Санаи 11-уми феврали соли равон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ба хабарнигорон иброз дошт: “МДТ ДДФСТ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, мутобиқ намудани стандартҳои таълимӣ ба низоми аврупоӣ, ки яке аз масъалаҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ба ҳисоб рафта, ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, як қатор тадбирҳои заруриро дар амал татбиқ намуд. Аз ҷумла, бо мақсади тибқи талаботи меъёрӣ ба роҳ мондани низоми таълим дар донишкада кафедраҳо барномаҳои таълимии худро, ки бештар аз 200 адад мебошад, аз ҳама фанҳои тахассусӣ мутобиқ ба дастурҳои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуданд.

Инчунин, 20 нақшаи нави таълимӣ дар самти доктор аз рӯи ихтисос (PhD), магистратура ва бакалавр таҳия ва аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар ин давра стандартҳои таълимӣ ба талаботи низоми аврупоӣ аз рӯи ихтисоси санъатшиносӣ, менеҷменти фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, фарҳангшиносӣ, осорхонашиносӣ, режиссураи телевизион, телеоператори кино ва ВЕБ-журналистика омода карда шуда, ба маркази таълимӣ-методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташхис ва хулосабарорӣ пешниҳод карда шудаанд”.

Ҳамчунон, ректор илова намуд, ки бо мақсади ба талаботи Консепсияи таҳияи барномаҳои таълимӣ ҷавобгӯ гардондани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ аз фанҳои таълимии тахассусӣ 1 монография, 2 воситаи таълимӣ ва 27 дастури таълимӣ таҳия ва ба нашр расонда шудаанд.

Аз рӯи маълумоте, ки ректор ироа дошт, фаъолияти илмии донишкада асосан дар заминаи илмҳои санъатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, педагогика, ҷомеашиносӣ, журналистика, таърих, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва китобшиносӣ амалӣ мешавад. Инчунин, дар донишкада ба таҳқиқи мавзӯъҳои илмӣ барои гирифтани дараҷаҳои илмии унвонҷӯён, докторантон (доктор PhD) ва докторантон аз рӯйи рамзҳои 6D020400 — Фарҳангшиносӣ, 6D090600 — фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, 6D041600 — санъатшиносӣ (мусиқӣ, театр, кино, санъати тасвирӣ, хореография, 6D091000 — иттиллоотӣ-китобдорӣ ва 6D050400 — журналистика таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.

Дар нишаст ректор роҷеъ ба фаъолияти Шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-043 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), гузориш дода, номбурда зикр намуд, ки якчанд доктарантҳо рисолаи илмии худро дифо намудаанд ва дар айни ҳол се чор доктарант дар марҳилаи дифои рисола қарор доранд.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2020 дар заминаи факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишкадавӣ 26 чорабинии илмии дараҷаҳои гуногун гузаронида шуд, ки дар онҳо масъалаҳои гуногуни таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва эҷодӣ муҳокима гардиданд.

Дар шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ 126 нафар магистр ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҳамчунин, дар шуъбаи мазкур ба ҳайси докторант аз рӯи ихтисос (PhD) 24 нафар дар ихтисосҳои гуногун таҳсил мекунанд.

Дар соли 2020 панҷ нафар омӯзгори донишкада рисолаҳои номзадӣ ва як нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд, ки аз ин миён чор нафари онҳо соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳо гардидаанд.

Ҳунарманди мардумӣ Қурбони Собир, ки омӯзгори донишкадаи мазкур мебошад дар соли сипари гардида ба гирифтани унвони илмии профессорӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидааст, ки бевосита ин ҳам яке аз дастовардҳои назаррасӣ донишкада ба ҳисоб меравад.

Профессор Муҳриддин Низомӣ изҳор дошт, ки айни замон дар донишкада 2 лоиҳаи грантӣ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад ва 4 лоиҳа-мавзӯи илмӣ бо дастгирӣ ва маблағгузории Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд.

Мавсуф иброз дошт, ки дар факултаи режиссура, кино ва телевизион кафедраи нав бо номи технологияи кино ва телевизион бо ихтисосҳои “ВЕБ-журналистика”, “РR-робита бо ҷомеа” ва “Кинотелеоператор” таъсис дода мешавад, ки аз соли таҳсили оянда ба қабули донишҷӯён шурӯъ хоҳад кард.

Ба суоли чанд нафар аз донишҷӯёни хориҷӣ дар донишкада таҳсил менамоянд, ректор чунин посух дод, ки айни замон дар донишкада 86 нафар донишҷӯи хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Дар соли таҳсили 2020-2021 ба донишкада барои таҳсил 30 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи шартномавӣ ва 1 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тариқи бурсия муроҷиат намуда, ба сафи донишҷӯён қабул гардиданд.

Донишкада бо 28 донишгоҳу донишкадаҳои дигар кишварҳо шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи ин шартномаҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро ба роҳ мондааст.

Бо мақсади беҳтар намудани робитаҳои хориҷии донишкада 27-уми январи соли ҷорӣ шартномаи ҳамкорӣ бо филиали Донишкадаи санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон дар минтақаи Фарғона — шаҳри Қуқанд ба имзо расид,- изҳор дошт ректори донишкада.

Ҳамчунон, дар нишаст гуфта шуд, ки дар доираи созишномаи миёни МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ва Донишкадаи фарҳанги Олтой дар соли хониши 2020-2021 табодули донишҷӯён сурат гирифт. Дар ин раванд ба Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой 4 нафар донишҷӯ аз рӯи ихтисосҳои режиссёрӣ, режиссёри овоз, санъати театрӣ ва туризм ва 1 нафар ба зинаи магистратура дохил гардиданд. Аз сабаби паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус — (COVID-19) ва баста шудани сарҳадҳо донишҷӯён тавассути онлайн ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар мавриди иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада дар озмунҳои ҷумҳириявӣ ректор изҳор дошт, ки дар озмуни «Муаллими беҳтарини сол» омӯзгори кафедраи маҳорати актёрии донишкада, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Қурбони Собир ва дар озмуни «Донишҷӯи беҳтарини сол» донишҷӯи соли 2-юми муассиса Мадина Зоирова ғолиб омада, соҳиби диплом гардиданд.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Мадина Зоирова дар номинатсияи «Адабиёти муосир» соҳиби ҷойи дуюм гардида, бо маблағи 20 000 (бист ҳазор сомонӣ) қадрдонӣ шуд. Умедҷон Юнусалиев бошад, дар ҳамин номинатсия иштирок намуда, сазовори Сертификати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Дар соли сипаришуда устодон ва донишҷӯёни донишкада ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» фаъолона иштирок намуда, соҳиби шоҳҷоиза, 4 ҷойи 1-ум, 2 ҷойи  2-юм ва 2 ҷойи 3-юм гардиданд.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур аз донишкада 2 нафар омӯзгор — Акрам Мирзоев дар номинатсияи овозхони эстрадӣ сазовори ҷойи 3 — юм (25000 сомонӣ), Қобилҷон Шарипов дар наминатсияи овозхони академӣ ҷойи 5-ум (15000 сомонӣ) ва донишҷӯ Фирдавс Маҳмудов соҳиби ҷойи 4-ум (20000 сомонӣ) гаштанд, ки дар муқоиса ба озмуни соли гузашта натиҷаҳо назаррасанд.

Пас аз анҷоми нишасти матбуотӣ бо даъвати ректори донишкада намояндагони воситаҳои ахбори омма аз студияи таълимии телевизион ва радио, лабораторияи омӯзиши ихтисосии забонҳои хориҷӣ барои журналистон ва лабораторияи танзимгарӣ, ки бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳазонида шудаанд, аз наздик дидан намудем.

Зоҳири С.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here