14 сентябр-рӯзи вафоти модарам

Меҳроби муҳббатам! Машъали меҳри синаафрӯзам! Гулдузии хуршеди ҳама рӯзам! Чаро ғуруби бемаҳал кардию дар торикиҳои зиндагӣ танҳову сарсонам намудӣ? Чаро ғунчаҳои орзӯи боғи диламро пажмурда карда, доғи фироқатро меросам гузоштӣ? Зиндагӣ бе ту бароям ниҳоят сахту сангин аст модар! Он фасли тирамоҳ, он рӯзи видоъу хазонрези умри ту ҳаргиз аз хотирам зудуда намешавад.  

Тирамоҳи хазонрез буд. Дарахтон ғарқи андӯҳу шохаҳо сарду урён. Баргҳои заъфарон таронаи ҳазини «оҳ»-ро замзама мекарданд. Ғарқи хаёлҳои мағшуш дар боғчаи хонаам қадам мезадам. Аз хиш-хиши дардолуди баргҳои хазону хушк ҳасрати умри кӯтоҳи туро эҳсос кардаму борони сиришк рӯямро тар кард. Ту рӯйи долони хона дар бистари беморӣ мехобиди. Ду барги рӯят пажмурда буду пайкарат афсурда. Фарзандон, хешону ҳамдеҳагон сари болинат ашк мерехтанд. Баробари «очамой…» гуфтани апаам ҳуш аз сарам рафт. Марги бераҳми савори аспи сиёҳ ба гулбоғи умри ҷавонат шабохун зад. Лолаҳои умеду орзӯятро решакан карду дунёи равшанро дар нигоҳам тира сохт. Аз он рӯзи шум чаҳоряк аср сипарӣ шудааст, вале чуғзи ҳасрату алами марги ту то ҳанӯз дар вайронаи дилам нолаи ҳазин мекашад.

Модар, ту такягоҳу сарпаноҳ ва умед дар ноумедиву шодиям буди. Миёни фарзандонат маро, ки маъюб ба дунё омадам, бештар меҳрубонию ғамхорӣ мекардӣ. Ҳар гаҳе ки мегуфтам: «оча, инҷоям дард мекунад», якбора «оҳ» гуфта ранги рӯят мепарид ва мегуфти: «ту касал нашав, ки ҷони ман дард мекунад».

Лаҳзаҳои хотирмони ҳаётамро бо ту пеши назар меораму ду лаҳзаи айёми бачагӣ хотирамро мағшуш мекунад. Лаҳзаи якум ин аст, ки як рӯзи тобистон дар дашти болои зодгоҳам, деҳи Миёнадара каҳ дарав мекардам. Қиёми рӯз буд. Ин ҳангом дидам, ки дар як дастат досу дар дасти дигарат чою нон гирякунон ба сӯям меойи. Расидан замон ба оғӯшам кашидиву гиря карди. Саратро силакунон гуфтам, ки «гиря накун, оча». Гуфти, ки  падарам нисбати ман бераҳм аст. Баъдан, маро сари дастархон шинондию худ гирякунон ба дарави каҳ машғул шудӣ. Дарав мекардиву мегиристӣ ва падарамро сарзаниш мекардӣ. Кӯшишу зории ман туро аз дарави боз дошта надошт. «Очаҷон, бас аст, биё ба хона равем» гуфта зорӣ мекардам, вале, ту мегуфти, ки «не бачам, то ҳамин каҳдарава тамом накунам, хона намерам, дигар тоқати дидани каҳдравии туро надорам». 

Лаҳзаи дувум. Тирмоҳ буд. Зиёд аз кӯҳ ҳезум мекашонидам. Дилат ба ман месӯхту, ба аппаҳоям амр мекардӣ, ки «то зимистон нашавад, аз ҳезӯми бачам истифода набаред. Аз ҳезумои овардагии бовотун (падарамон) алови нон кунед». То шурӯи фасли зимистон ҳезуми овардаи падарам тамом мешуду ноилоҷ рӯ ба ҳезумҳои кашонидаи ман меоварӣ. Ҳезумро бурда ба оташдон мегузоштиву гиряву нола мекардӣ. Медонистам, ки бо сухтани дарзаҳои ҳезуми ман ҷону дилат месӯхт. 

Модарҷон! Ин шаби тори танҳоиро бо хаёлу ёди ту паси сар мекунам. Хоб аз манзили чашмонам фирорӣ шуда, кабутари нигоҳам аз лонаи чашмони хастаам гоҳ ба замину гоҳ ба само парвоз мекунад. Бо сукути  шаб ва моҳу ситораҳои дурахшон рӯ ба рӯ мешавам. Ин ҳангом ғайриихтиёр симои нуронии ту ба ёдам меояд. Дафтарамро чун ҷойнамози карбосии ту пешам мекушояму намози қудсиамро ба номат иқтидо мекунам. Дар намоз ояти сабзи шеърамро бо номи «Марги модар», ки аз осмони дилам чун илҳоми бузурги раббонӣ нозил мешавад, қироат мекунам… 

 

Дар ин шоми сукути фасли поиз,

Асири ашку оҳ аст пайкари ман.

Тамоми ҳастӣ мегиряд, хаёлам,

Чу ман имшаб ба марги Модари ман.

 

Бубинам ахтарону моҳи гардун

Даруни абри мотам дар азоянд.

Ба оҳанги ҳазини ашки борон

Ба сӯям арзи ҳамдардӣ намоянд.

 

Дарахтон ҳам ба боғи хонаи ман,

Сияҳпӯшанду оҳи сард бар лаб.

Биборад ашки зарди ҳасрати барг

Зи чашми шохаҳо дар домани шаб.

 

Ҳама ин сӯгу ҳамдардӣ, ки доранд

Сипеҳру ахтару моҳу дарахтон,

Барои ҳурмати шаъни ту бошад,

Дар ин шоми видоат, модари ҷон!

 

Ва ман имшаб ба номи«Марги Модар»,

Ба хуни дил суруде кардам эҷод.

Ки бо оёти ашъорам, Худованд,

Аё модар, кунад рӯҳи туро шод!

Модар, имшаб баъди ин қадар хаёлу бехобӣ ва азобу мӯйшикофӣ дар тавлиди шеъри “Марги Модар” ранҷу машаққати туро дарк кардам ва фаҳмидам, ки ту офаридгори ҳаётӣ! Худованд дунёро ба хотири ту офаридааст ва онро барои зиндагии осудаи фарзандонат болои дастонат нигоҳ доштаӣ. Ҳашт боғи сабзу хуррами биҳиштро, ки маъвои абадии фарзандони накӯкорат аст, зери қудуми муборакат гузоштааст. Заминро дар қудуми шарифат пойандоз ва осмонро соябони сарат кардааст. Хуршедро болои сарат маъво додааст, ки рӯзгоратро нуру зиё бахшад. Гаҳворае, ки дар он тифлатро ба воя расонидӣ, суруди «алла»-ро хонди аввалин дабистони зиндагии ман аст. Аз ҳамин даргоҳ оғоз шуд зиндагии ман.

Субҳи деҳа медамад. Бисёр хастаам. Ранҷу азияти шаби танҳоӣ мадор аз пайкарам дур кардааст. Базӯр худро ба по медораму роҳ сӯйи мазорат пеш мегирам. Ин лаҳза хуршеди меҳрубон дар оғӯши абрҳои баҳорӣ нопадид аст. Абрҳо болои сарам чун ҳамдарду ғамшарик то мазори ту ашкрезӣ мекунанд. Ва ман сари турбати гулпӯши ту қарор мегирам!

 

Бар мазорат Модари ҷон, рӯзи борон омадам,

Бо дили лабрези дарду чашми гирён омадам.

Чун маризи мубталои дарду доғи бекасӣ,

Баҳри таскини дилу умеди дармон омадам.

 

Дар сари қабрат шукуфон гашта лоламашъалон,

Чун дилам дар шоми ҳиҷронат зи ашки осмон.

Водии дилгири хомӯшон дигаргун кардаанд

Лоламашъалҳои худрӯи ҳазини арғувон.

 

Модари ҷон, қисмати ҳар одаме бошад чунин,

Зиндагониву талошу оқибат зери замин.

Ин мазоре, ки ту ҳоло хуфтаӣ дар он, яқин,

Манзили фардои фарзанди ту ҳам бошад ҳамин…

Модар, ту беҳамтоӣ!

 Забону қалам қудрати васф кардани бузургиатро надоранд. То вақти бо ту будан рӯзгори беғашу беғам доштам. Фақат баъди маргат донистам, ки зиндагӣ сарои пур аз тазод будааст. Дар муқобили хурсандию умед ва бурду барор ғаму навмедӣ ва бохту нокомӣ будааст. Бераҳмии тақдир оқибат ҷонамро фигору ниҳоли қоматамро хам кард. Гумон мекардам, ки ғуссаи бемодарӣ дигар имкону иҷозаи зистанам нахоҳад дод, вале, «банда сарсахт аст» гуфтани бибиам рост будааст. Намурдам. Ғаматро хӯрдаву мурда-мурда зиндагӣ кардам. Марги ту, ғаму дарди ту оқибат маро шоир кард. Рӯҳат шод бод Модар!!!

Валиҷон Баёнӣ, 

шоир ва рӯзноманигор.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here