Мактаб бузургдаргоҳест, ки баробари ба остонааш гом ниҳодан, хурдон бузург, бузургон барнодил ва бехирадон соҳибхирад мешаванд. Мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Нест нафаре, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Маҳз дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва тавассути заҳмати устодони накӯкор шогирдон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд

Имрӯз масъалаи тарбияи ахлоқи ҷомеа мадди назари Ҳукумату давлат ва афроди дилсӯзи ҷомеа қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳову мулоқотҳои хеш бо андешаҳои ҷолиб ва пешниҳоду тавсияҳои нотакрори хеш моро ба сӯи маънавиёт ва тарбияи ахлоқии ҷомеа раҳнамун месозанд. Махсусан қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз тадбирҳои муҳимест, ки он дар беҳдошти ахлоқи аҳли ҷомеа, хоса ҷавонону наврасон судманд аст. Пешвои миллат аз ҷумла зикр кардаанд: “Дар раванди таълиму тарбияи насли наврас мебояд ба проблемаҳои асосии мактабу маорифи имрӯза, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ҳарчи беҳтар ҷалб намудани таваҷҷуҳи волидайн ба донишандӯзии фарзандон ва риояи талабати Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” диққати махсус диҳем…”.

Хушбахтона, имрӯзҳо волидайн бо мактаб ва омӯзгорон ҳамкорӣ доранду дар роҳи тарбияи фарзандони хеш кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Ҳар як падару модарро лозим аст, ки бо муассисаҳои таълимӣ ва устодоне, ки ба фарзандҳояшон таълим медиҳанд, робита дошта бошанд. Яъне, ба мактаб раванд, дар дарсҳои фарзандонашон иштирок кунанд ва дар хона низ аз вазифаҳои додаи устодон пурсон шаванд. Баъди ин фарзанди эшон соҳибхираду бодониш мегардад. Фарзандонро низ зарур аст, то аз имкониятҳои доштаи хеш самаранок истифода баранду аз илми замона бархӯрдор бошанд.

Волидайн бояд фарзандонашонро ба хондани китобҳои бадеӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ ташвиқ намоянд. Вақте дар даврони мактабхонӣ мо соҳибхираду бодониш бошем, оянда дар донишгоҳ низ азобу машаққат намекашем. Хеле хуб мешуд, ки волидон бо устодони донишгоҳи фарзандонашон низ ҳамкорӣ дошта, дар дарсҳои эшон ширкат варзанд.

Хулоса, шодмонию соҳибхирадӣ, бузургиву накӯандешӣ ва росткориву бузургдилӣ маҳз аз мактаб падид меояд. Онро муқаддасу пок ва азизу гиромӣ доштан қарзи ҳар як инсони соҳибхирад аст.

Фаридун САФАРЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here