Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода яке аз пурнуфузтарин донишкадаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Соли 1967 дар назди Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко факултети санъат таъсис дода мешавад, ки он аз се кафедраи тахассусӣ иборат буд: кафедраҳои маҳорати актёрӣ, корҳои маданӣ-маърифатӣ, санъати мусиқӣ. Дар соли аввали фаъолияташ факултети санъат 165 донишҷӯро қабул намуд. Бо сабаби набудани бинои махсуси таълимӣ соли аввали таҳсил дар бинои мактаби №69-и шаҳри Душанбе ҷойгир карда шуд ва соли 1968 ба бинои ҳозираи худ кӯчонида шуд. Бо Қарори Шӯрои Вазирони ИҶШС аз 22-юми августи соли 1973, №590 ва бо Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 14-уми сентябри соли 1973, №298 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон таъсис ёфт. Бо Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ба донишкада аз 21-уми марти соли 1978, №69 номи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дода шудааст.
Донишкадаи мазкур дар тӯли фаъолияти на он қадар тӯлонии худ арбобони зиёди соҳаи фарҳанг ва санъат, артистони халқӣ, ҳунарпешаҳои машҳурро тарбия намуда, дар хизмати халқу ватан қарор додааст. Имрӯзҳо кадрҳои тарбиянамудаи донишкада на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дуру наздик низ фаъолият мекунанд, ки ин обрӯ ва нуфузи донишкадаро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар берун аз он низ боло бардоштааст.
Соли 2003 аз сохтори ДДСТ ба номи М. Турсунзода дар заминаи факултетҳои иҷрокунандагӣ ва мусиқии тоҷик Консерваторияи миллии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Имрӯз донишкада пойгоҳи асосии тайёр намудани кадрҳои соҳаи фарҳангу санъати ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Бо соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ мазмун ва мундариҷаи фаъолияти донишкада ҷилои тоза касб кард ва дар ҳама самтҳои фаъолияти таълимӣ-эҷодӣ ва илмии худ ба навгониҳо ва тозакориҳо шарафёб гашт.
Мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон АУ №0001925, аз таърихи 27-уми августи соли 2015, №2349 оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ ИА №0000757, аз 27-уми августи соли 2015, №289 мебошад. Айни замон ректори донишкада аз 21-уми марти соли 1978, №69, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Идиев Хайриддин мебошанд.

Факултетҳо ва кафедраҳо
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода 6 факултет — Факултети театр, кино ва телевизион, Факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, Факултети фарҳангшиносӣ, Факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ, Факултети санъати мусиқии мардумӣ ва Факултети такмили ихтисос фаъолият доранд, ки дар доираи факултаҳои номбурда кафедраҳои зерин фаъолият доранд: кафедраи технологияи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сайёҳӣ; педагогика ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг; кафедраи режиссура ва продюсерӣ; кафедраи фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ; кафедраи сурудхонии халқӣ; кафедраи мусиқӣ-созӣ; кафедраи хореография; кафедраи рӯзноманигори телевизион; кафедраи маҳорати актёрӣ; кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна; кафедраи сози иҷрокунандагӣ; кафедраи тарбия ва таҳсилоти мусиқӣ; кафедраи фортепиано ва гузориши овоз; кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ; кафедраи бойгонишиносӣ; кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ; кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ; кафедраи забонҳои хориҷӣ ва кафедраи филологияи тоҷик.

Ихтисосҳо
Дар ДДФСТ ба номи М. Турсунзода аз рӯи ихтисосҳои зерин довталабон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд:
1-18 0101-02 — «Эҷодиёти халқ (Мусиқии созӣ)»;
1-03 01 02 — «Санъати мусиқӣ»;
1-03 01 02 — «Таҳсилоти томактабӣ. Санъати мусиқӣ ва хореография»;
1-16 0101-02 — Сурудхонии (халқӣ);
1-23 01 13 01 — «Бойгонишиносӣ»;
1-23 01 11-03 — «Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ (таъминоти иттилоотӣ)»;
1-890101 — «Саёҳат ва меҳмондорӣ»;
1-21 04 01 02 04 — Менеҷменти соҳаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ;
1-17 01 01 01 — «Санъати актёрии драма ва кино»;
1-23 01 08 02-01 — «Журналист»;
1-23 01 12-03 — «Кори осорхона ва ҳифзи ёдгории таърихию фарҳангӣ»;
1-23 01 12-03 — «Фарҳаншиносӣ»;
1-17.01.03.02 — Кинотелеоператор;
1-17 01 02-02 — Режиссура (намоишҳои оммавӣ ва идҳо);
1-17-01-02-03 — Режисёри филми бадеӣ;
1-17 02 01-04 — Санъати хореографӣ (рақси халқӣ);
1-23 01 10 01 03 – Драматургия.
Айни замон дар доираи ихтисосҳои номбурда дар донишкада 2110 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 1280 нафар дар бахши рӯзона ва 830 нафар дар бахши ғоибона, дар 71 гуруҳи таълимӣ, аз ҷумла 3 гуруҳи анъанавӣ ва 68 гуруҳи таълимашон кредитӣ таҳсил карда истодаанд.

Донишҷӯёни хориҷӣ
Дар соли таҳсили 2018 дар донишкада 21 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил намудаанд, ки аз онҳо 8 нафар тариқи рӯзона ва 13 нафар ғоибона мебошанд. Аз ҷумла, 2 нафар аз Ҷумҳурии Туркманистон, 1 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 2 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 16 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Раёсати донишкада барои онҳо тамоми шароитҳои зарурии таҳсил ва будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам овардааст.

Шуъбаи магистратура, аспирантура ва доктор PhD
Дар донишкада шуъбаи аспирантура тибқи қарори Шӯрои олимон соли 1999 таъсис ёфта, дар заминаи он айни замон шуъбаи магистратура, аспирантура ва доктор PhD фаъолият намуда истодааст, ки яке аз бахшҳои муҳим дар самти омода кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ба ҳисоб меравад. Дар шуъбаи магистратура, аспирантура ва доктор PhD-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода қабули магистрон, докторантон (PhD) ва унвонҷӯён ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар шуъба ба зинаи магистрӣ аз рӯи ҳафт ихтисос — 1-23 01 08-0201 — “Рӯзноманигори телевизион”, 1-23 01 11 — “Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ (аз рӯи самтҳо)”, 1-170102-01 — “Режиссура (драма)”, 1-170102 -“Режиссураи (намоишҳои театрикунонидашуда ва идҳо)”, 1-03 01 02 -“Санъати мусиқӣ”, 1-2104010201 — “Менеҷменти соҳаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ” ва 1-21 04 01 — “Фарҳангшиносӣ” кадрҳо тайёр карда мешаванд. Дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) дар 6 самт бо ихтисосҳои 6D090401 — «Назария, методика ва ташкили фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ”, 6D091000 — “Кори китобдорӣ”, 6D010600 — “Таълими мусиқӣ”, 6D090600 — “Фаъолияти фарҳангӣ — фароғатӣ”, 6D020400 — «Фарҳангшиносӣ” ва 6D050400 — «Рӯзноманигорӣ” мутахассис омода менамояд.

Робитаҳои байналмилалӣ
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода то ба имрӯз бо 26 донишкадаву донишгоҳҳои берунмарзӣ шартнома ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, бо тамоми онҳо робитаҳои мутақобилаи судмандро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла, аз ҷониби донишкада бо донишгоҳу донишкадаҳо аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон ва Эрон, Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Украина, Белорусия, Чувашистон ва Словакия созишномаҳо ва шартномаҳо ба имзо расидаанд. Ҳамчунин, якчанд созишномаҳои дигар бо донишгоҳу донишкадаҳои дигари берунмарзӣ таҳия гардида, мавриди баррасӣ ва баимзорасонӣ қарор доранд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд донишкада инчунин бо якчанд донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ низ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст ва дар доираи он ҳамкориҳои зичи таълимӣ — фарҳангиро ба роҳ мондааст.
Қобили зикр аст, ки хусусан дар соли сипаригардида як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ миёни донишкада ва донишгоҳу донишкадаҳои берунмарзиву дохилӣ ба имзо расонида шудаанд. Аз ҷумла, бо Консерваторияи давлатии Москва ба номи П. И. Чайковскийи Федератсияи Россия (моҳи январи соли 2018), Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (5-уми майи соли 2018), Донишкадаи давлатии санъати Красноярски Федератсияи Россия (3-юми октябри соли 2018), Донишкадаи ҳунарҳои зебои Донишгоҳи Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (19-уми декабри соли 2018), Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (декабри соли 2018).
Ҳамчунин, Созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи католикӣ дар Рузомбероки Ҷумҳурии Словакия ва Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематографӣ ба номи С. Герасимови Федератсияи Россия таҳия ва мувофиқа гардида, барои баимзорасонии дуҷониба пешниҳод гардидаанд.

Ширкат дар олимпиадаҳо
Ҳамасола донишҷӯёни донишкада дар олимпиадаҳо фаъолона ширкат варзида, ҳунару истеъдод ва малакаву дониши худро сайқал медиҳанд. Ғайр аз олимпиадаҳои илмӣ бештар донишҷӯёни донишкада дар озмуну фестивалҳои ҳунарӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён ва туҳфаҳои хотиравию арзишнок мегарданд.

Дастовардҳо
Дар соли 2018 дастовардҳои гуногун дар фаъолияти донишкада ба назар мерасад. Ба монанди: аввалин маротиба дар донишкада бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми майи соли 2018, №53 Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6Д090600 — «Фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ», 6Д020400 — «Фарҳангшиносӣ», 6Д091000 — «Кори китобдорӣ» таъсис дода шуд. Дар соли сипаришуда 3 нафар омӯзгорони донишкада — Имомалиева Р., Ҷурғосиев М. ва Мирзоев М. рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд ва 3 нафари дигар — Мамадазимова М., Самадова Г. ва Абдумуминзода С. рисолаҳои номзадиашонро ба анҷом расонида, дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Инчунин, дар донишкада маҷаллаи илмии “Фарҳанг ва санъат” таъсис дода шудааст, ки дар он мақолаҳои илмии олимону устодони варзида пайваста нашр мегардад ва айни замон барои ба қайд гирифтан ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар муддати кӯтоҳтарин дорои қайди КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
Инчунин, дар ин давра унвони илмии дотсентии мудири кафедраи рӯзноманигори телевизион З. Муъминҷонов аз ҷониби КОА-и Федератсияи Россия тасдиқ гардид.
Соли 2018 дар донишкада факултети нав бо номи “Факултети санъати мусиқии мардумӣ” таъсис дода шуд. Дар соли сипаришуда аз ҷониби дошишкада чандин конференсия ва семинарҳои илмӣ-амалӣ ва назариявӣ-эҷодии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар онҳо олимону мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ ва аз хориҷи кишвар ширкат варзиданд. Дар ҳамин замина, аз ҷониби мутахассисони варзидаи муассисаҳои таълимии берунмарзӣ дар донишкада онлайн-конференсияҳо ва дарсҳои маҳорат баргузор карда шуданд.

Театри таълимӣ
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода театри таълимӣ фаъолият дорад, ки дорои 270 ҷойи нишаст буда, масоҳаташ 421,9 метри квадратӣ мебошад. Толори театри таълимӣ барои истифода ба ихтиёри ихтисосҳои донишҷӯёни режисёрӣ, актёрӣ ва машғулиятҳои оркестр, хорсароён ва созҳои мардумӣ, ансамбл ва гузарондани дигар чорабиниҳои оммавию сиёсӣ пешбинӣ шудааст. Театри таълимӣ дорои саҳнаи муҷаҳҳаз буда, бо гармидиҳӣ пурра таъмин шудааст. Ҳамчунин, дар театри мазкур тамоми шароитҳо барои эҷоди асарҳои хуби саҳнавӣ мавҷуд буда, саҳна бо чароғҳои равшанидиҳии ранга, нуқтаҳои марказонидаи идоракунии садо, сабти овоз, ҳуҷраҳои чеҳрапардозӣ пурра гардонида шудааст.
Дар донишкада инчунин толори Арғунун фаъолият дорад. Толори мазкур 26-уми июни соли 2011 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра таъмир гашта, ба аҳли ҳунар тақдим гардидааст.

Таъминоти кадрӣ
Шумораи устодони донишкада, ки унвонҳои илмӣ доранд, ба 61 нафар баробар буда, аз онҳо 33 нафар корманди асосӣ ва 28 нафар ҳамкори беруна мебошанд. Аз шумораи умумии устодон 2 нафар Узви вобастаи АИҶТ, 9 нафар доктори илм ва 52 нафарро номзадҳои илм ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, як қатор устодони донишкада дорои унвонҳои фахрӣ мебошанд:
Профессори фахрии унвондор — 2 нафар.
Арбоби ҳунари ҶТ — 2 нафар.
Артисти халқии СССР — 1 нафар.
Ҳунарпешаи халқии ҶТ — 18 нафар.
Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ — 10 нафар.
Профессори фахрии беунвон — 2 нафар.

Шӯрои олимон
Шӯрои олимон — мақоми олии идоракунии донишкада маҳсуб меёбад. Шӯрои олимон бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию методӣ, илмӣ — таҳқиқотӣ, тарбиявию эҷодӣ ва молиявию хоҷагидорӣ фаъолият менамояд. Дар ҷаласаҳои Шӯрои олимони донишкада, пеш аз ҳама, масъалаҳои муҳими таълимӣ, методӣ, илмӣ — таҳқиқотӣ, фаъолияти эҷодии кафедраҳои тахассусӣ, дастаҳои ҳунарии касбӣ, масъалаҳои тайёр намудани кадрҳои касбӣ ва илмию омӯзгорӣ дида баромада шуда, роҳҳои беҳтар намудани сифати тайёр намудани кадрҳо дар ҳама зинаҳои таълим хулоса ва пешниҳодҳо омода менамояд. Дар давоми сол натиҷаи фаъолияти солонаи таълимӣ, илмӣ — методӣ ва фаъолияти тарбиявию эҷодии донишкадаро дар шакли ҳисобот мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Масъалаи таъсис додан ва бастани факултетҳо, кафедраҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ, гуруҳҳои ҳунарӣ ва номгузории онҳоро Шӯрои олимон чун қоида, бо назардошти таҳкимбахшии онҳо, бунёди коллективҳое, ки метавонанд вазифаҳои дар назди донишкада истодаро дар маҷмуъ иҷро намоянд, ҳаллу фасл менамояд. Номзадҳоро барои дарёфти унвонҳои илмӣ ва пешбарӣ намудан ба мукофотҳои давлатӣ қарорҳо қабул менамояд.

Таҷрибаомӯзӣ
Раёсати донишкада бо мақсади ташкили самараноки раванди таҷрибаомӯзӣ дар донишкада бахши алоҳидаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагонро таъсис додааст. Тибқи нақшаҳои таълимӣ, қариб дар ҳамаи ихтисосҳо таҷрибаомӯзии педагогӣ, таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Барномаҳои таҷрибаомӯзӣ вобаста ба хусусияти тахассусҳо ва мазмуни эҷодӣ доштани ихтисосҳо таҳия гардида, давра ба давра амалӣ карда мешаванд.
Донишҷӯёни ихтисоси санъати мусиқӣ таҷрибаи педагогиро дар муасссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мегузаронанд. Шакли ташкили таҷрибаомӯзӣ ба раванди таълим мувофиқ гардонида шуда, ҳар рӯзи чоршанбеи ҳафта дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 таҷрибаомӯзии худро бо таълими дарси суруд ва мусиқӣ тавъам мегардонанд. Дар ин робита бо усули дарс аз наздик шинос гардида, малакаи омӯзгориро аз бар мекунанд.
Ихтисосҳои дигари донишкада дар Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, театрҳо, Филармонияи давлатӣ, ансамблҳо ва гуруҳҳои эҷодӣ, бойгониҳо, марказҳои фарҳангу фароғатӣ, телевизион, радио ва дигар муассисаҳои соҳаи фарҳангу санъат таҷрибаомӯзӣ мегузаранд.

Кӯмак ба ятимону маъюбон
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода айни замон 53 нафар нимятим, 9 нафар ятими кулл ва 11 нафар маъюбони гуруҳҳои 1 ва 2 таҳсил карда истодаанд. Аз онҳо 4 нафар ятими кулл ва 8 нафар нимятим дар хобгоҳи донишкада зиндагӣ мекунанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки аз ҷониби Иттифоқи касабаи донишкада ба онҳо кӯмаки яквақтаина ба маблағи 550 сомонӣ расонида шуда, инчунин тибқи қарори Шӯрои олимони донишкада 9 нафар ятимони кулл бо идрорпулӣ таъмин буда, аз пардохти маблағи коммуналӣ ва истиқомат дар хобгоҳи донишкада пурра озод мебошанд.

Хобгоҳҳо
Нархи миёнаи хобгоҳ барои донишҷӯёни донишкада дар як моҳ ба 55 сомонӣ баробар буда, айни замон дар хобгоҳи донишкада 426 нафар донишҷӯён истиқомат намуда истодаанд. Хобгоҳи донишкада дар суроғаи Фирдавсӣ 5/1, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, аз 4 ошёна ва 118 ҳуҷраи истиқоматӣ иборат мебошад.

Китобхона
Донишкада дорои китобхонаи илмӣ буда, сохтори китобхонаи донишкада мутобиқ ба Низомномаи китобхона аз ҷониби Шӯрои олимони донишкада тасдиқ гардидааст. Он шуъбавӣ буда, аз фонди умумии китобхона, шуъбаҳои хизматрасонии абонимент, фароҳамоварӣ, илмӣ, методӣ-библиографӣ, толори хониш, шуъбаи адабиёти мусиқӣ, бо таъминоти асбоб ва адворҳо, шуъбаи хизматрасонии китобхона дар хобгохи донишҷӯён бо 10 ҷойи нишаст ва китобхонаи электронии бо шабакаи интернет пайваст иборат мебошад. Фонди умумии китобхона дар маҷмуъ 52378 маводро дар бар мегирад. Аз ин миқдор, фонди китобхонаи шуъбаи мусиқӣ 10 250 нусха адабиёти соҳаи мусиқиро бо дафтарҳои адвор, фонди толори хониш 3762 маводи иттилоотӣ, Фонди бахши хизматрасонӣ 14934 нусха китобро ташкил медиҳад. Алҳол мутобиқ ба омори китобхонаи илмӣ, дар маҷмуъ 52378 адад китоб ба донишҷӯёну устодон дастрас буда, мавриди истифодаи умум қарор доранд. Фонди иттилоотии электронӣ бошад, 3800 маводи электрониро ташкил медиҳад.
Дар доираи нақшаи кории китобхонаи илмӣ ҳар чанд вақт дар толори хониш конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, семинарҳои илмӣ, вохӯриҳо бо аҳли илму адаб, маҳфилҳои фанни тахассусӣ баргузор мешаванд. Муҳтавои чорабиниҳои илмӣ — назариявии баргузоргардида тавассути бонки иттилоотии электронӣ дар Web-сайти донишкада — www.ddst.tj гузошта мешавад, ки истифодабарандагон метавонанд тавассути шабакаи интернет бо навидҳои илмии китобхонаи донишкада шинос гарданд ва тавассути бонки иттилоотӣ ба сайти китобхонаи илмӣ дар тамос шаванд.

Дараҷаи таъминот ба ҷои кор
Имрӯзҳо аз ҷониби донишкада дар дараҷаҳои тахассусии бакалаврӣ, зинаи магистрӣ ва доктор аз рӯи ихтисос (PhD) мутахассисони варзида омода карда шуда истодаанд. Дар соли хониши сипаригардида ҳамагӣ 439 нафар донишҷӯён донишкадаро хатм намудаанд, ки аз онҳо 176 нафар тариқи буҷавӣ хатм намуда, 170 нафарашон тариқи роҳхат ба кор тавсия гардидаанд. Боқимонда тариқи шартнома буда, фаъолияти ояндаи онҳо на тариқи роҳхат аст, балки дар интихоби ҷои кор озод мебошанд.

Ба ҷои хулоса
Аз суҳбат бо раёсати ДДФСТ ба номи М. Турсунзода маълум шуд, ки ба донишкада бо нияти таҳсил дар оянда довталабоне бояд ҳуҷҷат супоранд, ки дар дил меҳри эъҷодкорӣ ва завқи баланди санъатро парварида, дар ин ҷода малакаҳои муайянро аллакай соҳиб гардидаанд. Довталабон бояд дар озмунҳо, фестивалҳо ва маҳфилҳои ҳунарӣ иштирокчиёни фаъол бошанд ва итеъдоду ҳунари худро муаррифӣ карда тавонанд.
Ҳар нафаре, ки худро дар оянда ҳамчун як ҳунарманди касбӣ ва болаёқат дар саҳнаи ҳунару эҷод дидан мехоҳад, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода барои ӯ беҳтарин интихоб хоҳад буд. Рамзи донишкада дар Маркази миллии тестӣ 206 аст.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here