Карнайнавозро дидан, аз ҳунараш лаззат бурдан ин як амали маъмулист. Шук, теъдоди карнайнавозон бо фаро расидани аввалин муждаи истиқлолияти давлатӣ афзудан дорад. Навозандаҳои ин асбоб имрӯзҳо аксар ҷавонҳоянд ва ба ҳунар яке аз дигарӣ фарқе надоранд. Ҳама яксонанд, ба ҷуз…

Дар қаламрави Осиёи Марказӣ, бахусус дар Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки карнайнавозӣ маъмулу фарқкунанда аст, танҳо як навозанда аз тамоми ҳамтоёни хеш ба куллӣ фарқ мекунад. Ба қавли ҳаводоронаш, ӯ яктои даврон аст, сар аз карнайнавозони маъруфу машҳури асри гузашта то имрӯз мисли ӯ касе машҳури дунё нагаштааст. Ӯ нағмагар, машшоқи мумтозест, ҳунарманди ҳилагар (ба маънои мусбаташ) аст. Карнайнавозест, ки ҳамто надорад, на замони пешу на ҳозир.

Ин ҳунарманди хориқулодаро ному насаб Юлчибой Қодиров аст. Карнайнавозе, ки бо ҳунари шево, навозиши марғуби карнаяш қалбҳои садҳо ҳаводорони тоҷик ва ҳам муштариёни хориҷиро мафтун сохтааст. Мисли ӯ карнайнавози нағмагареро таърих ёд надорад.

Юлчибой зодаву парвардаи маҳаллаи Тӯдаи шаҳри бостонии Истаравшан аст. Шасту се сол муқаддам (4.2.1957) дар оилаи марди зафаровар Ҳотамбой Қодиров, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва қаҳрамонмодар Анварой Қодирова чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Онҳо аз як падару як модар 10 тан хоҳару бародар ба воя расидаанд. Юлчибой ба синну сол фарзанди дувуми хонадон маҳсуб меёбад. Бузургбародараш Тӯйчибой ба худ пешаи деҳқониро авло донист. Додаронаш Каримқул ва Худойқул – деҳқон, Ёрибек – омӯзгор, Зулфия, Ширин ва Лутфия – хонашинанд.

РУҶӮЪ

Карнай асбоби мусиқии нафасист. Аз биринҷӣ сохта шуда, даҳанааш махрутӣ, танаш борик буда, дарозиаш 2 – 3 метр мешавад. Аз се қисми ба ҳамдигар васлшаванда (барои аз як ҷой ба ҷои дигар бурдан) иборат аст.

Карнай парда ва клапан надорад, овозаш пурқуввату ғафс, диапазонаш ба як октава рост меояд. Карнай дар Осиёи Миёна ва Эрон ҳамчун сози ҷангӣ аз оғози ҳарб хабар медод. Инчунин, ҳангоми сафари шоҳону сарлашкарон навохта мешуд.

Ҳоло дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон карнай ҳангоми тантанаҳо, тӯйҳо ва дигар маросимҳои халқӣ истифода мешавад.

***

Чун огаҳӣ доштам, ки мутриби пурҳунар, танбӯрнавоз, номзади илми санъатшиносӣ Мурод Эшонқулов дар бораи карнай маҷмӯае таълиф намудаву ба табъ расондааст, ҷӯё гаштам, то дар хусуси карнай сухане чанд биафзояд. Муаллим аз ҷумла чунин гуфтанд:

— Карнай сози мусиқии нафасиест, ки асосан аз биринҷӣ ва баъзан, аз мис сохта мешавад. Карнай аз қисмҳои даҳана, торсак, нил, миёнаҷо, каба, қубба ва ҷияки ороишӣ иборат аст.

Дарозии карнай 190 – 210 см, қутри лӯлаи он 3,3 см ва вазнаш тақрибан 1 кг мебошад. Аз ҷумла, даҳана бо торсак 85 – 90 см, миёнаҷо 55 см ва каба 57 – 63 см дарозӣ доранд.

Карнай сози навъи ҳунари мардумӣ ва як бахши мисгарист. Тарзи сохтани карнай чунин аст. Ба рӯи тахта ва ё варақаи биринҷӣ бо қолаб қисматҳои карнай кашида мешавад ва пас онро бо миқрози оҳанбӯрӣ мебуранд. Нахуст даҳанаи карнай сохта мешавад.

Ҳунари карнайсозӣ асрҳои пеш дар шаҳрҳои калони тоҷикнишини Осиёи Марказӣ роиҷ буд, аммо дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX ин ҳунар қариб аз байн рафта буд. Ҳоло танҳо дар шаҳри Истаравшан усто Мирзои карнайсоз бо писар ва шогирдонаш ба карнайсозӣ ва таъмири карнай ва мисгарӣ шуғл меварзанду халос.

Дар даҳсолаи охир истифодаи карнай дар ҷашнҳои арӯсӣ, хатнасур, маъракаҳои давлатӣ ва дигар хурсандиҳо ба ҳукми анъана даромадааст, ки ин нишонаи эҳёи ҳунарҳои мардумист…

***

Дар хонаводаи амаки Юлчибой ду тан аз бародарон — Облоқул (карнай, сурнай, дойра) ва Мустафоқул (карнай, дойра, нағора) аз пайи бузургбародари хеш ба ҷодаи ҳунар гоми устувор ниҳоданд.

Юлчибой мактаб – интернати шаҳри Истаравшан (1942, синфи 8) ва соли 1974 мактаби миёнаи деҳаи Ҷафкандаро хатм намудааст.

Пеш аз ба аскарӣ рафтан, вай дар театри халқии Истаравшан аз синфи 7-умӣ фаъолият мекард. Ӯро ҳамчун карнайнавоз аз 14 – солагӣ эътироф намуданд. Тағояш Асадҷон Ҷӯраев (аз деҳаи Қалъаи Баланди Истравшан) устоди асосиаш аст.

Соли 1974 ӯ ба Донишкадаи давлатии санъати ҷумҳурӣ дохил шуда, се моҳ таҳсил намуд. Сари як баҳс бо устоди маъруфе донишкадаро тарк гуфт…

Солҳои 1975 – 1977 дар шаҳри Ленинград, дар оркестри нафасӣ (роҳбари оркестр) — и қисми ҳарбии артиллерӣ ва алоқа адои хизмати ҳарбӣ намудааст.

Пас аз бозгашт ба ҷойи кори аввалааш — театри халқии Истаравшан баргашт. Аз ҳамон давра (с. 1977) 43 сол боз дар кулли чорабиниҳои давлатӣ иштирок мекунад. Ҳамзамон, аввалҳо деҳқонӣ ҳам кардааст. Дар олимпиада, фестивал – озмунҳои «Бӯстон», «Андалеб» ширкати фаъолона дошт.

Тӯли ин солҳо Юлчибой карнайнавози мумтоз ва бомартабае гашт. Берун аз кишвар бори нахуст соли 1987 дар барномаи телевизионии «Ассалом Ӯзбекистон» (муаллиф ва барандааш Шуҳрат Қаюмов) ҳунарнамоӣ намуда, дар ҷумҳурии ҳамсоя маҳбубияти хосаро касб кард.

Солҳои 1997 – 1998 дар барномаҳои наврӯзии (дар майдони «Мустақил») шаҳри Тошканд ҳунарнамоӣ карда, сокинони кишвари ҳамсояро ба ваҷд овард. Як сол пас нағмасарои мумтозро (1999) ба шаҳри Фарғона, ба чорабинии бахшида ба солгарди ситорашинос Аҳмад — ал — Фарғонӣ (аслаш тоҷик – Идора) даъват намуданд ва ӯ дар ин озмун мақоми аввалро ноил гашт.

Акнун дигар маъракаеро дар дохил ва хориҷи кишвар бе карнайнавози беҳамто Юлчибой Қодиров тасаввур кардан номумкин буд. Ӯ соли 2000-ум дар ифтитоҳи нақби «Истиқлол» ва дар намоишгоҳи ЭКСПО (ш. Ганновер, Германия, 2000), рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия (2006) бо дастаи ҳунарии «Рухшона» таҳти роҳбарии Маҳмадраҳим Каримов якмоҳа ба Ҳиндустон сафари ҳунарӣ доштанд.

— Дар ин миён, хотирмонтарин ҳунарнамоии банда соли 2008 дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваст. Вохӯрии сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай буд. Маро шабошаб аз Истаравшан оварданд. Ҳамин хел амаки Ғафоралии таблакчиро аз Кӯлоб хонданд. Ду мӯйсафед (механдад) фурор кардем. Монанди амаки Ғафоралӣ Худо раҳматашон кунад  таблакчиро таърих ёд надорад. Чунон нағмасароӣ кардем, ки сарони давлатҳо лаззат бурданд…

Юлчибой Қодиров, ҳамчунин, дар маъракаву чорабиниҳои зиёд, монанди  кушодашавии пули 670 — метраи Панҷи Поён, 80 – солагии шаҳри Душанбе, дар ЭКСПО (ш. Юсун, Корея), кушодашавии қисмати роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон ва Тоҷикистон (2013), дар ҳайати МД «Базморо» ба Умон (2013), Хитой ва ғайра ширкат варзида, бо ҳунари волои карнайнавозиаш қалби тамошогаронро тасхир сохтааст.

— Соли 2018 дар бакордарории чархаи аввали НБО «Роғун» иштирок намудам. Ин воқеаи фаромӯшнашуданист. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазор аҳсан мехонам. Маҳз бо исрор ва заҳматҳои пайвастаи Президенти кишвар сохтмони неругоҳ авҷ гирифт. Инак ду чархаи он фаъол гашта, корҳо идома доранд, — мегӯяд бо ифтихор карнайнавози шуҳратёр…

Чун аз шогирдон пурсон шудам, гуфт, Умарҷон, ташвиш накаш шумораи онҳо аллакай аз 100 гузаштааст. Нағмагари мумтоз бар он иқрор омад, ки авлодони падариаш ба деҳқонӣ ва тарафи модарӣ ба санъат шуғл меварзиданд. Ҳар он чизе, ки дорам аз тағоям ёд гирифтаам. Тағоям навозандаи моҳир, қизиқчӣ буданд, таъкид мекарданд сари ҳар дам Юлчибой…

Далеле, хабаре барои ин ҷониб нишотовар буд. Эшон гуфтанд, ҳоло ҳам дониш меандӯзам. Алҳол донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳастам.

— Дар синни 42 – солагӣ Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бандаро бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» сарфароз гардонд, ки аз он бағоят рӯҳбаланд гаштам, — мегӯяд бо хушнудӣ карнайнавоз.

Соли 2000 – ум бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешавари мумтоз Юлчибой Қодиров бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз шуд.

Нағмагар, қизиқчӣ, нағмасарои беҳамто Юлчибой Қодиров аз умри пурбаракати хеш қаноатманд аст. Хонаи обод дорад. Кирдугор ба ӯ 3 писару 2 духтар насиб гардондааст, ки вай аз ин дода хушнуд аст.

Имрӯз дар ҷодаи карнайнавозӣ вай ба 8 наберааш раҳнамун гаштааст. Аз 29 ноябри соли 2019 онҳо Ансамбли оилавии карнайнавозон «Ҳотамиён» — ро асос гузоштанд. Бобо ва ҳашт набераи карнайнавоз имрӯз нигини маъракаву чорабиниҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошанд.

Юлчибой Қодиров карнайнавози эҷодгар аст, болои корд пиёла мечархонад, бо дастрӯймол онро бод медиҳад ва онро дар нӯги химчае дар даҳонаш нигоҳ медорад. Хуллас, ин ҳамаро бояд бо чашми сар дид.

Умари ШЕРХОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here