Санъаткори шинохта Лола Азизова бо оҳангу сурудҳои марғуби худ ба дили мардум роҳ ёфта, тайи ду даҳсолаи охир дар мусиқии суннатии тоҷик дурахши чашмгире нишон додааст. Овози фораму дилнишини ӯ ҳар як шунавандаро ба олами андешаҳо мебарад ва дер гоҳ дар хотираш мемонад. Кас мехоҳад, ки овози ӯро гаштаю баргашта шунавад. Чунки овози ширадораш бо навои созҳои мусиқӣ ҷӯр шуда, шеърро боз ҳам таъсирноктару дилрас намуда, тори нозуки эҳсоси ҳаводорони санъатро навозиш мекунад. Хоксориву нармгуфторӣ, поксириштиву хушрафторӣ, раҳмдиливу меҳрубонӣ барин хислатҳои ҳамида ҳусни ӯ ва таровати ҷилои ҳунару истеъдодашро ба маротиб меафзояд.

Ин бонуи ҳунар 23-юми феврали соли 1963 дар деҳаи Зарафшони ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ во намуд. Аз овони тифли мусиқӣ ҳамқисмати дилаш гардид. Аз ҷониби дигар, санъатдӯстдории падараш Мақсуд Азизов ба ниҳоли сабзи илҳоми Лола оби ширин дод. Дил бохтан ба мусиқӣ ӯро водор намуд, ки аллакай баъди хатми синфи 9-ум ба Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дохил гардад. Ҳангоми таҳсил дар омӯзишгоҳ дар фестивал-озмуни «Бӯстон» бо суруди «Зодаи Тоҷикистон» баромад намуда, ғолиби озмуни мазкур мешавад ва ба гирифтани унвони пурифтихори «Гули Бӯстон» шарафёб мегардад.
Соли 1982 омӯзишгоҳи мазкурро бо муваффақият хатм намуд. Азбаски дар роҳи санъати касбӣ зуд шуҳратёб шудан мушкил аст, Лола бо мақсади такмили эҷодиёташ худи ҳамин сол ба шуъбаи мусиқии шарқи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турунзода дохил шуд. Бахташ баландӣ кард, чунки дар донишкада шогирди яке аз мақомхонони машҳури ҷумҳурӣ, Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Барно Исҳоқова гардид. Аз ин устоди сахтгир, вале меҳрубон нозукиҳои овозхонии классикӣ, тарзи дурусти иҷрои сурудҳои «Соқиномаи Ироқи Бухоро», «Ушшоқ»-и Рӯдакӣ, «Муғулчаи Наво», «Уфари Муғулча»-ро ёд гирифта, пухта шуд. Аз ҷониби дигар, эҷодиёти ин маъшуқи ҳунар аз мактаби ҳунарии Акашариф Ҷӯраев, Боймуҳаммад Ниёзӣ, Нуқра Раҳматова, Ҷӯрабек Муродов, Нигина Раупова ва дигар устодони санъат об мехӯрад.
Аввалин суруде, ки Лола дар санъати Шашмақом сароид, «Соқиномаи Савти Калон» ва «Чоргоҳ» буд.
Ба бахти Лола, соли 1983 дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ансамбли дуторчидухтарон ташкил ёфт. Ӯро низ ҳамчун сарояндаи хушовоз ба ансамбл пазируфтанд. Лола сурудҳои халқиро хуб иҷро мекард, аммо дар иҷрои Шашмақом низ маҳорати баланд дошт. Бинобар ин, соли 1987 бо хоҳиши роҳбарияти ансамбли «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радио тайи 2 сол дар ансамбли мазкур ба ҳайси овозхон фаъолият намуд. Пас аз он ба ансамбли навтаъсиси «Дарё» гузашт. «Дарё» ба вусъати маҳорату эҷодиёти Лола Азизова маҷрои тоза бахшид ва зиёда аз 25 сол аст, ки дар ин ансамбли овозадор ваъолияти босамар дорад.
Домони эҷодиёти ӯ густурда аст. Дар суруду таронаҳояш муҳаббати пок, садоқати самимӣ нисбат ба волидайн, шинохти манзалати сухан, васфи Ватан, арҷгузорӣ ба фарҳангу суннатҳои ниёгон ва зебоиҳои табиати дилфиреби кишвари азизамонро ситоиш ва тараннум менамояд.
Сурудҳои классикии «Чоргоҳ», «Нимчӯпонӣ», «Соқиномаи Савти Калонаш» дар хазинаи тиллоии радио маҳфузанд. Аз шеърҳои шоирони муосир «Пайванди дил», «Пайғоми ёр»-и Лоиқ Шералӣ, «Нилуфар»-и Собир Султон, «Афсонаи ишқ»-и Қувватбек Давлатов, «Ишқи аввал»-и Олимхон Исматӣ ва ғайра хирмани сурудҳояшро ғанӣ сохтааст. Бо адибон Фарзона, Зулфия Атоӣ, Меҳринисо, Низом Қосим ва оҳангсозон Саидқул Билолов, Муборакшо Ҷумъаев, Гулбек Саодатов, Амирбек Мӯсоев, Парвиз Пулодӣ ва дигарон пайванди дӯстӣ дораду ҳамкорӣ.
Лола Азизова то ҳол зиёда аз 100 суруд сароида ва даҳҳо сурудашро худаш оҳанг бастааст.
Лолаи хушсадо на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз ҷумҳурӣ низ шуҳратёб шудааст. Ба Олмону Эрон, Фаронсаву Испания ва Русия сафари ҳунарӣ намуда, бо ҳамон пироҳани зебои тоҷикӣ рӯи саҳна намоён гашт ва санъати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Дар васфи ҳунари ин бонуи ҳунар чи қадаре, ки гӯем боз ҳам кам аст, чунки хизматҳои дар роҳи санъати касбии тоҷик ба бор овардааш арзанда ба васфи сухан аст. Дар фарҷоми сахан шеъри пурмазмуни Олимхон Исматиро дар ҳаққи Лола Азизова лоиқ медонем:
Лаҳну овое ту дорӣ, Лолабонуи азиз,
Нақш бар дилҳо гузорӣ, Лолабонуи азиз.
Нарм-нарм ояд садои нобат андар мулки дил,
Ҳамчу борони баҳорӣ, Лолабонуи азиз.
Ҳар суруде шира аз ҷони ту дорад, чун дар он,
Ҷони худро мефишорӣ, Лолабонуи азиз.
Эй қафасбишкаста, чун булбул ба чаҳ-чаҳ о, ки мо,
Гашта бар савтат хуморӣ, Лолабонуи азиз.
Ҷони саргардони мо аз нав дарояд дар бадан,
Чун ту овозе барорӣ, Лолабонуи азиз.
Руҳи поки Борбад ҳар дам мададгори ту бод,
То набинӣ рӯи хорӣ, Лолабонуи азиз.

Ҳасан НУРМАТЗОДА,
ходими калони илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here