Барои фикри ботил кардан як ишора ҳам кифоягӣ мекунад, вале барои ба хулосаи нек омадан сад далел мекобем.

Имсол ҳам монанди солҳои пешин баробари фаро расидани фасли дай донишҷӯён, хусусан ману ҳамкурсонамро ташвишу ҳаяҷон пахш кард. Яъне, бояд бигӯем, ки одатан дар мавсими имтиҳонот мо — донишҷӯён сари калобаамонро гум карда, хостори ҳарчи зудтар пушти сар кардани ин даводаву дарҳамбарҳамӣ ҳастем.

Бештари имтиҳоноти донишгоҳ дар аудиторияи компютерӣ мегузаранд. Вале баъзеашонро устодони кафедра шифоҳӣ мегиранд. Имтиҳон дар аудиторияи компютериро ба милисахона, ки ягон айб надошта бошӣ ҳам, бо як ҳарос ворид мешавӣ, монанд кардан мумкин аст. Зеро, ҳарчанд тайёрии хуб ҳам дида бошӣ, дар вақти имтиҳон ҳатман худро гум мекунӣ. Он тарсест (ҳиссиётест), ки гӯё маргат дар даруни синфхона бошад. Ҳангоми ворид шудан ва то баромадан, ин эҳсос таркат намекунад. Инчунин, ҳамкурсонеро, ки кӯмак карданро ба онҳо ваъда дода будӣ, баробари даромадан ба синфхонаи имтиҳонӣ фаромӯш мекунӣ. Гӯё имтиҳон бо компютер имтиҳони зиндагиамон бошад ва баъд аз тамомшавӣ маълум мешавад, ки роҳат ба дӯзах аст, ё ба биҳишт. Бо қапидани мушак ва дар ягон чоркунҷаи тестӣ ишора намудан гӯё як “уровен” умратро аз даст дода бошӣ. Садои дилат ба гӯшат мерасад ва тапидани он ҳам дучанд мегардад. Тамоми ҳамкурсонро хира мебинӣ. Дар аудитория фақат як фаришта ба назар мерасад, ки як ё ду маротиба пешат меояду халос. Он шахсро ҳамчун наҷотдиҳандаи зиндагиат дар ин лаҳза меҳисобӣ. Болҳое, ки фаришта дорад, ба назар мерасад, ки ин шахс низ дорад. На фақат бол, балки пироҳанеро, ки фариштаҳо ба бар мекунанд, низ мушоҳида мекунӣ. Вале дар як лаҳза ҳама ҷойро сиёҳӣ пахш мекунад, зеро дар ин лаҳза шайтон ба аудитория даромада, бо фариштаат ҷанг намуда, ӯро бо як осонӣ ҷониби дигар мебарад. Барои ҳама донишҷӯён дар рафти имтиҳон шайтон — ин касест, ки имтиҳонро назорат мекунад. Вале баъзе вақтҳо фариштаи донишҷӯён ба девбарзангӣ мубаддал мегардад. Дар ин лаҳза донишҷӯро месазад, ки фақат бо кӯмаки худ ғолиби ин муборизаи шаддид гардад.

Бале, аудиторияи компютерӣ макони бадтарин барои донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Вале имтиҳони шифоҳӣ аз имтиҳони компютерӣ аз замин то осмон фарқ дорад. Яъне на тест, на компютер, на ҳамкурсон, на фариштаву шайтонҳо ва на ҷавобҳои дурусту нодурусти “галочка”-дор ҳастанд, балки танҳо имтиҳонсупоранаву имтиҳонгиранда қарор доранду халос. Дар ин ҳолат ба фикрҳои “ба ман устод кӯмак мекунад, ман “шпаргалка”-ро истифода мекунам ё ҳамкурсам тайёрии хуб дидааст, дар паҳлуи ӯ мешинам” умед бастан нашояд. Яъне буду шуд, дорову нодор, доноиву нодонӣ, комёбию нокомӣ танҳо дар дасти худи имтиҳонсупоранда аст.

Ёдам ҳаст, аввалин имтиҳони шифоҳиро дар курси дуюм аз фанни “Маҳорати суханварӣ” муаллимаи азизамон Мирзоева Моҳира гирфта буданд. Дар айёми мактаб ин намуд имтиҳон ба ман маъқул набуд, ҳамеша бо ягон роҳ баҳои 4 гирифта, ҷонамро халос мекардам, аммо дар айёми донишҷӯӣ баръакс шуд.

Барои донишҷӯ бо устод забон як намудан он қадар осон нест. Зеро он ҳам барои донишҷӯ як имтиҳон ба ҳисоб меравад. Аммо муаллимаи мо бо ҳама шогирдонаш на ҳамчун устод, балки ҳамчун як дӯсти мушфиқу меҳрубон муомила мекард. Вале ман ҳамеша аз ӯ шарм медоштам ва ҳангоми гап задан гӯё забонам аз даҳонам гум шуда бошад, ба ғайри сар ҷунбонидан дигар ҳеҷ чиз гуфта наметавонистам.

Ва инак, рӯзи имтиҳони муаллима фаро расид. Дар журнал номи ман шашум аст. Ҳамкурсоне, ки пеш аз ман даромада буданд, бо тарсу ҳарос аз синфхона баромада, мегуфтанд, ки муаллима ҳамаро ду мемонад. Ҳатто духтараке, ки аз ҳамаамон тайёрии беҳтар дида буду интизори баҳои аъло гирифтан буд, бо қошу қавоқи овезон аз аудитория берун баромад ва шикоят кард, ки ягон нафар баҳои аълоро интизор нашавад. Ин саҳнаро дида, тарс дар дилам дучанд мешуд. Орзуи баҳои хуб гирифтанро мекардам, вале ҳангоми баромадани ӯ аз баҳои хуб гирифтан даст шустам. Фақат аз Худо илтиҷо мекардам, ки баҳои ду нагирам.

Баъд аз чанд муддат ҳамкурси дигарам, ки баъд аз ӯ ман бояд дароям, вориди синфхона шуд. 10 дақиқа ҳам нагузашта буд, ки ӯ бо табассум аз аудитория баромада, додзанон маро бағал гирифт. Ва баланд гуфт: “Ман панҷ гирифтам”. Дар ин асно ман хело хурсанд шудам, ки дӯсти ҷониам баҳои аъло гирифта буд.

Акнун навбати ман расид, фикрҳои ҳархела ба сарам меомаданд. Ҳангоми дастаи дарро гирифтан дар назарам чунин менамуд, ки гӯё онқадар вазнин аст, ки паҳлавон низ ин дарро кушода наматеавонад. Билохира, як нафаси чуқур кашида, дарро кушодаву вориди аудитория шудам. Вале чизе, ки ман пеш аз даромадан мепиндоштам, ҳамагӣ дар як лаҳза ботил шуд, зеро муаллима маро бо табассум “Гулрӯ, гузашта шин” гуфтанд.

Муаллима ба ман шаш савол доданд ва ба панҷтояш ҷавоб гуфта тавонистам. Пас аз саволҳо муаллима бо ҳамон таббасуми зебояшон, ки танҳо хости эшон аст, пурсиданд: “Гулрӯ, чанд балат монам?”. Ман ҳайрон шудам. Ва як бор ба устодам нигоҳ карда, чунин посух додам: “Ба ҳамон андозае, ки ҷавоб додам”. Ӯ гуфт: “Пеш аз ту Анӯша даромад, ба вай низ ҳамин саволро додам. Вай 90 бал гуфт. Ту чанд бал мехоҳӣ?”. Ин вақт каме ҷуръатамро ҷамъ кардаму гуфтам: “Ба ман ҳам 90 бал монед”. Ӯ бо табассум ҷавоб дод: “Албатта…”.

Гулрӯ СУҲРОБЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here