Ҳарифе, ки аз вай наёзурд кас,

Басе озмудам, китоб асту бас.

Вақте ӯ бастаи китобҳоро зери долон дид, дилаш таҳ зад. Канортар чанд халтаи дигар меистоданд, ки аз тарҳу бастабандиашон маълум буд, китоб доранд. Китобҳоро ламс кард, дасте ба халтаи сарбаста зад. Барҷастагии муқоваҳои китобҳоро дар кафаш ҳис карду дубора дар қалби худ сӯзишеро ҳис кард. Ин китобҳое буданд, ки одамон аз коми сел наҷот дода буданд. Селе, ки омаду нисфи маркази деҳаро бо мактабу китобхонаи деҳа зери обу лой гузошт. Биноҳо тахриб шуданд, аммо мардуми китобдӯст, ки онро муқаддас мешумориданд, аввалтар аз ҳама ин осори барои инсоният бебаҳоро наҷот доданд. «Китобҳо наҷот дода шуданд, аммо дар зери ин долон, дар ҳавои кушод, чанг задаву офтоб хӯрдаву ба нестӣ хоҳанд рафт,- андешид ба худ.- Бояд коре кард».

Нишасту андеша кард. Чизе ба фикраш намерасид. Даст дароз карду китоберо бардошт. Саҳифаеро боз кард, ки навишта шуда буд:

Бувад бе музду миннат устоде,

Зи дониш бахшадат ҳар дам кушоде.

Китобро басту аз ҷой баланд шуд. Пеши худ азм кард, ки бо ҳар роҳе барои ин китобҳо сарпаноҳе бояд пайдо кунад. Дар фикраш бунёди китобхона намерасид. Гумон дошт, ки ин кори давлат аст, мутасаддӣ дорад, онҳо бояд фикр кунанду чорае ёбанд, аммо ҳоло бояд барои наҷоти ин китобҳо ҷойи мувофиқе пайдо кунад.

Ба чанд дар сар зад, маслиҳату машварат кард, билохира аз маркази шаҳр омаданду гуфтанд, ки метавонад китобхона созад. Хурсандиашро ҳадду канор набуд. Дарҳол аз пайи кор шуд. Гӯшаи ноободеро таги чашм карду рафт, ба чанд дар сар заду иҷозати бунёди китобхонаро гирифт. Маблағи барои фарзи Худо, барои зиёрати Каъба, пасандозкардаашро сарф карду бинои хушсохту замонавие бунёд кард. «Умр дошта бошаму насиб карда бошад, дар оянда Ҳаҷҷ хоҳам кард. Ҳоло ин китобҳо — неъмати Худовандро наҷот бояд дод»,- ҳамин буд андешаи рӯзҳояш.

Рафҳои хуштарҳу мувофиқ сохту китобҳоро аз халта берун овард. Ҳар кадомеро ламс мекарду мебӯйид ва ба раф мегузошт. Наздики 2 ҳазору 600 китобро як-як бо дасти худ дар раф гузошт. Рафҳо пур нашуданд. Чӣ бояд кард? Охир, китобхона сохтааст, бояд ҷавобгӯ бошад. Даст бурду китоберо аз раф кашид. Сафҳаеро боз кард, навишта шуда буд:

Аз дасти қосиде, ки китобе ба ман расад,

Дар пойи қосид афтаму бар сар ниҳам катиб.

Бархосту ба дари чанд омӯзгор сар зад. Касе хоҳишашро рад накард. Ҳар кас ба қадри тавон аз китобҳои захираи худ барои китобхонаи ӯ ҳадяе кард. Китобҳоро оварду дар раф гузошт. Хазинаи китобхонааш ба беш аз 5 ҳазор расид.

Нишасту оҳи сабуке кашид. Заҳматҳои кашидааш фаромӯш шуданд. Вақте аввалин нафар барои хондани китоб даррашро зад, хушҳол ӯро ба дарун хонд. Аз шодӣ мешукуфт. Мардуми деҳа, ки аз боз шудани китобхона хабар ёфтанд, меҳмони китобдор мешуданд ва ба ин амали хайри ӯ офарин мехонданд.

Ҳоло сафи муштариёни китобхонааш афзудаву онҳо дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат мекунанд. Чанд тан аз фаъолони ин китобхона дар даври шаҳриву вилоятӣ ҷойҳои намоёнро ишғол карданду ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ҳар гоҳ шогирдони китобхонаашро тариқи телевизион дар ин озмун мебинад, ба худ меболад, ифтихор мекунад.

Ин мард Аслам Қурбонов аст, ки дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент, дар зодгоҳи Одаммушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, китобхона сохтааст. Теъдоди китобҳои ин махзани хирад рӯз аз рӯз афзун мешавад. Ғанӣ гардондани китобхона бо осори гаронбаҳо фикру зикри китобдор Аслам Қурбонов шудааст, ки доим ин байти Сойибро такрор мекунад:

Нест коре ба дурӯёни ҷаҳонам, Сойиб,

Рӯйи дил аз ҳама олам ба китоб аст маро!

«ФАРАЖ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here