ё сухане чанд бобати попуррихонӣ

Даҳсолаи охир, бо ба арсаи ҳунар қомат афроштани як зумра ҳофизони хушсурату хушлибос ва хушлаҳни ҷавон, тарзи (усули)  попуррихонӣ ба авҷи аъло расид. Мисле ки саҳнаи ҳунар пур аз ҳофизони отарчӣ – тӯйгард шудааст. Аз хурд то бузург ҳама ба ин роҳ гом ниҳодаанд. Сабаби чунин тарзи сароиш, дар навбати аввал, саҳлу камхарҷу сода будани он мебошад. Ба ривоҷу равнақи он, аслан, бепарвоии коргардонҳои радиову телевизион ва маъракаҳои ҳунарӣ боис аст. Паст будани мазмуни сурудҳо ҳангоми қабул аз ҷониби ҳакамон рух медиҳад. Сар додани таноби эҷоди ҳофизони ҷавон дар ояндаи наздик ба поён рафтани сатҳи маъракаву чорабиниҳо ва эҷод оварда мерасонад.

Бадии кор дар он аст, ки ҳофизони андак қобили хушсадо низ ба ин роҳ, ба қавле «кутали осонбаро» гом мениҳанд. Онҳо чун мебинанд, ки дигар сарояндагон дар ин самт бо шавқи беандоза асп метозонанд, «мо чӣ камӣ дорем?», — гӯён эшон ба ин роҳ мечаспанд.

Боиси ёдоварист, ки 30 — 40 сол қабл дар радиову телевизион, маъракаҳои  бонуфуз, ҳатто устодони солору забардаст Зафар Нозим, Одина Ҳошим ва Ҷӯрабек Муродов сурудҳои се – чор ва ё панҷқисма  намесуруданд. Устодон  меъёрро медонистанд, чун аз фозилон буданд. Матни шеъру суруд ва  оҳангҳояшон низ  дар сатҳи баланд қарор дошт.

Солҳои пеш (даврони шӯравӣ) дар радиову телевизон меъёри вақти сабти сурудҳо риоя мегардид. Масъулон аз сарояндаҳо қотеона талаб мекарданд, ки суруду оҳангҳо дилкаш, аммо аз 3 – 4 дақиқа зиёд набошад.

Боиси нигаронист, ки кулли маъракаву чорабиниҳои кунунӣ аз ҳофизони попуррихон моломол шудааст. Гӯши сомеъ аз шунидани чунин таронаҳои сабук ва  бисёрқисма ба дод  омадааст. Мухлисон аз шунидани чунин сурудҳо аз роҳат дида, бештар нороҳат мегарданд. Завқи паст, сабти фонограммавӣ, таронаҳои якхелаву  якмаром ва пур ноҷо заъфи касро меорад.

Ба ҳич ваҷҳ ин нигошта мақсади манъи попуррихониро надорад. Вале ҳар кор ҳадду ҳудуд дорад. Истифодаи аз меъёр зиёд дар маъракаву чорабиниҳои гуногунсатҳ ва пахши он тавассути телевизион амалест зиёновар.

Фарзи мисол,  агар аз 15 — 20 номераи консертии як чорабинӣ, нисфаш аз сурудҳои сабук, содаву якмаром иборат бошад, пас чӣ сон метавон роҳат бурд. Истифодаи попуррихонӣ дар консертҳои оммавӣ шояд аз аҳамият холӣ набошад, аммо муносибат ба шеъру оҳангҳо бояд ҷиддӣ сурат бигирад.

Режиссёрон, басаҳнагузорандагони иззатманд, нахуст бояд ба мазмуну мундариҷаи шеъру сурудҳо аҳамият диҳанд. Нашояд, ки шеъру сурудҳои  каммазмуни подарҳаво ва оҳангҳои маълуму машҳур дар иҷрои  ҳофизони навзуҳур пешкаши умум гарданд. Ё ба гуфте дигар, набояд оҳангҳои (аз се аккорд иборатбуда) копишудаи оҳангсозони ғайрикасбӣ барномаро пур кунанд.

Чун сухан аз попуррихонист, аз шарҳи ин калима бояд гуфт. Танҳо  ду мисол. Якум, «попурри – попурри: асари мусиқӣ, ки аз порчаҳои асарҳои мусиқии гуногун мураттаб шуда» («Русско – таджикский словарь», Москва, «Русский язык», 1984, саҳ. 800).

Баъдӣ, «попурри (аз фаронсавӣ pot – pourri – таоми омехта, махлути ҳар чиз), пйесаи созие, ки аз оҳангҳои маъмули ягон опера, оперетта, балет, навоҳои мусиқии оҳангсози намоён, суруду рақсҳои халқӣ, таронаҳои кинофилмҳо ва ғайра тартиб меёбад».

Дар попурри, одатан, оҳангҳои аслӣ иҷро мегарданд. Попурри аз асри XIX маъмул гардид. Попурри барои ҳайатҳои гуногуни ансамблҳои созӣ (бештар барои оркестрҳои эстрадӣ ва нафасӣ) эҷод мешавад. («Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик», ҷилди 2, Душанбе, 1989, саҳ. 544).

Хонандаи гиромӣ, зеҳн мондед, дар шарҳи ин мафҳум «асари мусиқӣ», «пораҳои асарҳои мусиқӣ», «навоҳои мусиқии оҳангсози намоён» ва ё хайр омада. Ҳол он ки ағлаби сурудҳои фавқуззикр  бас сода, примитив (сода, ибтидоӣ, асари содауслуби мансуб ба давраҳои аввалии тарақиёти маданият) — анд.

Аз ин рӯ, попуррихониҳои имрӯзаро «каллакан»-хонӣ унвон додан ба воқеият наздик меғалтад. Шояд суоле ба миён ояд, ки ривоҷ ёфтани чунин тарзи овозхонӣ аз куҷо то ба куҷост. Саҳеҳ, ба андешаи ин ҷониб омилҳо чунинанд:

ЯКУМ. Танбалӣ. Даст задани ҳофизон ба тарона – суруди тайёр, рубоиву дубайтиҳои халқии забонзадаи суфтаву азбаршуда. Оҳангҳои тайёр, осон, бе заҳмат ва арзони хоки сияҳ.

ДУВУМ. Бемасъулиятӣ. Беамалӣ ё камфаъолиятии шӯроҳои бадеӣ (мусиқӣ) дар радиову телевизионҳо. Беҳавсалагӣ ва саҳлангории масъулони шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, хонаҳои маданият, театрҳо (кохҳое, ки дастаҳои консертӣ доранд), филармонияҳо, роҳбарони дастаҳои ҳунарӣ.

САВУМ. Камҳавсалагӣ. Беэътиноии мутасаддиён режиссёрони радиову телевизионҳо ҳангоми сабти суруду таронаҳои сусти каммазмун. Хулосаи эшон, «чӣ кор кунем, маблағашро супурдааст,  фалонӣ занг зад, одами фалонӣ…».

ЧОРУМ. Фориғболӣ. Ба ман чӣ мондааст, рӯз гузарад шуд, андешидани масъулон. Чунин тарзи  муносибат шигифтовар аст. Чуноне шоир гуфта:

Дӯст медорам ман ин нолидани дилсӯзро,

То ба ҳар навъе, ки бошад бигзаронам рӯзро.

Фориғболии эшон масали русии «моя хата с краю» — «ин ба ман дахл надорад» — ро ба ёд меорад. Пурсида мешавад, ки эй бародар (ҷӯра, ака, шаҳрванди гиромӣ) барои кор, вазифа аз давлат (халқ) маош мегиред — ку. О, ақаллан, онро ҳалол бояд кард.

ПАНҶУМ. Шаҳри бедарвоза. Аз фазои демократӣ, озод будани ҳама гуна тарзи фаъолият суистифода намудани студияҳои шахсии сабти овоз. Сабти бемайлони таронаву мусиқиҳои якранги каммазмун, бе маслиҳат ва набудани шӯроҳои бадеӣ дар студияҳои сабти овоз ба бенизомӣ оварда мерасонад.

Шояд масъулон бигӯянд, бас воҳима кардед, ҳич зараре ба ҷамъият намерасад. Мегӯем,  ба ҳар ҳол, ҳофизони наврӯид  гандаодат мешаванд. Яъне, ҳатулкориро мароми хеш қарор медиҳанд. Ва ин кор то ба кай идома хоҳад ёфт?…

Мутаассифона, сурудҳои ватандӯстиро низ қисмате аз ҳофизон (зану мард) бо лаҳни занонаи «ман намерам очае, бахудо намерам очае» ва ё бо оҳанги маъмулии «сартарошон» мехонанд, ки он номақбул ва нофорам аст.

Овони гулгулшукуфии санъати тоҷик, 30 — 40 сол қабл, бастакорон, бавижа суруднависони забардаст Зиёдулло Шаҳидӣ, Хайрулло Абдуллоев, Фаттоҳ Одина, Муборакшо Ҷумъаев ва дигар композиторон ҳангоми эҷоди оҳанг ба ханҷара, лаҳни ҳофизони маҳбуб, дар алоҳидагӣ оҳанг меофариданд, ки он бесобиқа буд.

Аз ду оҳангсози мумтоз ёд меорем. Суруди «Дарё», оҳанги Фаттоҳ Одина. Ин таронаро устоди равоншод маҳз ба садои дилнишини Хурмо Ширинова мувофиқ офарида буданд. Ҳарчанд имрӯз чанд тан аз ҳофизон ин таронаро бозхонӣ карда бошанд ҳам, нафаре ба пояи бону Хурмо Ширинова нарасида.

Ё мутриб ва оҳангсози маҳбуб Муборакшо Ҷумъаев (равонашон шод бод) маҳз барои хонум Нуқра Раҳматова суруде навиштанд, ки онро сарояндаи булбулово дар сатҳи бағоят баланд месароянд. Он суруд «Аз дур остони туро ёд мекунам» унвон дорад. Ба андешаи ин ҷониб копихонии ин тарона маъние надорад. Зеро ин суруд танҳо ва танҳо хоси садои мафтункунандаи бону Нуқра Раҳматова будаву ҳаст…

Фонограммаву бозхонӣ «мададгор» — и ҳофизони ҷавон  гаштааст. Ин усулро ҳам ба сари шунаванда бор кардем. Бозхонӣ ҳунар аст, аммо шарт ҳамон аст, ки ҳофизи баъдӣ муаззаф аст, ки суруд ва ё он таронаро аз сарояндаи қаблӣ беҳтару хубтар ва ё ақаллан баробар ба он сатҳ бисарояд. Вагарна ин амал маъние ба бор нахоҳад овард.

Хонданҳои дурудароз суръати (темпи) консертро мекоҳонад. Шунаванда хаста мешавад. Баъдан боиси тазаккур аст, ки аксари ин сурудҳо бо як оҳанг суруда мешаванд, мисли «кӯракбазм». Ҳамчунон, қисмати зиёди ин таронаҳоро аслан ду – се шоир менависанд…

Нафаре, заҳматкаше, сомее шомгаҳон назди телевизор интизори шунидани суруди дилнишине мешавад. Аммо, сарояндае падид меояду суруди ҳофизи маъруферо бозхонӣ мекунад. Садо нохуш,  ханҷара номувофиқ, оҳанг дилбазан, хотири шунаванда мағшуш. Инсоф дар кадом барзан мемонад?…

Вақте ҳофизи наврӯиде азм мегирад то суруди устодони номвару маҳбуб Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Муродов, Тағоймуроди Хушвақт, Дӯстмурод Алиев, Бобоҷон Азизов ё ҳунарвари асилеро копихонӣ кунад, нахуст амиқ бояд биандешад, ки ханҷараш дар кадом поя қарор дорад ва оё ӯ аз уҳдаи хондани он суруд мебарояд  ё на…

Ба мисол. Солҳост, ки сарояндаи маҳбуб, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бобоҷон Азизов як ғазали Сайидои Насафиро бо матлаи  «Чӣ мешавад?» оҳанг баставу ширин месарояд. Соли 2014 сарояндаи мардумӣ Чилахон Холов ҳаваси бозхонии ин сурудро кард. Бо маслиҳат аз Бобоҷон Азизов иҷозати бозхониро пурсиданд. Устод бо боварӣ ба Чилахон иҷозаи тағаннии ин сурудро доданд. Алъон, ин тарона дар иҷрои Чилахон дар суру маъракаҳо  хуш садо медиҳад.

Дигар нукта. Агар овозхоне мисли сарояндаи ҷавону умедбахш Фирдавс Ҳошимов, ки сурудҳои ҷадди хешро ширину форам месарояд, суруд хонад, боке нест. Дар чунин маврид муштарие садо баланд нахоҳад кард.

Дар  ҳамин ҷо нуқта монданӣ будем, ки гуфтугӯи ду рӯзноманигор — Одил Нозир ва Мирзо Рустамзода ба ин мавзӯъ рост омад, ки шингиле аз он муколамаро  меафзоем.

— Ба фикри шумо попуррихониро каллаканхонӣ ном бурдан амри воҷиб  аст? – пурсид Одил.

— Сад дар сад. Сарояндаҳои ҷавон попуррихониро мазоҳ кардаанд. Ин попуррихонӣ нест, онро каллаканхонӣ гӯем, рост меафтад. Фаровон, осон, бепул ва бе заҳмати афзун…

Аз як суруд як сатр (нақарот) мегиранду аз дигар суруд ва ё таронаи содае се – чорсатрӣ канда ба ҳам кӯк мезананд. Ана баъд ҳосил мешавад суруди каллакан, э хуше, попуррии осону сода ва арзон. Суруд тайёр, оҳанг омода, осонхон, зебанда. На ба шоир 100 (200 — 500) доллар мепардозиву на ба оҳангсоз дирҳаме. Ва касе даъво пеш намебарад…

— Агар шоир ё оҳангсозе ҳофизро ба суд диҳад чӣ?

— Ташвиш накаш, додар.  Қариб вориси сад фоизи чунин суруду таронаҳо халқ аст, оҳангҳо низ. Бозхонӣ ҳам бо дили пур иҷро мегардад. Зеро аксари соҳибони таронаҳо дар қайди ҳаёт нестанд. Майдон холӣ, чӣ қадаре хоҳӣ, асп метозонӣ. Канда – канда, чида – чида, бе даъво…

— Мисли ангурхӯриҳои …

— Ёфтӣ, каллаканхонӣ ҳам монанди ангурхӯрии баъзе одамон барин аст. Онҳо  ба ҷойи аз хӯша кандани  як — ду шингилу ба табақчаи наздаш монда хӯрдан, аз дур қулоч кашида, дона — дона ангур канда мехӯранд,  ки он бисёр нофорам аст. Ин тарзи ангурхӯрӣ ана ҳамон «каллакан» — хонии ҳофизони ҷавонро мемонад. Сабук, бемаънӣ, нофорам ва номақбул…

— Ҳай, тофтед – да, – қоил монд Одил…

 PS. Як чизро фаромӯш набояд кард, ки имрӯз ҳамаи телевизионҳои кишвар бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба моҳвора пайваст шудааст. Акнун намоиши телевизионҳои кишварро на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки як қисмати азими аҳолии сайёра тамошо мекунанд. Ва аз «ҳунари баланд» — и ҳофизони навзуҳури тоҷик ба зудӣ воқиф ва «лаззат» мебаранд. Нашавад, ки боз…

 Поёни қисмати дувум.

 

Умари ШЕРХОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here