25 сол қабл, қотилон Муҳиддин Олимпурро куштанд…

Рақами 13 дар фарҳанги кишварҳои зиёди олам ба сифати “наҳс” ёд мешавад. Гумон мекунам, аз дувоздаҳ сездаҳи сол, яке барои журналистикаи тоҷик рӯзи наҳс аст. 13-уми декабр. Дар ин рӯзи сарди зимистонӣ аккос, рӯзноманигор, адиб ва фарҳангсолори тоҷик Муҳиддин Олимпур кушта шуд…

Олимпуре, ки ман мешиносам…

Ман олимпуршинос нестам…

Мутассифона, бо ӯ нанишастам, ҳамсуҳбат набудам, чой нанушидам, кор накардам…

Бевосита, ҳарисона аз китобхона ба китобхона, аз архиве ба архиве гашта, осори ӯро ҷустуҷӯ карда, нахондаам…

Дар дару девори хонаву корхонаи ман аксҳои Олимпур кашол нест…

Пас чӣ гуна Олимпурро дӯст доштам?

Чӣ тавр Олимпурро мешиносам?

Чаро ӯ дар ҳама ҷое, ки ҳастам ҳаст?

Чаро, мане ки ҳамсоли марги ӯям, ҳамаи навиштаҳои ӯро хондаам?

…ва чаро он нигоштаҳо чун мақолаи ҳамин ҳафта тару тоза менамоянд?

Чаро аксҳои ӯ аз дару девор ҷониби ман менигаранд?

Аҷиб аст! Не?

Аз суҳбатҳо

Соли 2012. Суҳбате доштем бо Боқир Муини машҳур ва яке аз бунёдгузорони бахши форсии ВВС. Гуфт:

-Муҳиддини Олимпур журналисти ҷаҳонӣ буд. Маҳз обрӯву нуфузи ӯ сабаб шуд, ки бахши форсии ВВС дафтари худро дар Тоҷикистон боз кард ва ба ин васила кишвари тозаистиқлоли шуморо дар ҷаҳон шинохтанд. Албатта, Олимпур намехост, ки Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ҷангзада шиносанд… Ӯ мехост, ки ВВС Тоҷикистони ҷангзадаро не, балки омилҳои ин фалокатро инъикос кунад, то ки ин даҳшат аз реша нобуд шавад. Олимпур кишварашро ба некӣ муаррифӣ мекард. Дар кӯчаҳои Лондон, ду нафари форсигӯро медид, ҷонибашон мешитофт ва ба онҳо дар бораи зебогиҳои диёраш нақлҳо карда, ба ватанаш даъват мекард. Ибораи “бародарони ҳамзабон” вирди забонаш буд.

Соли 2013 суҳбате доштам бо Масъуди Миршоҳӣ, донишманди номвар, раиси бунёди “Рӯдакӣ” дар Порис. Гуфт:

-Номи Тоҷикистонро аз радио шунидам, зебоиҳои онро аз нақли Олимпур дидам ва бо даъвати Осимӣ ба ин кишвар омадам. Ҳеҷ фардеро во нахӯрдаам, ки чун Осимӣ ва Олимпур Тоҷикистонро дӯст дорад ва онро чунин муассир тасвир карда тавонад.

Соли 2014 суҳбате доштам бо Масъуди Сипанд, шоир ва пажуҳишгари маъруфи муқими Амрико. Гуфт:

-Маро Олимпур бо Тоҷикистон шинос кард. Ба воситаи ӯ ман ин сарзамин, ин мардуми самимӣ ва ин ватани фарҳангиро дӯст доштам. Вақте Олимпурро куштанд, гумон мекунам, кабутреро, ки паёми сулҳу бародарии тоҷиконро ба ҷаҳон мебурд, кушта шуд…

Соли 2015 суҳбате доштам бо Алӣ Деҳбошӣ, донишманди бузург, сардабири маҷаллаи “Бухоро”-и Эрон. Гуфт:

-Бори нахуст маро Олимпур ба Тоҷикистон даъват кард. Дар бораи адибони тоҷик гуфт ва вақте ба Душанбе омадам маро бо аксари бузургон шинос кард. Ӯ пуле буд, байни мову фарҳангиёни тоҷик.

Соли 2016 суҳбате доштам бо Саидҷалоли Бадахшӣ, донишманди маъруф, раиси Донишгоҳи ҷаҳонии Исмоилиён. Гуфт:

-Олимпур вақте Аврупо омад, баробари диданамон суол кард: “Тоҷикистонро медонед?”. Чун гуфтам, бале, пешниҳод кард: “Ба Душанбе ташриф биёваред”. Чун омадем зиёд муҳаббат кард. То имрӯз аз ин сарзамин дил канда наметавонем.

Соли 2017 савори таксӣ ҷониби Хуҷанд мерафтам. Ронандаи тақрибан 70 сола, ки ҳоҷӣ буд, дар магнитафон садои Гугушро баланд карда, мошин меронд. Гуфт:

-Гугушро бори аввал дар Тоҷикистон Олимпури раҳматӣ муаррифӣ кард. Як рӯз кофта-кофта офисаш рафтам, як кассетаи ӯро бароям туҳфа кард. Лаълии зебое бо нақши манзараи Варзобро ба Олимпур дода, хоҳиш кардам, ки агар Гугушро бинад, аз номи ман ҳадя кунад…

Соли 2018 бо Савринисо Сабзалиева, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон суҳбат доштам, зимни варақ задани албомаш гуфт:

-Беҳтарин аксҳои маро Олимпур гирифтааст.

Соли 2019 журналисти шинохта Мардони Муҳаммад ҳамкорам буд. Ӯ, ки ҳамкору дӯсти Олимпур буд, ҳамеша аз ӯ ёдоварӣ мекард…

Нагуфтам?

Олимпур дар ҳама ҷо бо мост.

Ҳатто…

Соли 2020 Ҳафизулло Тоҳирӣ, журналисти ҷавонро ба кор қабул кардем. Пурсидам чикораӣ? Гуфт:

-Ака, кори илмӣ менависам. Олимпуршиносам…

Аз варақаи шахсӣ

Муҳиддин Олимпур 2-уми марти соли 1946 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнии вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ба дунё омадааст. Дар солҳои гуногун дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат» (1983), ҳамзамон ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон, мудири бахш дар оҷонси давлатии иттилоотии ТоҷикТА (имрӯза «Ховар») (1970-1979) ва сар аз соли 1990 то замони кушта шудан ба ҳайси мудири бахши душанбегии радиои ВВС фаъолият кардааст. Муаллифи силсилаи барномаҳои радио ва телевизионӣ ва ду китоб, барандаи Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ мебошад.

Ӯ аввалин журналистест, ки аз Тоҷикистон ба Аврупову Амрико ва Эрону Афғонистон ба суроғи форсизабонони маъруфи дунё рафт ва робитаи тоҷиконро бо онҳо барқарор намуд. Натиҷаи сафари ӯ риштабарномаҳои радиоии “Аз Душанбе то Лос Анҷелос” буд, ки шунавандагони зиёде пайдо кард.

Сарояндаҳои маъруф Саттор ва Гугушро маҳз ӯ ба тоҷикон шиносонид. Барномаи “Ситораи Шарқ”-и Муҳиддин Олимпур барои муаррифии ҳунармандони форсизабон нақши бориз дошт.

Қатли мармуз

Тавре ишора кардам, соли 2019 бо журналист, собиқ корманди ВВС Мардони Муҳаммад ҳамкор будем. Мизҳои кориамон низ ҳамсоя. Дар мавриди Муҳиддин Олимпур зиёд қисса мекард. Рӯзи 12-уми декабри соли пор дар рӯзи қатли шаҳид Олимпур назари акои Мардонро гирифта, дар сомонаамон — pressa.tj матлабе ба нашр расонидам. Айни муддаост, ки онро ин ҷо биёрам.

Мардони Муҳаммад, аз охирин нафароне буд, ки Олимпурро ҳамроҳӣ мекард. Номбурда дидори вопасини худро бо Олимпур чунин ба ёд меорад:

“Охири моҳи декабри соли 1995 дар Эрон бояд намоиши аксҳои Муҳиддин Олимпур баргузор мешуд. Санаи 12-уми декабр Муҳиддин Олимпур аз банда ва Нурмуҳаммад Холзода хоҳиш кард, ки ҳамроҳи ӯ барои ин намоиш аксҳои мувофиқ интихоб кунем. Олимпур худ медонист, ки кадом аксҳоро мебарад, аммо ба ҳар ҳол фикри моро пурсидан мехост. Ҳамин тавр, мо то дер дар коргоҳ мондем… Чун корамон ба охир расид, ҳар се аз дафтар берун шудем. Олимпур гуфт, ки автобус интизор мешавад, мо бошем хайрухуш карда пиёда ба хона рафтем. Саҳар вақте кор омадам, хабари марги Олимпур шунидам… Дар ибтидо бовар накардем. Саёҳат Неъматова, ки корманди ҳукумат буд ба раиси Кумитаи давлатии бехатарӣ Сайидамир Зуҳуров занг зада ҳақиқат доштани хабарро пурсон шуд. Зуҳуров “ҳоло тасдиқ нашудааст”- гӯён гӯширо гузошт. Ҳамин лаҳза нависанда Ӯрун Куҳзод вориди офиси мо шуда, гуфтанд: — Олимпурро дар назди ҷазира (шаҳраки донишҷӯёни ДМТ-О.Н.) ба қатл расонидаанд, ҷасадаш дар ҷӯйбор аст. Рафта ӯро саришта кунед…

Вақте мо ҷониби ҷазира давидем, аз пешамон чанд корманди милитсия баромаданд. Онҳо аллакай Олимпурро бурда буданд.”

Ба андешаи Мардони Муҳаммад Олимпур ба эҳтимоли зиёд қотилони худро мешинохт, зеро ба мошини онҳо савор шуда аз Иттифоқи нависандагон то ба ҷазира омадааст.

“Ӯ аз истгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба автобус не, ба мошин савор шудааст. Яъне ӯ ронандаи мошинро мешинохт… Ҷузъиёти марги Олимпурро нагуфтанд, аммо овозаҳо буд, ки ӯро киллери касбӣ бо ду тир куштааст.”…

Қотилон муҷозот шуданд?

Баъди чандин соли марги Муҳиддин Олимпур Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 сокинони шаҳри Ваҳдат Адҳам Тоиров ва Назрибек Давлатовро ба қатли Муҳиддин Олимпур гунаҳкор дониста, аз озодӣ маҳрум карда буд. Вобаста ба ҳамин ҷиноят соли 2007 шаҳрванди дигари Тоҷикистон Аслам Усмонов ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Насрулло Шарифов баъди куштори Олимпур ба Русия фирор карда буд. Мақомоти муҳофизи қонуни Русия ӯро дар шаҳри Санкт- Петербург барои талаю тороҷ ба муҳлати 7 сол ҳабс карда буданд. Баъдан мувофиқи дархости Прокуратураи генералии Тоҷикистон Насрулло Шарифов ба мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ супорида, равонаи зиндон шуд.

Аммо кӣ марги омили асосии марги Олимпур шуд?

Чӣ сабаб шуд, ки ӯро номардона кушанд?

Ин суолҳо беҷавобанд…

Мисли марги Муродуллоҳи Шерализода… Сайф Раҳимзоди Афардӣ… Минҳоҷ Ғуломов, Исҳоқӣ, Муҳаммад Осимӣ… ва даҳҳои дигар марги Олимпур мармуз аст.

Ин ҷаҳонро нигар ба Чашми Олимпур

Ё чанд бардошт аз рӯзгору осори журналисти фарҳангсолор

  1. Муҳиддин Олимпур журналисти соҳибсабк аст. Нигоштаҳои ӯ комилан фарқкунандаанд. Ҳатто як лавҳае, ки ӯ зери лаҳза (акси хеш) менигорад, дунёи рангини қаҳрамонашро бозгӯ мекунад. Портрет ва сафарномаҳои ӯ ҷаззобу хонданӣ ҳастанд ва аксарият то имрӯз арзиши худро аз даст надодаанд.
  2. Муҳиддин Олимпур фотожурналисти навовар аст. Ӯ як навъ инъикоси шеърро дар акс кашф кардааст. Ҳар як акси ӯ шеъри зебое аст, ки инсонро таҳрик медиҳад, тағйир медиҳад ва нигоҳашро ба зиндагӣ дигаргун месозад.
  3. Муҳиддин Олимпур муаллим аст. Соли 1989 Нашриёти “Адиб” китоби ӯро таҳти унвони “Роҳнамои суратгир” бо теъдоди 7000 нусха аз чоп баровард. Ин китоб нахустин дастур бо забони тоҷикӣ барои суратгирони ҷавон аст, ки аз таърих, назария ва асосҳои ҳунари аккосӣ хонандаро огоҳ карда, бо нозукиҳои ин касб шинос мекунад. Ин китоб дастури муфид ба журналистони ҷавон, махсусан фотожурналистон аст.
  4. Муҳиддин Олимпур — мубаллиғи кишвар. Ӯ исбот кард, ки журналист натанҳо хабаррасон ё воқеанигор аст, балки шахсест, ки метавонад ба танҳоӣ кори чанд сафирро ба анҷом расонад. Коре ки Олимпур барои шинохти Тоҷикистон ва ҷалби форсизабонон ба Тоҷикистон кардааст, даҳ дипломат накардааст. Дар ин кор, яъне пайвандгари байни миллатҳо будан ӯ идомадиҳандаи кори Б. Ғафуров (дар ибтидо журналист), М. Турсунзода ва М. Осимӣ аст.
  5. Ин ҷаҳонро нигар ба чашми Олимпур. (руҳи устод Рӯдакӣ маро бубахшад). Олимпур Гугушу Сатторро ба Тоҷикистон овард ва дар барномаҳои хеш ситораҳои шарқро муаррифӣ кард. Дар он замон, ки дарёфти иттилооту маълумот мисли имрӯз осон набуд, мардум ба ҷаҳони форсизабон аз чашми Олимпур менигаристанд.
  6. Олимпур — журналисти навгаро. Имрӯз дар журналистика шеваи 1/3 маъмул мешавад. Яъне як хабарнигор бояд, акс гирифта, садо бардошта ва видео сабт карда тавонад, онро танзим кунад, бар он матн нависад ва онро ороиш карда пешкаш намояд. Яъне журналист дар як вақт се амалро иҷро кунад, эҷод кунад, кори техникиро ба сомон расонад ва матлабашро дар бастаи зебо пешниҳод намояд. Аҷиб аст, ки Муҳиддин Олимпур ин шеваи корро 30 сол қабл таҷриба кардааст. Ӯ зебо менавишт, зебо акс мегирифт, зебо наворбардорӣ мекард ва зебо пешниҳод менамуд.
  7. Олимпур — намоди журналисти ҳақиқӣ. Олимпур собит кард, ки як журналист чӣ гуна бояд зиндагӣ кунад. Чӣ роҳеро тай намояд, чӣ сахтиҳоро пушти сар кунад, аз дунболи чӣ бошад… ва аз ҳама муҳим чӣ тавр ҷовидон бимонад.

Руҳи Олимпур, ки ҷовидон аст, шод бод.

Одил Нозир

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here