Баҳсҳо атрофи хати кириллӣ ва хати арабиасоси тоҷикӣ асосан солҳои 90-уми асри гузашта, баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуда, ҳар вақт авҷ мегиранд. Солҳои охир дар ҷомеаи Тоҷикистон гуруҳҳои манфиатхоҳе ба вуҷуд омадаанд, ки дониста ё надониста мехоҳанд моро ба қафо баргардонанд ва бо ин амали худ раванди ташаккули забони муосири тоҷикиро халалдор намоянд.
Имрӯзҳо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар фикри инкишоф додани иқтисод, техника ва технологияи навин буда, мехоҳанд бо ин роҳ зиндагии мардумро осону беҳтар созанд. Аммо як гуруҳе дар расонаҳои хабарӣ оид ба иваз намудани хати кирилӣ ба форсии арабиасос баҳс мекунанд, ки аламовару хандаовар мебошад.
Барои дуруст фаҳмидани мавзуъ ва баровардани хулосаи дуруст мо ба таърихи пайдоиши хати арабӣ ва хати кириллӣ рӯй меорем. Аз ин хотир, бори дигар ба онҳое, ки таърихи пайдоиши ин хатҳоро намедонанд, ёдрас мешавем, ки моро дуруст фаҳманд.
Хати арабӣ асри I-и ҳиҷрӣ ба вуҷуд омадааст. Ин хат дар давраҳои аввали густариши дини ислом аз нимҷазираи Арабистон ба дигар минтақаҳо паҳн гардида, ба сари халқҳои гуногун иҷборан бор мегардид. Аз ибтидои асри VIII дар ҳудуди Осиёи Марказӣ дар баробари забони арабӣ хати он низ паҳн гардид. Ин хат аз замони пайдоишаш норасоиҳо дошт ва ҳатто барои густариши дини ислом ҳам мусоидат намекард. Аз ин сабаб худи арабҳо ба ин хат тағйирот ворид карданд. Баъди ҷустуҷуҳои зиёд барои ифодаи овозҳои садонок аломатҳои зеру забар ихтироъ шуд. Ин дигаргунсозӣ асосан дар ибтидои асри I-и ҳиҷрӣ ба вуқуъ омад ва барои хондани матнҳо хеле кӯмак мекард.
Аксари намояндагони илму адаби Шарқ, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ ва Дақиқӣ норасоиҳои алифбои арабиро хуб медонистанд ва ҳамеша барои иваз намудани он талош меварзиданд.
Барои омӯзиши хати арабӣ ва аз худ намудани усулҳои қироат заҳмат ва вақти зиёд сарф мешуд ва ин мушкилӣ боиси саводнок нашудани бештари аҳолӣ мегардид. Алифбои арабӣ аз 28 ҳарф иборат буда, аз ин шумора 16-тоаш шакли мустақил доранд. Ҳарфҳои боқимонда аз якдигар танҳо аз рӯйи нуқта фарқ мекунанд. Агар як нуқта меафтид ё як нуқта илова мегардид, маъно дигар мешуд, ки ин боиси нофаҳмиҳо мегардид. Ҳатто дар баъзе ҳолатҳо изофа шудан ё афтидани нуқтаҳо сабаби он мегардид, ки инсонҳо танҳо тахмин мекарданд, на ин ки калимаҳоро мехонданд.
Дар тӯли таърих ин норасоиҳои хати арабӣ суръати донишомӯзиро суст намуда, боиси рушд накардани фарҳангу забони халқҳое гардид, ки онро истифода менамуданд. Барои ислоҳи норасоиҳои хати арабӣ шахсиятҳои машҳури Шарқ кӯшиш ба харҷ додаанд, ки яке аз онҳо Мирзо Малкумхон аст. Ба навиштаи Абдухолиқи Набавӣ: «Мирзо Малкумхон — донишманд ва сиёсатмадори эронӣ дар даҳаи ҳаштуму нуҳуми асри XIX пас аз санҷиши авзои олам масъалаи табдили алифборо ба миён мегузорад ва дар ин масъала асарҳои худ «Шайху вазир» ва «Мабдои тараққӣ»-ро таълиф карда, қатъан таъкид менамояд, ки «Агар мо алифбои арабиро тарк карда, алифбои лотиниро қабул накунем, тараққӣ кардан ва қатори миллатҳои мутамаддин даромадани мо мумкин нест». Ба муҳокимарониҳову далелҳои ин донишманди дигарандешу навҷӯ хеле аз иштирокдорони баҳси табдили хат истинод карданд. Лекин ӯ аз роҳи пешгирифтаи худ барнагашта, барои ислоҳи ин хат кӯшиш намуда, 24 норасоии ин хатро нишон додааст. Ин ҷо чанде аз онҳоро таъкид мекунем:
— дар хат инъикос нашудани садонокҳо;
— тафовути навишти калимаҳо бо ҳамсадоҳо, яъне дар хати арабӣ чор ҳамсадои “з” истифода мешавад;
— корбурди навъҳои гуногуни хат, ба мисли насх, настаълиқ, шикаста, кӯфӣ;
— мавҷудияти нуқтаҳо, ки дар ҳолати афтидани онҳо маъно тағйир меёбад: ҷасад-ҳасад;
— зимни навиштан калимаҳо ҷойи муайяни худро надоштанд, як калима дар болои калимаи дигар навишта мешуд. Дар хусуси ин камбудӣ Мирзо Малкумхон чунин навиштааст: «Ҳарфҳои мо ҷойи муайяни навишт надоранд. Дар хатҳои халқҳои дигар ҳарфҳо дар як сатр навишта мешаванд. Баъзе ҳарфҳо дар болои хат ва баъзе ҳарфҳо дар дохили сатр сабт мегарданд. Аммо дар анвои хати мо, махсусан, дар хатҳои шикаста, девонӣ ва сулс ҳарфҳо ҷойи муайян надоранд. Ҷойи ин ҳарфҳо аз хоҳишу завқи котиб, ки метавонад як ҳарфро дар дохили ҳарфи дигар нависад, вобаста аст»;
— баъзе ҳарфҳои алифбои арабӣ дар забонҳои дигар овозҳои мувофиқ надоранд;
— баъзе ҳарфҳо навишта мешаванд, аммо хонда намешаванд: хвостан (хостан), хвоҳар (хоҳар), хвеш (хеш);
— ҳарфҳои калон вуҷуд надоранд;
— фосила дар байни калимаҳо вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, омехтагии калимаҳо ва ё ҳиҷоҳои калимаҳои гуногун рух медиҳад;
— ҳарфи «вов» овозҳои гуногунро ифода мекунад;
— ҳарфи «йо» дар аввали калима ҳарфи «алиф»-ро талаб мекунад, ки тамоман лозим нест, аммо дар калимаҳои навъи “ришта”, “ситам” навишта намешавад;
— ҳарфи «йо» баъзан овози «о»-ро ифода мекунад: ҳатто, Исо, Мӯсо, Яҳё, Мустафо;
— дар навишт аввал ва охири калима фаҳмида намешавад;
— навиштан аз тарафи рост ба чап хеле номувофиқ аст.
Инчунин, номукаммалии хати арабӣ равшану возеҳ дар рушд накардани китобчопкунӣ ва маҳсулоти чопӣ дар кишварҳои истифодакунандаи он дида мешавад. Масалан, аввалин китоби чопӣ дар Россия соли 1564 ба табъ расидааст, аммо аввалин маҳсулоти чопӣ бо хати арабӣ (рӯзномаи туркӣ) танҳо соли 1830 дастраси омма гардидааст. Яъне китобчопкунии хати арабӣ аз кирилӣ ду аср қафо мондааст. Ин масъаларо М. Иброҳимӣ чунин шарҳ додааст: «Нуқсони дигари алифбои араб нарасидан ва хурд будани шаклҳои он аст, ки барои матбаа муносибат надорад ва вақти азизро талаф менамояд, бо воситаҳои табъии асрӣ созиш намекунад. Сандуқчаи ҳуруф, мошинҳои гуногуни ҳарфчинӣ, анвои мошинҳои табъ, мошинҳои хаттӣ — табъӣ бо алифбои араб мувофиқат намекунанд, дандонҳои заррабини ин алифбои рамзӣ ҳуруфчинони мазлумро ба дараҷае маранҷонад, ки тамоман ба танг омадаанд».
Бо вуҷуди он ки аз навиштаҳои боло қариб як аср гузаштааст ва техникаву технологияҳои чопӣ тағйир ёфтаанд, аммо ба сабаби он ки то ҳанӯз тағйироте дар хати арабӣ нашудааст, ин камбудӣ ба куллӣ рафъ нашудааст.
Аз манбаъҳои таърихӣ маълум аст, ки славянҳо бо мурури замон барои сабти садои махсуси забони худ ҳарфҳои нав ихтироъ намуданд. Ин ҳодиса бидуни назорати давлат ва шахсони алоҳида ба вуқуъ пайваст. Баъдтар дар асри IX, вақте славянҳо дини насрониро ба таври оммавӣ қабул карданд, ду навъи хати славянӣ ба вуҷуд омад.
Хати русии ҳозира аз хати славянии кириллӣ ибтидо гирифта, дар натиҷаи таҳаввулу такомули беш аз 1100-сола ба сурати имрӯзааш даромадааст. Аз 31 ҳарфи алифбои ҳозираи русӣ 3 ҳарф: п, ч, ш аз хати ибрӣ (яҳудӣ) гирифта шудаанд. Дигар ҳарфҳои иловагии хоси славянӣ дар асоси эҷодкорона тағйир додани шакли ҳарфҳои юнонӣ ва ба ҳам пайвастани кириллӣ ба вуҷуд омадаанд. Ҷараёни такомули хати русӣ то асри 18 ба тарзи номуташаккил ба амал меомад. Баъди сари кор омадани Пётри I ин ҷараён зери назорати давлат гирифта шуд. Ӯ солҳои 1707-1710 ислоҳоти хат гузаронд.
Ҳоло хати русӣ 33 ҳарф дорад, ки алифбои қариб аксари ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар асоси он сохта шудаанд. Фақат алифбои латишӣ, литвонӣ ва эстонӣ хати лотинӣ буда, гурҷиҳо ва арманиҳо хати қадимаи худро нигоҳ доштаанд.
Соли 1940 дар Тоҷикистон бо иловаи 6 ҳарфи хоси садоҳои тоҷикӣ (ӣ, ғ, қ, ӯ, ҳ, ҷ) дар асоси хати русӣ алифбои навро қабул карданд. Дар аввал ба алифбои тоҷикӣ ду ҳарфи хоси забони русӣ (щ ва ы) дохил нашуда буданд ва онҳо танҳо соли 1954 ба алифбои тоҷикӣ дохил гардиданд. Ҳарфҳои русӣ ҳам дар тоҷикӣ ва ҳам дар русӣ асосан як вазифаро иҷро мекунанд, яъне ҳар ҳарф садои якхелаи русӣ ва тоҷикиро сабт мекунад.
Оид ба нуқсонҳои хати арабӣ М. Иброҳимӣ дар мақолаи худ зери унвони «Масъалаи имлои нав» чунин навиштааст: «Муҳимтарин нуқсони алифбои араб ин аст, ки бо метуди таълим созиш надорад. Мукаммалтарин метудҳо барои тадриси ибтидоии метуд «усули савтӣ (звуковой метод) мебошад… Усули таълиме, ки дар мамлакатҳои исломӣ ривоҷ ёфтааст, усули ҳиҷоӣ мебошад. Мувофиқи ин усул калимаҳоро ҳеҷ гуна таҳлил накарда, ба кӯдакон тӯтивор ёд медиҳанд».
Вобаста ба баҳсҳои дар боло зикршуда доктори илмҳои таърих, профессор И. Усмонов китобчаеро чоп намуд, ки он «Баҳси алифбои тоҷикӣ» ном дорад. Муаллиф менависад: «Чаро бояд аз хати имрӯза даст кашида, ба хати ниёгон боз гардем? Дар шароите, ки ҳама ба пеш менигаранд ва пеш мераванд, чаро мо бояд ба ақиб гардем?».
Муаллиф дуруст мегӯяд. Воқеан, чӣ зарурат аст барои баргаштан ба қафо ва як наслро бесавод кардан, дар ҳоле ки иваз намудани хат ҳам масрафи иқтисодӣ дорад ва ҳам халои бесаводиро ба вуҷуд меорад?
Ба навиштаи профессор И. Усмонов, дар тағйири хат ҳадафҳои зерин сабаб мешаванд:
— мувофиқ наомадани ҳарфу овоз;
— мувофиқ наомадани ҳарф ба табиати забон;
— дастнорас шудани мероси таърихӣ;
— аҳдофи динӣ ва этникию миллӣ;
— ҳадафҳои сиёсӣ.
Бояд таъкид кард, ки ҷонибдорони дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани хати арабӣ аслан аҳдофи динӣ доранд. Онҳо мегӯянд, ки мероси фарҳангӣ-динии мо бо ин хат эҷод шудааст, аммо фаромӯш кардаанд, ки асри нав роҳ ба сӯи пеш аст, на баргаштан ба қафо!
Оид ба ин баҳс профессор Ҳ. Маҷидов низ мақолаеро ба табъ расонд, ки дар он камбудиҳо ва норасаиҳои хати арабӣ баён гардидааст. Муаллиф менависад: «Чунин ақидае, ки дар натиҷаи гузаштан ба хати арабӣ мардуми тоҷикро бо форсизабонони бурунмарзӣ наздик менамояд, вайро бо гузаштагону ниёгонаш мепайвандад ва дар охир ба забонҳои форсии олам ҳамгун мегарданд, бунёд надорад. Ин хат фақат дар зоҳир матнҳои мухталифро ба тоҷикӣ ва форсиҳои Эрону Афғонистон якранг мегардонад. Дар ҳақиқати ҳол бошад, намояндагони ҳар яке аз минтақаҳо ва ҳар яке аз он забонҳо чунин навиштаҷотро бо тарзу усулҳои ба худ хос талаффузу маънидод мекунанд, ки бисёр вақт онҳо барои соҳибони гунаи дигари форсӣ, яъне забони дигар ягон ахбори мушаххасро бедор карда наметавонанд».
Воқеан, дар муддати як асри охир самти инкишофи фарҳангу забони се шохаи форсӣ мухталиф мебошад. Ҳар забон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ва муносиботи фарҳангиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву сиёсии кишвар роҳҳои инкишофи худро дорад. Забони муосири тоҷикӣ сохтори грамматикии худро соҳиб аст, ки аз забонҳои форсӣ ва дарӣ тафовут дорад. Барои ҳамин зимни тақсимбандии забони форсӣ ва шохаҳои он инро бояд ба назар гирифт.
Аз сабаби он ки мақсади мо аз ин мақола нишон додани бартариҳои хати кириллӣ ба хати арабӣ аст, матлаби худро чунин хулоса менамоем:
— хусусияти хуби хати имрӯзаи тоҷикӣ, мисли хатҳои то арабии тоҷикӣ (паҳлавӣ, мехӣ, оромӣ) дар он аст, ки сода аст: ҳар овоз бо як ҳарф ифода мешавад;
— ҳамаи овоз дар тамоми ҷойи калима аввал, миёна, охир навишта мешавад ва ҳатто кас агар забонро надонад, вале ҳарфҳоро шиносад, онро дуруст хондаву талаффуз карда метавонад;
— ҳарфҳои тоҷикӣ ба мо имкон медиҳанд, ки вожаи одӣ, истилоҳ ва ному насаби ҳар забони дигарро аввалин бор мехонда бошем ҳам, дуруст хонем ва талаффуз кунем;
— хати имрӯзаи тоҷикӣ ҳамроҳшавии моро ба дастовардҳои технологии замон осонтар мегардонад;
— аз лиҳози сохтори морфологӣ забони тоҷикӣ ба гуруҳи забонҳои аналитикӣ дохил аст, аммо хати арабӣ бошад, махсуси забонҳои флективист, яъне марбути чунин забонҳое мебошад, ки решаи калимаҳояшон якзайл мешиканад;
— ба сабаби он ки хати муосири тоҷикӣ, чун хати арабӣ шахшудамонда нест ва агар зарурат пеш ояд, онро боз такмил дода, суфтатар кардану ба табиати забон мувофиқ намудан мумкин аст.
Онҳое, ки хати арабиасосро «хати миллӣ» меҳисобанд, бояд донанд, ки ин хат ҳам дар замонаш аз арабҳо бо зӯрӣ ба мо бор карда шудааст. Хати миллии мо бошад, хати авестоӣ буд, ки ҳамаи овозҳо, аз ҷумла садонокҳоро ифода мекард.
Аз ин сабаб, беҳтар аст, ки ба баҳсҳои беҳуда оид ба табдили алифбо хотима дода, барои инкишоф додани илму фарҳанг ва соҳаҳои дигари ҳаётан муҳим кӯшиш намоем. Дар акси ҳол, мардумро дубора бесавод мекунему кишварамонро садсолаҳо ба қафо мепартоем.

Фирдавс НИЁЗӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here