Яке аз масъалаҳое, ки ҷамъияти имрӯзаи моро ба торикӣ бурда истодааст, ин ба марказҳои дилхушӣ рӯ овардани ҷавонон мебошад. Бояд гуфт, ки чунин маконҳо ба мо на фоида, балки зарари калон меоранду халос!

Солҳои охир дар ин маконҳо аз ҳама бисёртар хонандагони мактабҳои миёна ва донишӯёнро мушоҳида метавон кард. Дар шароити муосир бисёранд ҷавононе, ки худро бо дасти худ ба воситаи чунин аъмоли номатлуб ба оғӯши «марг» мепартоянд. Даст задан ба чунин аъмоли зишт, ки имрӯз ҳатто миёни духтарон низ мӯд шудааст, аз сигоркашӣ сар мешавад. Сигор инсонро “ошиқ”-и худ карда, оҳиста — оҳиста “дилдода”-ашро ҷониби маводи заҳролуду хатарнок роҳнамоӣ мекунад. Асосан ба ин гуна амалҳо шахсони кӯтоҳандеш, ки оқибати кори мекардаашонро дарк намекунанд, даст мезананд. Ба андешаи чунин афрод, гӯё истифодаи маводи зараровар ва рафтан ба мавзеъҳои номатлуб ба қалби онҳо оромӣ мебахшад, яъне онҳо ҷавониро маҳз дар чунин ҷойҳои ифлос мебинанд.

Тибқи хулосаи табибон, одамоне, ки ба чунин амалҳо даст мезананд, оҳиста — оҳиста қобилияти фикрронии худро аз даст дода, ба бемориҳои гуногун ва ҳатто маргбор гирифтор мешаванд. Инчунин, ба дунё омадани насли солим аз онҳо дар гумон аст. Зарари чунин афрод солиёни зиёд ба ҷомеаи мо мерасад.

Нафароне, ки ба чунин амалҳои зишт даст мезананд, қадри падару модари хешро дар назди ҷомеа баробар ба як тин намуда, ба оила ва наслҳои ояндаашон ҳам зиёну ҳам доғ меоранд. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон сабаби ақибмонии ҷомеа мегарданд.

Чилим (имрӯз бо номи «калян» байни ҷавонҳо машҳур аст) низ як навъи тамоку буда, бори нахуст он дар Ҳиндустон бо номи “галюн” (Ghalyun) пайдо шудааст. Сипас, миёни аҳолии Ҳиндухитой ва Марокаш паҳн шудааст. Он дар асри XIX ба Аврупо омада, зуд машҳур шуд. Арабҳо онро “шиша” ё “наргила” меноманд. Ин мавод дар заминҳои Афғонистон баробари ҳашиш корида мешавад. Бояд зикр кард, ки наргила ном гирифтани чилим бесабаб нест, чунки наргила номи дарахти чормағз буд ва аввалин бор ҳам чилимро аз чӯби ҳамин дарахт сохтаанд. Байни чилим ё каляни даврони гузашта ва муосир тафовути калоне дида мешавад, чунки дар гузашта калян нисбатан безарартар буд.

Мутаассифона, баъзе одамон чилимро безарар мепиндоранд, аммо агар ба таркиби он хуб назар афканем, ба зудӣ зарарнок буданаш ба мо ошкор мегардад. Бояд гуфт, ки зимни омодакунӣ ба дохили калян якчанд номгӯи маводи хушбӯйкунанда ҳамроҳ карда мешавад, ки ба истифодабаранда эҳсоси гуворову форам мебахшад. Дар он дуди тамокуро полоиш дода, сипас, нарму хунук карда, барои маззагирӣ аз об ва спирт пур мекунанд. Дар зарфи обдор бошад, найчае пайваст аст, ки тавассути он дуд ба зери об рафта, ба воситаи қубури дигар ба димоғи истифодабаранда меравад. Кори тозакуниро асосан об иҷро мекунад. Ба мо маълум аст, ки тамоку дорои никотин буда, консентратсияи он дар як қуттии 50-грама ба 0,05% баробар мебошад. Тасаввур кунед, қуттие, ки 50 грамм тамоку дорад, дар таркибаш 25 мг никотин мавҷуд аст. Ҳангоми тайёр кардани калян як қуттиро 4 маротиба истифода мекунанд. Барои як маротиба истифодаи калян 6,25 мг никотин рост меояд. Агар мо калянро бо сигор муқоиса кунем, зарараш нисбати сигор даҳҳо маротиба зиёдтар аст. Сигор дар таркибаш 0,8 мг никотин ва чилим бошад 7,5 маротиба зиёдтар никотин дорад. Ҳангоми истифодаи калян инсон хуморӣ шуда, ҳарорати баданаш баланд мешавад. Дар натиҷа кори дили истифодабаранда суст шуда, дар узвҳо камҳаракатӣ дида мешавад.

Тибқи нишондоди Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ солона тахминан 5 млн одам дар натиҷаи истифодаи тамоку ва майзадагӣ ба ҳалокат мерасанд.

Хонандаи азиз, истифодаи чунин маводи ифлос тибқи ҳадису оятҳои ислом низ манъ шудааст. Калян ё чилим ва тамоку ҳам аз шумори чунин маводи манъшуда аст. Ҳатто дар бораи заранок будани тамоку истеҳсолкунандагони он дар пушти қуттӣ “Истифодаи тамоку ба саломатии шумо зарар дорад!” навиштаанд. Пас, биёед, мо ҳам худамонро дидаю дониста ба коми марг тела намедиҳем.

Чӣ гуфтед?!

 

Муҳаммадисо РАҲМАТОВ,

Мирсаид САТТОРИЁН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here