Онҳоро бояд дуруст шарҳ диҳем

Манзур аз китоб Қуръони азимшаън мебошад ва суннат он чӣ аз гуфтори Паёмбар (с) ба мо расидааст. Муфассирон аз ибтидои асри нузули Қуръон то кунун коре карданд ва тарзе аз калимоти он истиноботи маъонӣ, тарҷума, шарҳ ва тафсир кардаанд, ки дар муқобили якдигар ихтилофи назар надоранд. Аммо баъзе ба ном «муфассирон»-е зуҳур кардаанд, ки эҳтиром ба тарзи тарҷума ва маонии Қуръон надоранд ва худро аз эҳтироми соҳиби Қуръон ва ҳадис мубарро медонанд.

Китобе ба дастам расид. Ба он назар кардам, ки «Бузургии сураи фотиҳа» ном доштаасту ҷамъоварӣ ва шарҳи Давлатхудои Амрихудо будааст. Ман ин рисоларо таҳқиқи дақиқ кардам. Ҳашву лағви соҳиби рисоларо ба хонандагон саҳифа ба саҳифа пешниҳод кардам.
Масалан, дар саҳифаи 4 «Аъузу билоҳи миннаншайтони раҷим» гуфта ва тарҷума мекунад: «Паноҳ мебарам ба сӯи Аллоҳ Таъоллоҳ аз бадии шайтон». Ин намуд тарҷумаи номувофиқро ҳеҷ инсони бо илму фарҳанг то ҳол нашунидааст, ки раҷим ба маънои бадӣ омада бошад. Поёнтар мегӯяд: «… моро аз бадии ӯ паноҳ нигоҳ дорад». Иқтибос тамом. Мо намедонем калимаҳои паноҳ ва нигоҳ чаро пайи ҳам омадаанд.
Дар поёни саҳифаи 6 нақли касеро мекунад. Иқтибос: «… ӯро газандае газид. Саҳобагон он мардро руқия карданд». Иқтибос тамом. Ин «шореҳ» даъво дорад, ки руқия табобат мебошад. Дар ҳеҷ луғату фарҳанг руқия табобат нест, балки маънои дурусти руқия афсун, дуъо ва таъвизро гӯянд. Чунончи, Низомии Ганҷавӣ мегӯяд:
Чун ба наздики он тилисм расид,
Рахна карду руқяе бидамид.
Иқтибос аз саҳифаи 7: ««Раҳмон» ва «Раҳим» сифоти хоси танҳо Аллоҳ таъолоанд ва ба ҳамин маъно омада, ки рӯзи Қиёмат бахшандаи гуноҳон аст бар муъминон на бар кофирон». Иқтибос тамом. Оғои «муфассир», ин тафсири Шумо фақат маънои раҳимии Ӯст. Пас, маънои раҳмонии Ӯ куҷо шуд?
Иқтибос аз саҳифаи 9: «… ва паёмбарону авлиё, ки охирини онҳо ҳазрати Муҳаммад аст». Иқтибос тамом. Ҳазрати Муҳаммад охирин авлиё набуд ва то рӯзи Қиёмат авлиёи Худо дар дунё ҳаст.
Дар саҳифаи 14 оғои «муфассир» оятҳои 105-122-и сураи Шуъарро, қиссаи Нуҳро хотиррасон мекунад ва Фиръавнро дар замони Нуҳ (а) қарор медиҳад. Ҳол он ки, дар ин оятҳо аз Фиръавн сухане намеравад.
Зеро ҳазрати Нуҳ (а) пеш аз туфон буд ва зиндагии Фиръавн баъд аз туфон.
«Муфассир» дар саҳифаи 18 мардумро ҳушдор медиҳад, бо ин мазмун: «Мо дар бораи Паёмбар (с) ва Қуръони карим бо пуррагӣ сухан гуфтан оҷизӣ мекашем, зеро аввалу охир надорад». Иқтибос тамом. Ӯ дар ин «ҳушдораш» ҷуръати бузурге карда, мункири ояи 17-и сураи Қамар шудааст, ки Худованд мегӯяд: «Ва мо Қуръонро барои ваъз ва андарз бар фаҳм осон кардем, оё касе ҳаст, ки аз он панд гирад» (Қамар 18).
Дар саҳифаи 20 мегӯяд: «… вақте, ки Омина модари ӯ (яъне Муҳаммад (с) ҳомиладор шуд…». Иқтибос тамом. Бояд мегуфт, ки ҳамлдор ё ҳомила шуд, на ҳомиладор, ки таркиби калимаи ҳомиладор ғалат аст.
Иқтибос аз саҳифаи 23: «Ҳазрати Хадича 3 сол қабл аз ҳиҷрати Паёмбар (с) ба Мадина вафот кард». Иқтибос тамом. Дар ҳамин саҳифа поёнтар мегӯяд: «Фарзандонаш ҳамаашон аз ҳазрати Хадича буданд…». Иқтибос тамом. Дуруст, ҳама фарзандонаш аз ҳазрати Хадича буданд. Баъдтар мегӯяд: «Тоҳиру Тайиб дар Мадина ба дунё омдаанд». Иқтибос тамом. Хадича дар Макка дар гӯристони Ҷаннатулмуъалло мадфун аст. Чӣ хел Тайибу Тоҳир дар Мадина ба дунё омадаанд, ин ҷо ҳам таззод аст.
Дар ин варақ номҳои азвоҷи мутаҳаротро баррасӣ мекунад. Иқтибос: «Баъди ӯ яъне Муҳаммад (с) Савда духтари Замьара». Иқтибос тамом. Ин ҷо Замьара не, балки Замъа мебошад. Баъд поёнтар номи дигар завҷаи мубораки Расул алайҳисаломро Сафия духтари Ҳай муаррифӣ мекунад, ки номашро нодуруст овардааст. Саҳеҳаш Сафия духтари Ҳуяй мебошад, на духтари Ҳай. Баъди ин Маймуна духтари Хорисро охирин завҷаи Расул эълон кардааст. Агар ин тавр бошад, Морияи Қутбия модари Иброҳим куҷо шуд, ки охирин завҷаи Расул (а) дар таърихи зиндагии Муҳаммад (с) исбот шудааст?!
Дар саҳифаи 24 қайд кардааст: «Муҳаммад (с) дар 40-солагӣ маъбус ба паёмбарӣ шуд». Иқтибос тамом. Ин ҷо калимаи маъбус не, балки мабъус бошад, дуруст аст.
Иқтибос аз саҳифаи 24: «Пас Ҷабраил (а) ӯро дар оғӯш гирифта, фишурд ва 3 бор гуфт бихон…». Иқтибос тамом. Муаллифи ин рисола даъво дорад, ки Ҷабраил (а) ӯро якбор ба худ фишурд ва 3 бор гуфт бихон, аммо кутуби таърих, аз он ҷумла китоби Нуруляқин, муаллифи муҳаққиқ Шайх Маҳмуд Бошол Фалақӣ мегӯяд: «Ҷабраил ӯро 3 бор оғӯш карда ва ҳар бор гуфт бихон…».
Иқтибос аз саҳифаи 25: «… чунки ту силлаи раҳматро ба хешовандонат ба ҷо меорӣ». Иқтибос тамом. Ин ҷо, бояд гуфт, «силлаи раҳмат» ҳеҷ маъное надорад. Дурусттараш силаи раҳм аст.
Иқтибос аз саҳифаи 27: «… Баъди ин ояти 1-и сураи Масад нозил шуд». Иқтибос тамом. Ин ҷо ояти 1-и сураи Масадро меорад, ки ин оят ҳамагӣ панҷ калима аст ва се хатои имлоӣ кардааст. Иқтибос: «Таббат ядоа абила ҳабв». Иқтибос тамом. Беэҳтиромӣ аз ҳама болотар дар ин ояти карима он аст, ки калимаи охирро аз ин оят партофтааст. Ҳамчун мусулмон ба ин боварам, ки назди Худованд барои нақсу таҳрифи ин ояи мунҳарафу мураҳам ҷавоб мегӯяд.
Иқтибос аз саҳифаи 27: «… ӯ аз ҷояш хеста натавонист…». Иқтибос тамом. Қазия аз ин аст, ки Паёмбари Худо хеста метавонист, аммо барои он аз ҷояш боло нашуд, то либосҳояш аз ин зиёд ба наҷосат олуда нашавад.
Иқтибос аз саҳифаи 30: «… Паёмбар (с) бо ҳамроҳии Абӯбакр (р) дар ғори Сарв 3 рӯз монданд». Иқтибос тамом. Ин ҷо боз дар калимаи Сарв иштибоҳ кардааст. Бояд ғори Сарв не, балки ғори Савр мегуфт.
Иқтибос аз саҳифаи 30: «… Аз Ибни Аббос ривоят аст, ки гуфт «чун Паёмбар аз Мака ҳиҷрат кард» Абӯбакр (р) гуфт — Инно лило ҳи ва инно илайҳи роҷиъун». Иқтибос тамом. Ояти мофавқро ояи истирҷоъ мегӯянд. Мушкил ин ҷост, ки Абӯбакр онро дар вақти ҳиҷрат аз Макка гуфт, ҳол он ки оя маданӣ мебошад, ин маҳол аст.
Иқтибос аз саҳифаи 35: «Соли панҷуми ҳиҷрӣ ҷанги қабилаи Мустаюқ…». Иқтибос тамом. Ин ҷанг ба номи қабилаи Мусталиқ машҳур аст, на Мустаюқ. Ҷанги қабилаи Мусталиқ соли 6-уми ҳиҷрат буд, на соли 5-уми ҳиҷрат, чӣ тавре, ки соҳиби ин рисола мегӯяд.
Дар саҳифаи 39 муаллифи ин «китоб» Амрихудоев Давлатхудо мехоҳад мафҳумеро дар мафкураи мардум ҷой диҳад: «… аммо ин замон баръакс баъзе мардум (мутаассифона, намедонем кадом мардумро дар назар дорад,- С. О.) дини Худоро манъ мекунанд. Ҳоло рӯзе омадааст, ки зери дини Худованди Мутаол ҷамъ шавем…». Иқтибос тамом.
Дар саҳифаи 40 оятеро, ки Худованд дар шаъни расулаш гуфтааст, меорад. Бисёр саҳлангорӣ нисбат ба ояти карима намуда, аз ин оят қисмеро партофтааст. Ояти карима ин аст: «Боз Худованд мефармояд: «Ба сабаби раҳмати Худост, ки ту ба онҳо чунин хушрафтору раҳмдил мебудӣ…». Иқтибос тамом. Ин ҷо давоми ояти каримаро — «ва агар тундхӯ ва сахтдил буда»-ро партофтааст. Баъд аз он давоми оятро овардааст. Ин ҳам аз беэҳтиётӣ ва ночиз шуморидани Қуръон аз тарафи «муаллиф» аст.
Иқтибос аз саҳифаи 47: «… Худованд дар ҳақаш мегӯяд «Ва фиристодем туро барои он, ки мехоҳам ба мардуми ҷаҳон раҳмате ато кунед ва ҳамоно ту дорои аҳлоқи азиме ҳастӣ…». Иқтибос тамом. Бояд гуфт, ба ин мазмун оят, ки «раҳмате ато кунед», дар Қуръон ёфт нашуд. Ва хитоби Худованд ба Паёмбараш ба ин ки «Ва фиристодем туро» дар 3 маврид дар Қуръон (сураи 33, ояти 45, сураи 35, ояти 24, сураи 48, ояти 8) омадааст, аммо ба мазмуни «раҳмате ато кунед» нест.
Иқтибос аз саҳифаи 47: «… ва туро гумгашта ёфт…». Иқтибос тамом. Бояд ин ҷо раҳгумгашта бошад, на гумгашта.
Иқтибос аз саҳифаи 48: «… ва бо беҳтарин тарз ба онҳо муҷодала кун». Иқтибос тамом. Муҷодала бемавқеъ аст. Бояд муомала бошад, на муҷодала.
Иқтибос аз саҳифаи 55: «… Дар онҳо таърифу тағйир ва зиёду нуқсоне рӯй додааст…». Ин ҷо таърифу ноҷо аст, бояд таҳрифу тағйир бошад.
Инчунин, дар саҳифаи 58 тарҷумаи ду оятро шуруъ мекунад ва дар саҳифаи 59 тамом мекунад. Рости гап, боз беэҳтиромӣ нисбати оёти раббонӣ намуда, қисме аз ояти аввалро бе ягон ишора аз матни тоҷикӣ партофтааст. Ояти карима ин аст. Пас агар ду тоифа ба якдигар ба ҷанг бархостанд, онҳоро сулҳ бидиҳед ва агар аз онҳо яке бар дигаре ситам кард, бо тоифаи ситамгор ҷанг кунед, то ба фармони Худо бозгардад.
Пас агар руҷуъ кард, сулҳ кунед миёни ишон ба ъадл ва инсоф. Зеро Худованд одилонро дӯст медорад. Муъминон бародарони якдигаранд. Бародарони худро сулҳ диҳед ва аз Худо битарсед, шояд раҳмат карда шавед: 8-10. Ин ҷо аз охири ояти 9-ум 12 калимаи Қуръони раббониро партофтааст ва ишора дар охири калони раббонӣ кардааст, ки ин оятҳои 8-10 аз сураи «Хиҷрат» мебошанд. Аввал ин ки, ояти 8-10 нест, балки 9-10 мебошад ва дигар туҳматаш ин аст, ки дар Қуръони шариф сурае ба номи «Хиҷрат» нест.
Дар саҳифаи 60 аз ҷумлае ёдовар мешавад, ки дар ҳаллу фаҳми он ман ба ҷое нарасидам. Иқтибос: «… ҳамагӣ дар роҳи Худо ба некӣ камар мебанданд ва душманиву антезаҷӯӣ аз ҷаҳон раҳд мебандад». Иқтибос тамом.
Иқтибос аз саҳифаи 61: «… Ҳаҷрашон пеши Худованд аст…». Ин ҷо бояд аҷрашон бошад, на ҳаҷрашон.
Дар поёни саҳифаи 62-юм 1 мисраъ дар мазаммати бенамозӣ аз Шайх Аттор меорад: «Рӯзи машҳар, ки ҷонгудоз бувад…». Ҳатто ба ҳар як хонандаи мактаби миёна маълум аст, ки калимаи дувуми мисраъ маҳшар аст, на машҳар.
Дар саҳифаи 63 чанд калимоти дуъоро ба 7 бор хондан тарҷиҳ медиҳад, ки онро бихонанд ва бигӯянд: «Аллоҳума аҷрни минаннор». Ин ҷо калимаи дувуми ин дуъоро нодуруст талаффуз карда ва мардумро мегӯяд лоақал 7 бор такрораш кунед. Дуруст хондани калимаи дувум «Аллоҳума аҷирни» мебошад на аҷрни.
Дар саҳифаи 64, дар охири рисолааш, ки ба ин дуъо ихтитомаш мебахшад, мегӯяд: «Раббано отино фид дунё ҳасано ва фил охирати ҳасанат қино азобан нор». Дурусташ ин аст: «Раббано отино фид дунё ҳасанаҳ ва фил охирати ҳасанатав ва қино азобаннор».
Илова бар ин, бояд гуфт, ки қариб дар 70 ҷои «китобаш» баъди ҳарфи Ӯ, ки ишора аст, барои Паёмбар (с) саловот фиристодааст, ки ин хилофи имло дар навишти саловот бар Расул аст.

Охунҷон САФИЕВ,
фориғуттаҳсили Донишгоҳи исломии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here