Ончӣ дар базми вуҷуд овардаам донӣ ки чист?

Як чаман гул, як найистон нола, як хумхона май.

Вазифаи виҷдони бедори инсонӣ ва рӯшангарии мо он аст, ки хидматҳои арзанда ва мондагори анҷомдодаи ҳар нафарро, бахусус агар ӯ аз наздикон ва ошноёни мост, дар мавридҳои муносиб бидуни ифрот ва тафрит эътироф ва хотирнишон намуд. Дар ҷомеаҳое, ки ҳалқаҳои фаъоли илмӣ ва фалсафӣ вуҷуд дорад, ба тариқи бевосита ин эътирофҳо сурат мегиранд, аммо дар ҷомеаҳои носолим ва бенизом бисёр мешавад, ки шахсиятҳои асили илмӣ, фалсафӣ ва ё сиёсӣ ношинохта, эътирофнашуда ва қадрношуда боқӣ мемонанд. Ин нуқсро метавонанд шахсиятҳои огоҳ ба ҳар баҳона ва воситае ҷуброн намоянд ва чеҳраи воқеии ин фозилонро новобаста аз разолатҳои рӯзгор муаррифӣ намоянд. Ин ҷо мо мехоҳем назароти умумии худро сари файласуфи ворастаи милли мо Устод Комил Бекзода мушаххас гардонем. Ӯ чун як насими форам, чун як чашма ва ё чун як дарё зиндагӣ кардааст: табиӣ, содда, озод ва дар айни ҳол амиқ ва деркашфшаванда.

Фридрих Нитше мегӯяд, ки корҳои бузург бо садои пои кабутарон (яъне бисёр ноаён ва боварнакарданӣ) ба вуқуъ меоянд, на бо ғавғо ва ҳаёҳӯйҳо. Ин ҳақиқатро мо дар зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ин файласуф ба хубӣ дарк менамоем. Худӣ ӯ бошад дар ин маврид ҳамеша ин ҷумларо истифода менамуд: “Фалсафа ба оҳистагӣ ҳама чиро тағйир медиҳад”. Дар идома мо мехоҳем, ки хидматҳои анҷомдодаи устод Бекзодаро аз рӯи имкон матраҳ намоем, ба ӯ, ки ба наздики ба синни мубораки 76-солагӣ расид ва дигар хонандагон нишон диҳем, ки ӯ дар ҷодаи илм, фалсафа ва умуман фарҳанги тоҷик чи хидматҳои мондагореро анҷом додааст.

Паёмовари нокоми озодии воқеӣ

Бекзода чун аксари зиёиёни охири солҳои шӯравӣ ва аввали соҳибистиқлолӣ даст ба фаъолияти рӯшангарӣ зада буд ва шеваи фаъолияти ӯ аз ҳар рӯшангари дигар фарқ менамуд ва шояд нафарони андаки дигаре буданд, ки чун ӯ иқдом менамуданд, ки мутаассифона, ман аз онҳо огоҳӣ надорам. Фаъолияти Бекзода аз таҳияи осоре иборат буд, ки ба хонандаи дар маҳдудаи аз ҷиҳати вусъати андеша ниҳоят қашшоқи шӯравӣ огоҳӣ меовард. Ӯ маводи зиёдеро таҳия сохтааст, ки алъон барои ман танҳо асари Аҳмади Касравӣ “Шеър чист ва шоир кист?” ва пажуҳиши як донишманди покистонӣ бо номи “Иқбол дар роҳи мавлавӣ” дар хотир мондааст. Дар он шабу рӯз барои миллати мо танҳо як чиз даркор буд — ОГОҲӢ, на ғавғо, на ҳаёҳӯй, на даъво, на бузургманишӣ, на душманковиҳо ва якдигарсиёҳкуниҳои эҳсосотӣ ва ё ҷилваҳои дуруғин. Бекзода шояд яке аз нафарони ангуштшуморе буд, ки дар он рӯзгор ба дарки ин ҳақиқат расида буд ва дар ин роҳ иқдомҳои арзанда низ анҷом додааст. Агар рӯшанфикрони он рӯзгори мо ин шеваи Бекзодаро меписандиданд ва ба таҳияи осори огоҳиовар мепардохтанд шояд ҳодисаҳои он рӯзгор дар самти дуруст пеш мерафт ва ояндаи умедбахш насибамон мегардид. Огоҳӣ ин чашми бедор ва ё ҷавҳари ҳамагуна амалҳои сарнавиштсоз ва мондагор аст, ки чун сароғози ҳамагуна марҳалаҳои нави фарҳангӣ хидмат менамояд. Чун дар батни амалҳои рӯшангаронаи он рӯзгор ин ҷавҳар набуд, имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки онҳо худ аз худ барҳам хурданд ва аксари афкори он рӯзгор пештар аз марги худи рӯшангарон аз байн рафтанд.

Мутаассифона, дар ин гирудорҳо асари мондагоре ба вуҷуд наомад, ки як тоҷик пас аз 200, 500 ва ё 1000 сол онро хонда ба огоҳии шахсӣ ва иҷтимоӣ бирасад. Дар ҳадди баланди худ рӯшангарони мо ба шиорҳои умумӣ ва таҳлили шахсиятҳо худро маҳдуд намуданд. Паёме, ки аз ҳудуди рӯзи худ баромада бо рӯзгори як миллат пайванд хурад, ба вуҷуд наомад. Ҳоло ҳам мо ба ин нуқси худ пай набурдаем ва гумон менамоем, ки бидуни огоҳӣ ва дониш имкони сохтани ояндаи нав имконпазир аст. Фаъолияти Бекзода дар он рӯзгор ин созандатарин амал буд ва инро дар баробари натиҷагирии дедуктивии худ метавонем дар асоси таҷрибаи тамаддуни ҷаҳонӣ низ исбот намоем. Масалан, суриёниҳо ва эрониҳо дар оғоз тамоми мероси фарҳангии юнонзамин ва дигар фарҳангҳоро нахуст ба забонҳои суриёнӣ ва паҳлавӣ ва минбаъд арабӣ тарҷума намуданд ва ин боиси ба вуҷуд омадани тамаддун дар оғози фарҳанги исломӣ гардид. Нахустомили тамаддуни урупоиро низ маҳз тарҷума ва таҳияи осори шарқӣ ва минбаъд юнонӣ ташкил медод.

Мутаассифона, иқдоми оғознамудаи Бекзода минбаъд ва имрӯзҳо низ дигар мавриди пайгирӣ қарор нагирифт. Ба андозаи зарурӣ осори огоҳиовар таҳия ва тарҷума намешаванд ва ин чизи зоҳиран ноаён худ аз як бадбахтии бузурги мо дарак медиҳад. Бекзода низ пас аз ҳодисаҳои аввали солҳои навадуми асри гузашта дигар даст ба таҳияи осори огоҳиовар назад, шояд бар асари рафтани синну сол, шояд бар асари мусибатҳое, ки бар сараш оварданд ва ё гирифториҳои дигари илмӣ ва рӯзгор. Инсони огоҳро роҳгум занонидан, фиреб додан, мағлуб ва ё шикаст додан осон нест, аммо инсони ноогоҳро дар ҳар қадам фиреб мекунанд ва мағлуб месозанд. Дар кӯшиши нахуст маҳз бар асари набудани огоҳии зарурӣ дар симои амалкарди рӯшанфикрони он рӯзгор миллати моро ҳам фиреб карданд ва ҳам роҳгум занониданд. Маҳз нокомии ҳаракати рӯшангарии охири асри гузашта ва ҳолати ногувори имрӯзаро ба назар гирифта мо дар нисбати Бекзода ифодаи “Паёмовари нокоми озодии воқеӣ”-ро нисбат додем.

“Ҷаҳони андеша” ҳамчун донишгоҳи озод

Солҳои 1992-1997 ҳамчун солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маълум аст. Дар ин рӯзгор мардуми мо бахусус мардуми пойтахт асосан ду бим дошт: бими нон ва бими ҷон. Дар сари ҳар қадам силоҳбадаст ба назар мерасид ва барои тасвири воқеияти он рӯзгор ҳамин ҳодиса басанда аст, ки пас аз соати 16 — 17 Душанбе ба шаҳри холӣ табдил меёфт, ман рӯзҳои тобистонро дар назар дорам. Касеро ба ғайр аз бачаҳои қумондонҳои муайян ёрои ба кӯча баромадан набуд. Дар ҳамин давра дар Душанбе як ҳодисаи нодир рух дода буд: дар яке аз утоқҳои Пажуҳишгоҳи Фалсафаи Академияи Илмҳо устод Бекзода маҳфиле ташкил намуда буд бо номи “Ҷаҳони андеша”. Принсипи асосии ин маҳфилро озодӣ ташкил медод, иштирок озод, сухан кардан озод, дар маҳфил хурдан ва ё нӯшидан озод, ҳама бояд худро озод эҳсос намояд. Ҳафиз Бобоёров, Нозимҷон Нуров, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, Исомиддин Шарифов, Усмоналӣ Камолов, банда ва минбаъд ҷавонон аз насли пас аз мо аз қабили Номвар Қурбон, Фирдавс Ниёзӣ, Меҳр Собириён ва ғайра бо шавқу завқи хастагинопазир дар ин маҳфил иштирок менамуданд. Маҳфил ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе барпо мегардид ва ин низ боварнакарданӣ аст, ки тамоми солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ин маҳфил бидуни таътил сурат гирифтааст.

Дар ин маҳфил гузоришҳо аз афкор ва рӯзгори шахсиятҳое чун Зардушт, Фирдавсӣ, Н. Хисрав, Ф. Нитше, Иқбол, Хайём, Сино, Розӣ, Тусӣ, Мавлоно, М. Ҳайдеггер, Ганди, Н. Фёдров, Шамси Табрезӣ, К. Ясперс, А. Камю, Ж. П. Сартр, Мигел-де Унамуно, Конфутсий, Ф. Достоевский, Э. Фромм, З. Фрейд, К. Юнг, Вилл Дюрант, Ошо, Азиз Несин, Лоиқ, Бозор, А. Шомлу,Н.  Нодирпур ва даҳҳо шахсиятҳои дигари ҷаҳонӣ ва ватанӣ сурат мегирифт. Ин гузоришҳо боис мегардиданд, ки иштирокчиёни он даҳҳо асари марбут ба шахсиятҳои номбурдаро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Аммо муҳимтар аз ин он буд, ки ҳадаф на худи бузургони номбаршуда, балки ба вуҷуд овардан ва ташаккул додани огоҳии худи иштирокчиён буд. Дар хотир дорам, ки боре касе ба асли матлаб сарфаҳм намерафт ва устод бо таассуф гуфта буд: “ Ман бо нуги ангушт ба хуршед ишора карда истодаам, аммо ба ҷои дидани хуршед, шумо боз ба нуги ангушти ман менигаред”.

Кормандони Институти Фалсафа аз маҳфил ҳазар менамуданд, ба истиснои шодравон Иброн Шарифов, Муҳаммади Музафаррӣ ва боз як-ду нафари дигар, аммо ба маҳфил меҳмонони зиёд даъват мешуданд ва ё худашон ихтиёрона меомаданд. Яке аз чунин нафарон муаллима Меҳринисо Маҳмадова буданд, нафари дигар Меҳмоншоҳ Шарифов буданд ва шояд беш аз ҳар каси дигар Меҳмоншоҳ дар маҳфили “Ҷаҳони андеша” доир ба Мавлоно, Шамси Табрезӣ, масъалаи ишқ ва тасаввуф баромад намуда бошад. Меҳмонҳо аз Эрон ва Афғонистон аз қабили Устод Ҳошимӣ,  Ковиш, Ранҷбар, Исмоил  ва ё Деҳқон ҳамеша аз иштирокчиёни асосии маҳфил буданд. Устод Деҳқон бо вуҷуди дониши фавқулодда доштан ҳоли ногувор доштанд, Бекзода аз ҳар ҷиҳат ӯро дастгирӣ менамуд ва ҳатто дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар факултети фалсафа ӯро ҳамчун коргари асосӣ бо кор таъмин намуда буд.

Яке аз дӯстони устод Бекзода ва ҳамаи бачаҳои маҳфил шодравон Мирзо Боқӣ буд. Мирзо Боқӣ яке аз нафарони ғайриқолабии низоми шӯравӣ ва рӯзгори навин буд. Дар ҳеҷ ҷо касе ғурури Мирзо Боқиро таҳаммул карда наметавонист ва ягона маконе, ки ба ғайр аз “хиёбони пушаймонӣ” барои ӯ писанд буд ва пояш мекашид ин маҳфил ва бачаҳои маҳфил буданд. Аммо мо дӯстии устод Мирзо ва устод Бекзодаро бо маҳфил маҳдуд наменамоем, то охирин лаҳзаи ҳаёт ин дӯстӣ идома ёфтааст. Як рӯз пеш аз вафоти худ устод Мирзо ҳамроҳи бачаҳо будаанд. Ин ду нафар бо ҳам бо эҳтиром ва бо таҳаммул муносибат менамуданд, Бекзода бисёр лутф мекарду латифа мегуфт ва Мирзо Боқӣ табассум менамуду бонамак механдид. Аз қадрношиносии инсонҳо баъзан устод Мирзо малул ва навмед менамуд, Бекзода бо як-ду сухан ҳолу ҳавои ӯро дигаргун месохт, дар як лаҳза чашмонаш дигарбора медурахшиданд ва гӯё, ки аз нав мешукуфт. Шояд устод Мирзо дар ҳеҷ ҷои дигар худро онгуна роҳат эҳсос намекард, ки дар назди Бекзода ва бачаҳои “Ҷаҳони андеша”. Ман шоҳид ҳастам, ки якчанд маротиба Бекзода аз Мирзо Боқӣ хоҳиш намуд, ки саргузаштҳояшро нависад, ба фикри ман агар ӯ ин амалро анҷом медод, беҳтарин мавод барои шинохтани ҳақиқати замони ӯ ва бахусус шахсияти воқеии бисёре аз бузургон. Мутаассифона, ин маслиҳатро устод Мирзо ҷиддӣ нагирифт.

Бо гузашти замон дигар ин маҳфил ба як идея ва ё вуҷуди маънавӣ табдил ёфта буд. Дигар макон надошт ва шояд номаш ҳам дигар гардид, аммо ба тариқи табии гӯё ҳар як вохурӣ ин маҳфили “Ҷаҳони андеша” буд. Бо гузашти ин ҳама солҳо метавон натиҷагирӣ намуд, ки “Ҷаҳони андеша” фаротар аз як донишгоҳ вусъати донишу фалсафаро соҳиб буд ва онро ба дигарон дода тавонист.

Фалсафаи марг

Дар замони шӯравӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистони он рӯзгор, таҳқиқот доир ба масъалаҳои фалсафӣ вуҷуд дошт, аммо худро ҳамчун файласуф муаррифӣ кардан ва мустақилона фалсафаронӣ намудан вуҷуд надошт. Бекзода дар ин маврид истисно буд ва вусъати огоҳии ӯ дар ин қолаб намегунҷид. Бо амали худ ӯ ҳам барои ҳамзамонон ва ҳам ояндагон нишон дод, ки тоҷик низ метавонад берун аз қолабҳои таъиннамудаи бегонагон зиндагӣ кунад ва ба тариқи худ фалсафаронӣ намояд.

Ба тариқи бисёр табиӣ ва шево Бекзода оромона эълон намуд, ки фалсафаи асосии ӯ ин масъалаи марг мебошад. Шумораи зиёде ба ин эътироз намудаанд, бисёриҳо ҷасорати эътирозро пайдо нанамуда хомӯш мондаанд, худи ман ҳам то ҳол дар ин маврид бо шубҳа менигарам, аммо на дар мавриди асосӣ будани масъалаи марг, балки дар мавриди барҳам додани худи марг. Аммо Бекзода ба ин парво надорад, зеро ӯ ақидаашро ба касе таҳмил карданӣ нест ва дигарон низ дар он сатҳе нестанд, ки ӯро аз ин ақидааш гардонанд. Бекзода намехоҳад, ки дигарон чун ӯ як андеша дошта бошанд, балки ҳар кас бо ақидаи худ ва дар такя ба ақидаи худ зиндагӣ намояд. Худи Бекзода дар яке аз вохуриҳои аввалин моҳияти фалсафаи худро чунин шарҳ дода буд: Масъалаи асосии башарият марг мебошад ва башарият ба хотири фаромӯш сохтани ин ҳақиқати ягона худро ба ҳар майда-чӯйда андармон месозад. Барои равшании бештари масъала ӯ ин андешаи худро бо устураи Намруд, ки пашшае дар мағзи сари ӯ рафта буд ва барои ба муддате ором сохтани он пашша, яъне ҳамон марг, бо сараш бо путк мезаданд, тавзеҳ дода буд. То ин нуқта андешаи Бекзодаро дар доираи фалсафаи вуҷудгароӣ ва падидоршиносӣ таҳлил намудан мумкин аст, аммо ӯ фаротар аз ин меравад ва ба тариқи максималӣ масъалагузорӣ намуда, барҳам додани маргро ҳамчун масъалаи асосии илм ва фалсафа меҳисобад. Дар ин маврид Бекзода ҳатто аз ҳудуди диалектика, ки тағйирпазирӣ ва ба антитезиси худ, яъне нестӣ табдил ёфтани ҳастиро қайд менамояд, дур шуда ба фалсафаи Парменид наздиктар мешавад. То ба охирин навиштаҳои худ Бекзода маҳз масъалаи маргро дунболагирӣ менамояд ва ба осори дигарон низ маҳз аз ҳамин дидгоҳ муроҷиат менамояд. Барои он ки нисбат ба ин ақидаи худ, яъне имкони барҳам додани марг, итминони бештареро касб намояд, аз ҳисоби дастовардҳои илмҳои навин, бахусус илми Футуралогия, маводҳои ҷолиб ва арзандаеро низ ба даст овардааст, ки ӯро нисбат ба ақидаи худ устувортар месозад.

Дар фалсафа ҳанӯз аз анҷоми асри нуздаҳум замони ҳақиқатҳои мутлақ ба поён расида буд ва ҳар кас метавонад бо ҳақиқати худ зиндагӣ намояд ва маънии офаридаи худро ба ҷаҳон диҳад. Дар ин замина Бекзода дар радифи дигар файласуфон аст, ҳақиқати худро баён намудааст ва аҳамияти он бо дастовардҳои минбаъдаи илмӣ дар риштаи зистшиносӣ бармало мегардад.

Файласуфи таърих ва файласуфи фарҳанг

Мо метавонем Бекзодаро дар як вақт ҳамчун асосгузори фалсафаи таърих ва фарҳанг донем. Фаъолияти рӯшангарии Бекзода чандбуъда мебошад, дар мавриди таҳиясозии осори огоҳиовари ӯ ва ҳамчунин маҳфили “Ҷаҳони андеша” дар боло гуфта гузаштем. Яке аз буъдҳои дигари онро ин масъалаи фарҳанги миллӣ ва дар ҳамин замина худшиносии миллӣ ташкил мекард, ки ин бахшро Бекзода то рӯзҳои кунунӣ аз даст нагузоштааст. Дар миёни осори дар ин замина эҷоднамудаи ӯ ду масъала бисёр барҷаста ба назар мерасад: якум, ин “Фарҳанги ҷамшедӣ” ҳамчун фарҳанги асили тоҷикон ва дувумӣ ин ҳаракати шуубия дар асрҳои миёна. Умуман дар тӯли фарҳанги худ марҳалаеро пайдо намудан душвор аст, ки инсон бо зиндагӣ ва озодӣ онгуна ки дар замони Ҷамшед буд, наздик бошад. Корҳои заминӣ нисбат ба корҳои осмонӣ бартарӣ пайдо менамоянд ва Ҷамшед ба хотири зиндагии заминӣ хоҳиши Аҳурамаздо дар мавриди қабули пайғамбарири инкор менамояд. Озодӣ аз бовариҳои осмонӣ, худбоварӣ ва ишқ ба зиндагӣ боиси ба вуҷуд омадани замони тиллогӣ мегардад, ки ҳатто беморӣ ва марг аз байн меравад. Маҳз гаравиш ба зиндагии заминӣ, ки дигар дар тӯли таърих дар фарҳанги мо мушоҳида намегардад, Бекзодаро водор сохт, ки ба он ҳамчун фарҳанги алтернативӣ ва асил муносибат намояд. Гёте, андешаманди олмонӣ қайд менамояд, ки пайдоиши Зардушт дар фарҳанги эронӣ як падидаи манфӣ буд, зеро ӯ бовариҳои табиии эрониёнро ба як боварии мавҳум табдил дод. Шояд устуравӣ низ намояд, аммо мо маҳз дар таълими Ҷамшед дорои вижагии воқеъбинӣ будем, ки Бекзода ин хусусиятро кашф ва офтобӣ намудааст.

Яке аз корҳои мондагори Бекзода ин пажуҳишҳои ӯ оид ба ҳаракати рӯшангарӣ дар асрҳои миёна ва бахусус ҳаракати шуубия, ки дар баробари бартарихоҳии арабҳо истодагарӣ намуда, аз як тараф боиси маҳв нагардидани фарҳанг ва забони эрониён мегардад ва аз дигар тараф боиси ба вуҷуд омадани адабиёт ва фалсафаи миллии мо. Бекзода ин масъалаҳои рӯшангариро аз баҳсҳои рӯзмарра то ба бунёди таҳқиқоти илмӣ-фалсафӣ мерасонад ва рисолаи доктории худро маҳз ба масъалаи шуубия мебахшад, ки аз ҷиҳати масъалагузорӣ, таҳлили масъалаи шуубия, сарчашмаҳо ва равиши таҳқиқ он яке аз камназиртарин пажуҳишҳои фалсафии замони муосир мебошад.

Таҳқиқоти якумраи дар риштаи номбаршударо анҷомдодаи Бекзодаро таҳлил намуда, бидуни шубҳа ӯро ҳамчун асосгузори фалсафаи фарҳанг ва фалсафаи таърихи тоҷик метавон эътироф намуд.

Баъзе аз хусусиятҳои файласуфи миллат

-Бекзода дорои ҷаҳонбинии илммеҳвар мебошад. Ба метафизика, масоил ва мафҳумҳои метафизикӣ чандон бартарият намедиҳад. Ҳақиқат барои ӯ ин натиҷаи дастовардҳои физика, математика, биология, химия ва мисли инҳо мебошад. Масъалаи марг дар фалсафаи ӯ низ маҳз бо дастовардҳои илми муосир алоқамандӣ дорад;

-Ӯ сермутолеатарин ва дар як вақт донотарин файласуфи асрҳои 20-21 тоҷик мебошад. Фалсафаи асрҳои миёна ин ихтисоси бевоситаи ӯ аст, ки ҳеҷ кас дар ин маврид бо ӯ дар як сатҳ нест. Дар як вақт ӯ бештарин мутолеа ва таваҷҷуҳро нисбат ба фарҳанги бостонии қаблазисломиро доро аст. Барои мисол, чанде беш ба хотири беҳтар кардани як бахши пажуҳиши ман оиди фарҳанги пешазисломӣ, ки ӯ ошно гардида буд, бидуни хоҳиши ман асари Аҳмади Тафазулӣ бо номи “Торихи адабиёти Эрон пеш аз ислом”-ро ба ман тақдим намуд.

Доир ба фалсафа ва улуми иҷтимоии урупоӣ низ ӯ беш аз ҳар каси дигар огоҳӣ ва мутолеа дорад. Ӯ аз аввалин касоне аст, ки хонандаи тоҷикро бо бузургони фалсафа ва илми муосири урупоӣ ошно намудааст. Дар боло мо номи ин файласуфонро номбар намудаем, ки Бекзода бо ҷавҳари таълимоти онҳо ошно буд ва асарҳои онҳоро ба бачаҳо ва дигар ёрону дустон бевосита пешниҳод намудааст;

-Дар мавриди шеваи андешаронии ӯ метавон қайд намуд, ки ӯ куллигаро ва бештар назариётчӣ аст, дар оғози баҳсҳо ақидаҳояшро ба тариқи умумӣ ва тезис пешниҳод менамояд ва пасон ҳар як ақидаашро бо мисолҳои ҷузъӣ асоснок менамояд. Агар маълумоташ кам бошад ва ё далелҳояш басанда набошанд, бештар гӯш менамояд ва бисёр шудааст, ки пас аз баҳсҳо ақидаашро дигар созад. Усули баҳс кардан, инкор кардан ва асоснок намудани ақидаҳояшро бо боварӣ ва итминон ба худ иҷро менамояд;

-Зери таъсири ҳеҷ як ақида ва ё таълимот қарор надорад. Гӯё аз як баландие ба ақидаҳо ва афкори мавҷудаи фалсафӣ назар меандозад. Муҳим биниш ва назари худи инсон аст, дар сурати мавҷуд набудаи худогоҳӣ базудӣ ҳар як файласуф ва ё ақида метавонад ба як бут табдил гардад. Ягона ҳақиқат ин тафсири мо аз ҷаҳон мебошад;

-Ниҳоят зирак, ниҳоят ҳозирҷавоб ва зиндадил. Ман каси дигареро намедонам, ки ба андозаи ӯ ба зуди аз асли ҳодиса огоҳ гардад, рамузшинос бошад ва ҳама чиро ба боди масхара гирад. Чи қадар мо латифа шунидаем, аммо ин латифаҳо чи қадар ҳақиқатҳои талхеро низ бозгуӣ кардаанд. Худи ӯ дар айни хушҳолиҳо баъзан нозукона мегуфт, ки “ҳазли ман ҳазл нест, таълим аст”;

-Бачаҳоро ҳамеша рӯҳбаланд менамуд. Дар хотир мондааст, ки ба бачаҳо мегуфт, ки “шумо победител ҳастед ва бояд мисли победител рафтор намоед”;

-Дар баробари фалсафа ва илм ӯ ба шеъру шоирӣ низ эҳтироми хоса қоил аст ва бисёр ақидаҳои худро дар шакли шеър баён намудааст, бахусус мунозираи ӯ бо Хайём ва шеърҳои ба Фирдавсӣ, Мавлоно, Носири Хисрав ва ё ба Иқбол бахшидаи ӯ аз беҳтарин шеърҳои фалсафии рӯзгори мо ба ҳисоб мераванд.

Холисона бояд эътироф намоем, ки устод Комил Бекзода барои миллати тоҷик, фарҳанги миллии мо ва бахусус барои насли ояндаи он хидмати арзандае анҷом додааст. Ҳоло ки ӯ ҳанӯз бардам асту бо қомати боло дар кӯчаҳои Душанбе қадам мезанад, мехоҳем, ки ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошад, бо хушсуханию лутфу мутоибае, ки фақат хоси ӯст, базми ин ҷаҳонро обод созад.

Нуридини Шаҳобиддин,

файласуф

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here