(Барои аввалин китоби ашъори Шукуҳӣ. Мақола аз “Шарқи Сурх” бо номи Маҷмуаи аввалини шоир” чоп гардидааст.)

Рафиқ Н. Шавкат бо сарлавҳаи «Суруди чашмасор» мақолае навишта, дар шумораи 26-уми сентябри соли ҷорӣ баромадаи газетаи «Тоҷикистони Сурх» чоп кунонд. Ин мақола ба эҷодиёти шоири болаёқат Аминҷон Шукуҳӣ баҳои нодуруст медиҳад. Мунаққид чунин  менависад: «Азбаски шоир (А.Шукуҳӣ — М.Ф.) акнун ба майдони адабиёт қадам ниҳодааст, ин  китобча маҳсули эҷодиёти сармашқии ӯ мебошад. Дар эҷодиёти шоир ҳоло нуқсонҳои ҷиддӣ кам нестанд. Хусусан, дар мукаммал аз худ кардани қоидаҳои назм (қофия, забони шеър, мавзӯъ, ташбеҳу истиора ва ғайра) камбудиҳо дида мешаванд». Мунаққиди муҳтарам! Канӣ далелҳоятон? Дар кадом шеъри Шукуҳӣ қофия вайрон аст? Дар кадом шеъри ӯ забон, ташбеҳ, истиора нодуруст кор фармуда шудаанд?

Боварӣ дорам, ки ту ҳам зиндаӣ,

Мекунӣ ҳоло ту бо ман сайру гашт.

Шоири ҷавони соҳибистеъдод Аминҷон Шукуҳӣ тамоман ҳақаст, ки бо мисраъҳои болоӣ ба хотираи муқаддаси ҷанговари барои Ватан ҳалокгардида муроҷиат мекунад.

Яке аз  шеърҳои  навтарини Шукуҳӣ «Бо лаби ҷӯ об баробар  шавад» аст, ки хонандаро ба ҳаяҷон меоварад. Ин шеър дар шумораи 7 журнали «Шарқи Сурх»  нашр гардидааст.

Шоир ҳақдорона қайд мекунад, ки симои мардонаи ҷанговари барои Ватан ҳалокшуда, ҳамеша дар пеши назари мост. Мо ӯро дар диламон мулк карда, меҳнат мекунем ва мӯъҷизаҳо нишон медиҳем.

Шеъри мазкури Шукуҳӣ дар эҷодиёти ӯ қадами ҷасуронае ба пеш аст. Ин нишон медиҳад, ки шоир монда нашуда, дар болои худ кор мекунад, дониши илмӣ-адабии худро мебардорад.

Шоир мекӯшад, ки шеърҳояш дорои  мавзӯи муайян ва сюжетнок бошанд. Баъди хондани маҷмӯаи аввалини ӯ «Суруди чашмасор» ба ин қаноат ҳосил кардан мумкин аст. Дар ин маҷмӯа шеърҳои дар солҳои охир навиштаи шоир гирд оварда шудаанд.

Шоир мисраъҳои барҷастатарини худро ба доҳии меҳнаткашони дунё Ленин мебахшад ва бо забони софу равони образнок мегӯяд:

Ленини муаззам, падари мӯътабари мо,

Номат бувад илҳом ба ҳар як зафари мо,

Вобаста ба ту ҳар амалу ҳар ҳунари мо,

Ҳастӣ ту шабу рӯз ба пеши назари мо,

Меҳри туву ишқи ту бувад ҳамсафари мо,

Байроқи дурахшони ту рахшон ба сари мо.

Тоҷикистони Советӣ дар зери нурҳои ҳаётбахши Конститутсияи сталинӣ гул-гул шукуфт ва то рафт дар нашъунамо кардан аст. Шукуҳӣ дар ин бора бо ифтихор сухан меронад:

Шуд чу хуршеди Сталин бар сарат партавфикан,

Шуд иваз дашту биёбони ту бар боғу чаман,

Шуд дили халқат мунаввар аз чароғи илму фан,

Шуд дарахти ҷаҳлу нодонӣ тамоман решакан,

Шуд баробар бар ҳуқуқи хеш охир марду зан,

Шуд сифатҳои баландат шамъи ҳар як анҷуман.

Адабиёти советии тоҷик бо қадамҳои далерона пеш меравад. Ҳоло асарҳои адибони тоҷик на фақат дар Тоҷикистон, инчунин, дар тамоми  Иттифоқи Советӣ ҳам хонандагони бешуморе доранд. Ба пешравии муваффақиятноки адабиёти советии мо таъсири адабиёти рус, хусусан, адабиёти советии он, бузург аст. Ҳар як шоир ё нависандаи советии тоҷик ба ин ё он восита аз эҷодиёти Максим Горкий, Маяковский ва дигарон омӯхтааст. Аз таъсири наҷибонаи адабиёти рус шоири ҷавон Шукуҳӣ ҳам баҳраманд гардидааст. Ин аст, ки падари адабиёти пролетарӣ асосгузори реализми сотсиалистӣ — Максим Горкийро устоди худ мешуморад. Асарҳои устодонаи М. Горкийро, ки ба дили душманони башарият тиру оташанду ба халқу Ватани мо ифодаи меҳри бузург мебошанд, ба таври абадӣ дар қуллаи баландтарини сухан ҷогиранд, мегӯяд:

Дар асарҳои ту мо барқу шарар мебинем,

Тиру оташ ба дили хасми башар мебинем,

Лек бар халқу Ватан меҳри дигар мебинем,

Ҳусни гул, шамъи вафо, лутфи саҳар мебинем,

Назму насрат шуда ҷо дар сари куҳсори сухан.

Аминҷон Шукуҳӣ дар интихобидани мавзӯъ ва ҳалли он лаёқати хубе дорад. Шеърҳои ӯ «Ба Ленини аъзам», «Чароғҳои  Илич», «Тоҷикистони азиз», «Мурғи илҳом», «Эй кишвари маҳбуби ман», «Ба устоди азиз», «Қавлро иҷро кунед!», «Суруди чашмасор», «Муаллим», «Гул-гул шукуфу расорасӣ кун», «Субҳи ин саҳар», «Ба қаҳрамонон», «Туҳфа ба иди аъзам» ин даъвои моро исбот намуда метавонанд.

Шоир дар бораи одамони советӣ — бинокорони ҷамъияти коммунистӣ бо як ҷаҳон муҳаббати самимӣ гап мезанад. Қаҳрамони шоир хеле ҳасос ва мустаҳкамиродааст. Аз ҳеч гуна сахтӣ рӯ намегардонад ва дар роҳи ба амал баровардани мақсади худ дудилагиро намедонад. Ӯ вақте, ки аз чашмасор ин суханонро мешунавад:

Солҳо аз синаи ин куҳ ман

Мешавам ҷорӣ, чу дарёи вафо,

Орзӯ дорам, ки аз ман сад чаман

Сабз гардад, гул кунад беинтиҳо…

Сарбаландона мегӯяд:

Гӯш бар ман соз, ҳастам инженер,

Баҳри таҳқиқи ту доим ғарқи кор.

Хуб чун омӯхтам ҷои туро,

Шодиам афзуда, табъам гул намуд,

Мекунем аз оби ту ин ҷо бино,

Боз як қишлоқи нағзи хушнамуд.

Бинокорӣ, ободкорӣ, эҷодкорӣ — ин аз хусусиятҳои хоси сохти ҳаётқобили советист. Бинобар ин, ҳам барпо гардидани шаҳрҳо ва деҳаҳо, заводҳо ва фабрикаҳои нав ба нав дар ҷойҳои собиқ нообод ва беодам ба табиати ҷамъияти сотсиалистии мо тамоман мувофиқ аст. Аз ин ҷост, ки дар лаби чашмасор, дар байни куҳҳои сарбаланди бахтсадои Тоҷикистон бино шудани қишлоқҳо ва колхозҳои нав, ки аз тарафи халқ ба номи Сталин мушарраф гардонида мешаванд, илҳомбахш ва баҷӯшоварандаанд. Азми ҷӯшон ва ғайрати фаровони инженери  советиро дида, ҳатто оби софи чашмасор бештар фаввора мезанад!

Дар тарбия карда, ба воя расондани наслҳои хушбахти давраи сталинӣ роли муаллим бисёр бузург аст. Зеро ки ба бачагони хушҳоли мо муаллим сифатҳои беҳтарини ватандӯстӣ, росткорӣ, ғайратмандӣ, шуҷоатмандӣ, кутоҳаш ин ки одоби коммунистӣ мебахшад. Барои равнақи ватан муаллим ҳам дар қатори меҳнаткашон фаъолона меиштирокад:

Муаллим, мову ту дар ин замона,

Дар оғуши ҳаёти ҷовидона,

Ба боғи бахт дорем ошёна.

Барои равнақи мулки ягона,

Ба як роҳу ба як мақсад равона,

Ҳамеозем хизмат содиқона,

Чӣ дар лафзу чӣ дар фикру чӣ дар кор.

Халқи мо ҳоло барои пеш аз муҳлат иҷро намудани панҷсолаи баъдиҷангӣ мӯъҷизакорона меҳнат мекунад. Ҳар як соли нав ва ҳар як рӯзи он аз зафарҳои намоён пур мегардад:

Соли нав дар мулки мо соли зафарҳои нав аст,

Баҳри халқи мулки мо соли ҳунарҳои нав аст,

Дар руҳи ҳар рӯз аз мо сад асарҳои нав аст.

Гӯши олам интизори хушхабарҳои нав аст,

Боиси ин шуҳрати мо меҳнати шоёни мо.

Дар маҷмӯа инчунин ду тарҷимаи шоир ҳам ҷойгир шудаанд. Ҳар ду тарҷима ҳам хуб баромадаанд ва мо умедворем, ки шоир минбаъд ҳам аз шоирони беҳтарини советии рус ва дигар халқҳои бародарӣ тарҷима карда меистад.

Бояд қайд намоем, ки ҳанӯз танқиднависони мо чизи навро аз тарафи ҳаққониаш дида наметавонанд. Онҳо баъзан ҳаракат мекунанд, ки асари ин ё он адибро бо як хондан «таҳлил» карда бароянд ва «баҳои» «гениалӣ» диҳанд. Ҳол он ки барои таҳлили ҳарҷонибаи ягон асар ва баҳо додан ба он як-ду бор хонданаш ғайри кифоя аст. Танқиди адабӣ дар мо, монанди намудҳои дигари он, омили пешбарандааст. Танқиднависони мо бояд муваффақиятҳои асари таҳлил мекардагиашонро одилона қайд намуда, камбудиҳои онро нишон диҳанд. Ва бо ин ба пешравии адиб кумак расонанд. Ин — вазифаи фахрии танқиди адабист.

Рафиқ Н. Шавкат бо сарлавҳаи «Суруди чашмасор» мақолае навишта, ки ин мақола ба эҷодиёти шоири болаёқат Аминҷон Шукуҳӣ баҳои нодуруст медиҳад. Мунаққид чунин менависад: «Азбаски шоир (А.Шукуҳӣ — М.Ф.) акнун ба майдони адабиёт қадам ниҳодааст, ин  китобча маҳсули эҷодиёти сармашқии ӯ мебошад. Дар эҷодиёти шоир ҳоло нуқсонҳои ҷиддӣ кам нестанд. Хусусан, дар мукаммал аз худ кардани қоидаҳои назм (қофия, забони шеър, мавзӯъ, ташбеҳу истиора ва ғайра) камбудиҳо дида мешаванд». Мунаққиди муҳтарам! Канӣ далелҳоятон? Дар кадом шеъри Шукуҳӣ қофия вайрон аст? Дар кадом шеъри ӯ забон, ташбеҳ истиора нодуруст кор фармуда шудаанд?

Баъд мунаққиди мазкур даъво мекунад, ки дар шеърҳои шоир ибораҳои беобуранг, ифода ваташбеҳҳои такрор ва бемантиқ бисёранд. Инро мисол меорад:

Ғайрати нав-нав зи дил дар ин баҳори бехазон,

Мезанад фаввора, чун табъи Шукуҳӣ чашмасон!

Куҷои ин байт бемантиқ ва кадом ифодааш беобуранг бошад?! Маълум нест!

Шоири советӣ, сарояндаи ҳаёти озодона будан — шарафи бемонандест. Ва ӯро, шоири советиро, ҳарчанд ҷавон ва навқадам бошад ҳам, бо ким-кадом «зарифи» бухороӣ андоза кардан, тамоман бемантиқист.

Охир, дар ҳаққи кадом одами ҳақиқии советӣ ин байтро гуфтан мумкин аст:

Ҷувозам, даббаам, дӯлам, ба даври кунда машғулам,

Зи каф то шона равған гаштаам, равғангари ишкам?

Чанде дертар дар газетаи «Тоҷикистони Сурх» мақолаи мунаққид Шукуров дарҷ гардид. Муаллиф дар бораи шумораи 7 журнали «Шарқи Сурх» сухан меронад. Рафиқ Шукуров дар бораи шеъри бисёр нағзи шоир «Бо лаби ҷӯ об баробар шавад» қариб дам мемонад. Аммо дар бораи шеъри дигари Шукуҳӣ, ки «Чинор» ном дорад, хеле зиёд, вале  номаъқул гап мезанад. Ба фикри Шукуров, шеъри майда навиштан мумкин нест, чунки дар як шеъре, ки аз 16 ё 20 сатр иборат бошад, ғунҷондани талабҳои пешниҳод карда шуда мумкин нест. Не, рафиқ Шукуров, «Чинор» шеъри хуб аст. Дар рӯ ба рӯи як чинор як мактаб бино шуда бошад, фаҳмидан душвор нест, ки дар сар то сари ватанамон чӣ сохтмонҳо бино гаштанд ва дар биношавианд.

Дар охир ҳаминро гуфтанӣ ҳастем, ки шеърҳои Шукуҳи аз камбудӣ ва нуқсонҳо холӣ нестанд. Баъзан такрорёбии ифодаҳо ва ташбеҳҳо во мехӯранд. Баъзан шоир шеърҳои бесюжет ва кам мазмун менависад, ки ба ин «Боғи мо» ва «Мактаб» мисол шуда метавонад.

Китобчаи Шукуҳӣ «Суруди чашмасор» аз тарафи Нашриёти Давлатии Тоҷикистон хеле  хуб ва нафис чоп карда шудааст. Аммо гуфтан даркор, ки дар китобча хатоҳои  имловӣ, хусусан хато кор фармуда шудани аломатҳои китобӣ бисёр аст. Дар ин, албатта, то андозае муҳаррири он рафиқ Миршакар айбдор аст.

Дар шеъри «Мурғи илҳом» дар байти:

Даштҳоро чун гулистон кардаанд.

Ҳар чи мехоҳам Ватан он кардаанд.

Аввалан ин ки калимаи «чӣ» (дар сатри дуюм) пурсишҷонишин аст ва бо «ӣ» (дароз) навишта мешавад, сониян ин ки пеш аз ишоратҷонишини «он» (ин ҳам дар сатри дуюм)  вергул мондан лозим буд. Чунин мисолҳо кам нестанд.

Номи «Колхози Сталин» мениҳем (аз шеъри «Суруди Чашмасор»). Ба нависандаи ин сатрҳо маълум аст, ки асли ин байт ин тавр нест.

Бо вуҷуди ин, китобча ниҳоят дар сари вақт баромад ва мо- хонандагони муваффақиятҳои Шукуҳӣ, аз ин хурсандем.

Умедворем, ки рафиқ Шукуҳӣ минбаъд асарҳои калони баландғоя менависад ва моро шодтар мегардонад. Умедвории мо беасос нест: китобчаи аввалини ӯ — муқаддимаи шоёни достони эҷодиёти ояндаи ӯст.

М. Фарҳат, маҷаллаи “Шарқи Сурх”, 1948,  №12.

Таҳияи Фирӯза Маҳмадҷонова, корманди Китобхонаи миллӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here