Азбаски мо бо солшумории григорянӣ сарукор мегирем, аз хусуси солшумориҳои қадимӣ кам хабар дорем. Бинобар ин, чопи навиштаҳои ман аз ҷониби нашрияи «Фараж» аз манфиат холӣ нест.
Солшумории шамсӣ (хуршедӣ) аз рӯи як даври гардиши офтоб ҳисоб карда мешавад, ки аз дувоздаҳ моҳ иборат буда, ҳар як моҳ ба як бурҷ вобаста аст. Инҳо: ҳамал (барра), савр (гов), ҷавзо (гӯсфанди қашқа), сунбула (як намуди гиёҳ), мизон (тарозу), ақраб (каждум), қавс (камон), ҷаддӣ (бузғола), далв (дӯл) ва ҳут (моҳӣ).
Соли шамсӣ аз ҳамал оғоз ёфта ва ба 365 рӯзу 5 соату 48 дақиқаю 46 сония баробар аст. Офтоб дар як сол хати устувори осмонро ду маротиба бурида мегузарад, ки ба 21-22-юми март ва 23-юми сентябр рост меояд. 21-22-юми март рӯзи якуми ҳамал, 23-юми сентябр рӯзи якуми мизон аст. Аз ҳамал то мизон рӯзҳо ва аз мизон то ҳамал шабҳо дароз мешаванд. Бояд қайд кард, ки дар солшумории шамсӣ якуми моҳи ҳамал соли нави мо оғоз мегардад, ки Наврӯз аст.
Ибтидои ҳамал зи Наврӯз аст,
Ёд гираш, ки сию як рӯз аст.
Моҳҳои соли шамсӣ таносубан ба моҳҳои мелодӣ чунин аст: Ҳамал — 21-22-юми март то 20-21-уми апрел, Савр — 21-уми апрел то 21-уми май, Ҷавзо — 22-юми май то 21-уми июн, Саратон — 22-юми июн то 22-юми июл, Асад — 23-юми июл то 22-юми август, Сунбула — 23-юми август то 22-юми сентябр, Мизон — 23-юми сентябр то 22-юми октябр, Ақраб — 23-юми октябр то 21-уми ноябр, Қавс — 22-юми ноябр то 21-уми декабр, Ҷаддӣ — 22-юми декабр то 20-уми январ, Далв — 21-уми январ то 19-уми феврал, Ҳут — 20-уми феврал то 20-уми март.
Ба солшумории шамсӣ солшумории яздигурдӣ ё шамсии форсӣ-тоҷикӣ мувофиқат мекунад, ки қариб аз байн рафтааст. Ҳисоби яздигурдӣ аз замони Сосониён (асрхои IV-VI) боқӣ монда, бо номи шоҳ Яздигурди Шаҳриёр вобаста аст. Дар он замон мардум солро бо ду тартиб — соддаву кабиса ҳисоб мекарданд, ки солҳои содда 360 рӯз мешуд ё ҳар моҳ 30 рӯз буд. Панҷ рӯзу якчанд соату сонияҳое, ки боқӣ мемонданд, яъне моҳи зиёдатии соли кабисаро дар охири моҳи 12-ум илова менамуданд ва 365 рӯз мешуд, ки инҳо: фарвардин — ҳамал (март — апрел) 30 рӯз, урдибиҳитш — савр (апрел-май) 30 рӯз, хурдод — ҷавзо (май — июн) 30 рӯз, тир — саратон (июн — июл) 30 рӯз, мурдод — асад (июл — август) 30 рӯз, шаҳривар — сунбула (август — сентябр) 30 рӯз, меҳр — мизон (сентябр — октябр) 30 рӯз, обон — ақраб (октябр — ноябр) 30 рӯз, озар — қавс (ноябр — декабр) 30 рӯз, дай — ҷаддӣ (декабр — январ) 30 рӯз, баҳман — далв (январ — феврал) 30 рӯз, исфанд — ҳут (феврал — март) 20, 30 рӯз, ҷамъ ба исфанд панҷ рӯз илова мекарданд.
Аз ин мебарояд, ки солшумории яздигурдӣ ба солшумории шамсӣ як аст. Яъне ибтидои он Наврӯз аст, ки ба 21-22-юми март (ҳамал) рост меояд. Дар ин солшуморӣ баъзе иловаҳо низ ҳаст. Масалан, азбаски зимистон фасли сард аст ва як қисми мардумон бекоранд, 90 рӯзро аз оғози фасли зимистон вобаста ба сардии боду ҳаво ва нигоҳубини ҳайвоноти хонагӣ тақсим кардаанд. Аз якуми моҳи ҷаддӣ, ки ин ба 22-юми моҳи декабр рост меояд, чиллаи калон, ки ин 40 рӯз аст, оғоз мегардад ва то 10-уми моҳи далв давом мекунад ва ба 30-юми январ рост меояд. Сонӣ, чиллаи хурдак аз 11-уми моҳи далв сар мешавад, ки ин ба 31-уми моҳи январ рост меояд ва то 19-уми феврал идома меёбад. Ҳамчунин, як моҳи охири зимистон (ҳут) аз 20-уми феврал то 20-уми март идома ёфта, ба 18-и бузкуш ва 12-и кабки рав тақсим карда мешавад.
Солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ ба гардиши моҳ, ҳилол вобаста аст. Ин солшуморӣ ба солшумории шамсӣ ва мелодӣ рост намеояд, зеро рӯзҳои он ба 354 рӯзу 11 соат баробар аст. Аз ин сабаб соли қамарӣ ҳар сол 11-12 рӯз пеш оғоз меёбад. Дар солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ моҳҳои Муҳаррам, Сафар, Робеъ-ул-аввал, Робеъ-ус-сонӣ, Ҷумоди-юл-аввал, Ҷумоди-юл-сонӣ, Раҷаб, Шаъбон, Рамазон, Шаввол, Зулқаъда ва Зулҳиҷа ҳастанд, ки як моҳ 30 рӯз, моҳи дигар 29 рӯз аст. Соли 1-уми ҳиҷрии қамарӣ аз соли ҳиҷрати ҳазрати Муҳаммад (с) — 622 оғоз мегардад, ки аз Маккаи мукаррама ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат карда буд. Бинобар кам будани рӯзҳои солҳои солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ дар сад сол, се сол аз солҳои солшумории шамсӣ кам мешавад. Аз ин рӯ, санаҳои таърихиро ҳангоми ба соли шамсӣ гардонидани синну соли қамарӣ аз сад се ва аз ҳазор сӣ сол кам мекунанд. Ҳамин матлабро баъзе одамон дар солшумории синну соли одамон истифода мекунанд: ба ҳар 33 сол умри одам як сол ва ба 66 сол агар умр дошта бошад, 2 сол зам мекунанд.
Мардуми Осиё ва Шарқи наздик солшумории дигаре доранд, ки мувофиқи он ба ҳар як сол номи як ҳайвон дода шудааст ва онро мучал меноманд. Инҳо — муш, бақар (гов), паланг, харгӯш, наҳанг (моҳӣ), мор, асп, гӯсфанд, маймун (ҳамдуна), мурғ, саг ва хук (хубон).
Ин солшуморӣ шакли сиклӣ (даврӣ) дошта, баъди ҳар 12 сол такрор меёбад ва чуноне, ки дар боло зикр кардем, оғози мучал низ аз 21-22-юми март сар мешавад. Солшумории мучал ба соли мелодӣ рост намеояд. Чунки соли мелодӣ аз 1-уми январ оғоз мегардад ва 2 моҳу 20 рӯз дар ҳар як сол тафовут дорад. Аммо соли мучал аз Наврӯз ибтидо мегирад ва ҳисобро аз он оғоз мекунанд, ки гуфтаанд:
Мушу бақару палангу харгӯш шумор,
З-ин чор бигзарӣ, наҳанг ояду мор.
В-он гоҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб,
Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.
Мушоҳидаҳо ба одамон маълум кардаанд, ки ҳайвонҳо чӣ хосиятҳо доранд ва дар ҳар як сол чӣ гуна боду ҳаво ва дигар хусусиятҳо хос мебошанд ва инро дар ҳаёт истифода мебаранд. Барои мисол, мо айни ҳол дар соли муш қарор дорем. Ҳар кӣ дар ин сол таваллуд шудааст, мубориз аст, чизи нолозимро аз худаш дур мекунад. Муши сафед рамзи ишқу муҳаббат буда, бенизомиро хуш надорад. Мушсолон дар ҳама ҳолат нуқтаи назари худро пешниҳод менамоянд ва барои муваффақ шудан истодагарӣ мекунанд.
Бадриддин ХОЛИҚОВ,
директори МТМУ №35-и ноҳияи Файзобод