Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба илму дониш яке аз масъалаҳои калидӣ барои ҳар як давлат ва миллат ба ҳисоб меравад. Зеро танҳо илму дониш метавонад миллат ва давлати миллиро дар ин ҷараёни пуртуғёни равандҳои сиёсии баъзан тахрибкор эмин нигоҳ дорад. Дар чунин шароит роҳандозӣ шудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми хело наҷиб ва созанда мебошад. Дар баробари дигар иқдомҳои неки Сарвари давлат дар самти рушди худшиносии миллӣ ва тақвияти тафаккури зеҳнии ҷомеа ин озмун низ нақш ва мақоми муайяни худро дорад.

Инак, соли дуюм мешавад, ки мо шоҳиди баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мешавем. Эҳсос мегардад, ки имрӯзҳо бо таъсири ин озмун ҷомеа ба илму адабиёт рӯ оварда, дар пайи сайқал ва таҳким бахшидани донишҳои хеш мебошад. Алабатта, озмун озмун аст. Дар он бояд арзандаҳо соҳиби ҷойҳои намоён шаванд. Аммо бо туфайли ин озмун садҳо нафар шаҳрвандони синну соли гуногун, ки сазовори ҷойҳои намоён нашуданд, ба илму дониш ва адабиёт рӯ оварданд ва инро беҳтарин муваффақият дар ҳаёти эшон ва беҳтарин ҷоиза дар ин озмун номидан мумкин аст.

Бо мақсади дар оянда боз ҳам беҳтар шудани рафти озмун ҳамчун як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамчун як нафар мухлису ихлосманди ин озмун мехоҳам якчанд пешниҳодҳои худро иброз дорам.

Қаблан бояд ба назар гирифт, ки чунин озмунҳо як тарафи бисёр нозук доранд, ки ҳангоми ба эътибор нагирифтани он мешавад ҳангомаҳо атрофи озмун зиёд шавад ва садҳо нафарон ба қавле аз рафти озмун дилшикаста гарданд. Ин албатта ҷой доштани адолат дар ҷамъбасти 4 даври озмун мебошад. Бо ин ҳарфҳо мо наметавонем иддао намоем, ки ҷамъбасти озмун, махсусан даври ҷумҳуриявии он беадолатона натиҷагирӣ шуд. Аммо боз бо боварии комил наметавонем даъво намоем, ки он аз рӯи адолат буд. Чаро? Агар рафти даври 3-юм ва 4-уми озмун тариқи шабакаҳои телевизионӣ, бахусус ТВ “Баҳористон” намоиш дода шуда бошад ҳам, аммо ҷараёни муҳокима ва ба ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ сазовор донистани иштирокчиён зери пардаи пӯшида гузашт. Хуб мешуд он низ мисли баромади иштирокчиён тариқи шабакаҳои телевизионӣ ба мардум нишон дода мешуд, ки он дар шаффофияти озмун нақш мегузошт. Масалан тариқи телевизион мебинем, ки ҳакамон барои баромади иштирокчӣ аксаран офарину аҳсан мехонанд ва каф мекӯбанд. Ин албатта барои руҳбаланд намудани довталабон хело хуб аст. Лекин баъзе иштирокчиёне ҳам буданд, ки дар воқеъ, бо донишу малака ва баромади хеш боиси аҳсану марҳамати ҳакамон шуданд, аммо ҳангоми ҷоизасупорӣ ҳатто онҳоро ба ҷои ифтихорӣ низ сазовор надонистанд. Тасаввур кунед, ки агар наврасе бо машаққат ба озмун тайёр шудаасту ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ мешавад, чӣ дигаргунии руҳие вайро фаро мегирад? Аз лиҳози равонӣ барояш ин зарбаи сахте мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи супориши бевоситаи Сарвари давлат ҳама иштирокчиёни даври ҷумҳуриявӣ новобаста аз он, ки сазовори ҷойҳои намоён мешаванд ё на, бояд бо мукофот ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ мешуданд.

Албатта дар муаррифии озмун нақши шабакаҳои телевизионӣ хело калон аст. Зеро маҳз хизмати онҳост, ки ҳазорҳо нафароне, ки дар озмун иштирок надоштанд, бо тамошои рафти озмун аз телевизион дар вуҷудашон шавқу завқи мутолиа бедор шуд. Лекин дар намоишҳои телевизионӣ мушоҳида гардид, ки баъзе камбудиҳои иштирокчиён ба қавле бурида шудааст. Бигузор он камбудиҳо низ ба мардум намоиш дода шаванд. Чунки, дар баробари ҳакамон тамошинбин низ чун ҳакамон андешаи худро ҳосил кунад. Ин дар таъмини шаффофияти озмун таъсиргузор аст.

Дар озмуни имсола мушоҳида шуд, ки ба рӯйхати иштирокдорони озмун нафарони зиёде илова гардиданд. Довталабоне иштирок карданд, ки тамоман дар рӯйхат набуданд. Саволе пайдо мешавад, ки онҳо бо кадом роҳ ба рӯйхат роҳ ёфтанд? Масалан, ному насаби тамоми ғолибони даври сеюми озмун дар ҷумҳурӣ аз рӯи 4 номинатсияи аввал дар нашрияи кӯдакону наврасон — «Пайрав», аз санаи 30-юми ноябри соли 2020 чоп шуда буд. Тавре маълум аст, тибқи низомномаи озмун танҳо онҳое дар даври ҷумҳуриявии озмун иштирок мекунанд, ки ғолиби даври сеюм бошанд. Аммо дар даври ҷумҳуриявӣ нафароне ҳам баромад карданд, ки номашон дар ин рӯйхат набуд. Ҳатто ҳолате ба назар расид, ки онҳое, ки дар воқеъ ғолиби даври сеюм буданд, дар даври ҷумҳуриявӣ ҳамчун довталабони иловагӣ ба қайд гирифта шуданд. Дидаю дониста вайрон кардани муқаррароти низомнома носипосӣ ба кист?…

Ин ҳолат аз ҳар ҷиҳат дар андешаи кас гумонҳои гуногунро ба бор меорад.

Агар дар даври ҷумҳуриявӣ чунин амалҳо сурат гирифта бошад, пас дар даврҳои мактабию ноҳиявӣ ва шаҳрию вилоятӣ чӣ гап шуда буд!?…

Давлатшоҳ МАҲМУДОВ,

омӯзгори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here