Шоми рӯзи 11-уми январ қалби овозхони шинохтаву хушсалиқа, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдуллоев аз тапидан бозмонд. Марҳум ҳамагӣ 57 сол дошт ва ду моҳи охир дар Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе табобат мегирифт. Аз беморхонаи мазкур гуфтанд, ки марҳум гирифтори бемории илтиҳоби дутарафаи шушҳо буд ва тайи чанд муддат ба табобат фаро гирифта шуд.

Сардухтури беморхонаи сироятӣ Хуршед Ҳабибов дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки марҳум бемории фишорбаландӣ низ дошт ва фавти ӯ дар натиҷаи сактаи мағзи сар ба вуқуъ пайвастааст.

Марги нобаҳангоми Қурбоналӣ Абдуллоев дили ҳазорҳо мухлисону ҳаводоронашро ба ғаму андуҳ кашид. Ҷанозаи марҳум нимаи аввали рӯзи 12-уми январ дар зодгоҳаш, дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, ки хешу ақрабо ва ҳаводорони бешумори овозхонро ба ҳам овард.

Яке аз дӯстони марҳум, корманди Телевизиони Тоҷикистон Саъдулло Ятимов марги Қурбоналӣ Абдуллоевро талафоти азиме ба бахши фарҳанги кишвар донист. Номбурда дар як суҳбати телефонӣ гуфт, ки Қурбоналӣ Абдуллоев хизмати ҳамаи мардуми тоҷикро карда буд ва тамоми Тоҷикистон мухлисонаш ҳастанд.

— Ӯ, ки мардумро дӯст медошт, мардум ҳам ӯро дӯст медоштанд. Маъракаи ҷанозаи Қурбоналӣ Абдуллоев дар сатҳи маросими видоъи овозхони шаҳири Афғонистон Аҳмад Зоҳир баргузор гашт. Агар халқ Қурбоналӣ Абдуллоевро дӯст намедоштанд, магар ин қадар мардуми зиёд барои хайрбодаш мерафтанд?,- суол гузошт С. Ятимов.

Марҳум Қурбоналӣ Абдуллоев, ки беш аз 30 сол рӯи саҳнаи тоҷик фаъолият дошт, баҳори соли гузашта тарки овозхонӣ кард, вале сабаби чунин тасмим гирифтанашро шарҳ надод. Ӯ моҳи майи соли гузашта аз тариқи саҳифаи шахсиаш дар шабакаи «Фейсбук» навишт: “Банда ба қароре омадам, ки саҳнаи калон ва ҳунари овозхониро тарк намоям. Қарорам қатъист. Аз ҳама азизону ҳамкасбон ва мухлисон ташаккур мекунам. Дар ин муддати умр аз нафароне, ки озорашон додаам, бисёр узр металабам. Умед дорам, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва даҳаи мағфират маро мебахшед. Боқӣ АЛЛОҲ нигаҳбонатон, ОМИН”.

Шоираи Раҳимҷон, ки аз дӯстони наздики Қурбоналӣ Абдуллоев ва аз ҳоли марҳум хабардор буд, гуфтааст, ки Абдуллоев давоми ду моҳи охир дар бемористон ва зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дошт. «Табибон мегуфтанд, бо вуҷуди он ки Қурбоналӣ Абдуллоев марҳилаи буҳрониро гузашта буд, ҳолаш сангин буд. Ду ҳафтаи охир дар ҳуҷраи эҳё қарор дошт. Бисёр мехостем ба аёдаташ равем, вале табибон мегуфтанд, ҳанӯз вақташ нест»,- афзудааст адиби тоҷик Шоираи Раҳимҷон.

Сомонаи “Oila.tj” дар лаҳзаҳои аввали пахши хабари марги овозхони маъруф Қ. Абдуллоев навишт, ки “ҳунарманди машҳур чанд моҳ пеш ба бемории ҳамагири «коронавирус» гирифтор шуда, дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе табобат мегирифт. Табибон ҳолаташро вазнин арзёбӣ карда буданд. Аммо чанд рӯз пеш хабар расид, ки Қурбоналӣ Абдуллев шифо ёфта, аз бемористон мураххас шудааст.

Сад афсӯс, ки ин вабо дар охир риштаи умри ин шахсияти наҷиб ва нотакрорро барканда, ӯро ба коми нестӣ тела дод”.

Ин дар ҳолест, ки вебсайти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар рӯзи 31-уми декабри соли 2020 зери унвони “Хуштарин хабари сол оид ба бемории COVID-19” иттилоъ дод, ки “дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмуъ, то имрӯз, 31-уми декабр дар кишвар 13296 нафар бо сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 12851 нафар ё 96,6% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд”.

Рӯзи 12-уми январ низ омори маргу мир аз бемории ҳамагир дар сомонаи вазорат тағйир нахӯрд. Вале гуфта мешавад, “… то ин дам дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13215 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, 3 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки ин беморӣ дар хона зери назорати табибон қарор доранд”.

Қурбоналӣ Абдуллоев 23-юми апрели соли 1963 дар деҳаи Кӯпрукбошии шаҳри Ваҳдат (собиқ ноҳияи Орҷонкидзеобод) дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Аз синфи чорум дар маҳфили овозхонҳои ҷавони мактаб ширкат мекард. Соли 1977 озмуни ҷумҳуриявии овозхонҳои наврас баргузор гардид ва дар он дар қатори баъзе аз хонандагони дигар баранда шуд. Баъдан, ӯро ба барномаи «Садо деҳ, шайпурнавоз»-и Телевизиони Тоҷикистон даъват карданд ва ӯ дар он барнома ду таронаеро бар ашъори устод Мирзо Турсунзода ва устод Боқӣ Раҳимзода суруд. Устодони ин ҳунар ба падару модараш тавсия доданд, ки таҳсилашро дар мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова идома диҳад. Дар мактаби мазкур то соли 1983 таҳсил кард ва баъд аз хатми мактаби мусиқии мазкур ба Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд. Баъди як соли таҳсил ба сафи Артиши шӯравӣ даъват шуд. Ду сол дар вилояти Мурманскийи Федератсияи Русия хизмат карда, дар он ҷо ҳам аз ҳунари овозхонӣ дур набуд. Дар оркестри нафасии қисми низомӣ сози баритонро менавохт ва ҳамзамон роҳбари бадеии ансамбли эстрадии қисми низомӣ буд. Дар радиои вилоятии Мурманск нуҳ таронаи тоҷикӣ сабт кардааст.

Баъди адои хидмат дар артиш боз таҳсилро дар Донишкадаи санъат дар факултети мусиқии тоҷик дар шуъбаи мутрибӣ давом дода, дутори басро менавохт, вале бисёртар ба овозхонӣ машғул буд. Дар факултет инчунин ансамбли созҳои миллӣ-суннатӣ вуҷуд дошт, ки роҳбараш Муҳаммадқул Ҷумъаев буданд. Дар ин ансамбл ҳам солисти овозхон буд. Пас аз хатми донишкада дар ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард ва аз соли 2015 то дами охир бознишаста буд.

Қурбоналӣ Абдуллоев аз ҷумлаи он сарояндаҳоест, ки тарзу шеваи овозхонии хоси худро дошта, бештар бо сароидани сурудҳои мардумӣ ва бадеҳахонӣ машҳур буд.

Марҳум Қурбоналӣ Абдуллоев бештар сурудҳои мардумиро иҷро мекард ва дар бадеҳахонӣ машҳур буд. “Замину осмони ман тӯи модар”, «Қишлоқаки ман», «Чашмам масти ту бошад», «Душанбе», «Лайло», «Санамо», «Аввалин ишқам ту будӣ», «Чеҳраи хаёл» аз таронаҳои маъруфи овозхон мебошанд.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here