Коллеҷи фарҳанг яке аз куҳантарин муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии мамалакат маҳсуб меёбад. Таълимгоҳ  2-юми апрели соли 1945 бо номи Техникуми китобдории Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Баъдан, ба он номи Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоӣ гузошаанд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми августи соли 2001 таҳти 365 таълимгоҳ ба Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов табдили ном намудааст.

Симои коллеҷ дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон куллан тағийр ёфтааст. Дар ин давра корҳои зиёди созандагию бунёдӣ ба анҷом расонида шуданд. Дар сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Тавре Пешвои миллат зикр намудаанд: “Фарҳанг ҳастии миллат аст”. Аз ин рӯ, роҳбари давлат соҳаи фарҳангро доим дастгирӣ ва пуштибонӣ менамоянд. Натиҷаи чунин ғамхориҳо аст, ки дар коллеҷ бо маблағгузории Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ як қатор иншоотҳои муҳим сохта, ба истифода дода шуданд.

Солҳои пеш аз сабаби набудани толори варзишӣ дарсҳо аз фанни тарбияи ҷисмонӣ зери барфу борон хуб ва мувофиқи мақсад намегузаштанд. Аммо ин мушкилот дар давраи давлатдории миллиамон  ҳаллӣ худро ёфт ва ҳоло дарсҳо дар толори варзишии замонавӣ мегузаранд. Чун таваҷҷуҳ ба солимии ҷавонон зиёд аст, бинобар ин, чор сол пеш дар саҳни муассиса майдончаи варзишӣ барои футболи хурд сохта, ба истифода дода шуд, ки феълан аз шароити муҳайёгардида истифода бурда, донишҷӯён маҳорати варзишии худро сайқал медиҳанд. Инчунин, дар  ин давра 10-синфхонаи нави барҳаво барои 300 ҷои нишаст дар ду баст сохта ба истифода дода шуд, ки дар онҳо шароити мусоид барои таълиму тарбияи ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Феълан таълимгоҳ дорои хобгоҳи замонавӣ мебошад. Хобгоҳ дар масофаи наздик ба таълимгоҳ сохта шуда, барои зиёда аз 50 нафар донишҷӯёни эҳтиёҷманд шароити зисту зиндагонӣ муҳайё карда шудааст.

Муассиса аз рӯи ихтисосҳое мутахассис омода менамояд, ки ба онҳо ниёзи ҷомеа рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Масалан, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзгори фанни таълими мусиқӣ зарӯр аст ва боиси хурсандист, ки дар аксарияти мактабҳои ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ва ҷумҳурӣ омӯзгори ин фанни таълимӣ дастпарварони Коллеҷи фарҳанг мебошанд. Дар раёсат ва шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияиҳо  навозандагони созҳои гуногуни мусиқӣ ва овозхонон фаъолият менамоянд ва дар байни онҳо хатмкунандагони Коллеҷи фарҳанг бешуморанд. Аксарияти дастпарварони ин муассис баъд аз хатми таълимгоҳ ба донишгоҳу донишкадаҳои ватанӣ ва хориҷ аз кишвар дохил шуда, таҳсилашонро ба таври ҳам рӯзона ва ҳам ғоибона идома медиҳанд. Ҳамасола, ин муассисаи таълимиро садҳо нафар хатм менамоянд ва онҳо баҳри рушду пешрафти Ватани азизамон фаъолоияти пурсамар менамоянд. Аз байни даспарварони Коллеҷи фарҳанг собиқ вазирон, ҳунармандони халқии Тоҷикистон, олимон, шоирону  рӯзноманигорон, афсарони олирутба ва кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба воя расидаанд.

Ҳоло дар Коллеҷи фарҳанг аз рӯи ихтисосҳои омӯзгори таълими мусиқӣ, рӯзноманигорӣ, китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, эҷодиёти халқ (фолклор) донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд. Дар байни онҳо Абдусаломи Абдусалим ва Қодирова Мадина-донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ барандагони Стипендия Президентӣ ва Халифаева Умеда-донишҷӯи бахши 4-и ихтисоси Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ барандаи Стипендия Раиси ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд. Чанд рӯз пеш Саидзода Мавлуда, донишҷӯи бахши 4-и ихтисоси Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ дар озмуни “Донишҷӯи соли 2020”, ки дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг гузаронида шуд, иштирок карда, ба унвони дар боло зикршуда сазовор гардид.

Даспарварони муассисаи таълимӣ дар аксарияти чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолна иштирок намуда, бо ҳунари овозхонӣ, навозандагӣ, шеърхониву суханварӣ, актиёрӣ иштирок менамоянд.

Заҳмати устодони таълимгоҳ низ қобили зикри хос аст. Омӯзгорони  заҳматпешаи таълимгоҳ ба монанди ҷонишини директор оид ба таълим Аттоев Абдураҳмон, ҷонишини директори оид ба тарбия Шарипова Шаҳло, мудири шуъбаи таълим Ҳасанов Бобохон, декани факултет Ҷаъфаров Ҷаъфар, эдвайзер Раҷабова Фарангез, мудири кафедраи таълими мусиқӣ, эҷодиёти халқ ва менеҷменти соҳавӣ Шоҳмаҳмадов Қурбоналӣ, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ — риёзӣ Чоршанбиева Ситора ва омӯзгорон  Ҷамолов Зиёвиддин, Қурбонова Саврия, Собиров Тоҳир, Назираи Абдуҳалим ва дигарон кӯшиш менамоянд, ки дар таълиму тарбияи шогирдонашон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Барои сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ директори Коллеҷи фарҳанг Абдураҳимзода Идрис имрӯзҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, корҳои созандагию бунёдкориро вусъати тоза бахшидааст. Тамоми синфхонаҳо бо таҷҳизоти муосири равшандиҳанда таъмин гардида, дар синфхона ва долонҳо аёниятҳои ба талаботи замон мувофиқ насб карда шудаанд. Роҳравҳо ба тозагӣ  бетонрезӣ шудаанд ва барои боз ҳам зебо шудан маъмурияти таълимгоҳ ният дорад, ки роҳравҳоро кошнигорӣ намояд.

Тавре, мушоҳида гардид саҳни Коллеҷи фарҳангро гулҳои мавсимии шинонидашуда оро мебахшанд. Гулҳои шинонидашуда зиёда аз ҳазор бехро ташкил медиҳанд, ки онҳо воқеан ҳам назаррабо ва дилфиреб мебошанд.

Вусъатёбии корҳои ободонию созандагӣ ва ба даст овардани муваффақиятҳои нави устодону донишҷӯён боиси он гардид, ки дар ин шумора руи саҳифа маводеро дар бораи Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов  нашр намоем.

Миралӣ Воҳидов,

мудири кафедраи рӯзноманигорӣ ва

китобхонашиносии Коллеҷи фарҳанги

ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here