Барои рушди қолинбофӣ ва баровардани маҳсулоти ҳунармандон ба бозори минтақавию ҷаҳонӣ ниҳодҳои марбута дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд талош меварзанд. Ҳамзамон, дар доираи ин ташаббус ҷалби паноҳҷӯёну гурезагон ҳам ба шуғл фаро гирифта шудааст. Ба ин хотир моҳи сентябри соли 2019 дар доираи ҳамкории Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ бо лоиҳаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО) намоиш ва фурӯши тирамоҳии қолинҳои дастбоф баргузор гардид. Намоиши мазкур дар Иттифоқи рассомони Тоҷикистон сурат гирифт. Мақсади асосии намоиш саҳм гузоштан дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди туризм ва иҷрои уҳдадори Тоҷикистон доир ба ҳимояи ҳуқуқҳои фитрӣ ва маишии паноҳҷӯён аст. Инчунин, як қатор имтиёзҳо низ барои дастгирии ҳунармандон ҷорӣ карда шудааст.

Тавре муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Содиқҷон Рустамӣ зимни баромади худ дар намоишгоҳ гуфт, ҳунармандон метавонанд яке аз бахшхои саноатикунониро тақвият бахшанд. “Дар натиҷаи чораандешиҳои мудовим анъанаи қолинбофӣ, ҳамчун ҷузъе аз ҳунарҳои марудмӣ ба тадриҷ ривоҷ ёфта, занону духтарони зиёд аз ин ҳисоб рӯзгори худро таъмин мекунанд. Яке аз ин ташаббусҳо лоиҳаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат ё UNIDO ва Раёсати Комиссариати Олии СММ дар кори паноҳандагон (UNHCR) дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав мебошад. Марҳилаи дувуми лоиҳаи мазкур ҳудуди ду моҳ пеш оғоз гардида, мақсади он бо рушди саноати қолинбофӣ муҳайё сохтани ҷои кор барои занони бекор ва паноҳҷӯёни муқими Тоҷикистон аст. Боло бурдани сатҳи рақобатпазирии маҳсулоти ҳунармандон метавонад заминаи аслии ривоҷи қолинбофии дастӣ шавад”,- иброз дошт ӯ.

Ҳамчунин, Сарвиноз Ҷунайдова — ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи UNIDO дар Тоҷикистон чунин мегӯяд: “Лоиҳаҳо барои модернизатсия ва рақобатпазирии бахши қолинбофӣ ва нассоҷӣ дар Тоҷикистон равона гардидаанд, ки ин ташаббус дар доираи ҳамкорӣ ва шарикӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав сурат мегирад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар ин самт Русия низ моро дастгирӣ мекунад. Имрӯз қолинҳои дастбофи коргоҳҳои маҳаллӣ бо истифода аз сӯзанӣ, атлас ва адрас ба намоиш гузошта шуданд. Миллати тоҷик таърихан дорои ҳунарҳои бойи мардумӣ ҳастанд, ки дар онҳо унсурҳои миллӣ таҷассум меёбанд. Ҳунармандони ботаҷрибаи тоҷик дар офаридани ороишоти сангӣ, асбобҳои мусиқию рӯзгор, маҳсулоти заргарӣ маҳорати нодир доранд. Технологияи ин ҳунарҳои мардумӣ аз насл ба насл боқӣ мондаанд. Солҳои охир Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд, ки ин фоли нек аст”.

Бояд гуфт, ки қолинҳои дастбофи ҳунармандони тоҷику афғон бо ороиши рангҳои нарм, мавзуҳои этникӣ ва нақшҳои аслӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта шуда буданд, ки бо назардошти анъанаҳои беҳтарини Шарқ бофта шудаанд. Ин қолинҳо бо мероси ҷовидонаи фарҳанги чандинасра бозгӯи ҳунару маҳорати бонувони тоҷику афғон мебошад. Қолинбофӣ нақши муҳиме барои таъмини иқтисодӣ ва машғулияти аҳолӣ, бахусус барои занон дорад.

Баҳри пешбурди кори истеҳсолкунандагони коргоҳҳои мазкур шароити мусоид ба роҳ монда шуда, маҳсулоти онҳо асосан ашёи хоми маҳаллӣ, яъне аз пашм истифода мебаранд. Наргис Наврӯзӣ, ки дар доираи лоиҳаи мазкур ба омӯзиши занон машғул аст, дар суҳбат бо мо гуфт: “Айни замон ашёи хом пурра аз дохили кишвар дастрас карда мешавад. Қолинбофӣ анъанаи нодири шарқӣ буда, ҷузъи ҷудонашавандаи ҳунарҳои мардумӣ аст. Роҳу усулҳои он барои мардуми Тоҷикистону Афғонистон ба хубӣ ошност. Ноамниҳои сиёсиву амниятӣ дар кишвари ҳамсоя боис гардид, ки қисмате аз аҳолӣ дар дигар кишварҳо паноҳ ҷӯянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бештар аз 2 600 гурезаи афғон паноҳандагӣ додааст. Ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд талош дорад шароити кори муносиберо барои паноҳҷӯён фароҳам орад”.

Намояндаи Раёсати Комиссариати Олии СММ дар кори паноҳандагон Ҷаҳонгир Дуронӣ қайд намуд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин замина уҳдадориҳояшро сарбаландона иҷро мекунад: “Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои хеш имкониятҳои мусоидро барои гурезагон фароҳам овард. Ҳамчунин, иттиҳоди иҷтимоӣ ва ҳамзистии сулҳомезро таъмин намуд. СММ ҳам дар навбати худ барои ҳимояи паноҳҷӯён дар ҳамкорӣ бо ҳукумат лоиҳа ва барномаҳои гуногунро ба роҳ мондааст. Гурезаҳо ҳангоми фирор қобилиятҳо, ҳунарҳо ва донишашонро бо худ мегиранд. Шаҳрвандони ҶИ Афғонистон ҳам дар ин самт истисно нестанд. Ин гурезаҳо донишҳо ва малакаҳои аслӣ ва беназире доранд, аз қабили қолинбофӣ бо усули афғонӣ. Дастгирии паноҳҷӯён барои нигоҳ доштани ҳуввият ва фарҳанг ҳатмист, аммо муҳимтар аз он ҳимояи иҷтимоӣ ва шаъну шарафи онҳост. Хушбахтона, ҷалби занони паноҳҷӯ ба қолинбофӣ ба талошҳои Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мувофиқат мекунад. Ҷалби гурзегон ба ин соҳа дар иқтисоди миллӣ саҳм хоҳад гузошт”.

Ёдовар мешавем, ки барои омода намудани коллексияи «LA’AL Textiles» дар якҷоягӣ бо кормандони корхонаҳои нассоҷӣ тақрибан аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон занони ҳунарманд, аз ҷумла намояндагони гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, ки дар хонаашон ба бофандагӣ машғул ҳастанд ва инчунин паноҳандагон аз Афғонистон, ки барои онҳо ин намуди кор аксар вақт манбаи ягонаи даромади оилавиашон мебошад, фаъолият мекунанд.

Мавзуна МУҲАММАДАЛӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here