Солҳои охир Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» силсилаи намоишҳои ҷолибро аз қабили «Асолат», «Шоми ғазал», «Ҳукм», «Субҳ ба хайр, Тоҷикистон!», «Толори оинаҳо», «Оини Ватандорӣ», «Вожазори маонӣ»

, «Дар меҳмонии «Сафина», «Давр», «Шитоб», «Як пиёла чой», «Соядаст», «Дар ин замона», «Шоирона» ва ғайраҳоро пешкаши тамошобинон мегардонад, ки хеле диданианд. Намоишҳои «Рисолаи таърихӣ», «Шаббода», «Нози хаёл», «Шом ба хайр!» низ хеле ҷолибу диданӣ буданд. Мутаассифона чандест, ки ба эфир намебароянд.

Аз нигоҳи ман ҳамаи ин намоишҳо, бо вуҷуди камбудиҳои ҷузъӣ доштанашон хубанд ва албатта мухлисони худро доранд. Аммо ман дар ин нигошта атрофи танҳо як намоиши барномаи «Оини ватандорӣ», ки таассуроти бас наҷибам бахшид, ибрози андеша мекунам. 

Дар фаҳми ман ин намоиш саросар аз ҳикмати ватандорию ватанхоҳӣ иборат буд ва дар дилу руҳи инсонҳо ин ҳисси баландтарини одамиро тарбият менамуд. Ба ростӣ, ки он ба завқи камина бисёр мувофиқ буд ва аз диданаш хеле лаззат бурдам. Хуш ба ҳолашон, ки муаллифу барандааш Нигинаи Муъмин ва коргардонаш Алишери Муҳиддин тавонистанд ба мо чунин лаззату роҳатро эҳдо намоянд.

Асоси дастоварди муаллифон дар ин намоиш интихоби дурусти қаҳрамон аст, — дар симои муҳаққиқ ва адиби шинохтаи тоҷик Муҳтарам Ҳотам. Зеро то андозае, ки ман устодро мешиносаму аз асарҳояшон дарк мекунам, руҳу ҷонашон саросар аз эҳсоси ватандорию ватанхоҳӣ иборат аст ва барои ҳамин гуна намоишҳо қаҳрамони воқеан шоиста ҳастанд. Устод шеъри хубе доранд, бахшида ба Ватан, ки онро дар намоиш ҳам ёдовар шуданд: 

Мешавад ҳар рӯзи ман оғоз бо номи Ватан,

Ё ки бо номи Ватан бошад, ҳама оғози ман.

Он қадар дар банд-банди ёди ӯ печидаам,

Бо ҳавову куҳу абру боди ӯ печидаам.

Баранда Нигинаи Муъмин дар оғози намоиш таҳти мусиқии бас руҳнавозу дилпазир таъкид кард:

— Миёни тамоми эҳсосоти фораму накуи инсонҳо, наздиктарину пурарзиштаринаш-эҳсоси ватандорӣ, ватанхоҳӣ ва ватансозӣ мебошад. Эҳсосе, ки имрӯз аз ҳар замони дигар дида, мо ба он ниёзи бештар дорем.

Ин гуфта гӯё, ки одӣ ва муқаррарӣ аст. Аммо, агар атрофи он, махсусан атрофи ибораи «имрӯз аз ҳар замони дигар дида, мо ба он (ватандорӣ, ватанхоҳӣ ва ватансозӣ) ниёзи бештар дорем» андеша ронем, дарк мекунем, ки ин сухан воқеан сухани муқаррарию гӯшзада нест. Ин сухан таъкид аст, ҳушдордиҳӣ ва масъалагузорӣ аст. Ба чӣ зарурат? Ҷавобро аз гуфтаҳои устод Муҳтарам Ҳотам пайдо мекунем:

— Сулҳ, ваҳдат, оромӣ — ҳамеша ниёзманди пуштибонӣ ва дифоъ аст. Ҳеҷ шахсе, ё миллатею кишваре нест, ки душман ё нохайрхоҳ надошта бошад. Ҳамеша нохайрхоҳон ва бадхоҳони халқу миллат дар пайи низою кашмокаш андохтани онҳо ҳастанд. Инро мо бо чашмони худ дидаем. Ҳоло ҳам чи дар дохилу чи дар хориҷи кишвар, ҳастанд шахсон ва гуруҳҳое, ки барои манфиату ғаразҳои худ ҳамеша хоҳони аз байн бурдани тинҷию осудагии кишвари мо мебошанд. Аз ин рӯ бояд, ки хурду калон, сарфи назар аз вазифаю мансаб, қавму миллат — чун халқи ягонаи Тоҷикистон ҳамеша бедору ҳушёр бошем, дар масъалаи зиракию ҳушёрӣ ва бедории миллию сиёсӣ ҳаргиз фориғболӣ накунем. Ҳамеша дар андешаи ҳимояи ин сулҳу ваҳдати бо хуни ҳазорон шаҳидони Ватан ба даст омада бошему тамоми чораҳоро андешем, ки тинҷию осоиштагии кишварро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. 

Бале, ҳақ ба ҷониби устод аст. Ман низ илова мекунам, ки ин Ватан, ин хоки муқаддасро ҳазорон-ҳазор ҷадҳои мо чи пиру чи барно дар тӯли даҳҳо қарну асрҳо, ба ивази хун, ба баҳои ҷон ва ба қимати маҳрумиятҳои беҳисобу беандозаи хеш то ба имрӯз овардаанд ва ба мо чун мерос додаанд. Вале, акнун замона чунин шуда, ки ҳам дар сатҳи ҷаҳон ва ҳам дар сатҳи кишварҳо, аз ҷумла дар Ватани мо ҳам, ҳар касону нокасон аз худ «пешво» месозанд, ҳар тӯдаву гуруҳҳои хурду бузург аз худ «ҳизбу созмону бунёдҳо…» метарошанд. Бо баҳонаи «демократияю» «исломию» боз ким чизҳои дигар дар ҳар гӯшаю канор сар бардошта, хӯрдагириҳо мекунанд, даъвоҳо пеш меоранд, моҷарою нотинҷиҳоро ташкил намуда, осудагии халқу ҷомеа ва давлатҳоро халалдор месозанд. Ин бисёр хатарнок аст. Мутаасифона, чунин хатар дар ҷумҳурии мо танҳо аз хориҷ нест. Моҷароҷӯёни дохилӣ низ таҳти шиорҳои авомфиребонаю ба эҳсос таъсиркунандаи «покии дину мазҳаб» ва «демократияи воқеӣ» фаъолият бурда, бо сафсатаҳои зиёд гӯё «ватанхоҳӣ», «ватандорӣ» «ватандӯстӣ» мекунанд ва Ватанро дар усули исломии давлатдорӣ дидан мехоҳанд. Устод А. Лоҳутӣ гуфтаанд:

Ҳама лофи ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам,

Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст, ба кирдор аст, ё ҳарду?

Кирдори ашхоси номбурда ватанхоҳӣ не, Ватанро ба вайронӣ бурдан аст. Ватани моро як бор вайрон карданд. Мо дигар ба ин роҳ намедиҳем. Бо қавли Ҳабиб Юсуфӣ лозим ояд, дар ин ҷода «Даст агар аз тан фитад, мо ҷанг бо дандон кунем». Бадхоҳони халқу Ватани мо инро хуб бидонанд ва пунбаи гӯшҳояшонро бигиранд. Зеро Тоҷикистон дигар Тоҷикистони солҳои 90-уми асри пор нест. Шууру фаҳми мардумаш низ мисли шууру фаҳми мардуми он солҳо намебошад. Шуруъ аз деҳқони одӣ то ходимони зинаҳои баландтарини давлатию ҳукуматӣ дигар касе хислати ғуломонаи замони Шӯравиро надорад ва мутеона даҳони душманони аслии сари қудратбудаи худро нигоҳ намекунанд. Артишамон низ мисли артиши «тиҷоратӣ»-и бегонагони замони Шӯравӣ нест, ки вобаста ба паҳлӯйи тарозу кор кунад. Акнун мо артиши сирф милии худро дорем, ки аз рӯйи гуфтаи пири пирони мардуми Машриқ Ҳаким Фирдавсӣ омада шудааст: «Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор». Дар баробари ин, руҳияи тамоми халқ-хурду бузург ватанхоҳию ватандорӣ аст. Шиори доимиашон мисраи Ғаффор Мирзо «Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, ки мекунад?» мебошад, ки ба он чун ба қасам муносибат доранд. Бадхоҳон бидонанд: Ин гуна руҳия нерӯест беҳамто ва шикастнопазир. Дар ин масир роҳбару сарвари муаззами мо, шахси матину фулодирода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназиртарин намунаи ибратанд. Пас, онҳое, ки «обро лой карда моҳӣ доштанианд» ё «гур сӯзонда дег ҷӯшонданианд» андеша намоянд:

«Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст, чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад». 

— Шукр, мо аз неъмати бебаҳои тинҷию осоиш ва ваҳдат бархӯрдорем, — шукрона кард Нигинаи Муъмин. — Дар огӯши Ватани ободу гулбасар зиндагӣ мекунем, аз обу ҳавои тозааш нафас мекашем, бо боварию осудагӣ гом мезанем. Ана ҳамин неъмат, ана ҳамин ободиву осудагӣ ва ваҳдату Ватан ба дифоъ ниёз дошта бошад? — пурсид ӯ аз устод Муҳтарам Ҳотам.

— Болотар гуфтам, ки сулҳу ваҳдат, тинҷию оромӣ ҳеҷ гоҳ бе душман намешавад. Таърих бисёр мисолҳое дорад, ки душманони асосии ин неъматҳо пеш аз ҳама дар дохили кишвар буда метавонад, — ҳатто худиҳо, яъне хешу ақрабо ва бародарону фарзандон ҳам. Онҳо дар аксар маврид, аз рӯйи ғаразу ҷоҳу ҷалолхоҳӣ ба гапи душманон даромада, ба ҳар гуна пастиҳо мераванд. Душманони хориҷӣ бошанд, аз вазъият истифода бурда, бо дастони ҳамон «худиҳо» корашонро мекунанд. Масалан, сабаби асосии пароканда шудан ва пора-пора гардидани ватани ориёиҳо низ низоъҳои байнихудӣ буд. Дар натиҷаи ҷангҳои шадиди миёни бародарон сарзамини паҳновари онҳо порча-порча гардид. Мутаассифона онҳо натавонистанд, ки ба ваҳдат бирасанд. Ин мӯҷиб шуд барои беватаншавии бисёр ориёиҳо ва аз даст рафтани бисёр қисматҳои меҳанашон. 

Аммо мо тоҷикон-пасомадагони воқеии онҳо дар ҳодисаҳои ба ҳамин монанди кишварамон, ки беш аз чоряк аср пеш рух дода буданд, тавонистем ба дастовардҳое ноил шавем, ки дар таърихи чанд ҳазорсолаи Ватанамон бесобиқаанд. Аввалин бор дар таърихи башарӣ кишваре бо номи Тоҷикистон бо пойтахти худ, бо парчаму нишон ва бо суруди миллии худ арзи ҳастӣ кард. Барои давлату давлатдорӣ аз ин дида чизи муҳимтару муқаддастар нест ва намешавад. Ин муқаддасот тавассути ҷаҳду талошҳои сарвари он вақт ҷавони кишвар, ҳоло роҳбару пешвою сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Дар баробари ин, он кас ободии кишвар, тифоқию ваҳдат, сулҳу осоиши миёни маҳалҳои гуногуни кишварро низ бисёр устодона таъмин карда тавонистанд, ки дар маҷмуъ бузургтарин дастоварди кулли мардумамон мебошад. Мо бо чунин сарвару роҳбар ифтихор мекунем. 

Бале! Ман бо устод пурра мувофиқам ва мегӯям, ки ҷанги дар кишварамон рухдодаро хориҷиён бо дастони худи бародарони кӯтоҳандеши зархаридамон ба мо таҳмил карданд. Хушбахтона, маҳз тавассути роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ин ҷанги бемаъниро, ки аз бародаркӯшӣ кам набуд барҳам зада, ба сулҳу ваҳдат расидем ва Ватанро аз порашавию халқро аз парокандагӣ раҳонидем. Аммо таассуф, чуноне, ки устод ёдрас шуданд, сарварону пешвоёни аҷдоди ориёии мо чунин корро карда натавонистанд ва Ватани паҳновару халқи олинажоди худро ба вайронию парешонӣ расонданд.

Саволи навбатии барандаи намоиш хеле муҳим буд ва моҳияти баланд дошт. Лекин муҳиммият ва моҳияти ҷавоби устод Муҳтарам Ҳотам низ аз он камтар набуд. 

— Шукрона мекунем, ки сулҳу ваҳдату ободию шукуфоӣ дар кишварамон ҳукмрон аст. Акнун ин муқаддасот, ин муҳимотро чӣ гуна дифоъ кунем? Ҳадду сарҳадҳоро мустаҳкам гардонем ё дар тафаккури мардум вожаи Ватанро?

— Дар Чини қадим барои гирифтани пеши роҳи душманон девори мустаҳкам ва азими тақрибан 1000 км сохта буданд. Дар замонаш Бухорои мо низ дар гирди худ девори устувори ҳимоятӣ дошт. Имрӯз чунин деворҳо ба кор намераванд. Девори мустаҳкамро дар шууру мафкураи ҳар фарди Ватан бояд сохт ва хеле қавию устувор, ки ҳеҷ гуна ташвиқоту тарғиботи бадхоҳон таъсир нарасонад. Яъне, ҳуввият, тафаккур ва андешаи миллиро дар дилу ҷон ва руҳу тани ҳар як узви ҷомеа бояд хеле қавӣ гардонд. Хусусан ҷавонон бояд дар ин роҳ сарсупурда бошанд. Зеро Ватан ягона такягоҳи мо дар ин дунёст. Мо бе Ватан ҷойгоҳе ва паноҳе надорем. Ватани обод, осудаву ором ниёзи тамоми афроди ҷомеа аст.

Оре! Устод бисёри бисёр дуруст гуфтанд. Ман дар радифи ҷавобҳояшон илова мекунам: Ғалат аст, бисёр ғалат аст, агар касе гумон кунад, ки тинҷию осудагӣ ва ободию шукуфоии кишвари мо душман надорад. Албатта дорад ва кам не. Ободию осудагии мо барои бисёр касон, барои хеле гуруҳу созмонҳо ва ҳатто давлатҳо чун захми хор аст ба чашмонашон, чун нӯги ханҷар аст ба қалбҳояшон. Ин аст, ки шоири маҳбуби мо Камол Насрулло таъкид кардаанд: 

Ҳама тайёр ба ҷо бояд буд,

Ҳама ҳушёр ба по бояд буд,

Ханҷари ҷанг ба дастест ҳанӯз,

Сипари сулҳу сафо бояд буд,

Хоб не, хобнамо бояд буд!

Партави ақли расо бояд буд!

Барандаи намоиш суханро аввал аз дур андохта баъд суол кард: 

— Ҳамин миллате, ки бо номи тоҷик шинохта шудааст, марҳилаҳои сахти таърихиро пушти сар кардааст. Бо вуҷуди борҳо пора-пораву тика-така шуданҳо, маҳв нагаштааст, ҳудудеро аз худ кардаву сарҳадеро нигоҳ дошта тавонистааст ва имрӯз ба истиқлол расидааст. Аз нигоҳи шумо чун як муҳаққиқ мӯҷиби ана ҳамин мондагорӣ, қатъи назар аз шикаст ан дар шикастҳо чӣ буд? 

— Тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо аз биёбонҳои маргзою мудҳиш гузашта, бо бисёр мушкилот худро ба ин рӯзҳо расонд, — посух гуфт Муҳтарам Ҳотам. – Бисёр нокомиҳо дид, сахтиву даҳшати ҷангҳоро аз сар гузаронд. Ватани худро тарк кард. Мусофиру муҳоҷир шуд. Яъне, ки таърих гӯё ҳукми маҳвкунии худро дар нисбати ӯ хонд. Аммо чӣ буд, ки тоҷикро нигоҳ дошт? Яке куҳҳои сарбаландаш, дигаре забонаш.

Ин сухани устод бисёр ҳақ аст ва ҷони гап аст. Камол Насрулло низ ба ин андеша мувофиқ мебошад: 

Миллати тоҷикро аслан забонаш зинда дошт,

Чунки ӯ ҳам ин забонро ҳамчу ҷонаш зинда дошт.

Баъд аз он ки овозхон Баҳодури Неъмат суруди «Меҳанам, меҳани ҷону танам»-ро ба итмом расонд, сухан атрофи вожаҳои «Меҳан», «Майҳан», «Ватан» ва «Матан» печид.

Воқеан, ин вожаҳо ба ҳам чӣ иртибот доранд ва пайдоишашон аз куҷост? Ҷавобе, ки устод Муҳтарам Ҳотам доданд, шахсан барои ман бисёр ҷолиб буд. 

— Дар назари аввал менамояд, ки вожаи «Ватан» арабӣ асту «Меҳан» тоҷикӣ, — гуфтанд устод. — Аммо тадқиқот нишон медиҳад, ки вожаи «Ватан» низ аслан тоҷикӣ мебошад. Дар Осиёи пеш, дар асри 17 то солшумории мо, яъне 3700 сол муқаддам, давлате буд, бо номи Метанӣ ё Метаниён, ки дар натиҷаи муҳоҷирати ориёиҳои тоҷик ба вуҷуд омада буд. Тоҷик-ориёиҳое, ки дар сарзамини тақрибан имрӯзаи мо зиндагӣ доштанд, бо кадом сабабе аз ин ҷо муҳоҷират карда, дар Осиёи пеш давлати нави худро барпо намуданд, бо номи Метанӣ (Метаник), ки маънояш Ватан аст. Асли вожаҳои «Меҳан», «Майҳан», «Метан», ки имрӯз мо мегӯем, аз калимаи «Матан» мебошанд. Чун он дар забони арабӣ роиҷ шуд, бо гузашти вақт овози «м» ба овози «в» иваз гашт ва бо ҳамин ба ҷойи калимаи «Матан», «Ватан» талаффуз мекардагӣ шуданд.

Гуфтем, ки ориёҳо 3700 сол қабл ба Осиёи пеш муҳоҷират карда буданд. Онҳо маҳз дар ҳамон замон вожаи «Ватан»-ро бо худ бурдаанд. Агар эшон то замони муҳоҷирати хеш боз чанд ҳазор соли дигар дар сарзамини имрӯзаамон зиндагӣ карда бошанд, пас вожаҳои «Ватан» ва «Меҳан» тақрибан 7-8 ҳазор сол ё зиёда аз он умр доранд. Яъне, тоҷик 7-8 ҳазор сол пеш ё зиёда аз он вожаҳои «Ватан» ва «Меҳан»-ро маҳз ба маънои имрӯзааш истифода мебурд, 7-8 ҳазор сол пеш, ё зиёда аз он соҳибватан буд, соҳибзабон буд ва бо ифтихор «Матан», «Ватан», «Меҳан» мегуфту онҳоро муқаддас медонист ва барояшон ҷонбозиҳо мекард. Ин аст, ки ин калимаҳо дар шакли решагии аслии худ ва ё бо андаке тағйроти овозӣ, то кунун дар Тоҷикистону дигар кишварҳои халқашон ориёинажод боқӣ мондаанд, ки «Метан», «Урметан», «Метаниён», «Майҳан», «Майҳаниён» аз ҳамон қабиланд. Ҳамаи ин вожаҳо маънои Ватанро доранд. 

Устод дар заминаи вожаи «матан», ба таҳлили калимаи «мать»-и русӣ гузаштанд, ки бисёр шавқангезу ҷолиб ва боварибахш аст. Он кас гуфтанд, ки калимаи «мать»-и русӣ, ки дар бисёр маврид ба маънои Ватан низ истифода мешавад, (масалан, «Родина-Мать»), шакли кӯтоҳшудаи вожаи тоҷикӣ-ориёии «матан» мебошад. Дар забонҳои халқҳои ориёнажод ва славянҳою дигар халқҳои аврупоӣ аз қадим то имрӯз, вожаи «Мать-Родина» ё «Родина-Мать»-ро ба маънои Ватан-Модар ва Модар-Ватан истифода мебаранд, ки решааш ҳамон «матан» («ватан»)-и тоҷикӣ аст. Аз ин рӯ «Модар-Ватан»-и тоҷикӣ ва «Мать-Родина»-и русӣ — славянӣ аслан ҳамреша буда, пайдоишашон тоҷикӣ аст.

Ба андешаҳои устод ман чизи дигарро илова мекунам: Дар гуфтори ғайриадабии русӣ (жаргон) калимаи «махан» ҳаст, ки ба маънои модар истифода мешавад. Пас, гуфтан мумкин, ки ин вожаи русии «махан» ҳам шакли тағйирёфтаи калимаи «матан» мебошад ва он ҳам қадимӣ аст.

Ҷое ки сухан аз Ватан аст, аз ваҳдат ногуфта намешавад. Ин буд, ки яке аз сурудҳои навбатии Баҳодури Неъмат ба ваҳдат бахшида шуд: 

Ҳамдилӣ ҳамбастагӣ, ҳамсадоӣ ваҳдат аст.

Меҳрубонӣ, ғамгусорӣ, ошноӣ ваҳдат аст.

— Воқеан, оғозу анҷоми миллат аз ваҳдат вобастагӣ дорад, ободиву озодагии Ватан ҳам, — бо таъкид гуфт Нигинаи Муъмин. — Пас ба тамошобин муроҷиат карда пурсид: — Ватан ва ваҳдат бо ҳам пайвандие дошта бошанд? Умуман, Ватан чист ва ватандор кист? 

Чанде аз тамошобинон назар ва фаҳми худро атрофи ин суолҳо баён доштанд. Барои ман ҷавоби зерин писанд омад: 

— Ватандорӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ дар қалбамон бояд ҷой дошта бошад. Барои инкишофи ин сарзамини аҷдодӣ сидқан талош варзем, гуфтору кирдору амаламон бо ҳам як бошад. Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар бари сарвари кишвар бошем, барои ин Ватан хизмати шоиста кунем. 

Пас як шеъри хубе хонд, аз сурудаҳои Ҳофизи халқии Тоҷикистон, устод Абдулло Назриев, ки чунин мисраҳои ватанпарварона дошт: 

То лаб тару хун дар рагу гармист баданро,

То бас накунад дил ҳаракат, мижа заданро,

То қувва ба бозуст хаму рост шуданро.

Аз даст надиҳам домани мақсуди Ватанро. 

Ин аст ба Модар-ба Ватан рози дили ман,

Бигзор ҷаҳон бишнавад, овози дили ман!

Тамошобини дигар низ суханони арзишманд гуфт: 

— Мо имрӯз ба Муҳтарам Ҳотам барин муҳаққиқон, адабиётчиён, таърихнигорон ниёз дорем. Мо бояд таърихи худ, адабиёт фарҳангамонро кашф кунем, чун гаҳвараки чашм ҳифз кардаю нигоҳ дорем, ба ояндагонамон ба мерос гузорем, ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем. Ин ҳам ватандорӣ аст.

Пас аз чунин гуфтор Нигинаи Муъмин афзуд: 

— Дӯст доштани Ватан аз шинохтани Ватан аст. Ин равзанаи ошноиро бештар вақт ба мо китоб во мекунад. Аз пиндори мо Ватанро аз равзанаи «Шоҳнома»-и безавол бояд дид. Ватандорию ватансозиро бо нигоҳи Фирдавсӣ бояд шинохт, аз ӯ омӯхту ба ӯ пайравӣ кард. 

— Ҳақ аст, — тасдиқ намуд Муҳтарам Ҳотам. — Барои беҳтар донистану шинохтан ва дӯст доштани Ватан бояд, ки ҳатман аз таърихи дирӯзу имрӯзи Ватан огоҳӣ дошт. Ин чиз бе китоб намешавад. Мо агар саргузашти аҷдоди худ, заҳмату талошҳо, ҷоннисориҳо ва сарсупориҳои дар роҳи Ватан кардаи онҳоро хуб бидонем, Ватанро беҳтар дӯст медоштагӣ мешавем. Воқеан, «Шоҳнома» асари барҷастаест, ки асосан аз қаҳрамонии ҷавононе, ки ба дифои Ватан сина сипар кардаанд, ҳикоят мекунад.

Нигаҳ кун бад ин лашкари номдор,

Ҷавонони шоистаи корзор.

Зи баҳри бару буму пайванди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем. 

Эроне, ки дар Шоҳнома ҳаст, ҳамон Эронест, ки дар замони Баҳмани Исфандиёр дар сарзамини кунунии мо арзи вуҷуд мекард ва аз рӯди Панҷ то рӯди Сир, аз Самарқанд то қаторкуҳи Сарикӯлро дар бар мегирифт. Он яке аз 7 кишвари ориёиҳо буд. 

Дар Шоҳнома бахше ҳаст бисёр ҷолиб: Дар он чунин маълумот ҳаст: Афросёб лашкари бешуморро ба ҷанги Эрон фиристонид. Онҳо аз дарёи Сир гузаштанд. Дар дашти тақрибан Конибодоми имрӯза ҷанги шадидтарине миёни Эрону Турон сурат гирифт. Эрониён ғолиб омаданд, ки онро асосан ҷавонон таъмин карданд. 

Ҳамин тавр, вақте ки мо аз тариқи китоб дар гузаштаҳои дур баҳри Ватан сина сипар карданҳо ва ҷоннисорӣ намуданҳои ҷавононро мефаҳмем ва дарк мекунем, ки ин Ватан ба қимати ҷони ҳазорон ҳазор ҷавонон маҳфуз мондаю то ба мо расидааст, ҳатман ба онҳо меҳру муҳаббати ғоибона пайдо мекунем. Ин боис мешавад, ки дар қалбамон эҳсоси пайравӣ ба эшон бедор шавад ва тадриҷан тарбият ёфтаю рушд кунад. Ҳамин чиз моро водор мекунад, ки Ватанро дӯст дорем, обод кунем, лозим ояд барояш тану ҷонро бубахшем. Ин аст таъинот ва рисолати китоб.

Ёрон, Ватан ин ҳадяи яздонии мост,

Хидмат ба Ватан, мояи инсонии мост.

Меҳри Ватану ёди ниёгони азиз,

Як гӯшаи имону мусулмонии мост.

Инсон бе Ватан мурғи беболупар аст. Инсонҳои зиёде бо ёди Ватан ҷон додаанд. Орзу кардаанд, ки як каф хоки Ватанро бо худ ба гӯр баранд. 

«Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу, 

Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок»-ҳасрат кардааст Темурмалики қаҳрамон. Фаромӯш накардани қаҳрамонҳо, посдории хотири онҳо низ ватандорӣ аст. Бояд гуфт, ки доираи хидмат ба Ватан бас фарох, беҳадду ҳудуд ва бе маҳдудият аст. Барои қаҳрамонӣ кардану хидмат намудан ба Ватан ҳамеша ҷою макон ёфт мешавад. Асосаш ҳамин, ки ҷасорат, матонат, қавииродагӣ, қавируҳӣ ва қодирӣ бошад. Хуб хондан, хуб кор кардан, ҳатто бо чеҳраи кушод ба касе нигаристану салом додан ҳам ватандорӣ аст. Ҳеҷ кас, агар худаш хоҳад, ҳаргиз аз хизмати Ватан бенасиб намемонад. 

Оини ватандорӣ, бо вуҷуди масъулияти сахт буданаш, пуршарафтарин вазифа аст. Одам ҳар қадар, ки дар ин роҳ талош варзад, ҳамон қадар лаззат мебарад, илҳому нерӯ мегирад. Ҳатто дар ҳоли як ҳиссаи хеле хурд гузоштан ҳам чунин лаззатро гирифта метавонад. 

Ин Ватанро мову ту бояд, ки ободон кунем,

Гар намедонӣ бидону гар намехоҳӣ бихоҳ.

Ин Ватан ниёзманди ману туст, эй ҳамватан. Ин Ватанро ба ғайри ману ту каси дигар обод намекунад. Мо бояд худро ва фарзандонро тарзе тарбият кунем, ки сарсупурдагӣ, ҷоннисорӣ, фидокорӣ шиор ва амали рӯзмарраи ҳаётамон шавад. Ин таъкид аст. Таъкиди дигар ин, ки мо бояд дар атрофи сарвари муаззами кишвар сарҷамъ бошем, дасти ҳам бигирему ҷомеаи навинро бунёд кунем. Ин чиз зарур аст, бисёр зарур! Зеро бесарҷамъӣ, бе ҳувияти баланди миллӣ ва рушди ҳамаҷиҳатаи Ватан дар ҷараёни босуръати ҷаҳонишавии кунунӣ тоб оварданамон мушкил, ё ҳатто номумкин мешавад.

Нигинаи Муъмин пас аз ин гуфтаҳои устод намоишномаро бо суханони хеле дархӯр ҷамъбаст намуд, ки шахсан барои ман маъқул афтод. 

«Инсон ва ҷомеае, ки ба ҳадди худшиносӣ ва худогоҳӣ расидааст ва бо тафаккури наҷиби миллӣ мусаллаҳ гаштааст, бояд, ки дар ҷодаи шинохти дигарон низ ҷасурона, мутмаинона гом бардорад. Бояд, ки бо шоири миллат дар саҳфаҳои китоби фарҳангиву маънавӣ қарор бигирад, бо ҷаҳони муосир дар робита бошад, дар баробари ҳамаи ин ҳеҷ гоҳ, дар ягон ҳолату вазъият асолати миллии хешро гум накунад, баръакс, ин асолатро шоиста бишносад, онро ҳифз кунад, ба қадри тавоноии хеш тарғиб бисозад».

Ин намоиш барои ман пур аз ҳикмати ватандорӣ, ватансароӣ, ватанхоҳӣ буд. Дарси хубе буд дар мавзӯи ватандӯстию ватансозӣ. Он водорам намуд, ки эҳсосотамро бо мисраҳои зерини шоир ифода кунам: 

Ман бароят эй Ватан аз ду ҷаҳон мегузарам, 

Чун ту дар ҷони манӣ, аз сару ҷон мегузарам.

Мисраҳои шоири дигар ҳам вирди забонам омад, ки ба Тоҷикистон бахшидааст:

Аз ту ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ бас аст, 

Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст. 

Баъд андешидаму дарёфтам: Ватан бе ману бе ман барин ҳазорони дигар буда метавонад. Аммо ман бе Ватан буда наметавонам. Сафарҳои бисёрам ёд омаданд. Дар ҳар кишваре, ки будам, — хоҳ дур хоҳ наздик, зуд Тоҷикистонро ёд мекардам ва ҳар лаҳза дилам кашоли Тоҷикистон мешуд. Мисле, ки ошиқ бошам. Бале, ман ошиқ будам ва ошиқ ҳастам, — ба Ватанам, ба Тоҷикистонам, ба дилу ҷонам! Шумо низ ошиқ шавед, — гар ватандоред. Зеро ватандорӣ беошиқӣ намешавад. Чунки он ҳам эҳсос аст, эҳсосе, ки аз мағзи дил мерӯяд. Ватандорӣ дард аст-дарди ширину гуворо. Ҳар каси ба он гирифтор хушбахт аст, хушбахтарини хушбахтҳо. Шумо низ хушбахт бошед!

Аз худ пурсидам: Дар назди Ватан кистам? Дар мағзам ҷавоб омад: «Як қатраям. Ватан дарё аст. Чун бо Ватанам, ман ҳам дарёам. Ҷорӣ мешаваму ҷорӣ мешавам. Марзҳою кишварҳоро убур мекунам. Лабташнагонро об медиҳам. Дашту биёбонҳоро обшор мегардонам, заминҳоро киштбоб месозам, миллионҳою миллиардҳо одамонро соҳибрӯзӣ менамоям… Лек агар бо дарё наям, ҳамон як қатраям ва ногузир хушк мешавам». 

Адибе шояд аз қадимиён, ё баръакс, аз муосир бо ман ҳамақида аст: 

Қатра бо дарё-дарёст,

В-ар на қатра қатраву дарё дарёст.

Яъне, ки дар ин ақида ман танҳо нестам. Бисёр одамони солим худро бо Ватан дарё, ҳатто баҳр ва уқёнус медонанд. Аммо бе Ватан як қатра — як қатраи ногузир хушкшаванда. Ин ҳикмат шоистаи андеша аст…

Шахси солмандро андешаҳояш ба ҳар сӯ мераванд. Ман ҳам аз ҳамин қабилам. Бисёр мешавад, ки зимни фикрронӣ сипосгузор мешавам Худойро. Барои он, ки як сарзамини биҳиштосо, ҳамешабаҳор, дорои куҳу водиҳои сабзу хуррам, кӯлу дарёҳои обашон зулолу нуқрафом, водиҳои зархез ва осмони софу пурситораро насибамон кардааст. Шукрона мекунам, ки Худованд дар охири асри ХХ, — замоне, ки барои мо тоҷикон бас фоҷиабор буд, Эмомалӣ Раҳмони ҷасуру ташаббуспеша, адолатпарвару одилро сарвару роҳбарамон гардонд ва тавассути ӯ миллату давлатамонро аз вайрону валангоршавӣ, ҳатто аз несту нобудшавӣ нигоҳ дошт. Акнун, шукр, ин Ватан ободу шукуфо аст. Дар арсаи ҷаҳон шинохта шудааст ва миёни давлатҳои дигар қадру эътибор дорад. Байни 10 кишвари амнтарини сайёра дар зинаи 7-ум аст. Пас бешак мо миллати назаркардаи Худовандем. Месазад, ки хурду бузург, пиру барно ба қадри ин назаркардагӣ бирасем? 

Ин буд, ҳикматҳое, ки ман аз барномаи «Оини ватандорӣ»-и Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» бардоштам.

 

ҲАСАН ЮСУФИ ФАӢЗБАХШ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here