Филмшиносӣ ва синамошиносӣ, соҳаи санъатшиносӣ доир ба шинохти кино ҳамчун навъи ҳунар ва воситаи иртиботи оммавӣ. Ба доираи киношиносӣ, таърих ва назарияи кино дохиланд. Қисми муҳим ва таркибии киношиносӣ танқиди кино аст. Фанҳои ёрирасони киношиносӣ библиографияи кино ва филмография маҳсуб мешаванд. Киношиносӣ бо зебоишиносӣ (эстетика) ва дигар улуми санъатшиносӣ, таърих, фалсафа, педагогика, ҷомеашиносии ҳунар ва равоншиносӣ зич алоқаманд аст. Назарияи кино асос, услуб, усулҳои асосии фаъолият ва рушд, мавқеи иҷтимоӣ-фарҳангии кино ва анвои онро меомӯзад. Таърихи кино қонуниятҳои инкишофи санъати кино, навъ, жанр, услубҳои кино, усулҳои эҷодӣ, равия, мактаб, хусусиятҳои бадеии кино, асосҳои техникӣ ва истеҳсолии кинематографро таҳқиқ мекунад. Танқиди кино (таҳлил ва баррасии ҳамаҷонибаи осори кино) ҳамчун қисмати журналистика ташаккул ва баъд дар фалсафа ва зебоишиносии кино, киношиносӣ таҳаққуқ ёфт. Библиографияи кино ва филмография филмҳои мавҷудро тавсиф ва танзим мекунанд. Дар назария ва таърихи кино вобаста ба мавзӯи таҳқиқот чанд равиш ё усули таҳлилӣ, ки маҳсули талошҳои густардаи муҳаққиқони ҳавзаи санъатшиносӣ, забоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, мардумшиносӣ, равоншиносӣ, фалсафа, танқиди адабӣ ва кино мебошанд, роиҷ аст: зебоишиносӣ (низоми ифода ва тасвири кинематографро меомӯзад); таҳлилӣ (таҳлили мундариҷа ва моҳияти кинофилмҳо); ретсептивӣ (вокуниш, муҳовараи тамошогар бо филм, шинохти хусусиятҳои тамошо, дарк кардан ва ба тамошогар таъсир бахшидани филм); ҷомеашиносӣ (омӯзиши вазифа ва мавқеи иҷтимоии кино); фарҳангшиносӣ (киноро ҳамчун зуҳуроти фарҳанг, кул ва анвои ҳунарро ҷузъӣ меомӯзад). Инкишофи киношиносӣ ба шарту шароити рушди санъатшиносӣ вобаста аст. Шаклгирӣ ва мавқеи киношиносӣ дар ҳар кишвар гуногун мебошад. Таърихан барои ташаккули киношиносӣ осори таҳқиқии марбут ба кино («Манифести ҳафт ҳунар»-и Р. Канудо, 1911, «Санъати кино»-и В. Линдсей, 1915, «Фотопеса: Таҳқиқоти равоншиносӣ»-и Г. Мюнстерберг, 1916) мусоидат карданд. Киношиносӣ дар Фаронса солҳои 1920-1930 зери таъсири ғояҳои ҷараёни «Футуризм» ва «Авангард» (Л. Делюк, Ж. Дюлак, Р. Клер, Ж. Эпштейн, А. Ганс, Ж. Ренуар, Р. Клер, Ж. Фейдер) ташаккул ёфт ва минбаъд ба туфайли асарҳои муаррихону назарияпардозони кино Л. Муссинак, Ж. Садул, М. Мартин, А. Базен, Ж. Митри, Леви-Строс, Ж. Дерида ва дигарон рушд кард. Солҳои 1930 киношиносон Б. Балаж-и венгерӣ ,Ч. Р. Арнҳейм-и олмонӣ, З. Кракаур ва дигарон илми киношиносиро инкишоф доданд. Баробари пайдоиши кинои овоздор (1930) дар киношиносӣ тавсифу таҳлили воситаҳои овозии кинематограф ва услубҳои ифодаи он, зебоишиносии кино бештар маъмул гашт. Майли муҳаққиқон (бахусус дар зебоишиносӣ, санъатшиносӣ) ба таҳқиқи мавзӯъҳои марбути назарияи кино бештар шуд (Я. Мукаржовский, Э. Панофский, Т. Адорно). Дар ин давра адабиёти аввалини тахассусӣ доир ба таърихи кино чоп шуд. («Таърихи кинематограф»-и Ж. М. Куасака, 1925, «Таърихи кино»-и М. Бардеш, Р. Бразийака, 1935, «Филм то имрӯз»-и П. Рота, 1930, 6-ҷилдаи «Таърихи умумии кино», Ж. Садул ва ғ.). Баъди Ҷанги дуввуми ҷаҳон марказу ниҳоди илмиву таҳқиқотӣ ва таълимии киношиносӣ, ба мисол, дар Фаронса Институти  филмология, Э. Морен, Ж. Коэн Сеа, Э. Сурио, А. Валлон; дар Русия Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография, Институти умумииттифоқии тақҳиқоти илмии назария ва таърихи кинои назди Госкинои ИҶШС таъсис дода шуданд ва маҷалаҳои илмии «Revue internationale de filmologie» (аз 1962 – «Ikon»), «Cahiers du cinéma» (1951); дар ИҶШС «Искусство кино» (аз 1931, «Кинематограф сегодня») чоп шуданд. Ва ин раванд боис гардид, ки мутахассисони киношинос ба камол расиданд. Дар рушди киношиносӣ Мерло-Понти, (Фаронса), С. Лангер, Л. Рота, Р. Мэнвелл, А. Монтегю, (Англия), Л. Кярини, Г. Аристарко, Ч. Заватини, К. Литзан (Италия), Р. Ингарден, Е. Теплитс, Б. Михалек, Е. Плажевский (Полша), А. М. Броусил (Чехия), Н. Станимирова (Булғория), Ҷ. Х. Лоусон (Амрико), А. Ивасаки (Ҷопон) саҳми назаррас гузоштаанд. Солҳои 1960–1980 мавзӯъ ва масъалаҳои умдаи киношиносӣ дар доираи мактаби киношиносӣ (семиотикаи кино, У. Эко, Ф. Де Соссюр, Ч. Пирс), сохторгароӣ (Р. Барт), пасосохторгароӣ (Ф. Жост, С. Чэтман, Э. Брениган), падидоршиносӣ ва равонковӣ (Ж. Лакан, Ж. П. Удара, Ж. Л. Бодри, К. Метз) таҳқиқ шуданд. Солҳои 1970 киношиносӣ дар бисёр донишгоҳо ба доираи фанҳои таълимӣ ва академӣ дохил шуд. Зарурати таҳияи китобҳои дарсии донишгоҳии марбут ба назарияи зебоишиносӣ ва дигар осори таҳқиқии киношиносӣ боис шуд, ки нашри адабиёти бисёри киношиносӣ ба роҳ монда шавад. (сеҷилдаи «Очеркҳои таърихи кинои шӯравӣ» осори шашҷилдаи С. Эйзенштейн, чорҷилдаи А. Довженко, сеҷилдаи В. Пудовкин, М. Ромм, таълифоти С. Герасимов, С. Юткевич, И. Вайсфелд, Е. Добин, С. Фрейлих, Н. Зорская ва дигарон). Зебоишиносии таърихӣ, ки маъмулан бо таърихи фановарии кино (кинотехнология) марбут аст, ташаккул ёфт. Истифодаи донишҳои нав дар таърихи кино, барои бознигарии консепсияҳои мавҷудаи таърихи кино (махсусан, давраи аввали таърихи кино, Ҷ. Маст, Р. Фелл, Т. Ганнинг, К. Томпсон (ИМА); Д. Кук, Б. Солт (Англия) А. Годро (Фаронса), А. С. Трошин, Ю. Г. Сивян (Руссия) мусоидат кард. Дар киношиносии охири асри 20 ва ибтидои асри 21 равишҳои таҳқиқии фарҳангшиносӣ (консепсияи асотирии кинематограф), пасомедернистӣ, феминистӣ, маърифатшиносии кино (кинокогнитивизм, Ҷ. Хохберг, В. Брукс, Н. Кэрролла, Д. Бордуэлла, Ҷ. Андерсон, Г. Кёрри) роиҷанд, ки барои рушди таърих, назария ва танқиди кино шароит фароҳам оварданд.

Ба таври хулоса, аз ибтидои пайдоиши санъати кино ягона равиши таҳлилӣ дидгоҳи зебоишиносии кино буд. Баъдтар осори кино дар замина ва чорчӯби равишҳои маънишиносӣ (семантикӣ) ё таърихӣ, услуби таърихӣ-генетикӣ (омӯзиши аносир, шаклу моҳияти осори кино бо дарназардошти таҳлил ва тафсилоти биографӣ, таърихӣ ва иҷтимоӣ, (фарҳангӣ), нишонашиносӣ (семиотикаи кино), падидоршиносӣ (феноменология) маъмул гардиданд. Намояндагони ҳар мактаб зимни баррасӣ ба таҳлили яке аз аносир ё абъоди синамо мепардозанд ва абъоди дигари мавҷуд дар (абъоди фикрӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ,  зебоишиносӣ, феноменологӣ) онро нодида мегиранд.

Киношиносӣ ҳамчун соҳаи махсусии санъатшиносӣ дар ИҶШС баъди Инқилоби Октябр ба вуҷуд омад ва рушд кард. Таҳқиқоту назарияҳои аввалини киношиносӣ дар Русия бо ҷустуҷӯҳои эҷодии бунёдгузорони кинои шӯравӣ Л. В. Кулешов, С. М. Эйзенштейн, В. И. Пудовкин, Д. Вертов, А. Довженко, В. Туркин, С. А. Тимошенко Н. А. Зархи, В. Шкловский ва дигарон алоқаманд аст. Аз солҳои 1930 ба масъалаҳои киношиносӣ бештар санъатшиносон ва мунаққидони касбӣ машғул шуданд. Солҳои 1950 осори таҳқиқии киношиносӣ ба вуҷуд омаданд, ки дар онҳо ҳам таҷрибаи эҷодии кинематографияҳои ҷавони миллӣ ва ҳам санъати кинои ҷаҳон омехта ва ҷамъбаст шуда буданд. Дар Иттифоқи кинематографистони ИҶШС сектори киношиносӣ ва мунақидони кино амал мекард, ки ҳоло Иттиҳоди киношиносон ва мунақидони кинои Русия- ном дорад. Дар инкишофи киношиносии муосир ва таҳкими фаъолияти киношиносон Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография, ки муддати тӯлонӣ ягона муассисаи таҳсилоти олии касбии соҳаи киношиносӣ буд, мавқеи муҳим дорад.

Дар Тоҷикистон таҳқиқотҳо оид ба масъалаҳои кинои миллӣ аз даврони шӯравӣ оғоз ёфтанд. Аз охири солҳои 60-и асри 20 мавзӯъҳои кинои тоҷик дар шӯъбаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи милии илмҳои Тоҷикистон омӯзишу таҳқиқ мешаванд. Намояндагони маъруфи мактаби киношиносии тоҷик А. Аҳроров, Ҳ. Сабоҳӣ, С. Раҳимов, Ҷ. Ромишгар, Л. Казакова, Т. Некқадамов, Ӯ. Иброҳимов, Р. Темиров ва дигарон мебошанд, ки дар рушду нумуъ ва таҳлилу таҳқиқи мавзӯъ, мушкилот ва ҷанбаъҳои умдаи синамо ё кинои миллӣ нақши бориз доранд.

Адабиёт:

Балаш Б. Видимый человек. Л., 1925; Арнхейм Р. Кино как искусство. М., 1960; Аристарко Г. История теорий кино. М., 1966; Burch N. Praxis du cinéma. P., 1969; Базен А. Что такое кино? М., 1972; Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 2. Д., 1989; Robert S. Film Theory: an Introduction. Malden, 2000; Villarejo A. Film Studies. London, 2007; Соколов В. Киноведение как наука. М., 2008; Корте Г. Введение в системный киноанализ. М., 2018.

Нодир НУРОВ,

докторант аз рӯи ихтисоси доктор (PhD)

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here