҳарфи «С» баргирифта аз Сипантомину аст, ки ҳарфи «С» аз Сипанто гирифта шудааст. Амшоспандон ба маънои ҷовидонони муқаддас ҳастанд. Амеша (бе марг — ҳамеша), спента ё сипанд ба маънои муқаддас мебошанд. Пас, ин ҳафтсин низ, ки аз калимаи «сипанто», яъне муқаддас аст, худ низ ҷанбаи тақаддус дорад.
Нуктаҳои боло ва пешинаи торихии Наврӯз гуфта шуд, то битавонем пуле миёни гузашта ва ҳол ва баҳрамандӣ аз фалсафаи ҷашни Наврӯз ва дигар ҷашнҳои бостонӣ барои зиндагии нави худ барқарор кунем ва аз гузашта, таҷрубиёт ва фалсафаи он чароғе роҳнамо ва роҳгушо барои ҳол ва ояндаи худ бисозем ва ба фалсафаи Наврӯз, аҳаммияти ин фалсафа ва дарки дурусти рамзҳои ин ҷашн бипардозем. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳаводис ва рӯйдодҳои устураӣ, торихӣ ва боварҳои ақидатӣ, баргузории ҷашнҳои куҳан, ба таври куллӣ боварҳои фарҳангӣ бояд ҳамчун чароғи роҳнамои ҳолу оянда бошад. Ва мо битавонем ба фалсафаи дирӯз ва имрӯзи ин ҷашнҳо аз назари ақлӣ, илмӣ ва фалсафӣ бардошти хирадгароёна ва муфид ба ҳоли имрӯз дошта бошем. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки усулан Наврӯз ба маънои рӯзи нав, навгароӣ ва тағйири диёлектикии ҷаҳон, тафаккур ва пешрафти инсон мебошад, ки бояд инсон дар сайри зиндагии худ ба такомули ақлию илмию отифию инсонӣ бирасад, рӯзи Наврӯз ё ҷашни Наврӯз ин паёмро ба мо медиҳад, ки мо бояд ба навгароӣ ва мудернисм бирасем. Ва бо ин ки як сол аз умри мо гузаштааст ва як сол бузургтар шудаем, оё аз назари руҳу равон, фикру андеша, эҳсосу отифа, меҳру муҳаббат ва таваҷҷуҳ ба адолату муҳаббат ва инсондӯстӣ оё бузург шудаем ва тағйир ё фоидае доштаем ё не? Бояд биёмӯзем ҳамчунон ки табиат нав ва зебо мешавад, мо низ аз назари фаҳм, дарк, шуур, адолат, каромат, меҳру муҳаббат, ишқу инсоният нав бишавем ва ҷанбаҳои манфӣ ва шайтониро аз худ дур кунем, ҷанбаҳои аҳуроиро дар худ тақвият намоем.
Пас, метавон гуфт, ки Наврӯз ҳамчун муаллиме роҳнамо, роҳкушо ва ҳикматомӯз аст ва мо набояд танҳо ба қолаби зоҳирӣ ва ҷашни зоҳирии Наврӯз таваҷҷуҳ кунем, балки бояд паёми навгароии Наврӯзро дар даруни ҷону қалбу фикри худ ҷой диҳем ва аз сурати зебо ба сирати зебо бирасем. Дар ҳамин робита зиндаёд Манучеҳри Оташӣ мегӯяд:
Ояд баҳору пираҳани беша нав шавад,
Навтар бароварад гул, агар реша нав шавад.
Зебост рӯйи кокули сабзат кулоҳи нав,
Зеботар он ки дар сарат андеша нав шавад.
Моро ғами куҳан ба майи куҳна биспуред,
Бар ҳоли мо чи суд, агар шиша нав шавад.
Шабдиз роми Хусраву Ширин ба коми ӯ,
Бар фарқи мо чӣ фарқ, агар теша нав шавад.
Ҷон медиҳему нози туро боз мехарем,
Савдо ҳамон кунем, агар пеша нав шавад.

Муҳаммадризо Тоҷдинӣ, шоир,
нависанда ва пажӯҳишгари эронӣ,
узви Анҷумани тоҷикон ва
форсизабонони ҷаҳон-Пайванд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here