Муассисаи давлатии таълимии ‹‹Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ›› бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.07.2009, №440  ҳамчун муассисаи таълимии зинаи миёнаи касбӣ дар заминаи собиқ Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ ва Омӯзишгоҳи касбии-техникии №49-и ноҳияи Рӯдакӣ ташкил ёфтааст.

Муассисаи давлатии таълимии ‹‹Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ›› ба номгӯи ташкилоту муассисаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, мақоми идоравии он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ» бо фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.05.2018, таҳти №1979  тасдиқ карда шудааст, ки он аз 9 боб ва 110 модда иборат аст.

КТОНР дар асоси сохтори тасдиқшуда амал мекунад. Сохтори коллеҷ бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.01.2018, №163  тасдиқ гардидааст. Суроғаи ҳуқуқии Муассисаи таълимӣ:Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён, кӯчаи Борбад №26. Суроғаи электронӣ (Е-mail): [email protected].

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ » дорои иҷозатнома оид ба ҳуқуқи  пешбурди фаъолияти таълимӣ (силсилаи АУ №0001841) аз 12.05.2015, №2232 ва шаҳодатнома дар бораи акредитатсияи давлатӣ (серияи ИА№0000766 аз 02.11.2015, №297 мебошад.

Дар суҳбат ба мо Директори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рудакӣ, номзади илмҳои филология Ҳусейнзода Гулхумор Дадабой изҳор дошт, ки дар соли хониши 2019-2020 омӯзгорон ва кормандони Муассисаи давлатии “Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ” фаъолияти худро мутобиқ ба талаботҳои Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, амру фармон ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи муассиса ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф ба нақша даровада, ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳаи техникӣ ва омӯзгорӣ кӯшиш ба харҷ додаву баҳри таъмини иҷрои нақшаи тарҳрезишуда, тадбирҳои мушаххас андешидаанд.

Пойгоҳи моддию техникии муассиса

Муассисаи давлатии таълимии КТОНР дорои ду бинои таълимӣ, хобгоҳ, утоқҳои корӣ, озмоишгоҳ, ошхонаву китобхона, бунгоҳи тиббӣ, техникаву механизмҳо ва як қатор таҷҳизоти муосири техникӣ-таълимӣ мебошад. Дар муассиса 3 синфхонаи компютерии муҷаҳҳаз бо навтарин компютерҳо фаъолият мекунад. Ҳамчунин, аксари синфхонаҳо бо тахтаи электронӣ ва графапроектор таъминанд. Раванди таълим дар кабинетҳои таълимӣ, биноҳои муассиса, гирду атрофи он ва роҳравҳо тариқи 63 адад камераҳои мушоҳидавӣ аз ҷониби маъмурияти муассиса назорат карда мешавад.

Муассиса дорои китобхона бо хазинаи бештар аз ёздаҳ ҳазор китоб ва толори хониш мебошад. Ҳамчунин, дар хобгоҳи муассисаи таълимӣ низ як китобхона мавҷуд аст, ки  дар он 1000 нусха китобҳои таълимию бадеӣ дар ихтиёри донишҷӯён мебошад.

Дар муассисаи таълимӣ  кабинети “Омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ”, кабинетҳои таълимии аз нигоҳи замон муҷаҳҳазгардонидашудаи  “забони англисӣ”, “забони рӯсӣ”, “забони тоҷикӣ”, “адбиёти тоҷик” “математика”, “педогогика ва психология”, “қоидаҳои ҳаракат дар роҳ”, “тарактор ва автомобил”, “дӯзанда”, “барқчӣ” ва лабараторияҳои фанҳои химия, физика ва биология мавҷуд аст.

Дар Муассиса факултетҳои Умумӣ-гуманитарӣ, Техникӣ-табиӣ, риёзӣ. Кафедраҳои Табиӣ-риёзӣ, Техникӣ-технологӣ, Педагогика ва психология, Филология. Шуъбаҳои Таълим, Кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонӣ, Ҳисобдорӣ ва банақшагирӣ, Хоҷагидорӣ. Бахшҳои Илм ва робитаҳои хориҷӣ, Идоракунии сифати таҳсилот, Таҷрибаомӯзӣ, Тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон, Таҳсилоти ибтидоии касбӣ, Хӯроки умумӣ.

Маркази Бақайдгирӣ ва машваратӣ ва шӯрои Занон ва кор бо оила,

Китобхона, Хобгоҳ ва Парки технологӣ фаъолият мекунанд.

Фаъолият дар факултаҳо, кафедраҳо, шуъбаҳо ва бахшу марказҳо таҳти назорати доимии маъмурияти Муассиса қарор дорад.

Ҳайати омӯзгорон

Дар Муассиса омӯзгорони дорои дараҷа ва унвонҳои илмидошта, профессорон ва устодони собиқдору пуртаҷриба ва омӯзгорони ҷавону болаёқат дарс мегӯянд.

Аксари устодони коллеҷ дар заминаҳои гуногун китобҳои илмию методӣ навишта, дар конференсияҳои ҷумҳриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намудаанд.

Дар Муассиса 99 нафар омӯзгори ботаҷриба ба таълиму тарбияи насли ҷавон машғуланд, аз ҷумла: 1- нафар доктори илмҳо, профессор, 4 — нафар номзади илм, 28 — нафар Омӯзгорони калон, 16 — нафар ассистент, 50 — нафар коромӯз — тадқиқотчӣ.

Номгӯи ихтисосҳо

Дар Муассисаи давлатии таълимии КТОНР раванди таълим аз рӯи 17 ихтисос ба роҳ монда шудааст: Таҳсилоти ибтидоӣ- 2-010201, Таҳсилоти томактабӣ- 2-010101, Забон ва адабиёти рус- 2-020302, Забони хориҷӣ (англисӣ)- 2-010306, Математика-информатика- 2-02050302, Таърих- 2-020101, Автосервис (хизматрасонии мошинҳо)- 2-370107, Таълими касбӣ (таъминоти техникии корҳои кишоварзӣ)- 2-080101- 42, Хизматрасонии техникӣ ва таъмири муҳаррикони даррунсӯз- 2-3700101.33, Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ- 2-400101, Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми хӯрокаи набототӣ (меваю сабзавот)- 2-490101

Забон ва адабиёти тоҷик- 2-020301, Биология- 2-020401, Технологияи истеҳсоли дузандагӣ- 2-500135, Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот- 2-270131, Техналогия (мехнати техникӣ ва нақшакашӣ )- 2-02060102, Васл ва истифодабарии таҷҳизоти барқии корхона ва биноҳои истиқоматӣ- 2-360331.01, Монтёри барқиӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии барқӣ- 3-015101, Дӯзандагӣ- 3-500155, Рондани автомобил аз рӯи дараҷаи «В»,

Системаи компютерӣ ва интернет, технология, Назоратчӣ- хазинадор, Муҳосиб (бо донистани компютер), Ошпаз- қаннод.

Дастовардҳои муассиса

Муассисаи таълимӣ ба чандин дастовардҳои илмию методӣ ноил шудааст. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2018-2019 маҷмӯаи мақолаҳои “Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ” (2018,108 саҳ), “Арзишҳои миллӣ ва байналмиллалии Наврӯз”(2019,187 саҳ), Дастурамали роҳбари гуруҳ” (2018, 38 саҳ) “Ададҳои комплексӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ (2019, 64 саҳ) “Роҳнамои донишҷӯ” (2019 46 саҳ), Тарзи гузаронидани дарси тарбиявӣ (2020, 184 саҳ. Барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ),  “Психология ба воситаи нақшаҳо. — Душанбе: ҶДММ Меҳроб, 2020. — 246 саҳ.

Дар баробари ин, устодони коллеҷ борҳо дар конференсияҳои байналмилалӣ иштирок карда, суханронӣ намудаанд, ки аз ҷониби ширкатдорон баҳои мусбат гирифтаанд.

Директори Муассисаи таълимӣ н.и.ф. Ҳусейнзода Гулхумор Дадабой  қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи хеш соҳаи маорифро соҳаи тақдирсоз ва афзалиятнок арзёбӣ намуда, дар ин замина омӯзгорро маҳбубтарин шахси ҷомеа донистаанд: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба шогирдон — фарзандони миллат медиҳад ва хешро аз он хушбахт мешуморад».

Кормандони Муссисаи давлатии КТОНР бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари олии мамлакат ва Ҳукумати кишвар тамоми имконият ва донишу қобилияти худро барои ривоҷи бештар бахшидан ба ислоҳоти соҳа, таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи саводи донишҷӯён ва ба ин васила, таъмин намудани соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти миллии мамлакат бо мутахассисони варзида, равона месозанд.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here