Сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, таълиму тарбия, одобу ахлоқ ва илму фарҳанг аз китоб оғоз мегардад. Китоб бар гунгон забон, бар кӯрон чашм ва бар заифон қуввату тавоноист. Китоб худ шабеҳи гули наврустаи баҳорист, ки мо инсонҳо онро бӯй кашида, руҳамон болида   мегардад.

Ба монанди он, ки занбӯрони асал аз гулҳо шаҳд захира мекунанд, шаҳди ақлу хирад то охири умр сафобахши мағзи сари инсонҳо мегардад. Китобхонию китобдӯстӣ ҳар як инсонро ба қуллаи мурод мерасонад, мартабаашро дар ҷамъият баланд мебардорад. Ёри беминнату ҳамдами ҳар фард китоб аст. Китобхонӣ равзанаи дунёи ганҷинаю ҳикматро баҳри инсонҳо боз менамояд. Шахси мутолиакор ҳамеша дар ҳолати фикр кардан қарор дорад, зеро китоб дар баробари ба дӯстдоронаш кӯмак расонидан, инчунин онҳоро ба андешаи хуби пурмазмун рондан низ тарғиб мекунад. Яъне, китоб давобахши руҳи инсонҳост.

«Китоби хуб ҳамон китобест, ки бо умед кушода мегардаду бо бурд пӯшида». Ин суханони яке аз бузургони гузашта бо номи Алкот аст. Яъне, ин шахсият бо ин суханҳояш гуфтан мехоҳад, ки шахс ҳамон вақт муваффақ мегардад, ки аз китоби мутолианамудааш баҳри хеш ғизои маънавие гирад.

Дар масъалаи интихоби китоб андеша бояд кард. Чӣ кор кунем, ки китоби хубро ҷудо карда тавонем? Ҳамон инсоне дар шинохти китоб хато намекунад, ки ӯ худро аллакай шинохтааст. Пеш аз он, ки китоб хонем, худамонро бояд донем. Бузургтарин беҳурматӣ нисбати китоб — ин китоберо нафаҳмида аз ёд кардан аст. Шахсонеро вомехӯрем, ки як китобро чанд маротиба мутолиа мекунанду ба моҳияти он сарфаҳм намераванд. Онҳо дар вақти мутолиа фикрашонро ҷамъбаст карда наметавонанд. Шахсоне низ ҳастанд, ки китобро нисбатан кам мутолиа менамоянд ё ин ки шавқу рағбати китобхониашон суст гардидааст. Ба ҳар ҳол, ин гуруҳ нисбат ба шахсоне, ки умуман дар ҳаёташон китоб ба даст нагифтаанд, як зина боло меистанд.

Шахсе, ки китоб намехонад, аз бесавод ҳеҷ бартарие надорад. Боиси таассуф аст, ки солҳои охир шумораи ин гуна ашхос дар ҷомеа зиёд гардида истодааст.

Барои бедор намудани ҳиси китобхонию китобдӯстӣ дар ниҳоди инсонҳо ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати китобхонӣ ҳоло дар кишвар озмуну фестивалҳои зиёде баргузор гардида истодаанд.

Бояд гуфт, ки китобҳо барои оқилон боғҳо ҳисоб мешаванд. Пас, ҳар яки моро зарур аст, ки дар давоми рӯзгори хеш ақаллан боғе бунёд созем. Моро месазад, ки дар рушду тақвияти Тоҷикистони азиз китобхониро аз даст надода, боз ҳам бештару пештар ба мутолиа пардозем.

Барои ҳар яки мо китоб дар баробари нон азизу гиромист. Бояд мо китобро нагузорем, ки варақҳояш фарсуда гардад ё солиёни дароз дар кунҷи ҷевон чанг гирад.

Ҳар кӣ оро медиҳад дил бо китоб,

Бурди ӯ бошад ҳамеша беҳисоб.

Ҳар кӣ онро зери ҷевон мекунад,

Зери пояш пораи нон мекунад.

Қурбоной МУҚУМОВА

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here