Эҷодкорӣ яке аз истеъдодҳои худододист ва аз уҳдаи он на ҳар кас баромада метавонад. Нахуст, эҷодкор бояд кӯшиш кунад, ки истеъдоди худро сайқал диҳад.

Мардуми фарҳангдӯсти тоҷик аз азал ба эҷдокорӣ завқи беандоза дошт, дорад ва онро наслҳояш идома дода истодаанд. Бояд қайд кунем, ки эҷодиёт бояд дар дараҷаи баланд гуфта шавад. Вақте ки дилхоҳ эҷодиёт дар дараҷаи баланд гуфта мешавад, мақоми худро меёбад ва таваҷҷуҳи хонандагонро ба худ ҷалб мекунад.

Навиштани шеъру тарона низ яке аз самтҳои эҷодкорӣ ба ҳисоб рафта, заҳмати зиёдро талаб менамояд. Махсусан, шоир шеърро тавре бояд эҷод кунад, ки мувофиқи тақозои ҷомеа ва ба дили хонанда ошно бошад. Яке аз чунин шахсони саршори шеър рӯзноманигор, шоир, таронанавис Орзу Исоев мебошад, ки дар миёни мардум мақому манзалати худро пайдо намудааст. Орзу Исоев 14-уми октябри соли 1976 дар шаҳри Бохтар ба дунё омадааст. Пас аз хатми муассисаи миёна ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав шомил гашта, онро аз рӯи ихтисоси филология хатм намудааст.

Орзу Исоев яке аз он шахсонест, ки то ба мақоми назаррас расидан дар зиндагӣ роҳҳои шебу фарозеро паси сар намуда ва ранҷу азобҳои зиндагиро аз сар гузаронидааст. Аз хурдӣ барои талаботи молиявии худро қонеъ гардонидан ҳар он заҳмате, ки аз наздаш мебаромад, анҷом медод, то зиндагиашро идома диҳад. Ҳама он ранҷу азоберо, ки аз наздаш мебаромад, убур мекард ва талош меварзид, ки ба мақсадҳои дар наздаш гузошта ноил шавад. Маҳз ба ин хотир фаъолияти меҳнатиашро аз замони донишҷӯӣ аз телевизиони “Хатлон” шуруъ намудааст. Баъд аз хатми донишгоҳ дар телевизиони “Хатлон”, “Тоҷикистон”, радиои “Имрӯз”, як замон дар “Тоҷикфилм” фаъолият намуда, ҳоло дар телевизиони “Сафина” фаъолият карда истодааст.

Дар замонҳои аввали фаъолияташ Орзу Исоевро ҳамчун рӯзноманигор мешинохтанд ва ҳоло дар назди наслҳои нав бошад, ӯ ҳамчун шоир шуҳрат пайдо намудааст. Ҳоло дар умум ӯро ҳамчун рӯзноманигор, таронанавис ва шоир мешиносанд.

Аввалин маҷмӯаи шеърҳои Орзу Исоев бо сарсухани муаллифи Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ бо номи “Таронаи танҳоӣ” ба дасти ҳаводорони шеъру суруд расидааст:

Дар кӯчаҳои шаҳр ба танҳоӣ,

Паймуда роҳи дард ба танҳоӣ.

Меуфтам аз дарахти ниёзи хеш,

Чун баргҳои зард ба танҳоӣ

… Аз ман бирафт ҳар чи ки дар ман буд,

Аз ман бирафт шавқи шукуфтанҳо.

Ман чилланишини барги баҳоронам,

Дар фасли тирамоҳ тани танҳо.

Маҷмӯаи дуюми шеърҳои Орзу Исоев соли 2015 бо номи “Он сӯи ёдҳо” ба дасти мухлисонаш роҳ ёфтааст:

Он сӯи ёдҳо,

Он ҷо, ки баргро хабар аз тирамаҳ набуд,

Гул хоки раҳ набуд

… Оҳ, ай, Худо, чӣ гуна тавонам, ки баъд аз ин

Дар лобалои исмати як фарди ношинос.

Он вожае, ки ҳеҷ ба серӣ нагуфтамаш,

Дар ҷамъ панҷ ҳарф

Аз дил бадар шавад,

Яъне падар шавад!?

Тавре дар боло зикр кардем, шеър бояд бо тақозои ҷомеае, ки мо зиндагӣ мекунем, гуфта шавад. Ҳоло, дар ин замонае, ки мо зиндагӣ мекунем, бояд шоир бо тақозои ин замона шеър эҷод кунад. Айни замон баъзан вақт шеърҳоеро вомехӯрем, ки гӯё дар асрҳои қадим зиндагӣ карда истода бошем. Ё баъзан вақт дар шеърҳо номҳои деҳаҳо, манзараҳо, дарёҳо ва дигар номҳоеро вомехӯрем, ки ба ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо тааллуқ надоранд. Бояд ёдовар шавем, кишвари маҳбуби мо пас аз соҳибихтиёр гардидан, дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии худ тағйироти назаррасро ворид кард, ки метавон вобаста ба ин тағйиротҳо шеър гуфт. Мақсуд аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки бояд тасвирҳое дар шеър кард, ки вобаста ба ҳаёти рангини имрӯзаи мо бошад.

Агар шеърҳои Орзу Исоевро мутолиа намоем, ҳатман дарк мекунем, ки вобаста ба замони имрӯзаанд. Дар шеърҳояш низ тасвирҳое мекунад, ки кишвари маҳбуби мо онро дорост. Барои мисол, дар як шеъраш хиёбони Рӯдакиро гуфтааст:

… Дар хиёбони ба номи Рӯдакӣ

Барф ҳасратнома иншо мекунад.

Бод бо рақси дилошӯби сафар,

Дар сукутам шур барпо мекунад.

Гар нагӯям қиссаи дилро ба ту,

Пас, ба кӣ гӯям, ба кӣ гӯям, ба кӣ?

Бош бо ман, бош бо ман то саҳар

Дар хиёбони ба номи Рӯдакӣ.

Шеър бояд вобаста ба дарди ҷомеа бошад. Устод Орзуро шоири замонасаро ва дардсаро ҳам гӯем, хато намекунем:

Табассум дар лабони ман чу сарпӯшест рӯи дег,

Ки бардорӣ агар, сар то ба пояш гиря меҷӯшад.

Шеърҳои Орзу Исоев аз шеърҳои дигар шоирон фарқ дорад. Шеърҳояш муосир буда, вобаста ба ҳаёти имрӯза ва пешравии ҷомеаи имрӯза эҷод гардидаанд. Имрӯз бисёре аз сарояндагони машҳур шеърҳояшро месароянд ва таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд:

Рухсат аз кор гирифтам, ки туро

Ба диёри ғазали тоза барам.

Сари овора дилам, пораи худ

Ман аз ин шаҳри пуровоза барам

… Эй, ба андозаи як шеър азиз,

Дили гумноми маро ном бидеҳ.

Дар давоми санади рухсати ман,

Рухсати тантанаи ком бидеҳ!…

 

Худойдод АВҒОНОВ,

донишҷӯи ДИД назди Президенти ҶТ

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here