“… Барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.
(Аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат
Шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара дар пайравӣ аз сиёсати созандаву дурбинонаи Ҳукумати мамлакат, бахусус аз ҳидояту иқдомҳои наҷибонаву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат талош бар он меварзад, то дар омода кардани кадрҳои лаёқатманду соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу хештаншинос ва содиқ ба Ватан ва миллат боз ҳам бештар саҳмгузор бошад.
Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори МТЖТ мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара Бахтиёр Шарифзода арз намуд, Шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара фаъолияти худро дар давоми соли 2020 баҳри иҷрои талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳо, дастурҳои ҳидоятии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус Паёми барномавии ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара равона намуда, корҳои назаррасро ба сомон расонидааст.
Дар ин росто дар аксари кулли муассисаҳои таълимӣ барои рӯз аз рӯз хубтар намудани сатҳи сифати таълиму тарбия, ба маҷрои муайян равона доштани низоми таълим, амалӣ намудани Барномаҳои давлатии дар соҳаи маориф қабулшуда, таҷрибаивазкунӣ миёни омӯзгорон ва омодагиҳо баҳри гузаштан ба низоми нави таҳсилот тадбирҳои чорасоз андешида мешаванд.
Дар мадди аввал — сифати таълиму тарбия
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (аз 26.12.2019) дар самти рушди соҳаи мактабу маориф, аз он ҷумла диққати бештар додан ба забондонию забономӯзии хонандагон, рушди фанҳои табиию риёзӣ бешак дастури роҳнамо маҳсуб ёфта, барои татбиқи амалӣ ба роҳбарӣ гирифта шудааст.
Муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ таваҷҷуҳи асосиро мунтазам барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия равона месозанд. Дар бахши сифатан пурмаҳсул гузаронидани таътилҳои зимистона, баҳорӣ ва тобистона ва иҷрои фармоишоту нақшаи чорабиниҳои дар ин ҷода таҳия ва тасдиқшуда ҳам дар муассисаҳои соҳа ва ҳам дар шуъбаи маорифи ноҳия тадбирҳои дахлдор андешида шудаанд. Дар муассисаҳои таълимӣ вобаста ба шароиту имкониятҳо дар фурсати таътили зимистона, баҳорӣ, тобистона ва тирамоҳӣ мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили волейбол, баскетбол, шашка, шоҳмот ва бозиҳои шавқовар ва бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҳарбӣ — варзишии “Ватанпарвар” ва байни хонандагони синфҳои болоӣ мусобиқаи “Тирпарронӣ” гузаронида шуданд. Иштироки хонандагону омӯзгорон дар Рӯзи дави миллӣ ва мусобиқаҳои шаҳрии волейболу шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” қобили зикр аст.
Гузашта аз ин, дар давоми сол, дар арафаи таҷлили ҷашнҳои Рӯзи модар, Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ғалаба, Иди Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи омӯзгор, Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли Нави мелодӣ озмунҳои “Иншои беҳтарин”, “Беҳтарин қироати шеър”, “Дастони моҳир”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Ороиши дастурхони наврӯзӣ”, “Беҳтарин омодакунандаи таомҳои миллӣ”, “Шукуфаҳои истиқлол”, “Тоҷикистон — кишвари азизи ман”, “Рӯдакихонӣ”, “Маснавихонӣ”, “Техникони наврас”, “Фурӯғи субҳи доноӣ”, “Расми беҳтарин”, “Рӯзномаи девории беҳтарин”, “Донандагони беҳтарини Конститутсия”, “Хониши бадеӣ” ва ғайра дар сатҳи баланд ташкил ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шудаанд.
Пояи моддӣ — таълимии мактабҳо
Ҷиҳати аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани кормандони соҳаи маориф тадбирҳо андешида мешаванд. Қобили тазаккур аст, ки дар ноҳия 84 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, аз ҷумла 70 муассисаи таҳсилоти миёна (бо назардошти муассисаҳои намуди нав), 9 муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, як Маркази корҳои иловагӣ, як Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, 4 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд, ки дар ин муассисаҳо 2123 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи 41516 нафар хонандагон машғул мебошанд. Баҳри баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорон дар давоми соли 2020 омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, забон ва адабиёти тоҷик, физика, математика, забони англисӣ, забони русӣ, технологияи иттилоотӣ, тарбияи ҷисмонӣ, география, китобдорон, химия, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, директорон ва муовинони директор 240 нафар ба курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фиристода шуда, маҳорати омӯзгории худро баланд бардоштаанд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.06.2017, №281 “Дар бораи тартиби аттестатсия соҳаи омӯзгорӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 309 нафар омӯзгорони ноҳия аз аттестатсия гузаронида шудаанд, ки ба 93 нафари онҳо категорияи тахассусии олӣ, ба 108 нафар категорияи тахассусии якум ва ба 114 нафар категорияи тахассусии дуюм дода шудааст.
Дар маҷмуъ, дар ноҳия 411 нафар омӯзгорон бо категорияи тахассуси олӣ, 504 нафар бо категорияи як, 604 нафар бо категорияи тахассуси дуюм ба таълим ва тарбия машғул мебошанд.
Дар асоси нақшаи солонаи шуъбаи маориф дар давоми солҳои 2019-2020 10 Шӯрои шуъбаи маориф гузаронида шуда, дар он 42 масъалаи марбут ба соҳаи маориф, иҷроиши қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои соҳаи маориф мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, дар давоми соли 2020 ба шуъбаи маориф 471 адад аризаҳои хаттӣ оид ба бо ҷойи кор таъмин намудан ворид шудааст, ки ҳамаи онҳо пурра ҳалли худро ёфтааст.
Баҳри самарабахш гузаронидани таътили зимистонаи хонандагон шуъбаи маориф нақша-чорабиниҳо тартиб дода, дар Шӯрои шуъбаи маориф баррасӣ намуда, дастраси директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гардонидааст. Дар самти иҷрои Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои тадбирсоз андешида мешаванд. Вобаста ба амалӣ намудани талаботи он фарогирии кӯдакони эҳтиёҷоти махсусдошта ба таҳсил дар назар гирифта шудааст.
Вазъи бо китобҳои дарсӣ таъмин будани хонандагон сол аз сол беҳтар мегардад. Бо кумаку дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кӯшиши ҷомеаҳои омӯзгорӣ ва дастгирии сарпарастон солҳои охир пояи моддӣ — таълимии мактабҳо оид ба варзиш беҳтар гардида истодааст. Вобаста ба дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат, вилоят ва шаҳр имрӯзҳо таъмиру азнавсозӣ ва бунёди варзишгоҳҳо идома дорад.
Робитаи мактабҳо бо волидон
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо волидон ба куллӣ беҳтар гардид. Имрӯзҳо волидон ба масъалаи донишандӯзии фарзандонашон ҳарчи бештар таваҷҷуҳ доранд ва бо ин мақсад ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи моддию таълимии мактабҳо ёриҳои амалии моддӣ мерасонанд. Дигар ин ки, дар маҷлисҳои синфӣ ва умимактабии волидон масъалаи сатҳи дониш ва касбомӯзии хонандагон мунтазам мавриди таҳлил ва хулосабардорӣ қарор дода мешавад. Ҳамчунин, бояд хотирнишон сохт, ки дар таълимгоҳҳо Рӯзҳои волидон ва Рӯзҳои дарҳои кушод гузаронида мешаванд, ки дар мустаҳкам намудани ҳамкориҳои мактабу оила мусоидат хоҳад кард.
Кабинети методии шуъбаи маориф ҷадвали гузаронидани маҷлисҳои синфии падару модарон ва шӯроҳои педагогиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия зери назорат гирифта, кормандони шуъбаи маорифро барои дар ин ҷаласаҳо иштирок намуданашон сафарбар менамояд. Инчунин давомоти ҳаррӯзаи хонандагон ба ҳисоб гирифта шудааст, ки ин натиҷаи хуб дода истодааст.
Корҳои ободиву созандагӣ
Бояд гуфт, ки иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи маориф дар сатҳи хуб қарор дорад. Аз ҷумла, дар назди муассисаҳои таълимӣ барои шинонидани ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, гулу гулбуттаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Айни замон дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия ба миқдори 120 адад дарахтони сояафкан, 120 адад ниҳолҳои ҳамешасабз, 460 адад дарахтони ороишӣ, 480 адад дарахтони мевадиҳанда, 800 адад гули садбарг, 150 адад дигар намуди гулҳо шинонида шудаанд ва ин иқдом идома дорад.
Бояд ёдовар шуд, ки то инҷониб муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо 1632 адад компютер, 261 адад принтер, 81 адад тахтаи электронӣ ва 125 адад проэктор таъмин мебошанд, ки иҷроиши барнома 115%-ро ташкил медиҳад. Тибқи дурнамои барномаи зикршуда дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар давоми як соли сипаришудаи 2020-ум 194 адад компютер ва 16 адад тахтаи электронӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 120 адад компютер ва 11 адад тахтаи электронӣ харидорӣ шудааст, ки иҷроиш аз ҳисоби компютерҳо 61,8% ва аз ҳисоби тахтаи электронӣ бошад, 68,75%-ро ташкил медиҳад.
Шукуфаҳои умед
Шуъбаи маорифи ноҳия дар баробари идома бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, боло бурдани сатҳи тарбияи эстетикиву ватандӯстии муҳассилин, ҳамчунин, ба сифати таълим низ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Ин аст, ки аввали моҳи феврал дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75 олимпиадаи вилоятии мактаббачагон аз фанҳои география ва технологияи иттилоотӣ гузаронида шуд, ки дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии №№4, 8, 11, 12, 16, 70, мактаби Президентӣ, Гимназияи ҷумҳуриявӣ ва Литсейи тамоюли техникӣ фаъолона иштирок намуданд.
Инчунин, дар моҳи феврал даври сеюми олимпиадаҳои мактаббачагон ҷамъбаст гардид. Дар ҷамъбасти олимпиадаи вилоятӣ хонандагони синфҳои 9 ва 10-и ноҳия соҳиби 76 ва хонандагони синфҳои 11 соҳиби 41 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дар даври чоруми олимпиада, ки моҳи апрели соли 2020 дар Мактаби Президентии ноҳия гузаронида шуд, 26 нафар хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии №№2, 4, 11, 16, Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, Гимназияи ҷумҳуриявӣ ва Литсейи тамоюли техникӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, аз ҷумла, 3 медали тилло, 9 медали нуқра, 14 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар баробари ин, давоми моҳҳои январ-июн дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия озмуни «Ровии сухан» гузаронида шуд ва ғолибони он ҳавасманд гардонида шуданд.
Дар Маркази корҳои иловагӣ 16 маҳфил фаъолият менамояд ва дар онҳо 671 нафар хонандагон ба машғулиятҳо ҷалб карда шудаанд.
Рӯзи 18-уми апрели соли 2020 дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳия олимпиадаи анъанавии хонандагон барпо гардид. Дар олимпиадаи мазкур 50 нафар хонандагони ноҳия иштирок намуданд ва 26 нафари онҳо ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд.
Хонандагони Мактаби Президентӣ соҳиби 15 медал (3 тилло, 6 нуқра, 9 биринҷӣ), Литсейи тамоюли техникӣ соҳиби 3 медал, гимназияи ҷумҳуриявӣ соҳиби 3 медал, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 соҳиби 2 медал, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 соҳиби 2 медал ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 соҳиби 1 медал гардиданд.
Дар умум, натиҷаи ҷамъбастии нишондодҳо дар сатҳи азхудкунӣ ва сифатнокии таълим дар соли ҷамъбастӣ мутаносибан 98% ва 68%-ро ташкил додааст, ки чунин натиҷагирӣ назар ба соли хониши 2019 беҳтар мебошад.
Нишондодҳои Маркази миллии тестӣ
Кормандони кабинети методии шуъбаи маориф Назаров Ф. ва Муминов Д. дар ҳамаи 79 муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии ноҳия бо хатмкунандагони синфҳои 9, 11 ва падару модарони онҳо оид ба дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Маркази миллии тестӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронидаанд. Натиҷа ин буд, ки аз шумораи 2424 нафар хатмкунандагони синфи 11-ум 2376 нафар ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, ба ИМД 2328 нафар иштирок намуда, 2066 нафарашон ба тақсимот роҳ ёфтаанд, 1712 нафар дар даври якум ба донишгоҳҳо ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ дохил шудаанд, ки 82,8%-и ба тақсимот роҳёфтаро ташкил медиҳад. Иловатан, ба коллеҷҳои хусусӣ, донишгоҳ ва донишкадаҳои олӣ 148 нафар, донишгоҳҳои қудратӣ 16 нафар, хориҷи кишвар 11 нафар, тибқи квотаи Президентӣ 23 нафар дохил шудаанд, ки дар умум 1910 нафарро ташкил медиҳад ва ин 78,8%-и хатмкунандагонро дар бар мегирад.
Аз 8 то 13-уми июни соли 2020 дар назди Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара озмуни гирандагони медали тилло, нуқра ва аттестати аъло барои синфҳои 11 гузаронида шуда, аз миёни 80 нафар довталаб 14 нафар ғолиб омада, ҳуҷҷатҳои онҳо ба комиссияи Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ирсол карда шудааст. Инчунин ҳуҷҷатҳои 17 нафар ғолибони хонандагони синфи 9 барои дарёфти аттестати аъло ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, ҳамаи онҳо бо аттестати аъло қадрдонӣ карда шудаанд.
Барои оғози соли нави таҳсил муассисаҳои таълимии ноҳия пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаанд.
Мубориза бо COVID-19
Ҷиҳати пешгирӣ аз бемории нави коронавирус COVID-19 мудири шуъбаи маориф, мушовирони кабинети методӣ ба аксар муассисаҳои таълимӣ рафта, бо аҳолӣ ва хонандагон оид ба пешгирӣ аз ин пандемия суҳбат гузаронидаанд. Аз тарафи директорон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ корҳои безараргардонӣ бо хокаи хлор ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия зиёда аз 1520 кг хокаи хлор ва 470 литр маводҳои антисептикӣ, 20 ҳазор ниқоб захира карда шудааст, ки омодагиҳо барои пешгирӣ аз касалии сироятии коронавирус (COVID-19) хуб аст.
Таъмини хонандагон бо ниқобҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи хуб қарор дошта, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 10000 ниқоб, 60 адад ҳароратсанҷҳои фосилавӣ таъмин карда шуда, ниқоб, маҳлули хлор ва маводҳои антисептикӣ ба миқдори зарурӣ захира карда шудааст. Тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия бо ҳароратсанҷ ва маводҳои антисептикӣ таъмин мебошанд.
“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.02.2020, №АП-1339, қарори раиси ноҳияи Данғара аз 10.04.2020, №96 дар асоси Низомнома, озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ноҳия дар сатҳи хуб гузаронида, ҷамъбаст карда шуд. Дар натиҷа 76 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, 18 нафар донишҷӯён, 18 нафар омӯзгорон ва 20 нафар намояндагони касбу кори гуногун, ҷамъ 134 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтаанд. Дар даври вилоятӣ 10 нафар ғолиб омада, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд, ки ҳамаи онҳо аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шудаанд. Дар давраи ҷамъбастӣ (ҷумҳуриявӣ) 3 нафар иштирокчиёни озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” — 1 нафар сазовори ҷойи 2-юм бо маблағи пулии 20000 сомонӣ, 2 нафар сазовори ҷойи 3-юм бо маблағи пулии 15000 сомонӣ ва 4 нафар бо ифтихорнома ва маблағи пулии 1000 сомонӣ мукофотонида шудаанд, ки дар умум 7 нафарро ташкил медиҳанд.
Беҳтаринҳо маълум шуданд
Рӯзи 1-уми августи соли 2020 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 32, 39, 45, 58, 79 барои 980 ҷои нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шудаанд, ки барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти ҷашнӣ ба шумор мераванд.
Дар рӯзи 17.10.2020 озмуни “Омӯзгори беҳтарини сол”, бо мақсади дарёфт ва ошкор сохтани омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 гузаронида шуда, дар он 18 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок намуда, 3 нафари онҳо — Сайдалиев Р. — омӯзгори фанни синфҳои ибтидоӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26, Мирзоев Д. — омӯзгори фанни математика, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 ва Бибизиёрати Ш. — омӯзгори фанни химия, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 ғолиб дониста шуда, роҳхат ба озмуни вилоятӣ гирифтаанд.
Дар олимпиадаи фаннии минтақавӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони рӯсӣ ва англисӣ, физикаю математика, химия ва биология хонандагони муассиаҳои таълимии ноҳия ширкат варзидаанд, ки 57 нафар хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии №№ 2, 4, 6, 8, 11, 12, 20, 30, 33, 56, 67, 70, 68, 74, Гимназияи президентӣ, ЛТТ ба номи “Афлотун” ва мактаби Президентӣ фаъолона иштирок намуда, ба даври 3-юм (вилоятӣ) роҳ ёфтаанд. Аз ин шумора 38 нафар барои ширкат варзидан ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд.
Дар озмуни вилоятии “Мураббии сол” Оймадова Гулнора аз муассисаи таҳсилоти томактабии кӯдакистони №6 ширкат варзида, сазовори ҷойи 1-ум гардидааст. Ӯ дар озмуни ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойи дуюм гардидааст.
Зимнан, мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара Бахтиёр Шарифзода бо овардани ин санаду рақамҳо перомуни вазъи кунунии соҳаи маориф дар ноҳия ҳамчунин иброз дошт, ки “бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат ва билхосса, Пешвои муаззами миллат мо — аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин восита дар замири насли наврас таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошем. Аз ин лиҳоз, тарбияи хонандагони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон қарор гиранд. Аз ин ҷост, ки Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ тамоми кӯшишу ғайратро баҳри дар сатҳи баланд таълим ва тарбия додани насли наврас сарф намуда, мутахассисони арзандаро ба воя расонад”.
МТЖТ