Фарҳанги либоспӯшӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллии тоҷикон аст, ки таърихи беш аз ҳазорсолаҳоро доро буда, дар ҳаёти мардум ҷойгоҳи махсусро касб намудааст.
Шакл ва хусусияти сарулибос дар ҳама давру замон фарҳанги маънавии халқ, урфу одат ва муносибати мардумро ба ин ё он падидаву ҳодиса нишон медиҳад. Ҷаҳониён фарҳанги куҳанбунёди халқи тоҷикро бо зардӯзию гулдӯзӣ, атласу адрас ва чакану попур мешиносанд. Пӯшидани куртаҳои миллӣ ҳусни зебову нотакрори гулдухтарони тоҷикро даҳчанд мегардонад. Аммо имрӯзҳо ҳангоми гаштугузор намудан дар кӯчаю растаҳои Душанбешаҳр ва қариб ҳама шаҳру навоҳии кишвар баъзе ҷавононе ба назар мерасанд, ки аз фарҳанги ғании ниёгонамон бедарак мондаанд. Онҳо аз пӯшидани либосҳои миллӣ ҳазар намуда, рӯ ба фарҳанги Аврупо овардаанд. Зиёдтар аз шимҳои танги нимдаридаю нимбараҳна истифода менамоянд. Ин либосҳоро ба худ мӯд намудаанд.
Аслан, либоси дарида, ки имрӯз моли дӯстдоштаи ҷавонон гардидааст, дар гузашта ифодагари фақирию нодории шахс буд. Ин либосҳо ба фарҳанги миллии мо мувофиқат намекунанд. Вобаста ба ин масъала мо бо якчанд ҷавонон ҳамсуҳбат шудем. Ба қисме аз ҷавонон ин гуна либосҳо писанд аст ва аз онҳо харидорӣ менамоянду истифода мебаранд. Бархе аз ҷавонон бошанд, дар тан доштани либоси ҷинс, алалхусус он ҷинсҳои даридаю лахтагардидаи мӯдшударо тоқат надоранд.
Наҷибуллоҳи Акбар — сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки “ман назар ба шиму костюми расмӣ либоси ҷинсро бештар меписандам. Ҳарчанд нархашон гарон ҳам бошад, аз онҳо харидорӣ менамоям. Ман роҳатам бо ин либосҳо ва фикру ақидаи атрофиёнро барои худ муҳим намешуморам. Муҳим бароям он аст, ки роҳат бошаму тозаю озода ба назар расам”.
Майрам Эргашова — гулдухтари тоҷик низ ба гуфтаҳои боло розӣ буда, зам менамояд, ки “он шимҳо аз куртаҳое, ки дӯзандаҳо бо нархи гарон медӯзанд, хубтару шинамтаранд”.
Чуноне дар боло зикр намудем, дар баробари дӯстдорони либоси ҷинсҳои дарида боз як қисм ҷавононе ҳастанд, ки ошиқи куртаҳои миллӣ ҳастанд ва тоқати ба бар кардани либоси ҷинсро надоранд. Яке аз чунин ҷавонони фарҳангдӯст Замира Шарипова аст, ки мегӯяд: “Ман духтари тоҷикам ва ҳаргиз аз фарҳанги миллатам рӯ намегардонам. Яъне, либосҳои мардуми Аврупоро ба худ раво намедонам. Зеро, ман ҳамчун сокини ин кишвари дилрабо ва ҳамчунин аз обу намакаш истифодабаранда, намегузорам фарҳангу тамаддуни миллатам бо пӯшидани либосҳои ғайр рӯ ба нестӣ орад”.
Гулшан Маҳмадова — сокини шаҳри Душанбе бошад, зикр мекунад: “Кам нестанд ҷавононе, ки дӯстдори либоси миллӣ бошанд. Аз тоҷик будани худ мефахраму бо либосҳои атласу чаканаш меболам. Бо пӯшидани он худро зеботарини дунё меҳисобаму шукронаи ҳама буду набуд мекунам”.
“Одаму либос, хонаву палос” мақоли машҳури халқи тоҷик аст. Либос ҷаҳони ботинии шахсро дар зоҳир ифода менамояд. Ҳар як ҷавони тоҷик бояд худаш фикру мулоҳиза карда, кӯшиш намояд либосе, ки қобили қабули минталитети халқи тоҷик нест, аз пӯшиданаш даст кашад. Ҳамзамон, бояд воридоти либоси хориҷӣ, алалхусус шиму куртаҳоеро, ки ба зеҳну тафаккури мардуми тоҷик рост намеоянд, бояд каме коҳиш диҳем. Вақте либоси ватанӣ ба моли хориҷа рақобатпазир нест, ҷавонон низ рӯ меоранд ба бегонапарастӣ. Мо албатта наметавонем пурра ба муқобили ба бар намудани ин гуна либосҳо бароем, аммо ҷонибдори онем, ки бигзор либоси пӯшидаи ҳар як ҷавони тоҷик ба фарҳангу тамаддуни миллати куҳанбунёдамон доғ наорад.