Баландӣ чист, бузургӣ чист? Саволе, ки ҳар кас метавонад аз нигоҳи худ посух гӯяд, аммо гуфтан мумкин аст, ки дар касби рӯзноманигорӣ ба ғайр аз қуллаҳои баланди диёр баландиҳои бисёре ҳастанд, ки гоҳо мо онҳоро нодида мегирем ва зиёда аз ин на ба ҳама имкони расидан ба ин гуна қуллаҳои бо кӯҳсорони мо баробар муяассар мегардад. Касе ин баландиҳоро мебинад, ки аз оламу одам бохабар бошад, неку бадро аз ҳам ҷудо кунад.

Аҷиб он аст, ки дар рӯзгори мо гоҳо ҳампоягону ҳампешагон дар баҳри ҳасад фурӯ рафта, ба ҳам сангандозиву бадгӯйӣ мекунанд, аммо хушбахтона ин устоди бузурги мо аз ҳамаи ин мартабаҳо болотару волотаранд, касеро надидаем, ки рӯйирост ё пинҳонӣ ба устод ҳасадхурӣ намояд. Ҳама медонанд, устод Иброҳим Усмонов аз ҳамаи ин дардҳо покизаанд, на ба касе ҳасад мебаранд ва на касе пайдо мешавад, ки дар ҳаққи он кас олимона, оқилона кинаҷӯйӣ кунад, зеро ҳадди фарҳангу дониши устод болотар аз  ин одатҳост, ба таърифашон  ҳам, ба бадгӯйиашон ҳам қудрати мо намерасад… Донишманд донишманд аст.  Ба гуфтае раванди болоӣ ба «фитратҳои дунёӣ»-и халқи арҷманди мо вобаста аст, ки пас аз гузаштани садсолаҳову ҳазорсолаҳо «Калила ва Димнаҳ»-ҳо, «Шоҳнома»-ҳо, «Қобуснома»-ҳо, «Сиёсатнома»-ҳо, «Футуватнома»-ҳо то ба имрӯз истифода мегарданд ва танҳо тавассути онон номи қабоилҳои ҳукмрон ёдоварӣ мегардад. Муайянкунандаи сиёсати ин давлатмардони қаблӣ низ ба асарҳо ва навиштаҳои нависандагон, муаррихон, адабиётшиносон, рӯзноманигорон ба гуфтаи ҳамкашони дохиливу хориҷии устод ва худи устод «рӯзноманигории қабл аз рӯзноманигорӣ» вобаста аст. Бубинед дар байни шоҳони гузашта шоирон ва нависандагон, сафарноманависон кам набуданд, аммо пас аз онҳо ҳеҷ касе аз рӯйи навиштаҳои онҳо давраи ононро баҳо ва баҳогузорӣ наменамояд. Сабаби инро мо пеш аз ҳама дар масали халқии тоҷикон дормеёбем, ки ин аст: «Ҳеҷ кас дӯғи худро турш намегӯяд».  Ва миннаатдории худро халқ рӯҳан ва амалан ба муаллифони ин офаридаҳо баён менамояд, ки аз худ чунин асари безаволе гузоштаанд, ки таввассути онон  бо  гузашта ошно гашта, имрӯзаи миллатро сохтан мумкин аст. Офаридаҳои устоди моро ба ҳамин поя гузоштан мумкин аст, ҳарчанд имрӯз мо аксаран аз он офаридаҳо чашмпӯшӣ менамоем ва худро нодида мегирем, аммо таърих хусусияти аслиаш он аст, ки бо гузашти солҳо ҳама чизро ҷо ба ҷо менамояд. Ин нуктаро дар таъриху таърихшиносӣ «иқболи баланд» мегӯянд, ки воқеан халқи арҷманди тоҷик, миллати тоҷик дорои он аст ва инро устод хеле хуб дарк менамояд ва ба шогирдон ва пайравонаш низ ҳамеша ҳамин чизро тавсия медиҳад.

Ҳамин иқболи баланд буда, ки мо замоне дар зери роҳбарии устод донишҷӯ будем ва он кас декани факултаи филология гаштанд ва ин коммунист рӯҳи озодидӯстиву озодипарастиро дар факултаи филологияи тоҷики он замон давлатӣ, ҳоло миллӣ роҳандозӣ намуд ва муваффақ низ гашт. Ҳамин коммунист тавонист, ки дар замони  «гулгулшукуфӣ»-и замони шӯроҳо андешаҳои демократии воқеиро дар факултаи филологияи тоҷик роҳандозӣ намояд. Бояд гуфт, ки он замон мо аз нигоҳи фунуни «Таърихи партияи коммунистӣ»,  «Фалсафаи марксистӣ-ленинӣ», «Атеизми илмӣ», «Коммунизми илмӣ» ба ҷаҳон менигаристем ва ҷаҳонро ба ду сохтор, сохтори коммунистӣ ва капиталистӣ, ки имрӯз мо сармоядориаш мегӯем, ҷудо менамудем ва сохтори навине, ки пас аз капитализми ваҳшӣ дар сарзаминҳои дигар бо номи демократия ба вуҷуд омада буд, бохабар бошем ҳам, онро давоми сохтори давлатҳои капиталистии истисморгар медонистем, чунки устодони фунуни ҷомеашиносӣ онро ба мо «беруннадидаҳо» чунин муаррифӣ менамуданд ва ин амал дар расонаҳои хабарии собиқ шӯравӣ ҳам маъмул буда, аз он касе қадаме берун гузошта наметавонист. 

Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, дар расонаҳои хабарии ин кишвар низ ҳамеша аз паи баҳо додан ба сохторҳои коммунистӣ ва капиталистӣ буданд ва мо низ ҳеҷ ҷоеву ҳеҷ чизеро ба ҷуз аз китобҳои боло нахонда сохторе, ки зиндагӣ менамудем, аз сохторҳои дигари ҷаҳонӣ боло медонестем. Устод ҳангоми сӯҳбатҳо зиёда вақт аз мо мепурсид: «Фалон ҳикоя, повест ва ё романи нависандаи олмонӣ, инглис, лаҳистонӣ ва ғайраро хондӣ», ба тасвири сохтори ҷамъиятии он диққат бидеҳ ва хулосаи худро барор. Устод тавассути китобҳои бадеӣ андешаи моро тағйир медод. Ӯ аввалин муаллиме буд, ки моро маҷбур менамуд дар бораи достони «Шоҳ Лир»-и Шекспир андеша намоем, ки чаро духтарони шоҳ Лир ӯро овораву саргардон намуданд ва ӯ чаро танҳову бекас дунёи фониро падруд гуфт? Ва мо ҳамаи инро дар аввал афсона медонистем, аммо пас аз андешаи умқ сохторро, муборизаҳои давраҳои гузариши аз як ҷамъият ба ҷамъияти дигарро дар он навиштаи Шекспир дармеёфтем. Ин буд, ки устоди коммунисти мо сохтори демократиро аввалтар аз ҳама дар факултае, ки худ сарварӣ менамуд, роҳандозӣ намуд. Он замон донишҷӯ ҳатто ҳуқуқ надошт, ки сар боло намуда ба устодони коммунист ва комунистмаобони графо-коммунист, ки дар факулта хеле зиёд буданду аз ибораи «ҳоло ист, дар имтиҳон ва ину он чорабинӣ (аз ҷӯмла ғунучини дастаҷаъмонаи ҳосили пахта ва ғайра) ман ба ту нишон медиҳам», мегуфтанд, ҷавоб доданро ба мо ӯ ёд дод, аммо бо донистани қонунҳои ҳизби коммунист ва қонуни асосии давлати шӯроҳо худро дифоъ намудан дар ин раванд дар ҷойи аввал истоданро дар ин гуна ҳолатҳоро низ вай ба мо омӯхт. Ҳуддифоъкуниро мо бевосита аз устод ёд гирифтем. Қабл аз устод декани факулта будан, ҳатто донишҷӯ дар кӯча агар чунин устодонро медид, аз тарс ва қасосгирии он устоди графо-коммунист роҳи худро тағйир медод, ки он устод ӯро набинад. Устод ҳангоми декан будани худ ҳамин раванди номатлуб «тарси инсон аз инсон»-ро то ҳадде гум кунонда тавонист ва акнун дар факулта донишҷӯҳое пайдо гашта буданд, ки андешаи худро озод баён менамуданд, аммо на чун ғайбат балки рӯ ба рӯ бо оне, ки шахсият ва андешаи  ононро таҳқир менамуд ин ҳолат ба вуҷуд оварда мешуд. Дар ҳамин давра «ғайбат» ва «миш-миш»-и донишҷӯ аз устод ва устод аз донишҷӯ кам гашт ва гуфтан мумкин аст, ки фазои факултаи филология тавассути як журналисти роҳбар тағйир ёфт ва ин тағйирёбӣ дид, андешаронии ҳам устодон ва ҳам донишҷӯёнро нисбат ба якдигар дигар намуд. Дигар донишҷӯ аз устодони коммунистмаоб ва диспечер (имрӯз танзимгар) апаи Мисригул,  котибаи декан Таня намеҳаросид. Бо онон озод сухан мегуфт. Албатта ин рафтору кирдори декани коммунисти демократ на ба хамаи устодон писанд набуд. Махсусан устодони фанҳои ҷамъиятӣ қариб дар ҳама ҷо ғайбати устодро менамуданд, аммо имрӯз он замонро ба хотир оварда мо гуфта метавонем, ки пояи аввалини демократияро устод Иброҳими Усмон дар факултаи филология монд. Шояд то он замон дар кулли мактабҳои олии Тоҷикистон чунин раванд набуд. Мумкин, ки буд, аммо дар факултаҳои дигари Донишгоҳи давлатии (имрӯз миллӣ) Тоҷикистон дар собиқ ба номи В. И. Ленин воқеан набуд. Пас поягузори демократия дар ин даргоҳ устод буданд. Дигар донишҷӯи каму беш аз ҳуқуқи худ бохабар худро дифоъ менамуд, чун медонист, ки дар пасаш устоди мо коммунисти демократ Иброҳим Усмон аст ва ӯ мӯйро аз хамир ҷудо карда метавонад  ва тарафайнро ба мусолиҳа оварда метавонист, равғане, ки оташи даргирифтаро рӯшантар менамуд, намегузошт, ки ба болои оташ аз сари нав  чош бидиҳанд ва алангаи онро зиёд намоянд. Ҳамин равандро ҳангоми сулҳи тоҷикон низ устод ба кор бурдаанд, ки инро аз назари он кас ҳангоми сӯҳбат, мусоҳибаҳо ва навиштаҳои устод дарёфтан мумкин аст.

Ин як амали аслии журналист мебошад, мусоҳибро гӯш кардан ва ҳангоми сӯҳбат бо саволҳои майдаву калон пурра намудани мавзӯи таҳқиқ ва ё ба гуфтае мавзӯи интихобнамуда мебошад, ки мо ҳангоми донишҷӯ буданамон аз устод ёд гирифтем ва имрӯз ҳам дар ҳамин радиф кор ва фаъолият дорем.      

Ҳошо, ки дар сарзамине, ки мову шумо ба дунё омадаем, касе, ки кӯҳсорони баланди моро мебинад, шефтаи онон мегардад, аммо «кӯҳҳо»-и баланди имрӯзаи маърифату ирфонро мо худ нодида мегирем, шояд хуни мо инсонҳоро парвардигор ва ё табиат чунин сиришта. Ғарами пахтаву алаф, хасу хошокро, баландии қуллаҳои кӯҳсоронро мебинем, аммо баландии инсони баландпарвозро, ки ҳамроҳи мо буду бош дорад, ҳис наменамоем. Дар ин росто агар ба тамаддуни имрӯза баҳо диҳем аз ғарамҳо, баландиҳои будаву нобудае, ки мо мегӯему менависем баландиҳое вуҷуд дорад, ки он ба инсони комил марбут аст ва чунин одамон дар ҷомеаи кунунии мо дар тамоми сохторҳои ҷомеаи мо воқеан вуҷуд доранд, ки рӯзноманигор бояд ба баландии назар ва диди ин гуна одамон баҳо дода тавонад, ки устод яке аз чунин чеҳраҳои камшумори ҷомеаи кунунии мост. Дар ин  ҳолат дигар баландиҳои табиӣ, ҷузъе аз табиат боқӣ мемонад ва қадри инсони рӯҳшинос ва ҷомеашинос, созанда, офаранда аз кулли қуллаҳои осмонбуси на танҳо Тоҷикистон, балки ҷаҳон баландтар мегардад. Устод ҳамин баландиҳои инсонро дарёфта, мо шогирдонашро ба ҳамин рӯҳия тарбия намудааст. Барои устод баландии кӯҳҳо, ғарамҳои зиёди анвои растанӣ ва ашёҳои дигари табиӣ дар пеши баландии қудрати инсон поёнтар аст ва ӯ ба қудрати инсон бовар дорад ва онро ба гуфтаи устод Рӯдакӣ «ба чашми хирад» мебинад. Мо медонем файласуфон аксар вақт «хирад ва дониш»-ро як донистаанд. Аммо ҳангоми баррасии рӯзгор ва фаъолияти устод мо ин ду вожаро дигар хел дарёфтем ва бар замми донишманд будан соҳиби хиради воло будани он кас дар ҷои аввал аст. Ин ҳар ду сифатро на ҳар кас доро мебошад ва агар касоне доранд, яки онро доранд ва ононе, ки ҳардуро доранд, чун устоди мо дар тамоми ҷомеаҳои инсонӣ ангуштшумор буданд ва ангуштшумор мемонанд.

Маданияти баланди устодро солҳост дар муҳокимаҳои гуногуни маводу матлаб, рисолаҳои илмиву таҳлили офаридаҳо мебинем. Устод ҳеҷ гоҳе чун баъзе аз уламои навини соҳа, навиштаи нафарареро сиёҳу сафед наменамоянд, бо ифтихор хат намезананд, бо валвалаву ҳамҳама сухан намегӯянд, балки бо сухани нек, агар кор ба талаботи илмӣ ҷавобгӯ набудан ва ё навишта хонандаро қонеъ накунонданашро дарк кунанд, бо мулоиматӣ ва хеле самимона чунин мегӯянд: «Шумо худатон ин чизро хеле хуб аз мо медонед…» ва аслан ҳамин гуфта барои воқеан одами аҳли фаҳм кофӣ аст, ки андеша намояд, устод чӣ гуфтанианд. 

 Ҳангоми навиштани ин сипосномаи то ба ҳол дар пеши устод шогирдона, гуфта метавонем, ки дар сарзамине, ки мо буду бош дорем, баландиҳо дар ҳар сари қадам ба назар мерасад, аммо баландие баланд аз рӯҳи инсони комил, ки устод дар ҳама ҳолатҳои зиндагии пур аз шебу фарози худ дорои он будааст,  нест! Устоди азиз ҳамеша баланд ва сарбаланд бошед ва дар охир ин мисраъҳои шодравон шоири шаҳири воқеан миллии тоҷик, устод Лоиқ ба хотирамон мерасад, ки аз ин зиёдтар нисбат ба шумо дар адабиёти имрӯзаи тоҷик чизеро дарнаёфтам. Ва танҳо гуфта метавонем, ки «баландие баланд аз рӯҳи ту нест». Табъатон шод ва рӯҳатон болида бод. Ҳамеша бо мо бошед:

Зи кулли қуллаҳои сар ба афлок

Сари мо сад ҳазорон бор болост.

Бале, дар сарзамини мо

Баландиҳои бисёр аст, аммо

Баландие баланд аз рӯҳи мо нест!..

Қутбиддин Мухторӣ

Дӯстмуроди Бобо

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here