Халқи тоҷикро бо фарҳанги хоси шарқиёна дар ҷаҳон мешиносанду эҳтиром мекунанд. Тамоми он урфу одатҳо ва анъанаву таоруфоти Шарқ, ки онро ҳамеша бо мафҳуми “Ғарб” муқобил мегузоранд, маҳз дар минтақаҳои таҳти нуфузи тоҷикон падид омада ва шакл гирифтааст. Бо ин далел метавон гуфт, ки дар қолабгирии маданияти аксари мардуми Шарқ халқи соҳибтамаддуни мо нақши муассир бозидааст.

Маданияти мардумони Шарқу Ғарб аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Муошират, муносибат, меҳмондорӣ, тарзи либоспӯшӣ, одатҳои анъанавӣ, тӯйу сур, мотаму азодорӣ ва ҳатто равобит бо хешону наздикон низ дар ин ду фарҳанг батамом аз ҳамдигар мутафовитанд. Маданиятҳои мазкур дар пояи расму оини азалии баъзе халқу миллатҳо ва таъсири дину дигар муносибатҳои иҷтимоӣ шакл гирифтаанд, ки имрӯз ҳам ҷомеаи инсонӣ ба ин раванд идома бахшида истодааст.

Дар асри 21 зери таъсири муносиботи капиталистӣ ва ҷараёни ҷаҳонишавӣ дар қатори бархӯрди манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ, ҳамчунин, раванди бархӯрди фарҳангҳо низ ба миён омад. Ба тамоми ҷаҳон паҳн гардидани шабакаи интернет, робитаи бештар аз пештар байни кишварҳо ва ҳатто муносибатҳои сиёсию низомӣ дар ҷаҳон суръати раванди баҳамойии фарҳангҳоро тезонид. Дар ин миён, бо таъсири раванди мазкур баъзе аз одатҳои мардуми ғарбро халқиятҳои шарқ қабул намуданд, ки намунаи онро дар тамоми кишварҳои дунё метавон мушоҳида намуд.

Аслан ин хуб аст, ки дар зери таъсири раванди баҳамоии фарҳангҳо маданияти мо ҳамчун узви ҷаҳони мутамаддин такмил меёбад ва пешрафт мебинад. Аммо инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки ҳар як таъсире, ки ба фарҳанги мо мерасад, дар қиболи ҷанбаҳои мусбат тарафҳои манфии хешро ҳам дорад. Барои он ки ҷанбаҳои манфӣ ва одатҳои ба миллати мо наарзанда ба фарҳангамон роҳ наёбанд, ҷой доштани ҳадди маҳдуде мувофиқи мақсад мебуд. Вале мутаассифона, дар таъсири фарҳанги Ғарб ба зиндагию одату рафтори мо имрӯзҳо чунин маҳдудият ва ҳадду ҳудуде вуҷуд надорад.

Либос муаррифгари давлат ва миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Агар давлатро аз як ҷиҳат аз рӯйи муқаддасоташ: нишон, парчам ва суруди миллӣ шиносанд, аз ҷиҳати дигар аз рӯйи либос ва фарҳангаш мешиносанд. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки занону духтарони тоҷик ин муақаддасоти миллатро камтар қадр мекунанд, арзиши миллии онро нодида мегиранд?

Таваҷҷуҳи духтарони тоҷик аз либоси миллӣ дида ба либоси бегона бештар аст. Либоси миллии мо — тоҷикон чакану атласу адрас мебошад. Аммо занони тоҷик аз либоси миллии хеш дида ба либоси бегона шавқу ҳавас доранд, ки ин ба мо — тоҷикон, мардуми дорандаи фарҳанги бою пурарзиш зебанда нест. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб қайд намудаанд, ки ҳиҷоб ин либоси миллии мо — халқи тоҷик нест. Либоси халқи тоҷик — ин атласу адрасу чакан мебошад. Аммо ҷавондухтарони тоҷик ҳоло на ба либоси миллии худ, балки ба либоси халқу миллатҳои бегона рӯ овардаанд.

Ҳоло махсусан, дар шаҳри Душанбе камтар ба назар мерасад, ки зани тоҷик либоси миллиро ба бар намояд. Агар дар тани як зан либоси миллӣ бошад, дар тани даҳ нафари дигар либоси бегона дида мешавад, ки аз коста шудани эҳтироми либоси миллӣ дарак медиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар чунин шароити ҳассоси ҷаҳонишавии фарҳангҳо мо бояд барои аз даст надодани фарҳанги миллати хеш ба монанди гузаштагонамон ҷоннисорӣ кунем, на ин ки бо дасти худ фарҳанги миллатро аз байн барем. Дуруст аст, ки гуфтаанд, зани тоҷикро либоси миллиаш зеботар мекунад, на ин ки либоси халқу миллати дигар. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро лозим меояд, ки ба қадри либоси миллиамон бирасанду эҳтироми онро ба ҷо оранд, чунки зани тоҷикро дар ҳама давру замон бо либоси миллиаш мешиносаннду эҳтиром мекунанд.

Раҳматуллоҳ СОБИРИЁН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here