Дар рӯзгоре, ки ба иллати аз даст додани чандсад сафҳа аз кори панҷмоҳаам, дилшикаста ва маъюс будам, дӯсте паёми нависанда Элизабет Гилбертро бароям расонд. Гуфт, яке аз комёбтарин нависандагони имрӯзист, вале, шармандаам, ки ин номро бори нахуст мешунидам. Ҳоло мехоҳам, ба камияш, китоби охирини ӯро бихонам.

Ман шояд нависандаи хуб нестам, аммо хонандаи хубам. Китоби хубро бо тамоми ҳастиям мехонам. Бо панҷ ҳис ва амиқрафт ба шаш ҷиҳат. Ё, тавре ки Набоков мегӯяд, бо сутунмуҳраам. Ҳоло фикр кунед, ки хондани китоб бо сутунмуҳра чӣ маъно дорад.

Паёми Элизабет Гилберт, ки соли 2009 дар конфаронси TED садо додааст, дардамро сабук кард ва водoрам намуд, ки корро идома диҳам. Шояд ман хонандаи зиёд надорам, аммо медонам, онҳо беҳтаринҳоянд ва китоби маро бо сутунмуҳраашон хоҳанд хонд. Ман якояки онҳоро мешиносам ва дӯст медорам. Боре устод Сотим Улуғзода ба Муҳаммадзамони Солеҳ гуфта буданд: “Агар як хонанда ҳам дошта бошӣ, навис!”

Ин хонандагон ва дӯстони бешуморам нагузоштанд, ки ман шикастеро ҳис кунам ва ба заъфи равонӣ дода шавам, ҳарчанд ҳолам хеле бад буд. Аммо паёми Гилберт дар ин байн нақши меҳварро бозид. Меҳваре, ки нагузошт, қомати ман хам хӯрад. Чанде пеш онро аз нав хондам ва ҳарчанд мойил нестам, вақтамро ба тарҷума сарф кунам, фикр кардам, бояд ҳамаи адибони мо ва ҳамаи онҳое, ки нависанда шудан мехоҳанд, бояд як бор ин паёмро бихонанд. Як бор бихонанд ва агар ман ноҳақ будам, нафринам кунанд, ки вақташонро зоеъ кардаам.

Ҳоло худам вақт сарф кардаму тамоми сухани ӯро ҳарф ба ҳарф баргардондам ба забонамон.

Дар ҳоли хондани китоби машҳури ӯям ва аз ин кор роҳат дорам.

Бону Гилберт мегӯяд:

“Ман нависандаам. Китобнависӣ пешаи ман аст, вале, албатта, ин кор чизе бештар аз як касб ё пеша аст. Ман кори худро бениҳоят дӯст медорам ва чашми инро надоштам, ки ягон вақт, дар оянда, чизе бароям дигар хоҳад шуд. Аммо ба наздикӣ дар рисолати ман як рӯйдоди вижае сар зад, ки маҷбурам кард, бархӯрдамро ба пешаам бозандешӣ кунам.

Чанде пеш китоби “Бихӯр, саҷда кун, ишқ варз”-ро нашр кардам. Он аз ҳамаи навиштаҳои пешинаи ман сахт фарқ мекунад ва ба як китоби пурфурӯшу пурмоҷарои байнулмилалӣ табдил шуд. Дар натиҷа ман ҳар куҷо ки мерафтам, мардум бо ман тавре рафтор мекарданд, ки гӯё бо як махав рӯбарӯ шудаанд. Ҷиддан мегӯям. Барои намуна, онҳо бо ҳаяҷонзадагӣ наздам меоянд ва мепурсанд: “Аммо ту наметарсӣ, ки дигар ҳаргиз чизе беҳтар аз ин нахоҳӣ навишт? Ва дигар ҳаргиз китобе чоп нахоҳӣ кард, ки ба ин дараҷа барои мардум муҳим бошад? Ҳаргиз? Ҳаргиз?”

Умедворкунанда, на? Вале ба маротиб бадтар мебуд, агар ман дар ёд намедоштам, ки қариб 20 сол пеш, замони наврасӣ нахустин бор бо садои баланд гуфтам, нависанда шудан мехоҳам ва боз ҳам бо айни ҳамин гуна вокуниш рӯбарӯ гаштам. Одамон мегуфтанд: “Ту наметарсӣ, ки ҳаргиз комёб нахоҳӣ гашт? Ту наметарсӣ, ки ҳақорати рад шудан туро намекушад? Ки тамоми умр заҳмат хоҳӣ кашид, вале натиҷае нахоҳӣ гирифт ва зери орзуҳои амалинашуда, пур аз алами нокомӣ ва дилсардӣ хоҳӣ мурд?” Ва монанди инҳо.

Посухи кӯтоҳ ба ин пурсишҳо-ҳа. Албатта, ман метарсам аз ин ҳама. Ва ҳамеша метарсидам. Ва ман боз аз бисёр чизҳои дигаре низ метарсам, ки мардум дар гӯшаи хаёлашон ҳам надоранд. Барои намуна аз решаи обсабзҳо ва ваҳшатҳои дигар. Вале чун сухан аз нависандагӣ равад, мушкиле рӯ мезанад, ки танҳо ахиран ба он пай бурдаам ва ҳайронам, ки чаро чунин аст. Наход тарсидан аз коре, ки таъйиноти инсон аст, ақлона ва мантиқӣ бошад? Медонед, одамони эҷодкор як гуна вижагиҳое доранд, ки моро водор мекунад, ба саломатии равонии онҳо ҷиддан нигарон бошем. Ин чизест, ки дар касбу шуғлҳои дигар вонамехӯрад.

Барои намуна, падари ман муҳандиси риштаи кимиё буд. Ман ягон мавридро ба ёд оварда наметавонам, ки касе аз ӯ пурсида бошад, оё аз муҳандиси кимиёдон будан метарсад ё не: “Ин шуғл шуморо азийят намедиҳад? Ҳама коратон бобарор аст?” Ҳаргиз аз ин суҳбатҳо рух надодааст. Бояд иқрор кард, ки муҳандисони риштаи кимиё ба сурати умум дар тамоми давраи мавҷудияти ин пеша ба унвони васвосиҳои гирифтори майзадагӣ ва мойил ба афсурдагӣ шинохта нашудаанд.

Шуҳрати махлуқони аз лиҳози равонӣ ноустувор, зоҳиран, ба одамони эҷодкор сахт часпидааст.

Мо, нависандагон, ҳамин гуна “обрӯ” дорем. На танҳо нависандагон. Ҳамаи одамони эҷодкор ба ҳайси касоне шинохта мешаванд, ки вазъи равонияшон ҳамвору устувор нест. Кофист, ба ҳисоботи дарози марги эҷодкорони дурахшони танҳо як қарн — садаи 20 нигарист, ки ҷавонмарг шудаанд ва аксаран дар натиҷаи худкушӣ. Ва ҳатто онҳое, ки ба маънои томаш худкушӣ накардаанд, дар ниҳояти амр қурбони истеъдоди хеш шудаанд. Норман Мейлер (нависанда, рӯзноманигор ва филмсози амрикоӣ – С.А.) пеш аз маргаш гуфт: “Ҳар китоби ман кам-кам ҷони маро гирифт”. Вале мижаи мо аз чунин сухан хам намехӯрад, зеро то ҳоло онро садҳо бор шунидаем ва ин андешаро пазируфтем, ки созандагӣ ва машаққат ҳампойи ҳаманд ва ҳунар дар ниҳояти кор ҳамеша ба азийят мекашонад.

Суоле, ки имрӯз мехоҳам аз шумо кунам, ин аст, ки оё ҳамаатон ба ин андеша ҳамнавоед? Шумо розиед? Зеро ин гуна метобад, ки розиед ё наздик ба онед, ки розӣ бошед. Вале ман қатъан ба чунин андеша мухолифам. Ман фикр мекунам, ин як дидгоҳи ваҳшатангез ва хатарнок аст. Ва ман намехоҳам, ки чунин бархӯрд ба садаи баъдӣ ҳам сироят кунад. Ман фикр мекунам, беҳтар аст, мо инсонҳои бузургро илҳом бахшем, ки то метавонанд, умри дарозтаре бинанд.

Ман аз таҷрибаи худ ва он ҳам бо назардошти ҳамаи шебу фарози зиндагиям дақиқ медонам, рафтан ба ин роҳи торик чӣ қадар хатарзост.

Ман ба андозаи кофӣ ҷавонам, нав 40-сола шудам. Ман метавонам тақрибан 40 соли дигар кор кунам. Ва яқин дорам, ки аз ин ба баъд ҳар чизе нависам, дар ин ҷаҳон, ки як китоби ман чунин комёбии ҳаросовар дошт, арзишёбӣ хоҳад шуд. Ман ошкоро мегӯям, чун ин ҷо чунин як фазои боварбахш барқарор шуд, хеле имкон дорад, ки бузургтарин комёбии ман паси сар шудааст. Худоё, ана ин фикр аст! Айнан чунин навъи андеша одамонро ба шаробнӯшии соати нуҳи саҳар водор мекунад. Ва ман чунин будан намехоҳам. Ман ба он бартарӣ медиҳам, ки банди шуғли дӯстдоштаам бошам.

Вале пурсише пеш меояд, ки чӣ гуна? Ва пас аз андешаҳои зиёди он ки ман бояд чӣ гуна кор кунам, то навиштанро давом диҳам, ман ба натиҷае расидам, ки бояд ягон сипар равонӣ ба вуҷуд орам. Ман бояд байни худаме, ки менависад ва он тарси хеле табииям, ки оё навиштаи ман чӣ гуна пазируфта мешавад, як фосилаи дурусте ёбам. Ва ман намунаи қобили пайравиро барои ин вазифа меҷустам. Ва ман ба давраҳои гуногуни таърихи башар, тамаддунҳои гуногун рӯ овардам, то бовар кунам, ки касе бо ин масъала хирадмандонатар аз мо бархӯрд кардааст, ба масъалаи мадад ба эҷодкорон барои пирӯзии онҳо бар хатарҳои отифие, ки аз тавонмандиҳои бунёдкорона ҷудо нестанд.

Ҷустуҷӯйҳо маро ба Руми Қадим ва Юнони Қадим расонданд. Ҳоло фикри ман дар замон ҳалқае хоҳад зад.

Юнонӣ ва румиҳои бостон бовар надоштанд, ки эҷодкорӣ вижагии инсон аст. Онҳо бар ин буданд, ки лаёқати эҷод руҳ ва ҳамоварди илоҳист ва бо сабабҳои номаълуму норӯшан аз сарчашмаҳои дуру ноошкор ба инсон таҷаллӣ меёбад. Юнониҳо ин арвоҳи илоҳиро “девҳо” меномиданд. Суқрот бовар дошт, вай деве андаруни худ дорад, ки аз дур барояш хирадро нашр мекунад. Румиҳо низ ҳамин гуна ақидае доштанд, вале онро “падидории озод ва эҷодии нубуғ” меномиданд. Ва ин олист, чун румиҳо гумон надоштанд, ки манзур аз нубуғ худи фарди боистеъдод аст. Онҳо бар ин бовар буданд, ки нубуғ ба сари худ як мавҷуди муъҷизаангезест, ки амалан дар атрофи эҷодкор ба сар мебарад, як фариштаест, ки ба гунаи ноаён ба наққош мадад мерасонд, натиҷаҳои кори ӯро шакл медод.

Ин дидгоҳ дилрабост ва маҳз ҳамон фосилаест, ки гуфтам, барои худ меҷустам — сипари руҳиест, ки бояд шуморо аз самараҳои коратон ҳифз кунад. Охир ҳама мефаҳмиданд, ки он чӣ гуна кор мекунад, дуруст? Эҷодгарони атиқӣ аз чизҳои гуногун, барои намуна, худшефтагӣ, дар амон буданд. Бо вуҷуди он ки кори шумо олӣ буд, наметавонистед, ҳамаи подоши офаридани онро танҳо ба худ нисбат диҳед. Ҳама медонистанд, ки нубуғе берун аз шумо бароятон мадад расонд. Агар кори шумо бад буд, ҳама медонистанд, ки нубуғи ноқису маълуле наздатон омадааст. Муддатҳои зиёде мардумони ғарбӣ ба ҳамин шева фикр мекарданд.

Баъдаш давраи Эҳё даррасид ва ҳама чиз дигар шуд. Ақидаи наве пайдо шуд, ки гӯё инсон бояд тоҷи сари олам, болотар аз худоён ва мӯъҷизаҳо бошад ва дигар ҷойе барои махлуқоти ирфонӣ намонд, ки суруши илоҳиро мешуниданд ва адибон зери диктаи он менавиштанд. Ҳамин гуна як инсонгаройии ақлонӣ оғоз ёфт. Ва одамон акнун фикр карданд, ки эҷодиёт аз худи инсон маншаъ мегирад. Нахустин бор дар таърих мо шунидем, ки дар бораи ин ё он одам акнун мегуфтанд, “вай нобиға аст”, то ин ки гӯянд, “вай нубуғ дорад”.

Ман бароятон мегӯям, ки ин хатои бузурге буд. Мефаҳмед, ин ба одамон имкон дод, фикр кунанд, ки як мард ё зан худ зарфесту сарчашмаест ҳамаи илоҳиёт, бунёдкорӣ, пӯшидаҳо ва орифонаҳоро ва ин барои равони шиканандаи инсон як масъулияти хеле бузург аст. Мисли ин аст, ки аз инсон хоста шавад, офтобро фурӯ барад. Чунин бархӯрд замири инсонро вайрон мекунад ва ин ҳама интизориҳои зиёда ва хатто девонаворро аз натиҷаҳои кори одами эҷодгар ба миён меорад. Ва ман фикр мекунам, маҳз дӯшбори чунин муносибат тайи 500 соли охир одамони эҷодкорро ба ҳалокат расонд.

Агар ин тур аст (ва ман бовар дорам, ки ҳамин тур аст) пурсише пайдо мешавад, ки акнун чӣ хоҳад шуд? Оё метавонем мо ба гунаи дигар рафтор кунем? Шояд беҳтар аст, ба фаҳмиши қадимии пайванди байни инсон ва муаммои эҷодгарӣ баргардем? Эҳтимол на. Шояд мо нахоҳем тавонист, таҳшини ақидаи 500-солаи инсонгаройии ҳисобшударо дар як нутқи ҳаждаҳдақиқаӣ бизудоем. Ва дар ин толор низ ҳатман одамоне ҳастанд, ки мавҷудияти, метавон гуфт, париҳоеро, ки ба одам ёр мешаванд ва рӯйи кори ӯ пашизҳои сеҳрангез ё хокаи тило мепошанд, ё чизҳое мисли инро зери шубҳаи ҷиддии илмӣ қарор хоҳанд дод. Ман шуморо бовар бахшиданӣ нестам.

Вале суоли ман ин аст, ки чаро на? Чаро набоист ба ин шева фикр кард? Охир, ин маънии бештаре аз ҳар назарияи дигари ба ман маълум дар бораи назокати девонавори раванди эҷод дода наметавонад. Раванде, ки (тавре ҳар кас, агар як бор чизе эҷод карданӣ бошад, медонад, яъне ҳар кадоми мо медонем) на ҳамеша метавонад даркпазир ва ақлонӣ бошад. Ва гоҳе он тамоман фавқуттабиӣ ба назар мерасад.

Чанде пеш ман шоираи амрикоӣ Рут Стоунро вохӯрдам. Вай ҳоло 90-сола аст ва тамоми умр шоир буд. Вай ба ман гуфт, ки дар деҳае дар Вирҷиниё ба воя расидааст ва гоҳе ки дар киштзорон кор мекард, шеъреро мешунид ва эҳсос мекард, ки аз табиат ба ӯ таҷаллӣ меёфт. Ин чиз монанди ҳавои раъдубарқие буд, ки аз дуродури манзара ба ӯ меомад. Ва ӯ наздик шудани онро ҳис мекард, зеро замин дар зери пойҳояш меларзид. Вай ӯ дақиқан медонист, ки бояд чӣ кор кунад — “бояд бесару по бидавад”. Ва ӯ медавиду ба хона медаромад, чун шеър ба вай ҳамлавар мешуд ва мебоист, зуд коғазу қаламро меёфт, то ончиро, ки аз ӯ берун мерехт, ба чанг орад ва бинависад. Аммо Рут начандон чусту чобук буд. Намерасонд ва шеър аз вуҷуди ӯ гузашта, дар паси уфуқ ғайб мезад дар ҷустуҷӯйи шоири дигаре. Гоҳи дигар (ман ҳаргиз инро фаромӯш намекунам) вай мегуфт, лаҳзаҳое мешуд, ки қариб шеъри нави худро аз даст медод. Инак, ӯ медавиду ба хона медаромад, коғаз меҷуст ва дар ин лаҳазот шеър аз вуҷудаш мегузашт. Рут дар ин байн қаламро ба даст мегирифт ва дар ӯ ҳиссе пайдо мешуд, ки гӯё метавонад, ин шеърро бо дасти дигари худ аз думаш сахт бидорад ва бозпас ба тани худ бозагрдонад ва ҳамон замон онро ба рӯйи коғаз оварад. Ва дар чунин мавридҳо шеъри олие навишта мешуд, лек сарчаппа, аз охир ба сӯйи аввал.

Вақте ки ман ин гапро шунидам, фикр кардам: “Ҳайратангез аст, ки ман ҳам айнан ҳамин хел менависам”.

Ин, албатта, кулли раванди эҷодии ман нест, охир ман сарчашмаи беинтиҳои илҳом нестам. Ман хачирам ва роҳе, ки меравам ин гуна аст, ки бояд ҳар рӯз тақрибан дар ҳамон вақти муайян аз хоб хезам ва зери арақи ҷабин кор кунам. Вале ҳатто ман бо тамоми қайсарию сахтҷониям бо чунин падида рӯабрӯ мешавам. Фикр мекунам, бисёре аз шумоён низ. Ҳатто ба ман андешаҳое аз сарчашмаи ношинос меомаданд. Сарчашмае, ки ман аз шарҳи он оҷизам. Ин чӣ сарчашма аст? Ва мо чӣ гуна бояд бо ин сарчашма сари кор гирему ҳамзамон аз ақл бегона нашавем ва беҳтар аз ҳама онро ҳарчӣ тӯлонитар назди худ нигоҳ дорем?

Беҳтарин намуна барои ман Том Уэйтс (оҳангсоз, сарояндаи машҳури амрикоӣ — С.А.) аст, ки бароям муяссар шуд чанд сол пеш бо супориши маҷаллае ҳамроҳаш суолу ҷавоб кунам. Мо дар ин бора суҳбат кардем, чун Том солҳои зиёди умраш намунаи устоде буд, ки шубҳаву гумон тикаву порааш мекарданд ва мекӯшид, бар ин ҳама ангезаҳои назоратнашавандаи эҷодӣ тасаллут пайдо кунад, ки гӯё ба худи ӯ тааллуқ доштанд.

Баъдаш ӯ солмандтар ва оромтар шуд.

Боре ӯ дар як шоҳроҳи Лос-Анҷелес мошин меронд ва ногаҳон порчаи кӯтоҳи як оҳангро шунид. Порчае чун одат дастгирнашаванда ва дилфиреб. Том хост, онро ба даст орад, вале наметавонист. На қаламе дошту на коғаз ва на дастгоҳи забти садо.

Ва ӯро изтироб пахш кард: “Ман ҳоло онро фаромӯш мекунам ва ин хотира тамоми умр маро таъқиб хоҳад кард. Ман ба андозаи кофӣ хуб нестам, ман наметавонам, ин корро кунам”. Ва ба ҷойи биму ваҳшат вай нохост бозистод, ба осмон нигарист ва гуфт: “Бубахшед, магар намебинед, ки ман дар ҳоли рондани мошинам? Магар бовар доред, ки ҳоло метавонам, ин оҳангро бинависам? Агар барои Шумо бениҳоят зарур аст, ки худро нишон диҳед, дар ягон пайти муносибтар, замоне биёед, ки ман тавонам, ба шумо расидагӣ кунам. Дар акси ҳол имрӯз раведу ягон каси дигарро безобита кунед. Равед ба назди Леонард Коҳин (таронанавис, шоир ва нависандаи канадаӣ – С.А.)».

Ва аз он ба баъд тамоми ҳаёти эҷодии ӯ дигар шуд. Кораш на, чун он ҳамоно норӯшан ва душвор буд, балки худи раванди кораш. Изтироби сангине, ки ин раванд дошт, аз он лаҳзае, ки ӯ нубуғро аз худ берун ва раҳо  кард ва ба самте равона намуд, ки аз он ҷо омада буд, бухор гашт.

Ин ривоят кам-кам услуби кори маро дигар кард ва боре ҳам наҷотам дод. Гоҳе ки “Бихӯр, саҷда кун, ишқ варз”-ро менавиштам, ба яъси амиқе афтодам, ки ба ҳамаи мо ошност ва замоне рух медиҳад, ки корамон пеш намеравад. Он гоҳ фикр мекунӣ, ба фалокат задаӣ ва ин бадтарин китоби ту хоҳад буд. На инки бад, балки бадтарин. Ба сарам ин фикр меомад, ки аз баҳраш гузарам. Вале баъд Том ба ёдам расид, ки бо осмон гап мезад ва ман ҳам хостам, ҳамин роҳро биозмоям.  Сар аз дастнавис бардоштам ва ба кунҷи утоқ рӯй овардаму бо садои баланд гуфтам: “Гӯш кун, ту ва ман, ҳарду медонем, ки агар ин китоб шоҳкор нашавад, ин аслан гуноҳи ман нахоҳад буд, дуруст аст? Зеро ман, тавре мебинӣ, тамоми талошамро мекунам ва беш аз ин нерӯ надорам. Пас, агар мехоҳӣ, ки он беҳтар бошад, ту ҳам бояд саҳми худро дар кори ом бигирӣ. Хуб? Вале агар нахоҳӣ, бало ба пасат. Ман мехоҳам, ба ҳар гунае ки буд, бинависам, зеро ин кори ман аст. Вале мехоҳам, ошкоро  бигӯям, ки ман бахши кори худро кардаам”.

Чунки… Дар омади гап, ҳазорсолаҳо пеш дар биёбонҳои Африқои Шимолӣ одамон гирд меомаданд ва зери нури моҳ мерақсиданд. Мусиқӣ ва рақс соатҳои дароз, то дами субҳ идома меёфт. Ин арғуштҳо шигифтангез буданд, чун аз тарафи раққосони ҳирфаӣ иҷро мешуданд. Рақсҳои беҳамто, на? Вале гоҳе, хеле аҳёнан, чизҳои ҳайратовар рӯй медод ва яке аз ин раққосон ногаҳон тамоман истисноӣ мешуд. Ва ман медонам, ки шумо манзури маро мефаҳмед, зеро худ дар ҳаёти хеш чунин ҳунарнамоиҳоро дидаед. Гӯё вақт бозистода буд ва раққос пой андаруни фазои дигаре гузоштааст ва ҳарчанд вай ягон чизи наве намекард, балки ҳамон чизе буд, ки 1000 шаби пеш карда буд, нохост ҳама чиз ба дурахшидан медарояд. Ногаҳон вай тавре метобад, ки гӯё аз насли башар нест. Фарри худоӣ дар сари ӯ медурахшад.

Ва гоҳе ки чунин мешуд, одамон медонистанд, ки ин чист ва номашро ба забон меоварданд. Онҳо кафи дастонашонро ба ҳам меоварданд ва месуруданд: “Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ, Худо, Худо, Худо”. Ин Худост. Эзоҳи аҷиби таърихӣ. Вақте ки нерӯҳои Мур (фармондеҳи швед — С.А.) ҷануби Испониёро ишғол карданд, ҳамин одатро ба ин ҷо оварданд. Ба гузашти айём талаффузи “Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ” ба «Оле, Оле, Оле» иваз шуд. Ва маҳз ҳаминро ҳангоми ҷанги буққаҳо ва рақси фламенко дар Испониё мешунавед, бавижа гоҳе ки иҷрокунанда ягон амали номумкин ва боварнакарданӣ анҷом медиҳад. “Аллоҳ, оле, оле, Аллоҳ, ҳайратангез, браво”. Вақте ки инсон кори фавқулодае анҷом медиҳад, бидонед, ки ин дурахши Худост. Ва ин олист, чун чизест, ки ба мо зарур аст.

Лекин воқеаи аҷоиб субҳи рӯзи дигар иттифоқ меафтад. Раққос аз хоб мехезад ва мефаҳмад, ки вай дигар шуълаи Худо нест, балки танҳо як инсонест, ки зонувонаш дард мекунанд ва шояд дигар ҳаргиз ба чунин баландие нахоҳад расид. Ва шояд дигар касе ҳангоми рақси ӯ номи Худоро ба ёд наорад. Пас ӯ бо ҳаёти боқимондаи худ чӣ кунад? Ин сахт аст. Ин яке аз сахттарин иқрор дар ҳаёти як эҷодкор аст. Вале чунин лаҳзаҳо шояд ба ин андоза дардомез нахоҳанд буд, агар шумо аз ҳамон аввали кор бовар намекардед, ки ҳайратовартарин ва мӯҷизаангезатрин чизҳо на аз худи шумо берун меояд. Ки ин ба мо ҳамчун қарз аз кадом сарчашмаи пиндорнопазир ва барои як муддати муайяни ҳаётамон дода мешавад. Ва ҳангоме ки шумо кори худро ба поён мерасонед, он ба ниёзмандони дигаре дода хоҳад шуд. Ва шумо медонед, ки чунин равиши фикр ҳама чиро дигар мекунад.

Ман ин тарзи фикрро пазируфтам ва чанд моҳи охир, то тамом кардани китоби нави худ, ки ба зудӣ мунташир мешавад, ҳамин равишро дар пеш гирифтам. Нашри китоби навам дар пасманзари муваффақияти тарсангези пешина саршори абаринтизориҳост.

Ва ончӣ ман ҳангоми чунин нигарониҳо ба худ мегӯям ин аст: “Ҳой, натарс. Ғамгин машав. Кори худро анҷом деҳу бас. Чизе шаваду нашавад, кори худро идома деҳ. Агар бахши кори ту рақс бошад, бирақс. Агар нубуғи илоҳӣ ва бадеҳӣ, ки туро ҳамроҳӣ мекунад, бихоҳад, ки туро бо ҳузури худ ҳатто агар барои як лаҳзаи кутоҳ рӯшан кунад, он гоҳ — „Оле!“ Вагарна рақсиданатро идома бидеҳ. Ва „Оле“ барои ту дар ҳама ҳол насиб хоҳад гашт. Ман ба ин чиз бовар дорам ва мо, ҳама, бояд чунин муносибатро омӯзем. «Оле» дар ҳама ҳол! Барои он ки устуворӣ ва ишқат барои давом додани корат кифоят карданд.”

Салими Аюбзод

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here