Тавре маълум аст, алъон масъалаи китобхонии насли ҷавони кишвар мушкилии асосӣ ба шумор рафта, моро водор месозад, то барои пешгирии ин мушкил ҳарчи бештар талош намоем, зеро китоб поягузори хирадмандии башарият, бахшандаи илму маърифат ва равшанкунандаи роҳи фардои инсоният мебошад.

Чун асри 21 асри техникаву технологияи замони муосир аст, моро низ лозим  меояд, то барои ҳамқадами замон гардидан, аз ихтирооти замони нав огаҳӣ пайдо намоем ва бешубҳа, дар ин маврид ҳам китоб ёри беминнати мо мегардад. Вале ҳоло ҷавонони мо ба шабакаҳои интернетӣ бештар диққати хешро равона намуда, танҳо замони супоридани имтиҳоноту корҳои курсӣ рӯ ҷониби китобхона меоранд.

Доир ба ин мавзуъ дар саҳифаи фейсбукии худ, аввалҳои моҳи декабр, бо чанд ҷумлае изҳори хушнудӣ намудам, ки хуб аст, ки ҷавонони мо имрӯз рӯ ба китобхонӣ овардаанд ва барои исбот аз нарасидани ҷойи нишаст барои хонандагони боқӣ далел навиштам. Вале чун дар поини мавод шарҳҳо гузошта шуд (аз ҷониби донишҷӯён), пасон дарк кардам, ки донишҷӯёни мо на бо хоҳиши дил, балки аз маҷбурӣ, айни супоридани имтиҳонот ва навиштани корҳои курсӣ ба китобхона рӯй овардаанд. Боиси таассуф аст, ки чунин муомилаи ҷавонони мо нисбати китобхонӣ эшонро то андозае аз китобхонӣ дур сохтааст.

Агар асоси аз китобхонӣ дур мондани ҷавононро дар воситаҳои электронӣ, бахусус интернет донем, пас хилофи ақидаи мо, дар кишварҳои пешрафтаи дунё, ба мисли Амрикову Хитой, бо вуҷуди рушди бемайлони техникаву технологияи замони муосир талабот ба хондани китобҳои чопӣ бештар аст.

Муҳаққиқ Иброҳим Усмонов бар он ақида аст, ки дар ҷомеаи навини мо ҳар чизи наве, ки рӯйи кор меояд, ҷой ва мақоми махсуси худро дорад, бахусус интернет ҳам, ки ҳеҷ гоҳ ҷойгузини китоб буда наметавонад: “Ин ки интернет роҳи хонандаро гирифтааст, ғалати маҳз мебошад. Интернет дигар чиз аст, радио дигар, матбуот дигар ва китоб дигар. Инҳо ҳеҷ гоҳ ҷои якдигарро гирифта наметавонанд”.

Бояд гуфт, китоб оинаест, ки на фақат гуноҳҳоро мегӯяд, балки илму донишро ҳадя мекунад. Маҳз барои ҳамин, аз рӯзҳои аввали соли 2019 сар карда, дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” тарғибу ташвиқи китобхонӣ ва бедор намудани ҳисси китобдӯстӣ аз ҷониби аъзои ин шабакаи иҷтимоӣ ба роҳ монда шудааст. Ин метавонад ба нафароне, ки бо шабакаҳои интернетӣ сарукор доранд, ҳушдор бошад ва дар онҳо майли китобхониро бедор созад. Бар замми ин, дар “Фейсбук” аз ҷониби як гуруҳ ҷавонон тасмим гирифта шудааст, ки барои маърифатнок гардонидани мардуми кишвар, бо роҳҳои махсус онҳоро ба китобхонӣ ҷалб намоянд, яъне дар амал татбиқ намоянд. Ба мардум нишон диҳанд, ки хондани китоб чӣ қадар кайфият дорад, чӣ қадар дунёи нотакрор дорад, агар дилбастааш гардӣ, ҳеҷ гоҳе дилатро пас гирифта наметавонӣ.

Ҳамчунин, дар “Фейсбук” саҳифа ва гуруҳҳои ташвиқу тарғибгари китоб, ба монанди “Дӯстони китоб”, “Китобхона”, “Бунёди китоб”, “Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандӣ”, “Китобхонаи Академияи илмҳо”, “Донишхона”, “Kitobz”, “Книги Худжанда” ташкил карда шудааст, ки дар васфи китоб аз суханпораҳои пурарзиши бузургони дунёи адаб оварда шудаанду китобро имрӯзу фардои инсоният ном бурдаанд ва ҳамин тавр ҳам ҳаст, зеро агар мардум аз китобхонӣ даст кашанд, аз фикр кардан низ бозмемонанд.

Агар дар ҷаҳон миллионҳо китоб нашр гардида бошанд ҳам, вале ҳамоно барои башарият кифоят намекунанд, чунки он китобҳо аз давру замони хеш ҳикоят мекунанд ва барои офаридани китобҳои нав замина мегузоранд. Саҳифаҳои дигари дар боло зикргардида бошад, аз навгониҳои олами китоб, чӣ дохиливу чӣ хориҷӣ дарак медиҳанд. Чун инсоният ҳамоно ба илму дониш, фарҳангу маданият ниёз дорад ва ҳазорон розҳо зери пардаи дониш нуҳуфтааст, ки кашшофони худро интизоранд.

Ногуфта намонад, маҳз китоб аст, ки дар рушду нумӯи ҷамъият саҳм мегузорад ва барои инсон роҳнамову мушкилкушо мегардад. Ба қавли Виктор Гюго: “Бомаърифат кардани мардум ба маънои афзудани ахлоқи ҳамидаи онҳост. Босавод намудани мардум — бомаданият кардани онҳост. Ҳар гуна дағалӣ зери таъсири хониши ҳамарӯзаи китоб ба нармӣ табдил меёбад, ҳамон гуна, ки ях зери гармии оташ об мешавад”.

Китоб беҳтарин насиҳатгари инсон буда, дар тамоми лаҳазоти рӯзгор роҳбараш мегардад. Гулистонеро мемонад, ки ҳеҷ гоҳе гулҳояш пажмурда нахоҳанд гашт.

Пас, биёед, то аз ин чаманистони маърифат баҳра бубарему гулбоғи маонӣ бунёд намоем ва хиёбонҳои роҳи фардоро сабзпӯш гардонем.

Парвина САМАНДАРЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here