Тоҷикобод як гӯшаи зебоманзару афсонавӣ ва пораи хоки Раштонзамини бостонӣ, як ҷузъи Тоҷикистони азиз буда, чӣ дар гузаштаву ва чӣ имрӯз фарзандони ба ору номусро ба арсаи санъату ҳунар, илму маориф ва сиёсат эҳдо намудааст. Аз азал хоки Тоҷикобод макони мардуми равшандилу бофарҳанг, санъаткору меҳмонавоз ва меҳнатқарину заҳматкаш ба ҳисоб мерафт. Халқи Тоҷикобод аз он меболанд ва хушнуданд, ки ин номи зебо, ки ҳамрадифи “Тоҷикистон” мебошад, яъне “Тоҷикобод”-ро ба онҳо фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, аллома Бобоҷон Ғафуров гузоштааст. Воқеан то соли 1949 то заминларзаи мудҳиши Ҳойит Тоҷикободро -“ Қалъаи Лаби об” мегуфтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб ва бо маврид ба мардуми ин минтақа баҳои хуби таърихӣ дода, аз ҷумла чунин иброз намудаанд: “Тоҷикобод диёри дар ҳақиқат биҳиштосо буда, номи хеле зебо дорад. Он ҳамрадифи номи миллат ва номи Тоҷикисони азиз, ҳамсоли даврони соҳибистиқлолии кишвар аст”. Аз ин диёри сарсабзу хуррам дар тӯли таърихи тамаддун садҳо шахсиятҳои маъруфу машҳури сиёсат, коршиносон, аҳли илму адаб ва фарҳангу санъат баромаданд, ки дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз ва минтақаи Раштонзамин саҳми арзанда гузоштаанд ва имрӯз ҳам барои ободию осудагии ин миллату ин Ватан бо меҳнати фидокоронаашон  ҳиссагузоранд.

Санъати халқи тоҷик бо номҳои ҳофизони халқии Тоҷикистон устодон Иброҳим Кобулӣ, Зулфиқор Исмоилов, Давлат Исмоилов, Муқим Масъудов — корманди шоистаи Тоҷикистон, Арбоби ҳунар, корманди шоистаи Тоҷикистон  Сунатулло  Раҳматуллоев, Аълочии маориф ва матбуот, фарҳанг Мустафо Шукуров ва дигарон мефахранд. Ноҳияи Тоҷикободро дар куҳистони Рашт ва берун аз он устод Иброҳим Кобулӣ бо мактаби ҳунарӣ ва бо шогирдону пайравони машҳуру номдор гардонида буд:

Эй сурудам бол бикшо бар диёри тоҷикон,

Нағма кун чун андалебон дар баҳори тоҷикон.

Хон ба вақти ҷашну хурсандӣ ҳазорон достон,

Ҳамсадо шав бо ҳавои ёр-ёри тоҷикон.

Ва ҳоло ба маврид аст, ки дар бораи яке аз ворисони арзандаи ин сарзамин, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, марди ҳунар устод Саломиддини Кобулӣ сухан ронем. Ӯ суруди худро аз ситоиши истиқлолу озодӣ ва меҳри диёру Ватан оғоз карда соҳибном гардид. Ва суруду таронаҳояш боли парвозу ҳунараш дар ҳаёташ гардиданд. Саломиддини Кобулӣ дар ҳақиқат меросдори мактаби эҷодии қиблагоҳаш — падари зиндаёдаш устод Иброҳим Кобулӣ мебошад. Ман ба суруду таронаҳояи дӯст, бародар ва устод Саломиддини Кобулӣ гӯш дода, хеле хурсанд мешавам, аз он меболам, ки ӯ дуои падар ва устодаш Иброҳими Кобулиро гирифта, то ба имрӯз дар як диёри дурдасти куҳистони Тоҷикобод сарояндагиву овозхонӣ мекунад, сабки хоси худашро дорад, тақлид намекунад ва танҳо суруду таронаҳо ва ғазалҳои панду ахлоқӣ, ватандӯстӣ мехонад. Зеро, ӯ чун устодаш — падари бузургвораш равоншод Иброҳим Кобулӣ мехоҳад қалбӣ дӯстдорони мусиқии суннатиро бо ғазалҳои пурмазмуну ахлоқӣ, ватандӯстона ҳамеша тасхир созад.

Вақте, ки суруд мехонад деҳаи овозадори собиқ Кичикзӣ- ҳозира  Сари пули Тоҷикободро боз ҳам бо созу навои мусиқӣ ободу зебо мегардид, гӯиё тамоми куҳсорони диёр, рӯдҳои сурхобу шӯрак ба ӯ ҳамсадо мегаштанд. Инак, руҳи ҷовидонаи устод- падари бузурквораш Иброҳим Кобулӣ ва амакаш Борони Кобулӣ аз хӯрсанди шод шуда, гӯё ӯро бо имову ишора ба ин ҷода хайрамақдам мегуфтанд. Суруди Саломиддин, ки аз ҳамин ҷо парвозӣ гашта, сайри куҳистон менамояд, боз дар фазои раштонзамин болу пар мезанад. Оре, уқоб ҳар қадар дур парвоз намояд ҳам боз ба ошёнаи сангинаш бармегардад. Куҳсорони баланди зодгоҳаш рӯдҳои равони диёраш Саломиддинро такягоҳанд ва ҳамеша пуштибонанд.

Ин сарояндаи хушовозу дилписанди халқ, марди сарупо ҳунар Саломиддини Кобулӣ 25-уми августи соли 1960 деҳаи Сари пули (пештара кичикзӣ)-и ноҳияи Тоҷикобод дар оилаи омӯзгор, сароянда ва ҳофизи халқии Тоҷикистон Иброҳими Кобулӣ ба дунё омадааст. Ибтидои фаъолияти эҷодии ӯ аз иштирок дар маҳфили ҳаваскорони ноҳия оғоз ёфтааст. Ӯ садои хушу форам ва дилрабоеро дорад, ки аз қаъри куҳсорони баланди диёраш нолаҳои худро гирифта, бо рӯдҳои зодгоҳаш ҳамовоз мегарданд. Овозаш замзамаи таронаҳои мардумиро чӣ қадар зебо ва хушадо мегардонад. Саломиддин дар оилае таваллуд ёфтааст, ки падараш ҳофизи халқ, сарояндаи нотакрор, омӯзгор ва мутриби чирадаст Иброҳими Кобулӣ мебошад, ӯ дар ноҳияи Тоҷикобод, ки ошёнаи бахту шодияш аст, аз овони кудакӣ алоқаманду пайрави падари бузургвораш Иброҳими Кобулӣ гардидааст. Вақте, ки Саломиддин суруд мехонад- садояш хушу форам буда, аз лаҳни ширини куҳистониаш гӯё нолаҳои рӯдҳои сурхобу шӯрак ба хурӯш меоянд, ба ӯ нолаҳои ҷаззобро эҳдо менамоянд. Овози ширадору сурудҳои пурмазмунаш, ки истиқлолхоҳиву ваҳдатхоҳи як дунёи нав ва садои нотакрору воло ва аз ҳама муҳимаш пур аз меҳру садоқат, муҳаббат ба ватану диёр ва халқи азизамон аст. Ӯ бештар аз истиқлолу озодӣ ва сулҳу ваҳдати Тоҷикистони азизамон месарояд ва онро тараннум мекунад, бисёр хубу гуворо месарояд.

Саломиддин бозёфти даврони истиқлолияту озодист. Ӯ дар фазои фарҳанг чун ситораи гарм падид омад, то дилҳои сардро ба зиндагӣ ва ҳаёту зебоӣ гарм бисозад. Дар ҳақиқат ӯ дар худ як услуби сарояндагиро парваридааст. Имрӯз садои ӯ аз дуриҳои куҳистон аз қалби мардуми одии меҳнаткаш бо ҷушу хурӯши нав хурӯҷ менамояд, илҳомбахши ҳазорон дилҳо мегардад. Дунёи суруди дилошуби ин ҳунаранд, сарояндаи дилрабо ва асил аллакай дилҳоро тасхир карда, дар ҷумҳури паҳн гардидааст. Саломиддтн дар байни халқу диёраш ва аз он ҳам берун шуҳрати худро ёфтааст. Саломиддин дар байни халқу диёраш ва аз он ҳам берун шуҳрати худро ёфтааст. Барномаи ҳунариаш хело рангин буда, ӯ васфи ватану диёр, халқи меҳнаткаш, дӯстиву ваҳдат ва бародари месарояд. Сурудҳои “Тоҷикистон”, “Паёми ваҳдат”, “Меҳру вафо”, “Истиқлоли мо”, “Зиндагӣ” ва ғайра дар дар иҷрои Саломиддин кайҳост дар фазои санъату мусиқии халқи тоҷик садо додаанд.

Дар ниҳоди ӯ хоксорӣ, инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, муҳаббату накӯкорӣ ва дигар хислатҳои хуби инсонӣ нуҳуфтааст. Саломиддин аз падари худ Иброҳим Кобӯлӣ сипосгузор аст ва ифтихор менамояд. Аз ҳаёту фаъолияти Саломуддин бар меояд, ки ӯ ҳамеша аз пайи меҳнат кардан ба халқу диёраш мебошад. Ӯ соли 1983 Донишгоҳи Омӯзгории шаҳри Душанберо бо ихтисоси биолог хатм кардааст. Солҳои 1983-2006 омӯзгори фанни биология дар М.Т.М.У  №1 ноҳияи Тоҷикобод, солҳои   2006-2011 дар соҳаи фарҳанг ҳамчун методисти бахши фарҳанг, солҳои 2011-2012 дар шуъбаи иҷтимоии кор бо ҷомеа, солҳои 2012-2018 мудири шуъбаи ҳифзи экологии мақомоти  иҷроияи Ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод кор кардааст. Чанде дар шуъбаи фарҳанги ноҳияи Лахш низ кор кардааст. Аз моҳи феврали соли 2018 то имрӯз Соломуддин Мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи Ҳукумати ноҳияи Тоҷикободро ба уҳда дорад. Ӯ ҳамчун падари бузургвораш шодравон Иброҳим Кобулӣ  дар ду соҳа- соҳаи маориф ва фарҳанг кор ва фаъолият мекунад. Саломиддин бар ашъори Рӯдакӣ, Ҷомӣ, Ҳофиз, Ҳилолӣ, Сайидо, Соиби Табрезӣ, Лоиқ Шералӣ, Шаҳрия ва дигарон оҳанг баста суруд месарояд. Таҳти сарварии ӯ ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии ноҳияи Тоҷикобод гузаронида мешаванд. Ҷашнҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Наврӯз, Сада, Меҳргон ва ғайра бо роҳбарии ӯ дар ноҳия гузаронида мешавад. Хизматҳои ӯро соли 1987 бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007 бо унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ифтихорномаҳову дипломҳои Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи Ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод қадрдонӣ карда шудаанд.

Соли 2018 ноҳияи Тоҷикобод, дастаи ҳаваскоронаш дар водии Рашт дар озмуни “Андалеб-2018” ширкат варзида, ҷои аввал ва дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷои дуввумро соҳиб гардиданд. Инсонҳо роҳи пасту баланди зиндагиро тай менамоянд, вале дунёи суруди Саломиддин Кобулӣ олами рангини худро дорад, дар дилу дидаҳо дар умқи дили инсонҳо боқӣ мемонад. Ӯ бо ин қадар сарфарозиҳо ва мувафақиятҳояш хоксорасту меҳрубон, ифтихор аз миллат, аз давлати ободу оромаш менамояд. Имрӯз ин марди ҳунар ба синни 60-солагӣ қадам ранҷа менамояд. Мо ба ӯ саломатӣ, бурдбориҳоро дар ҳаёт ва фаъолияташон таманно менамоем. Бигзор дунёи сурудаш-дунёи наву тоза, пур аз нишоту пешравӣ бошад.

Маҳмадҷон САФАРОВ, омӯзгор  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here