Баҳори соли 2014. Деҳаи Зиддӣ. Ман бояд нақши асосиро дар филми «Муаллим»-и коргардон Носир Саидов бозӣ мекардам. Устод Марат Орипов бояд падари қаҳрамони маро бозӣ мекарданд. Ман метарсидам. Метарсидам аз он, ки ҳозир хатое мекунаму Марат Орипов- офарандаи нақши Рӯдакиву Сино, яке аз бузуругтарин ҳунарманди тоҷик асабӣ мешаванд. Аммо он кас ҳамеша ором буданд. Ботамкин ҳарф мезаданд. «Бачаам» гуфта муроҷиат мекарданд. Новобаста аз он, ки замоне дар қуллаи шуҳрат буданд, аз худ нарафта буданд. Новобаста аз он, ки аз қуллаи шуҳрат афтида буданд, нашикаста буданд. Новобаста аз он, ки хотираашон ғам медод, аз ҳама узр мепурсиданд ва кӯшиш мекарданд суханҳояшонро пурра азхуд кунанд. Новобаста аз он, ки саломатиашон хуб набуд тоқат мекарданд. Бале, ҳамон вақт саломатиашон хуб набуд, аммо сардию гармиро тоқат мекарданд. Ман ана ҳамон вақт дарк кардам, ки ошиқи касб будан чӣ аст. Марат Орипов ошиқ буданд. Ошиқи синамо. Ҳар дафъае, ки аз рӯи филмнома, дар назди дурбини наворбардорӣ устодро ба пушт бардошта, теппаеро боло мешудам ва дар охир мефаҳмидем, ки қабул несту боз як бори дигар бояд наворбардорӣ шавад, устод аз ман узр мепурсиданд. Ман илтимос мекардам, ки устод узр напурсед. Ҳар вақте танҳо мемондем устод мегуфтанд: «Абдукарим, бачаам, бубахш, ки эркагӣ мекунам. Ҳам пир шудаему ҳам саломатӣ…». Мегуфтам «устод ин хел нагӯед. Шумо ҳоло ҷавонед. Ҳоло бисёр чизҳо дар пешанд.» Марат Орипов маънодор табассум мекарданд. Ҳар гоҳе танҳо мемондем дастони устодро дошта ва ё устодро оғӯш гирифта, «ташаккур ба шумо устодҷон» мегуфтам. Дигар аз он тарс чизе намонда буд. Устод Марат Орипов бузург буданд. Ҳам ҳамчун Ҳунарманд, ҳам ҳамчун Инсон бузург буданд.

Агар ҷавониҳои Маликушшуаро Рӯдакӣ ба оғозу авҷи шуҳрати устод Марат Орипов монанд бошад, пас Муаллим ин анҷоми мантиқии зиндагии устод Марат Орипов буд. Бале, муаллим. Ҳамон муаллиме, ки охирин нақши ҳунарманди бузург- Марат Орипов аст. Ман инро вақте ҳис кардам, ки дар вақти наворбардорӣ беихтиёр чанд қатра ашк аз чашмонашон ҷорӣ шуданд. Ин ашки бозигар набуд, балки ашки як инсон буд. Инсоне, ки тақдираш ба тақдири қаҳрамони меофаридааш монанд аст.

Мехоҳам ташаккури бепоёни худамро ба акаи Носир (Носир Саидов) расонам, ки Марат Ориповро дубора ба синамо оварданд. Дубора дар дили як ҳунарманд умеду боварӣ пайдо кунониданд. Табассумро дубора дар лабони як инсон зинда сохтанд. Устод Марат Орипов ба ҳама «Бачаам» гуфта муроҷиат мекарданд. Лекин вақте сӯи акаи Носир назар мекарданд «Носирҷон, бачаам…» мегуфтанд, ин дигар хел садо медод. Бомеҳр ва падарона буд. Мисли он, ки падар фарзанди азизашро садо мекунад…

Руҳатон шоду хонаи охирататон обод бод, устоди азиз, Марат Орипов. «Бачаам»- гуфтанҳоятон дар гӯшам садо медиҳанд…

 

Абдукарим Машрабов

 Ҳунарманд. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here